ВАТАНДОР
Шанбе, 20.04.2024, 09:52
Номгуй

Сабки вуруд

Таквими иттилоот
«  Май 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Чустучуй

Ватандорон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Сафхаи аслй » 2008 » Май » 28
Боз ва боз хун, боз ва боз марги чавонон, боз ва боз бародар алайҳи бародар тир мекушояд. Боз аз пистони модари точик хун фаввора мезанад. Боз дари макотиб дар Кулоби азиз баста мешавад, роҳҳо низ. Дар дили мардум таҳлукаву тарс чун тори анкабут танидааст.
Гумон мекунед ин бори аввал аст, ки Суҳроб Лангариев ба чунин тиркушой роҳ додааст? На, хато мекунед, ватандорони азиз! Соли 1998-дар замони осоишта ҳамчунин бархурду овози тирро мардуми Кулоби субҳи содиқ фаҳмида буданд. Бобои пире вақти намози бомдод ба куча давид, ки аллакай 18 часад дар куча мехобид. Дарҳол каллачунбонҳо ҳукумат омаданд, даҳони бобо бастанд, то ба ҳеч кас ин шармандигиро нагуяд. Боз ҳамон дам Суҳроб Лангариев ин «иқдом»-ро ба қавли чанобашон «мардонавор» нишон дода буд. Он лаҳза ҳукумат тавонист, ки ин сирро аз чашми мардум пинҳон дорад. Чаноби олй ба Суҳроб «падарвор» насиҳат карданд, ки то чанобашон ҳастанд кисаи Суҳроб холй намемонад, ана нашъаи Афғонистон, гир бача бизнес кун, аз пайи зиндагй шав. Лекин то ба ин дарача не-да.
Санаи 27 майи соли чорй дар асари муҳорибаи 15 соатаи бародари собиқ яке аз сарфармондеҳони Фронти халқй, ки чанобашонро маҳз ҳамин фронтчиёни наҳс сари кор оварда буданд, аз сари нав ташнаи хун алайҳи бародарони хеш тир кушоданд. Боз ҳамин фронти халқй дар ҳузури худову бандагони у чаноб ... Читать дальше »
Мутолигар: 4722 | Сана: 28.05.2008 | Нуфуз: 4.0/4 | Назаргох (3)

Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz