ВАТАНДОР
Чумъа, 19.04.2024, 20:37
Номгуй

Сабки вуруд

Таквими навидхо
«  Апрел 2024  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Чустучуй

Пайвандон

Омор

Шумо хукуки гуфтан доред
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

20.06.2008

Мирзочалоли Шоҳчамол

Субҳи имруз, 20-уми июн, садҳо сокини вилояти Бадахшон барои тазоҳуроти эътирозй дар майдони марказии шаҳри Хоруғ чамъ шуданд.

Пас аз чанд соати тазоҳурот дар майдони «Ваҳдат»-и шаҳри Хоруғ раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим дар назди гирдиҳамомадагон дар робита ба нигаронй аз ташаннучи эҳтимолии авзоъ изҳор дошт, ки вай амнияти шаҳрвандонро пурра кафолат медиҳад.

Ба гуфтаи вай, силоҳ ба чони ягон шаҳрванди мулкй таҳдид нахоҳад кард ва неруҳои интизомии тайи рузҳои ахир воридгардида ба минтақа шомили воҳидҳои марзбонй буда, дар таҳкими марз истифода хоҳанд шуд. Вай гуфт, ки ба хотири таҳкими ҳифзи сарҳадот бо Афғонистон  ба ғайр аз маркази вилоят боз дар ду минтақаи марзии дигар баталёни фаврии вазорати мудофиъа таъсис дода мешавад.

Суханронии раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим дар назди гирдиҳамомадагонРаиси вилоят нигаронй аз эҳтимолияти пиёда намудани амалиёти боздошти бархе аз собиқ намояндагони мухолифинро аз чониби ин неруҳо  беасос хонда гуфт, ки алҳол номаи собиқ қумондонҳо ба президенти кишвар мавриди омузиш қарор дорад. Вай баён дошт, ки субҳи имруз вазири дохилаи Точикистон Маҳмадназар Солеҳов ба мақсади омузиши вазъ вориди Хоруғ шуда, ҳамчунин як гурухи намояндагони додситонии кул дар маркази вилоят кор мебаранд ва ходисоти рузҳои ахир дар асоси қонун ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

Аммо намояндагони гирдиҳамой дар посух ба суханони раиси вилоят  изҳор доштанд, ки онҳо то ба ичро расидани талаби асосии худ, яъне ихрочи неруҳои иловагй тайи рузхои ахир ба минтақа майдонро тарк нахоҳанд кард.

Гирдиҳамой 18-уми июн ба дунболи шуруъи воридшавии неруҳои низомй ба Хоруғ сурат гирифта буд. Гирдиҳамомадагон гуфта буданд, ки агар неруҳои иловагии эъзомй аз минтақа хорич нашаванд, онҳо аз нав пас аз ду руз ба майдон хоҳанд баргашт.

Гирдиҳамой бо ибтикори руасои маҳаллаҳои шаҳр ва намояндагони бахши вилоятии Ҳизби сотсиал-демократи Точикистон доир гардидааст.
 
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz