ВАТАНДОР
Чоршанбе, 13.12.2017, 17:48
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Май 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1664

Главная » 2008 » Май » 27 » Хомушй чонибдорй аз Раҳмон аст
Хомушй чонибдорй аз Раҳмон аст
10:44

Посухе ба Дориюш II-и азиз!

 

Ватандорони арчманд дар навиштаи «Шерхон Салимов» «Чаноби олй хурда сер шуданд, Рустам ҳам сер аст, президентй ин оиларо зебанда аст»» дар бахши «Назаргоҳ» матлаби зерро бояд хонда бошанд:

 

«3. Darius II

In qadar malumoti daqiq az kujo?

In chunin maqolahoro tanho kasone metavnonand binavisand, ki dar "guruhi" Rahmon budand qablan yo al'on hastand.»

 

Ман ин гуфторро аз ин даргоҳ наруфтам ва ҳаргиз нахоҳам руфт.

Дориюш 2-и арчманд, мегуяд, ки «In qadar malumoti daqiq az kujo?».

Дориюши азиз! Ба шумо як суолаке:  Оё шумо бо чашми пушида метавонед, овози нафаскашии шаҳватангези ду нафаре, ки ба фаҳши алоқаи чинсй машғуланд бифаҳмед? Мефаҳмед! Чашмро аз ин амали зишт пушед ҳам, гушатон эҳсос мекунад, ки он чо амали фаҳше рафта истодааст. Амале, ки бидуни никоҳ сурат мегирад ва тавре шариъати поки Ислом мефармояд, фаҳшу зино амали шаниътарин назди худованд аст, ба таври бояду шояд ҳар гуши шунаванда бояд шунавад. Чунончй дар кишвардории Точикистон «команда»-и Раҳмон шабу руз молу мулк, ҳар вачаб хору сангу кулухи Ватани азизро мавриди тачовуз, мавриди баҳрабардории фаҳшй, мавриди зино қарор медиҳанд, кадом чашми бинанда дида наметавонад? Агар ин чашмҳои тезбини шармгин аз дидани он нафрату буғз намоянду мижгон ба ҳам зананд ҳам, гуши эшон хоҳад шунид, ки чй амали зиште пиромуни ману шумо мешавад. Мо садои онро мешунавем. Дардо, ки мешунавем, кош намешунидему наменавиштем ва «унвон»-и «гуруҳи Раҳмон»-ро намегирифтем.

Худовандро низ касе надидааст, танҳо бо қалб мешиносад, бо чашми дил эҳсос мекунад, ки тамошогоҳи назаргоҳи ҳақ чй чилваи зебое дорад. Шояд фарқ ва қиёс гузоштан байни ин ҳаромкориҳо ва рухи зебои парвардигор то андозае ба тавофутпазирии ин ду бахш ночо бошад, аммо… Аз ҳақиқат чои гурез нест. Мо ҳар шабу руз овози шаҳватангези тачовузу фаҳши ин мулкдорро бо гуши хештан мешунавем. Тобу тавонам лабрез шудааст, ҳатман эҳсос мекунем, ки поёни ин овозҳои ҳавлангезу фаҳш буйи боруту чангу хунрезй мекунад. Мо хоҳем ва нахоҳем ҳам, ин чизро низ гуши мо бояд бишнавад. Бояд!

Дориюши фарзона! Шумо менависед:

 

«In chunin maqolahoro tanho kasone metavnonand binavisand, ki dar "guruhi" Rahmon budand qablan yo al'on hastand»

 

Ин муҳим нест, ки нависандагони ин гуна ангораҳо замоне дар «гуруҳ»-и Раҳмон буданд, ё на ва худ тавре Шумо менависед «алъон ҳастанд».  Ҳар фарди ватандори шоҳиди ин манзараҳои дилбеҳузуркунанда бидуни ихтиёр ҳам дар «гуруҳ»-и Раҳмон қарор дорад. Зеро ҳар фарди ватандори дар ватанбудаву берун аз ватану беватану зори ватан бояд дарк кунад, ки ин гуна ночавонмардиҳои шоҳи мутлақ ва қаноти чапу рости у шабу руз Ватани азизро тачовуз мекунанд. Танҳо бо фисқу фаҳшу фучуру фасод (ачибии корро бинед, ки чор ҳарфи «Ф») машғуланд, то замоне мо ватандорон сари як фикру андешаи амиқ алайҳи ин гуруҳ набархезем, то замоне, ки мо сукут варзем, валлоҳ, ки ин хомушии мо нишонаи он аст, ки мо ҳам тавре Дориюш 2-и азиз мегуяд, дар "guruhi" Rahmon қарор дорем.

 

Бобати тарзи навишти мақола ва ба даст овардани далел ҳече намегуям. Гуш ва қалби шунаво лозим. Ҳамакнун қувваи бозуи ман қалам аст. Зеро ман низ тани танҳову сари қоқ алъон алайҳи ин тирбахатоҳо ҳич коре карда наметавонам, илло руйи коғаз овардани ин матлабаке. Чунки сафи ватандорон алъон иктифой нест. Медонам ва эҳсос мекунам, ки 7 милюн қалб дар муҳаббати поки Ватан метапад, аммо роҳи чораро намедонад, донад ҳам, хомушй беҳтарин роҳи мусолиҳат аст.

Замоне дар бахши «Ман кистам»-и Точвар хонда будам, ки «Мангар, ки кй мегуяд, бингар, ки чй мегуяд».

Дориюши азиз, аз ташхиси шахсияти ман, ки дар "guruhi" Rahmon будам ё алъон қарор дорам, боз он матлаберо ба хотир меоварад, ки Точвар дар бобати сабки ҳукумати Узбакистон гуфта буд. Валлоҳ, ки ман аз ин "guruhi" Rahmon безорам, бо тамоми овоз ва масъулият мегуям, ки МАН ВАТАНДОРАМ!

Аммо бо нолаи қалб мегуям, ки то замоне ҳамаи мо садо баланд карда наметавонем, то замоне, ки мо хомушй меварзем, ҳеч гаҳ ватандор буда наметавонем. Афсус.
Просмотров: 1150 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.0/5 |
Всего комментариев: 1
1  
Албатта Ватандори азиз хак бар чониби туст, то он даме ки хамаи мардум якчоя овоз баланд накунанд чизеро иваз кардан гайриимкон аст.Бояд хар фарди ватандор дар ин кор сахми худро гузорад.

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2017
Сайт управляется системой uCoz