ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 11:28
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июн » 17 » Президент ҳукуматро пароканда мекард, агар…
Президент ҳукуматро пароканда мекард, агар…
11:19

Президент ҳукуматро пароканда мекард:

-Агар ақли солим медошт,

-Агар ба шарте, ки дилаш ба миллату давлаташ месухт,

-Агар хоҳад, ки савганди ба номи худо хурдааш назанаду шири модараш заҳраш нагардад,

-Агар хоҳад, ки дар оянда миллату давлат аз байн наравад,

-Агар хоҳад, ки Точикистонро мубталои 100 фисадаи маризи СПИДУ вабову муҳочирату беватаниву гадой нагардонад,

-Агар хоҳад, ки Точикситон уро минбаъд чун Анушервон бишносанд,

-Агар хоҳад, ки дар таърих номаш қатори Султон Маҳмуди Ғазнавии Фирдавсикушу Чингизу Темурланг ёдовар нашавад,

Дар охир садҳо агару магару вагару дагару дигар, аммо хар ҳамон полонаш нав.

 

Аксарият тарс аз он доранд, ки президент Раҳмон дар чамъбасти шашмоҳаи аввали соли равон масъаларо кундаланг мемонад, тағйироти куллиро ба амал меоварад. Бархи дигар ҳадс мезананд, ки воқеан президент тағйиротҳои кадрй медароварад, аммо чун пешин аз курсии дигаре гирифтан ба курсии дигаре нишондан. Чун сабки пешин «аз иваз кардани чойи чамъашаванда, ҳосили чамъ тағйир намеёбад». Вазири маорифро шояд вазири амнияту вазири амниятро вазири кишоварзй таин намояд?! Аз ин гуна ташаббусҳои «начиб»-и чанобашон воқеан ҳар корро мунтазир шудан мумкин. Дар кишвари Точикистон дар ҳоле, ки тракторчй президентй карда тавонад, чй чойи баҳс, ки милисае вазири саноат нашавад? Чй чойи баҳс, ки кадушоҳе академик ва вазири маориф нашавад?

 

Ватандорони азизи ман, ангораҳое, ки дар матбуоти даврии ба қавли Юсуфи Сармат «маҳбуб»-у «ҳақгуй»-и давр, ки аз ибтикору ташаббусу ғамхориву сиёсати хирадмандонаи чаноби олй, шоҳи ҳамеша, абад ва арзандаи точик, ивазнашавандаву намиранда, пайғамбарталоши ҳақиқй, Эмомалй Хон саддаҳона ба гуши фалак ёсин мехонанд, ҳич чойи боварй ва умеде ба ояндаи Точикистон нест. Ин ҳарфҳо маънои он нест, ки президент Раҳмон бароям маъқул несту ин тур мегуям. Бо тамоми масъулият иброз медорам, ки ин ҳақиқати бебаҳс ва маҳз аст. Қасам ба хуни ҳафт милюн аҳолии Точикистон.

Аз дасти у ҳич коре намеояд, уро намегузоранд, бо андешаи худ кор бикунад. Бар заммин ин «заряд»-и батареяи у комилан корношям аст. У наметавонад, ки минбаъд чун чеҳраи нахусти кишвар чилванамой кунад. Агар чилванамой кунад ҳам байрақе беш нест, уро алвонч медиҳанд, хоҳанд ба ин тараф хоҳанд ба тарафи дигар.

Аз як тарафи дигар у низ аллакай ба ин гуна корбурд аллакай адаптатсия-мутобиқ шудааст. У мустақилона қарору фармон бароварда наметавонад. Ин гуна гапдарой ба у маъқул аст. Ин аст, чеҳрае, ки дар Точикистон барои ҳар хурандаву даррандаву баранда президент чун пайғамбар аст. Зеро Эмомалй Хон ҳасту эшон низ вучуд доранд. Кудом президенте ба чуз Раҳмон ҳаст, ки барои даррандагони миллату хурандагони ҳаққи халқу риёкорони давр ин гуна шароитро фароҳам карда тавонад? НЕСТ!!!

Чамъбасти нимсола вакууми сиёсиро ба хотир меоварад, ки чун 16 соли тарсу хун, муҳочирату қашшоқй ва ривоч ёфтани порагириву нашъачаллобй дигар навгоние ба ҳаёти точикистониён нахоҳад овард. Боз тифли умеди мардум дар гоҳвора буғй мешавад. Боз ҳазорҳо тан дар муҳочират дур аз ватан дар ёди ватан мемиранд, боз ҳазорҳо пайвандони президент болу пар мегиранд, курсиҳои нав ба нав ба онҳо насиб мекунад. Боз аҳзоби сиёсй фаъолияташон, ки хеле назарнорас аст, ба чилбандаи сензура кашида мешавад.

Президент Раҳмонро тасаввур мекунам, ки дар утоқи кориаш нишаста, омодагй мегирад ба ин чамъбасти шашмоҳа. У назди оинаи барқад меравад, Абдуфаттоҳ Шарифови Унсурии тамаллуқкори рақами 1-и таппа тайёр ба ҳузури чанобашон як даста навиштаи компутариро меорад. Лабу лунчашонро чаноб ба тартиб дароварда ба қироат сар мекунанд. Гоҳ ба аҳли толор, ки дар хаёлашон тасаввур мекунанд, ҳамлаи ногаҳонй намуда, оинаро аз оби даҳану туф пур мекунанд. Абдуфаттоҳ бошад бо руймолчааш «ҳеч гап не, ҳеч гап не, чаноби олй»-гуён пок мекунад. Дар охири нутқ эродкунй мушти обдоре ба руйи пешмизи оина мефароранд, ки (дар тасаввурашон аҳли толор) оина чимта-чимта шуда мерезад. Инак 38-ум оина аз бозе, ки Раҳмон сари қудрат омадаасту пеш аз баромад «репетитсия» мекунад, ба мусор партофта мешавад. 38-ум оина мешиканад. 

Аммо оинаи рузгори зиндагии мардумро занг гирифта, дили мардум аз тарс гиреҳ хурда, дар гулуяшон фарёди синадарон буғз мекунад. Боз чанд оинаи дигар мешикаста бошад. Боз то ба кай ин гуна спектаклҳои ҳукуматро 7 милюн аҳолии Точикистон корд ба устухон тоқат мекарда бошанд? То ба кай нагу ори ковагиро дар қабристони тарс мегуронем. Кай растохези фикрҳо барпо мешуда бошад?

Ин суолҳоеанд, ки ҳич гуна посухашон намеёбам, миёни дуди тамоку ба муйҳоям панча мезанам ва пеши назарам модари нолону хоҳари муйканони точик меояд, ки аз фурудгоҳ тобути оҳанини ғарқи хунро аз Русиё пешвоз мегиранд. Пеши назарам кудакони маъсум намудор мешаванд, ба чойи пушти мизи мактаб нишастан, дар офтобҳои тамузи тобистон сипанддудкуниву мошиншуйй мекунанд. Пеши чашмам дастҳои кафидаву пойҳои обилакардаи марди деҳқоне меояд, ки дар охири кораш ба як бандча ғузапоя бо саркори шикамғафсаш чанчол дорад ва оқибат пирамарди деҳқонро ним бандча ғузапоя насиб намекунаду пахта вагон-вагон ба аҳли байти чанобашон тақсим мегардад. Бизнеси чаҳонии пахтаи точик ба чуз оилаи Раҳмоновҳо ба дигар оилаҳои тибқи қонунҳои марбутаи Точикистон ҚАТЪЯИН МАНЪ аст. Ҳатто ба ҳукми қатл гирифторатон мекунанд.

Пеши назарам модари ҳомилаи точик меояд, ки дар тамокузори паҳнои Панчакент аз ҳуш меравад ва боз сари у раиси хочагй дуғу дарангкунон фарёд мезанад, боз модари бечора аз чой боло мешавад, аз тарси раисаш, ки аъзои ҲХДТ асту бояд ба чанобаш рапорт диҳад, аз чой хеста ба хишоваву ягонакунии тамоку мепрадозад.

Эҳ миллати ман, чй рузи сахтест, ки худованд сари ту андохта. Аслан худи халқи азиз ба ин шароит гунаҳкор аст. Ҳуввияти миллй кайҳо фаромуш шудааст, фарҳанги митингдориву эътироз кайҳо аз байн рафтааст. Дар хуни миллати ман ичборан чоплусиву хушомадгуй шарён дорад. Миллати ман дар хоби гарон аст.

 
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез.

Аз Вахшу Бадахшону Хучанду Ҳамадон хез

Ай миллати баргаштасаодат зи инон хез.

Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез.

 

Бо умеди чамъбасти шашмоҳаву табдили кадрҳо нашавед. Тавре худи Раҳмон дар вохури ба мардуми Хатлон гуфта буд:

 

«Бо умеди ягон кас нашавед, бо умеди президент
 нашавед, худатон ғами худатонро хуред»
 
Аққалан ҳамин гуфтаи президентатро ичро кун, эй миллати ба ору номуси ман. Ғами худро хур, аз чой бархез!!!
Просмотров: 1864 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.3/7 |
Всего комментариев: 10
10 Follower  
0
Shumo lutfan naranjed, man tanho fikramro guftam, va ba shumo baror mekhoham

9 Vatandor  
0
Follower-и гиромй!
Вакто шубхаи шумо ба назархо (комментхо, таъбири худатон) ба он овардааст, ки гуё ман-Ватандор навиштаам, аслан хатост. Шояд шумо ба ин гуфтаи ман имон набиёваред, агар ба ман бовар накунед, ин аёби ману шумо нест. Гап сари он аст, ки шумо фикр доред, гуё ман барои боз хам чолибтар кардани ин сомона гуё аз номи худам коммент менависам.
Дусти азиз Follower!
Аз комменту хатто навиштахои ман, ки гох-гох дар ду руз як бор ба маърази ватандорони гиромй пешкаш мешавад, ягон имидж ё обру намегирам. Обруйи ман шумоед, хонандагони азиз, ки хамаруза аз ин сомона дидан мекунед. Дустам, ба пахлуи чапи сомона назар афканед, он чо омор хаст, бо як ангушт задан линки дигаре кушода мешавад. Пас дар он сурат бовар хохед кард, ки вокеан он комментхоро ман менавиштааам ё не.
Шумо низ муваффак бошед.

8 Follower  
0
Росташро гуям, ман ба дурустии баъзе аз комментхо шубха мекунам. Ман фикр мекнуам, баъзе аз назархоро худи Ватандор менависад бо номхои гуношун. Хазорон ор каблан маъзарат мехохам, вале танхо фикри шахсиямро гуфтам. Ва ба фикрам, дарк кардам, ки Ватандор кист. Ба хар хол, муваффак бошед

7 Vatandor  
0
Darius II-и азиз!
Дуст ва бародари фарзона!
Мефахмам, ки ин басо мушкил аст ва бо вучуди ин мушкиле нест, ки осон нашавад.
Танхо иттиходу ману шумо, дасти ба дастии ману шумо, ба якдигар бовар кардани ману шумо, метавонад воситаи ин кор бишавад. Тани танхо шояд аз акл берун бошад. Мухим нест, ки ман пешвои ин кавм дар чодаи фарханги митингдорй мешавам ё Шумо ё каси дигар, мухим он ки ин кай он руз дар мерасад. Ин сомона минбари танхо ман нест, минбари шумост, минбари хамами ватандорон аст. Минбари ононе, ки дар харакати мардумдустии Ватандор карор доранд, минбари эшон низ хаст. Хар нафаре, ки Точикистонро озод дидан мехохад, минбари уст.
Ин ранге, ки ман ба сомона бахшидаам, ранги сабз-ранги пирузист. Иншооллох ба он руз мерасем. Танхо бо рохи фарханги митингдорй, танхо бо рохи осоишта. Ман намехохам, ки як катра хуни халки азизам бирезам. Бигзор танхо хуни ман пеши шумоён ватандорони азиз бирезад, ба хотири он ки рузи сапеде, ки мо надидем, бигзор фарзандони мо бинанд. Аммо бархе бо номахои хеш, ки ба унвони камина ирсол медоранд, иддаои онро доранд, ки гуё мо таблиги боз чанги шахрвандиро мекунем.
На, дустам, на, касам ба шири модарам, ки на.
Обод бошед Darius II-и азиз.

6 Darius II  
0
Durud Vatandori aziz,

Pas charo shumo namekhohad ba misli Gorbachufu Lenin bahona vayo vosita shaved to in sebi pusidaro biaftoned?


5 Vatandor  
0
Юсуфи Сармат!
Чавоби ахмак, сукут.

4 Юсуф Сармат  
0
Салом Ватандори беватан. Яке кариб хафтае нест шуди. Гуё ба лаганбардоронат имконият доди ки маро танкид кунанд. Суробу чуробу боз ким чи балохои дигар, хоинони ватан зидди ман буданд. Бо хамин кадар одам танхо худи ман мубориза мебарам. Хамаи шумо ахмакед, фахмо. Ман интизор будам, ки кай игвои навбатии ту дар ин сайтат, (ки барои таъсисаш шояд хазорхо сомони сарф кардиву гирду пешат боз чанд сахифабанду мухаррирчахо дори ва барои хар яки онхо албатта мабалагхои бо игвою танкид чамъ кардаатро медихи) чо мегирад ва ман посух мегуямат. Аммо боз фикр кардам, ки ба тарафдорони ту чавоб гуфтан бефоида аст. Дар Точикистони ман (бале на аз они ту ДОДО!) мансабдорон чун амал мекунанд. Ба игвохои матбуот хеч чавоб намегуянд. Зеро хочат ба посух нест. Падару амакхои ман низ чанд маротиба дар матбуот танкид шуда буданд. Лекин ягонтаашон ба он маколахо посух нагуфтанд. Баракс обрушон миёни мансабдоро баланд шуду ба вазифаи баландтар расиданд. Вале хамон Рачаби Мирзои русиях мурданивор калтак хурд, газеташа бастанд. Рузи наваш рузи худаша сиёх кард. Ту хам эхтиёт шав. Як бурди ту ин аст, ки аз берун хукумати конунира мезани. Аммо Рачаб агар хакикат гуем мардаквори дар Точикистон истода ба мансабдоро иухмат мезад. Албатта кори хамаи шумо як аст. Аммо Рачаб мардтар будааст. Шояд барои хамин бошад, ки у зинда монд.
Гуфтам, ки ман низ ба ягон навиштаи ту посух намегуям. Ранги амаку тагоихои худам. Зеро оянда ман низ мансабдор мешавам.Имсол донишгохро хатм мекунам. Чойи кор аллакай тайёр. Ман хам тактикаи мансабдорои худира омухта истодаам. Этиёт кун Додо, пушаймон нашави.Ба маслихати атрофиёнат гуш нате Точикистон биё чой кор, хонаву мошин меёбамат. Кайф карда гардад.
Бубин имруз чанд беакли дига дар Хоруг митинг карден. Дида ист хукумаи чи тур ахмакашон мекунад! Омуз Додо!
Хайр, харчанд сайтат игво аст харруз мехонам.Ту камтар тухмат кун ДОДО. Ба ПРЕЗИДЕНТ хам акл ёд нате!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!! Он кас худашон медонанд чи кор кардана фахмиди?

3 Vatandor  
0
Мехрубони мехрубон!
Мухаррики мо афкори мост. Варо шустушуй мебояд. Хохиши ин ки вожаи ХОн бо харфи хурд навишта шавад, комилан макбул. Шукронаи Шумо.

Бародари азиз, Darius II!
Агар себе сари шохе пухт, меуфтад. Науфтод, пас бачахои кашанг сангсораш мекунанд, то биуфтад. Инкилоби октубари асри мози низ хамин гуна буд. Бидуни Ленин хам метавонист, ки инкилоб ба вукуъ ояд. Зеро себи сиёсат пухта буд. Танхо Ленин сабаб шуд. Гурбачуф низ намебуд комати шуравй мешикаст. Зеро ин давр низ "себи сусиёлизм" пухта ба пусидан наздик шуда буд. Гурбачуф танхо восита шуд, бахона шуд, кит ин себи пусида уфтад.
Инак, замоне даррасида, ки дарахти сиёсати Точикситонро низ кирм фаро гирифта, имруз не, пагох меуфтад. Тавре гуфтем, агар науфтод "бачахои кашанг"-и баору номус варо мебуранд, ба чойи он нихоли нав хоханд нишонд.
Зинда бошед!


2 Darius II  
0
Vatandori aziz,

chun digaron tu niz mardumro ba mardumi tojik farhangi mitingdoriro omuzondani meshavi, bisyor khub!
Lekin yak suol, charo khudat rafta dar Tojikiston mardumro peshvo nameshavi to ba onho farhangi mitingdoriro omuzoni?

Az duri mo hamaamon sukhan gufta metavonem, valek bo sukhan mushkili hal nameshavada...

Ba umedi fardoi durakhshoni mardumamon!


1 Мехрубон  
0
Дуруст мегуи бародари азиз аз хоби гарон бояд мардуми кишвар бархезад, лекин Эмомали хон (калимаи "хон" махз бо харфи майда навишта шавад, зеро у ба ин хам арзанда нест), чунон мардумро тарс додааст, ки хукумати шурави дар 70 соли мавчудияташ чунон накарда буд. Аз спектакли навбатии вай касе хам ба фикрам тагироте мунтазир нест, чунки мардум аллакай монда шудаанд аз лакировка ва найрангхои у. Аз ин ру барои мардумро бедор кардан як мухаррике мебояд, то ин ки онро рохнамои кунад. Мутаасифона тамоми мухаррикони Точикистонро занг задааст ва ругане даркор аст, ки онхоро аз нав зинда кунад.

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz