ВАТАНДОР
Шанбе, 20.04.2024, 06:36
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Май 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Май » 21 » Ҳасан намурд, у зинда аст, аз зиндаҳо ҳам зиндатар. Табартақсими навбатии асри 21. (қисми 4)
Ҳасан намурд, у зинда аст, аз зиндаҳо ҳам зиндатар. Табартақсими навбатии асри 21. (қисми 4)
12:12

Гурги ҳамешагурусна дар гуруснагй намемирад, дар серй хоҳад мурд

Подшоҳе писар ба университет дод.
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.
Бар лавҳи симин навишта ба зар,
Пули тағо беҳ аз ранчи падар.

Дар ҳоле, ки дар вилояти Суғд анчумани ҲХДТ санаи  20 май барпо мегардиду Бибихон Азизоваро (собиқ комунисти ашаддй) раиси ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб мекарданд, айнан дар ҳамин соат Қосим Қосимов-вазири кишоварзии ЧТ дар утоқи кориаш нишаста, ҳамроҳи мушовираш-собиқ аъзои фаъоли Ҳизб-ут-таҳрир Нарзулло Дадобоев масъалаи марги Ҳасанро бо ҳам гушакй баррасй мекарданд, ва айнан ҳамин лаҳза Шерхон Салимзода ва АКО-и чумҳурй-Муҳаммадназар Солеҳов дар бустонсарои ВКД омодагй ба  ҳисоботи шашмоҳаи аввали соли 2008 мепардохтанду яку якбора пеши чашмашон парвандаи чиноятии ҳануз боз карда нашудаи Рустами Раҳмон омад, дар ҳамин сонияву дақиқа Бобохон Бобохонов-прокурори меросии Точикистон дар ҳузури чанобашон Эмомалй Раҳмон сари масъалаи «зинда» гардонидани Ҳасан Асадуллозода чораҳо андешиданд.Чосуси туркнамои чашмтанг ба суҳбати ин ду сари чумҳурй гуш ба қимор мешуд. Ва гоҳ-гоҳ Эмомалй суйи он чосуси тангчашм нигоҳи фавқуллодае намуда, аз компутаре, ки дар он сурати аз тамоми чониб гирифтаи Ҳасан Саъдуллозода буд. Охирон чаноби олии якумраи кишвар Раҳмон таппй бо кафи дасташ руйи мизаш заду «мешава-мешава, ҳами мардум фарқ накна шуд». Чашмтанг бо имои он ки «чаноби олй, зиқ нашавед, Ҳасан «зинда» мешавад» ҳушу хотири чаноби олиро ором кард. ДУБЛИКАТ. Айнан бо ҳамон қаду қомат, айнан бо ҳамон тарзи гуфтору лаҳни дағал. ДУБЛИКАТ дар ивази миллионҳо доллар сохта шуд. Масъала ҳал, тамом. Набояд минбаъд табааи кишвар фикр кунад, ки Ҳасанро Рустам парронидаасту Рустам ба Амрико фирор кардааст. Рустам ҳамин чо, Ҳасан зинда. Ин провокатсияи душманони миллат. Агар Ҳасан мурда бошад ҳам Ҳусейн зинда. Не, не, худи акаи Ҳасан.Чаноби олй ба китфи «Ҳасан», ки ҳузури чашмтанги чосуснамо ва Б.Бобохонову президент Раҳмон рост меистод тап-тап зада, эҳ қандаша занад шермард, шурини таппа-тайёр-ку,- гуфту каме заҳрханд намуд ва боз дилаш хавотир аз он буд, ки бо ин ДУБЛИКАТ кулли кишвар бовар кунанд ҳам, зану фарзандони Ҳасан бовар нахоҳанд кард. Ин «Ҳасан» ба Ҳасан комилан монандии сад фисада дорад. Аммо характери у не.

Таҳмина ин бозиро аз рузи аввал медонист. Даҳони тамоми духатру писаронашро баста тавонад ҳам, даҳони Таҳминаро не. У дар даҳон қулф надорад. Бар замми ин авлоди зани президент аллакай ниқор гирифтаанд,-ин андеша аз сари Раҳмон барқвор гузашт. Чй кор бояд кунад? «Худ кардаро даво нест, вовайлои пинҳонй». Мегуянд ба мурдан илоч нест. Илочи ин ҳам пайдо мешавад. Ва ин албатта рузҳои наздик аз тариқи Шабакаи Аввал.

Просмотров: 1841 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.4/9 |
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz