ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 04:59
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июн » 11 » Ҳукумати чоночони Данғаразатсия
Ҳукумати чоночони Данғаразатсия
11:16

Аз ростй Данғара бароям азиз аст. Кулобу Душанбе чони ман аст. Хучанд ормону Вахшу ифтихору Бадахшон умеди ман аст. Ҳар як вачаби марзи Точикистон бароям муқаддасу азиз аст. Ҳеч гаҳ ризо намешавам, ки як мушт хоки ватани азизам ба касеву бар ивази хасе фурухта шавад. Касе як мушт хоки замини камзамини ватани маро фурухт, мушти хок бар даҳанаш.

 

96 ҳазор ҳектор замини Бадахшон бар ивази ду миллиард доллар фурухта шуд. Аммо забони мардумро бо он кутоҳ карданд, ки гуё ҳукумати Чин ба ҳамин хотир роҳҳои ағбаи моро соз мекунад, агар мо ба эшон ин заминро надиҳем, эшон аз тармиму таъмири роҳ сарпечй мекунанд. Ин беҳтарин роҳи баромад аз ғавғои мардум буд. Бечора мардуми тарсзадаи точик низ ба ин гуна ҳарфҳо мурданвор тан доданд, тан надиҳанду бинанд. Қирғизистон чаро заминашро намедиҳад? Ё Узбакистон? Танҳо Точикистон аст, ки асрҳои аср дар хокфурушиву миллатфурушй рекорд монда.

Агар ҳукумати Раҳмон дар арсаи табартақисми солҳои 20-30-уми асри мозй сари салтанат мебуд, итминон дорам, ки як вачаб ҳам замини Точикистон дар харитаи чаҳон падидор намегашт. Ҳамаашро мефурухту танҳо як Данғараашро давлат эълон мекарду хотирашро чамъ карда мешишт. Агар садҳо Бобочон Ғафурову Айниву дигарон мебуданд ҳам ягон зарра эътибор надоштанд. Шукро, ки ҳамон лаҳза ба сари халқи точик худованд Эмомалй Хонро раҳбар накард. Ин як бахти бебозгашти тақдир будааст, ки ҳар як ватандор бояд ба ин хотир ҳар руз сад ракъат намози шукрона ба чой гузорад.

 

Ҳатто ҳузури Амир Олим Хон Эмомалй натавонист, ки барои миллати хеш хидмати арзандае кунад. Зеро, Амир Олим Хон то тавонист алайҳи ҳукумати ғайримусалмони рус вокуниш нишон бидиҳад. Итминон дорам, ки баъди сад ё панчоҳ сол таърих ин амалро қиёс хоҳад кард. Олим Хон нагузошт ва ҳатто розй набуд, ки як вачаб хоки Бухорои шариф ғасб гардад. Агар Эмомалй Хон он лаҳза мебуд, аллакай соли 1905 худаш ҳузури императори рус рафта Точикистонро таслим мекард. Ба Узбакистон бе гуфтугу на танҳо Бухорову Хоразму Самарқанду Чочу Хеваро мебахшид, балки бо ду дасти адаб Зарафшонзамину вилояти Суғдро ҳадя менамуд. Ин аст хислати Эмомалй Хон. У ҳадяро дуст медорад. Ҳадяи курсҳои вазорату утоқҳои серравған ба хешовандону наздикону ҳаммаҳалагон. Ҳадяи марзи Точикистон ба тангчашмону тангназарон. Дуст медорад, як умр аз кишварҳои беруна ёрии башардустона кунад. Дуст медорад, кумакҳои башардустонае, ки ба Точикистон ворид мегардад, ба ёру дустону хешовандон тақдим намояд.

Бешармиро бинед, ки дар чамъомади сарони давлатҳои ИДМ дар Санкт-Петербург Эмомалй Хон ҳузури сарварони дигар кишварҳо мегуяд, ки:

 

 «таассуфовар аст, ки дар зимистони сарди имсола аз чониби кишварҳои аъзои ИДМ ягон кумаке ба Точикистон нашуд, Точикистон, ҳарчанд, ки Точикистон дар вазъияти душворе ин зимистони сардтаринро пушти сар кард» (аз гузориши вижаи барномаи Ахбори Шабакаи аввал, 8.06.2008).

 

Худоё, ҳозирини ин чамъомади петербургй бо дубуру дигар аъзояшон низ ба ҳоли Раҳмон хандиданд. Чаро ин ҳарфро Узбакистон намегуяд, чаро Қурмонбек пеши ин аҳли нишаст сарашро хам намекунад. Чаро Раҳмон ин гуна ҳарфҳоро дуст медорад.

Охир, заводи арзизи Точикистон, ки иқтидори истифодаи барқаш анқариб ба кулли Точикистон баробар аст, барқ танҳо ба ҳамон зовути шахсии чаноби Раҳмону Ҳасан Асадуллозода дода шуд. Дар ивази ҳар як хулаи алюминий даҳҳо кудаку дигар шаҳрвандони точик аз бебарқиву сардй чон ба Чаббор таслим карданд. Танҳо дар ин зовут ва хонаҳои вузаро барқ буду халос. Беморхонаҳои кишвар ва дигар иншоотҳои ҳаётан муҳим дар ҳузури чароғонии гармии хонаи президенту ақрабояш номуҳимтар тофтанд.  Зовути алюминий шараққос кор кард, шабонаруз пурра барқ буд. Агар ин зовут аз кор бозмеистод, охир кисаи чанобашон тиҳй мемонд. Халқ бигзор дар як руз на сад, балки садҳо ҳазор нафар аз сардиву бебарқй мурад мураду, завод аз кор бознаистад. Истилоҳи «аҳамияти стротежй» беҳтари қуфл ва баҳонаи бастани даҳони мардум дар ин зимистон буд.

Пайдост, ки Раҳмон аз аввали ба сари курсии сарварии кишвар омаданаш, мустақил набуд, писари Елтсин буд.

«Могу ли я называть вас отцом» гуфта буд ба Елтсин. Он замон низ ба ҳолаш сагони дайдуи саҳро бо ҳамроҳии Ислом Каримуф хандида буданд. Хирси сафеди Кремл-Елтсин писханде зада монда буд.

Инак, у имруз сулолаи аҳмақеро пиромунаш печонидааст, ки ҳатто дарк намекунанд, ки об аз кучо меояд.

 

Точикистон не, Данғаразатсия!

 

Mуовини аввали Сарвазири Ғуломов А.

Аз 1 декабри соли 2006 ин чониб ин Данғарагй сари кор аст, ки дудро аз чанг фарқ намекунад. Муҳандис-сохтмончй муовини сарвазир. Соли 2005  (?!) Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст.

Бо ордени Шараф дарачаи 1 ва унвони фахрии корманди шоистаи Точикистон мукофотонида шудааст. Ба кадом шараф? Ба кадом хизмат?

 

Аз 26 январи соли 2008 Қурбонова Рукия Атоевна

муовини Сарвазир, ки зодаи Норак асту дар асл Данғарагитабор аст, бо ихтисоси муаллимй ва яке аз сарсупурдагони ҳизби бехудоии ленинй буд, имруз аъзои фаъоли ҲХДТ аст. Бо медали "Хизмати шоиста" (?) мукофотонида шудааст. Албатта, хизматҳои шоистааш дар ҳарамхонаҳо қадр мешаванд.

 

Ҳамрохон Зарифй муаллими физика ҳаст, имруз бо каромату илтифот дусташ Раҳмон вазири корҳои хоричист. Зодаи Восеъ буда, аслу насабаш набераи мулло Зарифи данғарагй мебошад. Бубинед, ки мисли ачириқ решаву патакрешаашро ёфта, вазифааш дод. Дорандаи чандин медалу орденҳои ҳукумати данғарасоси Точикистон аст.

 

Начмуддинов Сафаралй, писари Мақсудин ибни Начмуддини қанноди данғарагй, ки зодаи Восеъ аст, вазири молия аст. Маълумоти математикаи ибтидоии методй дорад.  Бо ордени Шараф дарачаи 1 мукофотонида шудааст. Сарам гич мешавад, ки ба кадом хизматаш?

 

Академики нотакрор ва нафаре, ки дониши устод Осимй, Муҳаммадчон Шакурй ва Бобочон Ғафуровро ба як нул зад, Раҳмонов Абдучаббор имруз бо баровардани як қатор фармони кадушоҳонааш вазири маорифи кишвар аст. Ҳолдонҳо мегуянд, ки ҳатто дар вақти маҳви бесаводии солҳои 30-40-уми асри 20 ин гуна бесаводй соҳаи маорифи Точикистонро фаро нагирифтааст. Зодаи Кулоб, ки тарафи модараш аз лулитеппаи Данғара аст, бо шарофати сиёсати данғаразатсияи чанобашон ин курсиро осонакак соҳиб шуд. У низ чун дигар соҳибкурсиҳои данғарагй соҳиби медали Шарфа дарачаи 1 аст.

 

Молдухтури кишвар Салимов Нусратуллои соф данғарагй вазири тандурустй аст, ки ҳама мисли панч панча аз қаҳрамониҳои у дар соҳаи тақсими кумакҳои башардустонаи доруворй медонанд. Аз пушти фурухтани дорувории кумакҳои башардустона соҳиби як бустонсарост. Чип Лексуси 78 ҳазор доллара рузҳои наздик аз Дубай меояд. Чаноби вазир низ дорандаи ордени шараф дарачаи аввал ҳастанд.

 

Хайруллоев Шералй Вазири мудофиа, ки 8 ноябри соли 1949 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Бо фармони ҳамшаҳрияш-Эмомалй Хон ин курсиро соҳиб аст.

Муродалй Алимардон, ки бонкро шарманда карда буд, бо ин ҳама беобругияш аз чониби қудояш Эмомалй имруз муовини сарвазир аст. Ҳич чойи шарҳу тавзеҳ нест.

 

Ин руйхатро идома дихам, итминон дорам, ки ҳама точикистониҳо бояд дар кардиология муолича гиранд. Аз ин лиҳоз, узр хонандаи азиз.

 

Раҳматилло Зойиров мегуяд:

Маълум аст, ки сиёсати ҳуқуқии Чумҳурии Точикистон қариб вучуд надорад, он шикаст хурдааст. Масоъили ҳуқуқй, сиёсати ҳуқуқй, асоси буҳрони ҳама соҳаҳои зиндагии иқтисодиву ичтимоъй ва дигар соҳаҳо ба ин чиз ҳам таъсир мерасонад. Дар ягон вақт сиёсати ҳуҳуқии Чумҳурии Точикистон чун имруза гирифтори буҳрон набуд. Дар ин ҳолати душвор бояд ҳар як шахс уҳдадории шаҳрвандии худро ичро кунад.

 

 

Ин даъворо на танҳо Раҳматилло Зойиров бояд кунад. Ин даъворо бояд ҳар як нафари ватанхоҳу ватандор бояд аз самими дил гуяд. Ҳукумат то ба гулу ба лой ғутидааст, онро бояд комилан ба лой ғутонид, ки дигарбора набарояд, ё аз дасташ кашида гирифта ба суе партофтан лозим. Шумо ба кадом ақиадед?
Просмотров: 6461 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.2/16 |
Всего комментариев: 211 2 3 »
21 точик  
0
Дар бораи кулобизация кучош нодуруст аст Оё хамин ашхоси бесводи номбурда магар дар сари вазифа нестанд Барои чи ман онхоро бесавод мегуям чунки хамашона нагз мешиносам Магар факат Кулобу Дангара бояд саводу бесавод дар сари вазифа бошанд На муомилара медонанду на маданият доранд Нафакат вазоратхо кулобизация шуданад балки цекчинхои бозору туалетхо ва хато праституткахо низ кулобизация шудаанд
ДАР БОРАИ СВЕТА КАЙ МЕДИХАНДИ НОХИЯИ РУДАКИ-=== БАЪДИ 50-60 СОЛ СВЕТ ПАСТАЯНИЙ МЕШАВАД ТО У ВАКТА ЯГОН МАЙДА

20 ХАЙРАТ  
0
Ба фикрам зери куни як хел точик чабри гирифтай мехора боз шуру футур андохтанист як маротиба шайтонхои майдонбоз мардуро хона вайрон кардед боз мехохед ки зану модари точикро зери тачовузхои диар халкият андозед хамон дахон калони майдон гариб дар чанг будед барои 30 фоиз кариб кунтоянро бидихед бас шайтони

19 ариан  
0
Ба Исмоил.Афсус номи бузург дориву акли ночиз.Ба худо шукр гуфта 900 сол дар таги пои турки мангит хобиди,Самарканду Бухороро бе мубориза ба "узбак " доди.Акнун дар таги пои "Чаноби каллахоли" шукр гуфта гард.Точикистон факат дар руи когаз мондаасту халос ,70 фоизи мардум дар Россия. Хар сол 2000 аз дасти фашистон мемурад,спиду гепатит ту барин "марду" "мусулмонхоро" чун дост медаравад , Точикистон ба урусу хитой тухфа мешавад.Шояд волидони ту аз авбошони хукумати бошанд,чунки гайри онхо касе хушбахту аз зиндаги рози нест.Шукр гую фикр кун ки боз кучои ватанро фурухтан мумкин.Шояд Дангараро ба Турция еки Россия??? Ба худо шукр барои он ки монанди Додочон Атовулло фарзанди ватандор додааст ба точикон,ки ТАНХО бо азобхо бо номарду номусулмону гайриточик мубориза мебарад.Вай дар гами зану фарзанду авлодаш нест, бо пули гарон хонахои ахмаки сохта дар гами нигахдории сармояяш нест,дар гами МИЛЛАТ аст.Ту номарди мугулнажод омуз.

18 SERGO  
0
Ба Мирзохуча ва дигар озодагони миллати точик (аз Ирон)

Ай хашми ба чон тохта туфони шарар шав,
Ай бугзи гуландохта фарёди хатар шав.
Ай руйи барафрухта худ парчами рах бош,
Ай мушти барафрохта афрохтатар шав.
Ай хофизи чони ватан аз хона бурун ой,
Аз хона бурун чист, ки аз хеш бурун шав.
Гар шуъла фуру резад биштобу маяндеш,
Вар тег фуру борад эй сина сипар шав.
Хоки падарон аст ки дасти дигарон аст,
Хон эй писарам хонанигахдори падар шав.
Девори мусибаткадаи хавсала бишкан,
Шармомада аз ин хама сабри ту зафар шав.
То худ чигари рубахаконро бидарони,
Чун шери дари беша саропой чигар шав.
Маспор ватанро ба казову кадар эй дуст,
Худ бар сари он тан ба казо дода кадар шав.
Фарёд ба фарёд бияфзой ки вакт аст,
Дар як нафаси тоза асархост асар шав.
Ай точики озода чахон чашм ба рох аст,
Ин мулки кухан дар хатар уфтода хабар шав.
Муште хасу хоранд ба як шуъла бисузон,
Бар зулмати ин шоми сияхфом сахар шав.


17 исмоил  
0
агар бори дигар хамин гапхои фачро нависед худам шуморо мегоям

16 исмоил  
0
хар коре,ки чаноби олли мекунад дуруст аст солхои1991 ро баёд оред но шурихо

15 Чамшед  
0
Хайр бас будагист махаллагароии Хукумати ЕШРахмон

14 Doshishjui Garib  
0
Salom ba vatandor az samimi qabl ba shumo tashakuri xudro bayon mekunam... Ey kosh ki in davlat zud nobud shavad to mo donishjuyone , ki xorij az kishvar tahsil mekunim, bitavonim umed doshta boshim , ki dar kishvari xesh metavonem ba rohati kor paydo bikunim va aqidai xesh ro ozodona bayon bikunim... Baroi dar Tojikiston kor paydo kardan ba hej chiz niyoz nest, juz ba besavodi, va man yaqin medonam , ki davlati inruzai Tojikiston ba javononi faol va bosavod ehtiyoj nadorad chun , ki medonad agar ba insonhoi oqil va bosavod vazifa bidihad manoi in ro dorad , ki nobud kardani davlati Rahmon, hej donishjuye , ki ba xudash va ba millatash ehtirom qoil ast nametavonad ba Tojikiston xiyonat kunad, va haqi mardumi baxtbargashta ro bixurad. in gapi man manoi on ro dorad , ki davlatti Emomali ba nahanghoi misli Rahmon va dastgohash ehtiyoj dorad va onhoye ki peshrafti TJK baroyashon ahmiyete nadoshta boshad... Dar in kishvari ba qavli Rahmon (demokrosii dunyavi) hama chiz vujud dorad ba juz demokrosi, va ozodi kalom... ...

13 МАСЪАЛАИ СВЕТ  
0
ХАМИ СВЕТА КАЙ МЕДОДА БОШАНД МО ИСТИКОМАТКУНАНДАГОНИ НОХИЯИ РУДАКИ СВЕТРО ПОЧТИ ЧТО НАМЕБИНЕМ БА К МУРОЧИАТ КУНЕМ .....

12 duktur  
0
salom ba hamvatanoni aziz.
emomali fikr mekunad ki in hama jinoyathoi ki karda istoda ast mardum namefahma
harfi ma baroi emomali in astki harchand choro chuqurtar kandi amun qadar baloi jonat meshavad malum ast ki bo inhama shikanja ba mardum yo khud kushi mekuni yo mekushanud......

1-10 11-20 21-21
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz