ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 00:22
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Май 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Май » 29 » Прокуратураи хонаводагй, Э.Раҳмон ва Бобохонови шерафкан (қисми 1)
Прокуратураи хонаводагй, Э.Раҳмон ва Бобохонови шерафкан (қисми 1)
13:43

Ватандорони гиромй, фаромуш накунед, ки дар кишвари Точикистон қонун танҳо манфиати қонунравоҳо, қонунэчодкунандаҳо, кубарову вузароро ҳимоя мекунаду халос. Ҳеч гоҳу ҳеч маҳал ин қонунҳои ланг манфиати табааи оддиро ҳимоя накарда буду намекунад.

Дар сари қонунҳои Точикистон, ки кафили бевоситаи он аввалан шоҳи ҳамешачовиди Точикистон Раҳмон ва сониян шерафкани кишвар чаноби Бобохон Бобохонов меистанд, ҳеч лаҳзае аз манфиати халқи оддй, мардуме, ки дар чуяҳои пахта ба кисаи як ду мурдори зулуки хуношом кор мекунад, модарони ҳомилае, ки дар киштзори тамокупарвари Панчакент даҳҳо бор беҳушу беёд шуда сақати ҳамл кардаанд, муйсафедони нафақагире, ки нафақааашон аз 20 сомонй зиёд несту дар асари гуруснагй аз худо тезтар қавс кардани чонашонро металабанд, чавонони ҳисобикоргумкардаи точик, ки дар муҳочиратҳои меҳнатй дар дами теғи миллатгароҳои рус ҳавли чонканй доранд, занони беҳимояи точик, ки таври ичборй дар Дубай фурухта мешаванд, кудакони маъсум, ки ба чойи тадрис мошиншуйиву селофанфурушй ва испанддудкунй мекунанд ҳеч гоҳ боре ҳам ин ду «абармард»-и сари чанбар буда андешае намеронанд. Барои ин ду нафари хеши наздик манфиати шахсй аз манфиати миллй болотар меистад. Барои ин ду нафар каллачунбони точик муҳим нест, ки точик мемурад, муҳим он аст, ки бигзор дар Точикистон чор нафар зинда монад, бигзор боқимондаи аҳолй дар гуруснагй бимирад, бигзор боқимондаи дигараш ру ба муҳочират оварад, Эмомалй Раҳмон ва Бобохон Бобохонов ризоянд. Танҳо ба як шарт: Ба шарте, ки абадан президент ва дигаре ҳамчун ҳамеша прокурори генералй боқй монанд. Ана ин аст, ки мақсаде, ки эшон пеши худ мондаанд.

 

Агар қонунҳои кишвари Точикистон зоҳиран барои беҳбуди рузгори мардум нигаронида шудааст, ботинан ягон чойи умедворй аз ин қонунҳо нест. Ҳарчанд Точикистону қонунҳо ва ҳар як сангу ниҳолаку майсаҳои он бароям нури дида ҳастанд, бо оҳҳои сард метавонам бароятон чанд нуктаеро биёварам.

 

Қонуни Чумҳурии Точикистон Дар бораи мубориза бар зидди коррупсияро шояд ҳама мисли панч панча донанд, бо вучуди ин барои муаррифй:

 

Қонуни Чумҳурии Точикистон Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия

Дар мафҳумҳои асосй

Моддаи 1, банди 8:

-Хешовандони наздик-зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки  бо шахси ба ичрои вазифаҳо давлатй ваколатдор ё шахси ба он баробар карда шуда якчоя зиндагй карда, хочагии умумй мебаранд.

 
Моддаи 9

Мамониатҳо барои таъин (интихоб) намудан ба мансабҳои давлатй ва мансабҳои ба онҳо баробар карда шуд.

Қисми 1

Шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатй ё мансабҳои ба онҳо баробар карда шуда таъин (интихоб) шавад ё дар чунин вазифаҳо бошад:

Банди 4

-Бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғол намудаи у ба мансабҳое, ки онро хешовандони наздики у ишғол намудаанд.

 

Ватандорони нури дида! Дар қонунҳо чиро дидед? Бовар мекунам, ки ин намунаи беҳтарини қонунҳои ҳатто чаҳон шуда метавонад. Итминон дорам, ки ин гуна қонун ҳич як кишваре доро нест, дошта бошад ҳам то ба дарачаи ин нест. Аммо боз дардо, ки гап дар сари амал меравад. Ба ҳамин нуктаҳои қонун оқои Раҳмон ва Бобохонов риоят мекарда бошанд? Агар аз куру гунг пурсед ҳам, чавоби НА-ро хоҳад дод.

Аз бобати ба корҳои равғанин чалб кардани хешовандони президент ин чо намегуем. Зеро мисли об рушан аст, камбағалтарин хеши президент на кам аз як милюн (!) доллар дорад.

Аммо Бобохонове, ки дар ҳавзи қонунҳо оббозй дорад, аз ин қонун риоят карда бошад? Оре, у ҳар як банди қонунро «риоя» мекунад, обу хоки Точикситон барояш «муқаддас» аст. Пас биёед ба командаи Бобохонов бингарем, то дар кишвари демокративу ҳуқуқбунёди мо чй «иқдом»-е карда истодаанд.

 

Командаи Бобохонов:

1.Бобохон Бобохонов, прокурори генералии ЧТ, мутахаллис бо номи «Шерафкан».

2.Абдучаббор Азизов, мушовири давлатии президенти Точикистон оид ба сиёсати кадрҳо, бо тахаллуси «Мистер Бин» маъруф аст.

3.Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Шурои адлияи ЧТ бо лақаби «Човандоз» машҳур:

4.Сафаралй Начмиддинов, вазири молияи ЧТ, бо унвони «Шрек» мешиносандаш, зеро иштиҳояш мисли гуши Шрек ҳамеша во ҳастанд.

5.Шералй Гул вазири саноат ва энержии ЧТ, уро бо лақаби «Трансформатор» медонанд.

6.Ҳасан Асадуллозода, мулаққаб бо номи «Гушна», директори дирексияи Ориёнбонк.

 

Ҳамаи ин шашгона нафарони наздиктарин президент Раҳмон ҳастанд, ки ҳамчоя ва хешу ақрабоянд.

Бобохонов дар гузориши солонаи худ, ки дар мачлиси якчояи Мачлиси намояндагон ва Мачлиси миллии ЧТ санаи 6 марти соли чорй сурат гирифта буд, чор зада буд, ки тули як сол аз чониби прокурори генералии ЧТ бо ҳамроҳи прокурорҳои ноҳияву вилоятии кишвар ҳудуди 300 (?) нафар нафароне, ки хешу таборашонро ба кор чалб кардаанд ва ҳамзамон дар тобеъияти худ қарор доданд, парвандаи чиной боз шудааст. Кулли иштирокдорони ин мачлиси якчоя писханди маънидорона заданд, аммо нагуфтанд, ки…

Ба руйхати зер назар афканед:

1.Бобохонов Файзулло Бобохонович, прокурори ноҳияи Ҳисор, яке аз ноҳияҳои сердаромадноктарини чумҳурй, ки интихобу таъини прокурори ин ноҳия бевосита дар тобеъияти худи падари меҳрубони Файзулло-Бобохон Бобохонов аст. Файзулло соли 1999 соҳиби дипломи олии ҳуқуқшиносй гашт, соли 2005 бо фармони падари меҳрубонаш Бобохонов прокурори ноҳияи Ҳисор таъин гашт.

Албатта ба қонуне, ки «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-е, ки дар боло овардем қиёс кунед ва бинед, ки чй тавр аз чониби муҳтарам Бобохонов қонун «риоят» мешудааст. Бисёр нафарон ҳастанд, ки дар соҳаи прокуратура солиёни зиёд адои хизмат мекунанду ҳеч гоҳ прокурор намешаванд, аммо Файзулло-эркаи отааш шуд.

 

2.Каримов Пирмаҳмад Каримович-додари генпрокурор, соли 2004 факултаи ҳуқуқшиносиро хатм карда, худи ҳамон сол муовини прокурори калонтарин ноҳияи кишвар-ноҳияи Б.Ғафуров таъин гардид, ки тибқи муқаррарот бевосита розигй ва имзои табарруки бародари азизаш генпрокурор-Бобохонов дар фармони у дида мешавад. Дар тули муовини прокурориаш ҳамагй 4 парвандаи вобаста ба саркашй аз алуменро дида баромадаасту халос. Тибқи фарзияҳо ба чойи имзо ангушти калониашро ба ранг тар карда руйи коғаз мегузоштааст.

 

3.Казаков Маҳмадназар-чияни (хаҳарзодаи) Бобохонов, сардори ШКД-и Сомғари н.Б.Ғафуров аст. Дар вилояти овозадори Суғд нақши муҳими ҳалкунандагии кадрҳоро бо пойтахт ба уҳда дорад, ки «ставка»-и у аз 30 ҳазор доллар кам нест. Тамоми парвандаҳои чиноятии ин вилояти хомуш бевосита таҳти назорати Казаков қарор дорад. Ҳамзамон Казаков соҳиби 100 га (!) замини корам, зовути винобарорй аст. Бо тавсияи Казаков собиқ прокурори нақлиёти вилояти Суғд Ёқуб Рузиев прокурори ноҳияи Б.Ғафуров гардид, ки бевосита барои соҳиб шудан ба ин вазифа Казаков бо ду дасти адаб пули Рузиевро, ки на кам аз 200 ҳазор дуллорро буд, пешниҳод кардааст.

 

Ватандорони гиромй, идомаи ин мазҳакаи давлатдориро мунтазир бошед.
Просмотров: 3537 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.8/9 |
Всего комментариев: 4
4 Dardoshno  
0
Бисёр хам масъалаи ачиберо руи когаз овардаед. Кайд кардан зарур аст, ки дар таи чанд вакте, ки ин писари "эркаи ота" дар нохияи Шохмансур адои вазифаи прокурори мекард, тамоми мардум аз дасти дасисабозиву тухматчигии у ба дод омада буданд. Бо хар як сабабхои кучак ва бештар бо рохи дуруггуиву тухмат шахсони бегунохро ду се рузи банди карда маблагхои калонеро хам ситонидааст. Аслан, пизишкони муассисахои тиббии дар худуди нохия карор дошта тахти "мишени" у карор доштанд.Вале ба мисли "...ба гардан бастаи риштаву бар пои занчирам, мурувват кун , ичозат дех то бикшоям забонамро....", касе намедонад додашро ба ки гуяд, шояд гуфтан хам лозим набошад???

3 Khushruz  
0
Аз гуфтаҳои Шумо Меҳрубони азиз, бармеояд ки Шумо чизе гуфтание ҳастед.
Рост дарк намудаед, ки то он даме ки роҳи гурез аз кишвар ин ягона роҳи осоиши мост Ватани дилсухтаамон қадам бо қадам ба пушт меравад.
Ва рост гуфтаанд, ки ягона роҳи пешгирии ин вабо маҳз "ягонагии" мову шумост.
Ва "Ягонагии" мову Шумо и тарбияти ҳамнаслонамон дар дохили Ватан аст.
Ман боаврии комил дорам, ҳар он даме ки мо даст ба пешгирии фасодии руҳи Ватанамон задем корҳои зиёдеро ба анҷом хоҳем расонд. Аммо.....((

Аммо куст он руз????
Ҳар дақиқаи беҳаракатиямон дақиқаҳоест бо вайрон сохтани ояндаи фарзандонамон машғул ҳастем чун бепарвоии мову Шумо маҳз рузи сиёҳу "беватании" наслест аз мо боқӣ хоҳад бимонд.

Ман дуст дорам бо равшанфикрони зиёдтари ватандор дусти барпо созам, суроғаи элэктронии ман: a_khushruz@mail.ru


2 Мехрубон  
0
Ба ватанпараст, ин аст менталитети асосии точик ватани азиз мегуеду Ватанро ба гургон партофта ба кучо гурехтаниед. Донед, ки ба кучое ки наравед дар кадом кишваре набошед шумо дар он чо бахт намеёбед ва дар катори одамони дуюмдарача карор мегиред. Оё бехтар нест ки муборизаро дар ватан идома дихед, то ин ки ин сулолаи гургмонандро решакан кунем. Агар хамаи мо чунин гап занем албатта ватани азиз дар дасти наберагони ин хунхорон мемонад. бовар кунед боевикои даврони чанги шахрванди аз ин лошахурони имруз боинсофтар буданд. Дар назди инхо ягон чизи мукаддас намондааст. Аз ин ру "не надо быть таким слабаком надо бороться". Муборизаро шадидтар кардан лозим.

1 Ватанпараст  
0
Паёму дуруд бар шумо Ватандори гироми!
Имруз конундонхои кишвари азизамон нахустин касе хастанд, ки конунхои баровардаи худро саропо вайрон мекунанд ва дигаронро сабабгори ин медонанд. Шумо ин чо дуруст гуфтед, ки прокурорхои хонаводаги дар мамлакати азизамон рушд доранд ва руз аз руз таракки кардаистодааст. Имруз сулолаи Рахмониён даврронии хуб доранд ва пири Прокурорхои кишвар низ дар ин радиф бенасиб нест. Аммо як чиз бисёр азиятам медихад, ки фардои кишвар чи мешавад? Карупсияро бояд нахуст аз оилаи рахмониён решаканд кард ва пасон он хамаро сар аз тан чудо намуд, зеро тухми ин сулола чун зардпечаки кади рох дар хама чо реша медавонад ва кисаи марди дехконро мерубад.
Дилам ба холи фардои кишвар месузад. Аз ин чо бояд рафт вагарна фарзандони ширмаки ин сулола фардо калон шаванд албатта курсихои бобогии худро сохиб мешаванд ва конунхоеро, ки Бобоашон вайрон карда буд низ вайрон карда, золимиро пеша мегиранд, зеро окибат гургзода гург шавад мегуянд.Эй хамватанони ватандорони беватан бехуда зистаем,бехуда...

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz