ВАТАНДОР
Панчшанбе, 18.04.2024, 13:04
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июн » 6 » Ҳар кас президентро «ганда» гуфт, у чинояткор аст
Ҳар кас президентро «ганда» гуфт, у чинояткор аст
15:01

Ватандори чиноятпеша

 

Қонун барои он офарида мешавад, ки чамъиятро ба танзими муайян дарорад. Қонун барои он руйи кор меояд, ки чамъият ба ҳадди ифрот равад. Ҳар қадар, ки дар дунё теъдоди қонун зиёд гашт, ҳамон қадар чиноятҳам бештар мешавад. Ба гунае, ки ҳар қадар пулиси маошхури давлатй бештар гашт, минволан сафи чиноят низ ру ба афзойиш меорад. Ин қонуни зиндагист. Аз ҳама ачиб он аст, ки дар тамоми давру замон офарандагони қонунҳои заминй ононеанд, ки аввалан манфиати хешро фикр мекунанд баъди дар зери ниқоби «қонун»-ҳо ҳар чй аз дасташон меояд ба манфиати нафси хармонанди хеш масраф месозанд. Дар зери чатри салтанатронияшон ҳазорҳо косалесон низ маҳфузанд, ки ҳамеша аз пешвои қонунбарор, яъне соҳибзаводи қонунбарорашон дифоъ мекунанд.

Дар Точикистон замоне фаро расида, ки ҳар кй пушти сари худ хорид, чиноят кардааст. Агар поёнтари пушти соҳибмансабе чоплусона бихорид, пас у беҳтарин шаҳрванд маҳсуб меёбад. Тазод.

 

Ватандор низ чиноятпеша аст. У чиноят содир кард. Ба ду номае, ки дар бахши «Назаргоҳ»-и  навиштаи Бозгашти Ҳасан Асадуллозода аз он дунё  омадааст, таваччуҳ кунед:

 

1. Юсуфи Сармат

Ту худат кисти? Медони ки Раиси Орёнбонк агар дорат чи корат мекунад? Хар кас метавонад берун аз ватан ба Точикистон санг хаво дихад. Дар хакки як сохибкори шинохта ин кадар бадгуи кардан хуб нест ба фикрам. агар марди маколатхои бухтонангезата дар нашрияхои сертеъдоди "Чумхурият"-у "Минбари халк" чоп кун! Наметони чунки вайхо хакиката мегун мардум рухан зинда медоранд. Ту игво мекуни. Панохат ба худо аммо .... зинда бошу дар Ватан вохурем.

 

2. Мехри Вафо

Агар Хасанро дидан хохи, рузи 27 июн ба Кургонтеппа биё, он чо маърака аст, ки Хасан барпо мекунад ва он гох бо чашми сар хохи дид, ки Хасан зинда аст ё не? Чаро хангома мекунед ва бозори гапу калочаю бадхохии узбакхоро гарм мекунед? Чаро як хамватани худро санг мезанед, чаро бадхохед, чаро Точикистонро чашми дидан надоред? барои Шумо хама баданд, хуб шумоед, метарсам, ки фардо дар гур хам игво мекунеду менолед, ки гур бароятон танг аст. Окилон чуни рафтор намекунанд.

 

Ба навиштаи муҳтарам Юсуфи Сармат диққат медиҳам.  Дусти азиз, ҳафтаномаҳои дустдоштаатро номбар кардай. Аммо нагуфтй, чй тавр ин нашрияҳо қариб тамоми раисони чамоату ноҳияву шаҳрҳову директорони макотибу сарварони ташкилотҳоро дар бобати мавсими обунаи коммунистона чонбалаб кардааст. Нашрияиҳои «ҳақиқатгу»-е, ки номашонро овардай, нагуфтй, ки чаро «дард»-и халқро мегуянд. Нагуфтй, ки ин нашрияҳои «дардимардумгуй» (ибораи худат) чй тавр ичборан обуна мегарданд. Нагуфтй, ки бисмиллоҳи ин нашрияҳои «ҳақиқатгуй» «бо ибтикору ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи президенти муҳтарам чаноби олй, шоҳи мутлақ ва ҳамешазиндаву намиранда Э.Раҳмон» аст. Нагуфтй, ки боз нагуфтй.

Дусте бо номи Мехри Вафо менавсиад, ки Ватандор иғво мекунад, Точикистонро дуст намедорад, бозори гапи узбаконро гарм мекунад. Ба пиндори у Ватандор чинояткор аст. Мехри Вафо ҳақ мегуяд, Ватандор аз он хотир чинояткор аст, ки қонунҳои бепову бедасти ғайримиллие, ки нусхабардорй аз қонунҳои соли 1962-и РСС Точикистон аст, чун қонуни милливу муосир намепазирад. Ватандор нафарест, ки ба вазифаи давлатй, ки ба чуз ҳуққабозиву найрангбозии ҳукуматдоронро надид ва ба руйи мизи соҳибкурсие туф гуфту баромаду рафт. Мансабро тарк кард, яъне ин чинояти аввалини Ватандор буд. Чинояти сонии у ин буд, ки раисаш аз у талаб кард, ки барои пора гирифтани миёнрав шавад, у накард, ин чиноят ва хиёнати нобахшидании дуввумини у буд. Саввуму чаҳоруму панчуму……….-и Ватандор ин ки сиёсати хешу табории президент Раҳмонро ба ду пули пучак намегирад, у аз президенти худхоҳи ноуҳдабароро интиқод мекунад, чинояти аз ҳама авфнопазир ва ба ҳукми қатл мувофиқи Ватандор ин аст. Ватандор пора нагирифт, ин хиёнат ба миллату Ватан буд. Ватандор бо ин «амалаш» на балки чинояткор, балки хиёнаткор низ аст.

Мехри Вафо моро ба маъракае даъват мекунад, ки ончо тибқи пешгуйии у Ҳасан Асадуллозода ширкат меварзад. Моро ба он айбдор мекунад, ки Ҳасанро ба гуфти у мурд ва ё аз он дунё баргашт гуфтам.

 

Мо аз мурдан ва ё аз зинда будани Ҳасан ҳич шодй ва ғамгиние эҳсос намекунем. Бигзор худо умраш дароз бодо! Аммо чаро як бор ҳукумат мардонавор ин нуқтаро дар пресс-конфронси умумй матраҳ намесозад.

Мехри Вафо аз он метарсад, ки дубури сарварашро, дубури кулли соҳибмансабон ин чо кушода мешаваду узбакон мебинанд, бозори гапи онҳо гармтар мешавад.

Дусти арчманди ман. Чаро фақат узбакон? Охир кулли чаҳон беобругии президенти туро дид, рузи ифтитоҳи як бахши ниругоҳи Сангтуда 1 чаноби олият бо даҳони пур гуфт: «аз ҳамин руз ба кишвари Точикистон як соат барқ зиёд мешавад». Аммо аз ҳамон руз эътиборан Точикистон торикистионеро монд. Комилан барқ нашуд. Ҳарчанд, ки аз он ваъдааш пеш 2 соатй субҳу шом барқ буд. Он ҳам аз ҳаври даҳони чаноби олият ғайб зад. Хазорон нафар мурданд, садҳо нафари дигар иллати шамолхурй гирифтанд, ки минбаъд то охири умрашон азоби иллати ягон узвро хоҳанд кашид. Бубин президенти ту чй касест. Ин мазмуни онро надорад, ки Ватандор дар ҳузури гуноҳҳои президент мисли фариштаест. Медонам ва дарк мекунам, ки мо ватандорон низ дар ин кор ва сиёсати нобихрадона ва аблаҳонаи у гунаҳкорем. Зеро хомушем, аз гиребонаш гирифта наметавонем. Ҳар қонуне, ки у дар раъйпурсй мегузорад, боре ҳам нашудааст, ки рад шуда бошад. Албатта мегузарад.

Бубин, ки дар раъйпурсие ба қонуни асосии кишвар тағйиру иловаҳо даровард ва онро тариқи раъйпурсй ба мардум пешкш кард. Мисли равған қабул шуд. Порлумони ғайрикасбии нолозимаи дупалатагй пайдо шуд, ин як. Дар раъйпурсии сонй ҳама бо як овоз ба ду муҳлат президент интихоб шудани у чонибдорй карданд, ин ду.

Мехри Вафои азиз, ҳоло дида ист, агар кор чунин рафтан гирад, президентат якумрй президент шуданро дар раъйпурсй нагузорад, ман худро аз миллати точдори точик намеҳисобам. Дар он ҳам халқи азизи ман, аз тарсу ваҳм он раъйпурсиро чонибдорй хоҳад кард. Он ҳам ҳеч гап не. Пас аз он агар курсии президентиро тавассути раъйпурсй ва қонуни сохта у ба писараш Рустам насупорад ва ману ту ба он раъйпурсй имзои «ҳа»-ро намонем, ба осмон туф мекунам, бигзор ба руям афтад. Ана ин аст, қонунҳое, ки ману туро муназзам нигоҳ медоранд.

Дар қонуни ин заводи қонун-Эмомалй нуқтае ҳаст тавччуҳ кун.

«Паст задани обруву эътибори президент манъ аст». Мехри Вафо ту ба ман гуй, ки худи президент чй касе ҳаст, ки ман набояд дар ҳаққи у чунин суханро раво набинам. Агар кишвари мо демократй ҳаст, пас у яъне амири Аморати Точикистон-Эмомалй Хон аз гадои куча, ки шаҳрванди Точикистон маҳсуб мешавад, мондание надорад. Ин шоҳ ҳам шаҳрванд ҳаст, ун гадо ҳам. Агар қонун миёни ин ду тан фарқ гузошт, пас бидон, ки ҳини эчоди қонун манфиати яке аз инҳо дар назар дошта шудааст. Бидон, ки қонуни мо гадоро ба таҳқир кардан ичозат медиҳад, аммо интиқоди оммавии президентиро манъ месозад.

Ҳатто, сарвари кишвар худ низ иброз дошта буд, ки «мо (яъне Э.Раҳмон) дар хизмати халқ бояд бошем, на баръакс халқ дар хизмати президент» (аз баромади президент дар вохурй бо зиёиёни кишвар дар сани 20.03.2007). Аммо мебинй, ки гуфт дигар амал дигар.

 

Тракторчй агар кунад тахти каёнро орзу

Тфу, бар чархи гардун тфу.
Просмотров: 2828 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 3.8/5 |
Всего комментариев: 10
10 pers585  
0
Салом хамватанон!

9 фарход  
0
бародарон Точикистони мо холо аз дигар давлатхо дида хело хуб аст шукронаи хукумату давлатро кунед , ки кухри мешавед

8 Чамшед  
0
Юсуф номи бузург лекин худаш ё ягон авлодаш аз Аморат ифои вазифа мекунад

7 vatan jon  
0
salom ba hamai vatandusdoron azizu arjumand. kankretni gap prezidenti mo odami hastaiki meshava bugem yake az hamun zolimoni guzashta chun agar mo oqilona ba u nazar kunem bajuz da u zulmu khushguzaroni digachiz da u dida nameshava in zulm nest ki mardum az besveti javononi khudro az dast dodand mardumi bechora ovoravu sargardon da kishva roi khoriji khuni jigar khurda istoda and, bad az in ki shurai barham khurd diga kishva rhoi shuravi sobiq peshrafkarda istoda and ishtibohi dar injo hast ki mo faqat ba khudamon mengarem va fikri mardumi musalmon ro namekunem. rahmon kushish karda istodaastki islom ro az bain bibarad ba nom demokratist ano demokrani dar vujudi in kishvar dida nameshavad in ho nomusi khudro az dast doda and baroi chi demokrati meguyand dar donishgoho mar dum ro az hijob boz medorand agar donishju uryon omad chizi ba vai nbamegan chandin masjida bastand baroi chi? hizbi nahzat jili in jorhora nametavonad bigirad in aslan ba demokrati namekhurad ........

6 Amir  
0
Бародарони азиз, дар руссия чикардар халки Точик азобу машакат мекашад, ки чор танга коркунад, ба хона равон кунад, ё ин ки ба хона равад, лекин як чизашро хечкас ба назар намегирад ки, дар айропорти худамон дар Душанбе, кормандони таможени мисли (Чуги барин) аз бечора мухочироне ки ба ватан бар гаштаан, пул меситонан, дируз мо як хамватани худро ки стройка кор мекард, вайро фиребдодан, маошонашро надодан, бе пул монд, дар Москов, мо бо рафиконамон пул партофта, ба вая билед гирифтем ки вай, равад Точикистон аз бекор буданаш дар инчо, як бора карзидор мешаваду халос,вай аз стройка аспопхой хочаги, истифода бурдаро гирифт, ки инхо дар хона дар кор мешаванд, мо вайро аз айропорти Домодедови Москов рухсат кардем, ва занг задем ки вайро пешвоз гиран, барой пул надорад ки бо ба хонашон равад, дар таможений Душанбе аз пулситондиян, бо як бахонае ки дар каробкай ту, чизе дар каопютер сигнал дод,бечора дар кисаш 1000 рубли Руси дошт ки ба кудакашо ягончиз харад,500 рубли вайро ситондиян, коркунони таможени душанбе, аз Москов таможени гузашт, ягон гап нашуд ки дар борой вай ягон чизи хатарнок, хаст, а дар Душанбе инхели бахона кофта, аз бечора мухочироне ки бо зур бахонаашон бар мегардад, аз онхо пул меситонан, ба ки арзу додамонро гуем, баъд аз дигар милатхо чи гуем ки, дар ватони худамон аз бегонахо бад мекунан.

5 Хайрандеш  
0
Бародарон! Ватандор ба хунрези даъват намекунад,баръакс Ба хунрези чамъиятро хукуматдорон тела медиханд. Чамъият хох-нохох барои пешрави мубориза мебарад, дар сурате, ки хамаи роххои муборизаи демократи бастаанд,мардум мачбур мешаванд аз зуровари истифода баранд.Афсус,ки имруз таърихнависоне, ки худро хамчун дустдорони миллат хисоб менамоянд,намегуянд,ки дар таърихи дунё ягон давлат ё сохти давлатдориро бо рохи зуровари нигох доштан номумкин аст, дер ё зуд ин гуна давлатдори бархам мехурад ва бо окибатхои вазнин.Бубинед,ки хеч кас фикр хам намекард.ки як давлати абалкудрати дунё СССР дар муддати чанд руз аз байн рафт

4 Vatandor  
0
Дусти азиз Fуфрон!

Илтимос, моро хато нафахм.
Ин даъват ба хун нест. Ин даъват ба он аст, ту худ хакки худро бояд талаб кунй. Дили ман сахт мехохад, ки на факат Рахмониён балки ту ва дигарон низ аз неъматхои худоди Точикситон бахраманд шавед. Албатта ман ин неъматхоро ба ту дода наметавонам, маро бубахш ба ин таксирам. Андар ин хол на факат ба холи ту балки дигарон низ мегирям, ки мо аз худ метарсем. Ин бадтарин тарс аст.
Ин хун нест, бори дигар мегуям, ин даъват ба озодии комил аст.
Зинда бошй бародар!


3 Gufron Rasikou  
0
Бародарони азиз биеед Точикистонро дубора огуштаи хун накунед.

2 vatandor  
0
Мехрубон-ватандори азиз!
Аммо посух ин "абармардон"-ро конеъ мекарда бошад? Ин хам мухим нест, мухим он ки Юсуфи Сармату Мехри Вафо шояд аз як чабха ба таври хеш хисси ватандориро дар хушомад донанд. Пас нушашон бод.

1 Мехрубон  
0
Хак бар чониби Ватандор аст.Офарин хамин хел посухи мардона бояд дод.

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz