ВАТАНДОР
Чумъа, 19.04.2024, 10:14
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Май 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Май » 30 » Прокуратураи хонаводагй, Э.Раҳмон ва Бобохонови шерафкан (қисми 2)
Прокуратураи хонаводагй, Э.Раҳмон ва Бобохонови шерафкан (қисми 2)
07:47

Хонандагони азиз, инак ба идомаи ин дардномаи Ватандор таваччуҳ созед. Чашм во кунед ва «спектакл»-ҳои Раҳмону Бобохоновро бингаред.

Бобохонови шерафкан ба хотири ошнобозй чияни ошнои чониаш-вазири молияи ЧТ, Шрек-Сафаралй Начмиддиновро ба маснади прокурории шаҳри Ваҳдат таъин намуд, ки кулли бошандагони ин ноҳия аз дасисабозии ин прокурор-Каримов Давлат, ки бо лақаби «Бесавод» маъруф аст, безор шудаанд. Ёру ошнобозй ҳамин тавр мешавад, садоқати дустиро аз Шреку Шерфакан омузед. Ҳар кадре, ки ба курсии прокурорй бо тавсия ва фармони махсуси оқои Бобохонов судур мешавад, чаноби Раҳмон «ака худат медонй, коре кун, ки ба хешовандони ман ягон зарар нарасад шуд» мегуяду мижгони чап ба ҳам мезанад.

 

Симои сардори раёсати тафтишоти чиноятҳои махсуси прокуратураи генералии ЧТ Ҳомидов Баҳодур ва сардори раёсат оид ба назорати судии прокуратураи генералй Исоев Мадвалиро аксарияти коруфтодагон хубтар медонанд. Ин ду тан тамоми масъалаҳои ба «падар»-и прокуратураи кишвар Бобохонов (аз чумла порагириро) ҳал мекунанд. Воқеан Бобохонов танҳо ба дасти ин ду тан эътимод дорад. «Ставка»-ро бо ишораи Бобохонов ин ду нафар муайян менамоянд. Аз ҳама ачибаш ин ки Баҳодур ва Мадвалй вазифаи ронандагии хонаводаи Бобохоновро хеле хуб ба ичро мерасонанд. Гоҳ мебинй, ки зани Бобохоновро аз ин су ба он су мекашонанд, гоҳ духтару келинҳояшро. Аз ҳама чашмрас боз ин ки ҳар ду ҳам унвони генерал-майор ҳастанд. Ва дар охир аз ҳама «офаринбод»-аш ин ки тамоми нафарони довталаб ба курсии прокурорй маҳз бо Баҳодур Ҳомидов ва Исоев Мадвалй ҳатман як бор дар комплекси «Чоми Чам» маслиҳат мекунанд. Баъд натичаи ба кор гирифтан ё нагирифтанро бо «пири прокуратура»-и чумҳурй-Бобохонов дар деги машварат мандозанд.

 

Қиссаҳои Мистер Бини точик ва Бобохонов

Абдучаббор Азизов, мушовири давлатии президенти Точикистон оид ба сиёсати кадрҳо, бо тахаллуси «Мистер Бин» , ки аз лутфу каромоти дусташ Бобохонов барканор нест, ҳамеша гуфташ гуфту кордаш болои равған.

Абдучаббор дар як вақт бо фармони президент аъзои шурои адлияи ЧТ мебошад. Фармони чаноби олиро бинед. Ҳатто Кадушоҳ дар вақташ ин гуна фармоне судур накарда буд. Ҳам мушовири давлатии президенти ЧТ оид ба сиёсати кадрҳо ва ҳам аъзои шурои адлияи кишвар аст. Мистер Бини мо воқеан, нафари найрангбози дидадарои ситорагарм аст, ки бо як ишораи чашмаш метавонад дар рузҳои наздик боз се-чор вазифаи дигарро ишғол намояд.

Абдучаббор Азизов дар 99 фисади корҳо аз дигар ба вазифаи дигар гузаштан роли ҳалкунандагиро мебозад.

Хоҳари арчмандаш Азизова Муҳаббатро бо як ишораи чашмаш ва кумаки бевоситаи Шерафкан-Бобохонов ба курсии раиси суди вилояти Хатлон бурда нишонид. Чаноби олй ҳам ба хотири «команда» ризогияшонро доданд.

Имруз аз ин лутфи бародар хонум Азизова ҳар касеро ки хоҳанд ба судягй қабул мекунанд касеро ки намефорад, дарҳол ба вазифаи пасттар мегузаронанд. Аз ҳама чеҳрае, ки ба Азизова аз рузи аввал намефорид, раиси суди ноҳияи Қубодиён Иброҳимов Ҳазратқул буд. Воқеан саводнокии Иброҳимов Ҳазратқул ба Муҳаббат Азизова маъқул нашуд. Аз ҳама беш саркашиву якравй ва дар бархе ҳолат ҳақиқатталабии Ҳазратқул сабаби бо ситораи Муҳаббат рост наомаданаш гашт. Муҳаббат Азизова бо машварати бародараш ва «падари прокуратура» роҳи ҳалли ин масъаларо ҳам ёфт. Дарҳол бо ҳисоботи Бобохонов ҳузури президент Иброҳимов Ҳазратқул аз вазифа сабукдуш гардид.

«Човандоз»-и маъруф Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Шурои адлияи ЧТ, ки қаблан мушовири президент буд, маҳз бо кумак ва маслиҳати бевоситаи Бобохонов ба Точикистон бисёр хидмати хирсона намуданд.

Ҳангоме, ки экс-директори Ориёнбонк Ғаффоров Ғаффор бо чурме барояш парвандаи чиной боз гардид, собиқ муовини аввали раиси суди ш.Душанбе Алиев Ҳабибулло бо гирифтани 1 милюн доллар уро аз чавобгарй озод намуд. Андар ин ҳол Шоев ва Бобохонов аз ин 1 милюн доллар бенасиб намонданд.

Абдучаббор Азизов бошад бо бародари Алиев ҳамқадаҳи дерин буданд. Аз ин хотир ба руйи ин парванда хок пошиданд. Дар он парвандаи бозшуда миллардҳо доллари ба ҳаво рафтаи кишвар фош шуда буд.

Боз Алиев, ки бо гирифтани 1 милюн доллар гуё ба даст «афтод» дарҳол чойи корашро Бобохонову Азизову Шоев дигар карданд. Уро ба ноҳияи Регар бурданд ва барояш курсии муовини аввали раиси суди ин ноҳияро лоиқ донистанд. Чаноби олй бидуни фикру мулоҳиза ба ин фармон имзои табарруки худро монданд.

Ин команда ба Алиев боз ваъда карданд, ки камтар кор кунад, уро ба курсии раиси суди ноҳияи Шоҳмансур мегузоранд. Зеро раиси кунунии суди н.Шоҳмансур Раҳмонов Саидвалй аз рузи аввал ба Човандоз ва Мистер Бин маъқул набуданд. Зеро у низ пораҳои гирифтаашро ба ин ду тан кам-кам намедиҳад.

Давом дорад, барканор намонед, мунтазир бошед.
Просмотров: 3334 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.6/9 |
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz