ВАТАНДОР
Панчшанбе, 25.04.2024, 07:41
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июн » 18 » Ғуруби салтанати Раҳмон аз Кулобу Хоруғ намоён аст
Ғуруби салтанати Раҳмон аз Кулобу Хоруғ намоён аст
18:15

Имруз дар митинг арвоҳи садҳо ҳазор шаҳидони гулгункафани солҳои мудҳиши 1992-97 чамъ омад. Бо умед омад, бо умеди интиқом омад.

Хоруғиён ва точикистониёни азиз, танҳо як хоҳиши ватандорй дорам, умеди ин арвоҳҳоро барбод надиҳед.

«Хоруғ хуруш дорад. Хоруғ имони ватандорй дорад. Хоруғиён мардони асиланд. Хоруғ аз ҳукумат ҳақиқатро талаб мекунад.» Чунин буд шиорҳое, ки субҳи имруз дар митинги шаҳри Хоруғ ба шифти осмон дакка мехурд. Мардум баъди солиёни сол ҳамакнун лаззати раҳпаймоиро диданд. Эҳсос карданд, ки бародаре бо бародаре китф ба китф зич монда пеш меравад, эҳсос карданд, ин иттиҳод воқеан ниру мебахшад, аз марг ҳам тарс дар дил намемонад. Нафаси гарми ҳамдигарро дарк мекунанд, ки дар ҳаври ин нафасҳои гарм меҳри ватан ноаён дар дили ишон вулқон мекунад. Ҳич монеа пеши роҳи ишонро гирифта наметавонад. Воқеан, хоруғиён имони қавй, матонату часорат доранд. Нушашон бод!

Қаблан, ки лашкари Раҳмон ба Кулоб ҳучум карда буд, як фирқаи дигар-дастаи Лангариевро аз пеши роҳи дур сохт. Аммо ин вокунишҳои чиддиро пеши назар овардааст. Президент Раҳмон аллакай ба нафароне, ки барои овардани у дар сари курсии президентй заҳмат кашида буданд, як-як харгушшикор кард. Ба назар чунин миерасад, ки у ба ҳамроҳони собиқаш боварй надорад. Ба хотири он ки Сангаку Лангариву Рустами дуторнавоз ва Сафаралй Кенчаевро худаш бо найранг ба қатл расонида буд, имрузҳо хавфи он дорад, ки боқимондагон аз у интиқом хоҳанд ситонид. Дар асл чунин ҳам ҳаст. Чонибдорони Лангариевҳо, ба вижа бародараш полковник Бахтиёр Лангариев аллакай бо ҳамроҳии чонибдорони Мирзо Зиёев, дастаи Саидшо Шамолов ва сарвари бахши Хатлонии Ориёнбонк Рустамов Сафармад  алайҳи ҳукумат ниқор гирифтаанд. Чонибдорони Қувват Султон ва собиқ қумондони оппозитсиюни точик Қурбон ва Саломшо низ омодаанд, ки ҳар лаҳзаи муносиб бо ҳукумат ҳисобашонро баробар кунанд. Инак гуруҳҳои фикрану руҳан мухталиф дар як сангар қарор доранд. Ҳадаф як то ва як чо: пешонии Эмомалй хон. Ҳама ба ҳам пайвастанд.

Инак, аз 8 апрел ваъдагии ҲСДТ 70 руз гузашт. Ҳукумат худро ба кадом дар заданро намедонад. Илочаш ёфт шуд. Нируҳои мусаллаҳи худро сараввал ба Кулоб фиристод. Сониян ба Хоруғ чун муру малах рехт. Чаро? ҲСДТ даст ба тазоҳур зад, ин тазоҳурро ҳукумат ба чойи чаппагардон сохтани салтанаташ қабул кард. Ҳарчанд аз ин пеш айёрона нируҳои мусаллаҳи хушкигарду ҳавоияшро сари ин сарзамин оварда буд. Ҳукумати вилояти Бадахшон ин пешомад ба он унвон кард, ки гуё президент Раҳмон меомадааст.

Мантиқ: Ҳукумат ба халқ бовар надорад ё баръакс? Ҳол он ки то омадани чанобашон як моҳи расо аст. Ин гуна пешгуйии сафари президент, ки ба вилояти Суғд анқариб аст, чаро дар ин марз мусаллаҳшавии ҳукумат ба назар намерасад? Боз посух якто: Ҳукумат медонист, ки ҲСДТ рузи 18 июн тазоҳур мекунад, аз ин хотир пешакй ғамашро империяи Раҳмониён мехурад.

Метарсам, ки аз чониби мардум фарҳанги митингй ба вуқуъ ояду аз чониби ҳукумат фарҳанги митингдорй комилан дида нашавад. Дардо, ки чунин аст. Дардо!!

Ай, ватандорони ман, гумон накунед, сарвари Точикистон мисли Аскар Оқоев марди мард асту аз ин гуна пешомад, сари худро мегираду меравад, то халқаш осуда бошад. На, ҳаргиз, у ҳар як нафари тазоҳуркунандаро бо мили автомату туфангҳои охирзамон пешвоз мегирад. Ин аст ҳукумати Точикистон!

Хоруғиёни азиз, беҳуда ду руз муҳлат доданд, ки ҳукумат қазияи омадани гуруҳи муру малахонаи мусаллаҳро рушан кунад, аз ин ру даст ба танаффус заданд.

Беҳуда, беҳуда. Теъдоди 800 нафара, ки аз руйи вичдону имон ба кучаҳо рехтанд, худ аз худ пароканда мешавад, агар нашавад, ҳукумат мисли режими Ислом Каримуф шабохун мезанад. Агар шабохун назад, пас донед, ки дасту гиребони бародар алайҳи бародар сар мешавад. Ҳукумати кунунй дар низоъандозй устухон надорад. Аз номи яке дигареро нобуд мекунад, худо нигоҳбон бошад аз он руз.

Танҳо фарҳанги митингдорй метавонад моро аз ин бало начот бахшад. Ҳушёр мебояд буд, аз дасисаҳо. Петкелҳову Пугоҳо ҳануз дар амаланд, ҳануз ба оташи ғазаб равғанрезй пешаашон аст.

Аммо ин мазмуни он нест, ки аз сари майдон дур бояд рафт. Боз ҳам зичтар пиромуни ҳамдигар бояд печид. Ба ин ҳукумат нишон бояд дод, ки қудрат на танҳо дар дасти ҳукумат ҳаст, мардум низ иттиҳод, қудрати бемисли худодод доранд.

Ҳарчанд устондори Бадахшон дар ҳузури халқаш дуруғ мегуяд, ки ин ба пешвози президент ва бори дигар айёрона гуфт, ки ин тамрини қушунҳои ҳарбист. На, муҳтарам Қодир Қосим, беҳуда ба вичдонат чавр накун. Мисли Мақсуд Икромови марҳум (воқеан марди банангу ор буд, дусти ҳамешагй, човид ва дилсузам буд, ёдаш ба хайр)  мардонавор як бор, ло ақалл як бор ба халқи азиз гуй, ки ин дасисаи ҳукумат аст, як бор гуй, ки мардум парешон нашавед, пиромуни ҳам оед. Мушти обдор ба даҳани хунхор занед.

Медонам, ки намегуй, гуфтан ҳам намехоҳй, ту ранги дигар хоруғиён имону вичдони ватандорй надорй. Афсус.

Пайдост, ки режими Раҳмон фарсуда шуда, аммо аз асп фарояд ҳам, аз узангу поён намешавад. Пайваста тамоми усулро ба роҳ меандозад, то даврронияш тул бикашад. Аммо, ин хаёли хомест. Ҳукумат дар ғуруб аст.

Субҳи наву ростинро интизор бояд буд.
Просмотров: 3427 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 5.0/3 |
Всего комментариев: 161 2 »
16 Хуршед  
0
Нафахмидам...
Ман зани касеро ки бо имзои Али навиштааст , коре накардаам. Ё шояд зани у нагуфтааст ки зани фалони мебошад... Пас ин нафар бояд ба хамсараш гуяд ки хангоми додан худро чун зани фалони муаррифи кунад то мо донем ханчар аз кафо чаро мезананд..

15 Ali  
0
Хуршеди Атовулло шахсест, ки бо насаби худ рузноманигор шуда натавонист, ва насаби Додочони Атовуллоро дуздид.
Шахсест, ки хаёти рузноманигорони чавонро мешиканад, шахсест, ки аз насаби дуздидааш истифода бурда, худро бехтарин рузноманигори точик мешуморад.

Ман аз навиштахоям на тарафдори Додочонам ва на тарафдори Рахмон, ман зидди нобакорихое, ки баъзан вакт аз ин ду сар мезананд хастам.
Додочонро чун бехтарин рузноманигори точик медонам, аммо сиёсатмадори наметавонад карда, у бахри болоравии сиёсии худ зери пояш хамаро меафканад, хам миллатро.


14 Darius II  
0
Khurshedi Atovullo kist? Bori avval ast, ki in ismro meshunavam.

13 Ali  
0
Озодандешиву озодбаёни, ки аз онхо мехохи пуштибони куни чизе намондааст

12 Vatandor  
0
Ali-и азиз!

Шумо менависед:"Huseyn, агар навиштаи маро хуб хонда боши, ман аввал гуфтам, ки: "туро дар он чо (яъне сафоратхонаи узбакистон) дидаанд"
Ачабо, мо ин кадар зудбовар хастем, ки агар гуянд, ки Рахмон худро аз дахум ошёна партофт бовар мекунед? Ё худ овозае пайдо шавад, ки Рахмон тарафи мухолифин шитофт ва кулли курсихоро аз хешовандону пайвандонаш комилан холй сохта ба дехкону каландбадастон дод, бовар мекунед?
Ин ки ба шумо гуфтаанд, Хуршеду Додочон Атовуллохо дар ба дари сафоратхонаи Узбакистон гаштаанд, хамсони суолхои овардаам аст, ки ба Шумо танхо (!) гуфтаанд. Хакикат хаст, ки надидаед.

Боз паёмбарона каромот мекунед" "Имруз Додочон дар Маскав пресс-конфронс дорад, ва мавзуъи сухбаташ хамрох шудани Точикистон ба Руссия мебошад".

Ин ки пресс-конфронс баргузор мегардад, чойи талоше надорад ва ин хак аст. Аммо мавзуъи ба Русиё хамрох шудани Точикистон аз акл комилан берун аст. Бас, дустам, Нострадамусй бас.
Илтимос чахони имрузиро танхо (!) бо айнаки худ набинед. Аз даричаи диду назари худатон берунтар оед. Аз ростй намехохам, ки нисбати Шумо посухи тунду аблахона дихам. Аз рости, ки намехохам ба Шумо бо дуруштй нависам. (Харчанд, ки ба унвони банда мегуфтагиатонро гуфтед, зинда бошед) Ин аз он хотир нест, ки аз Шумо мехаросам.
Алии азиз, замони ба кавли русхо "Танхо ман" Они без меня никто" гузаштааст. Мо танхо муттахид буда метавонем, галабаи мо махз зери хамин вожа нухуфтааст. Ман ба Шумо, ва кулли ватандорони дигар ниёз дорам. Чй тавре, ки хамаи 7 милюн ахолй ба хамдигар эхтиёчманданд.
Ин сафха, ки агар кобили кабул ва дархури завки Шумо нест, метавонед, дидан накунед. Ман Шуморо аз ин сафха ронданй нестам. Аммо агар нафрататон ояд, метавонед, хар истилохе ки метавонед ба суйи мо истифода баред. Лекин ин бори охирин. Навиштаатонро мерубам. (Ин хушдор нест). Ин ба хотири он нест, ки "Ватандор" сафхаи ман аст, каблан гуфта будам, ин сафхаи кулли точику точикистониву хамдардони ватан аст. Сафхаи шумо низ.
Обод бошед.


11 Ali  
0
Huseyn, агар навиштаи маро хуб хонда боши, ман аввал гуфтам, ки: "туро дар он чо (яъне сафоратхонаи узбакистон) дидаанд" ва боз дар радифи номи хрушеду додочон ман номи э.рахмонро навиштам.
Оиди суханхои Мехрубон, дуруст мегуи, аммо агар максади митинг пуштибонии он наркобаронхо бошад, пас чаро ин кадар игво менагезанд? Чаро Додочон дар Маскав ва СДПТ дар Точикистон ин кадар шуру валвалае мекунанд? Магар ин дуруст аст?
Ман зидди натанхо Додочон, балки зидди хамаи он касоне, ки хангоми чанги шахрванди ангезандаи чанг буданду иштирокчи, хастам.
Имруз Додочон дар Маскав пресс-конфронс дорад, ва мавзуъи сухбаташ хамрох шудани Точикистон ба Руссия мебошад.
Ин чист? хиёнат ест? Ин гуна шахс худро Ватандор (патриот) меномад?

Huseyn, Чаро навиштахои маро сарсари хонда чавоб медихед? пурра бихонедаш ва пас чавоб бигуед. Ман махалгарои накардаам. Шумо бо худи Хуршед хамсухбат шудаед?


10 Мехрубон  
0
Мухтарам Али шумо мегуед,ки наркобаронхои Бадахшон, лекин як чизро дарк кардан лозим ки вакте ки тамоми ресурсхои кишвар дар дасти як оила боки мемонад, вакте ки заводу фабрикахо кор намекунанд, вакте ки фарзанди модари точик барои як бурда нон берун аз ватанаш кушта мешавад, вакте ки руз то руз фаъолияти корчалонхоро махдуд менамоян, (мисоли одди митиниг дар назди бинои андоз) ва онро борхо зиёд мекунанд, вакте ки коррупсия руз то руз ривоч меёбад, вакте ки чомиъа фалач гардидааст ва бисёр дигар сабабхо, ки мардумро мачбур месозанд бо хар кори гайриконуни машгул шаванд. Албатта хар одам мехохад хамчун як шахсият худро баён созад, лекин имруз ба чуз ду-се нафар кунлеси хукумат, ки бизнешашон хуб меравад хама дар вазъи баддтарин вокеъанд. Аз ин ру одамон мачбур мешаванд ба ин кор даст зананд ман худам хам ин корро махкум мекунам, аммо як ба вазъи онхо нигох кунед. Медонед, ки барои чи мардуми Хоруг онхоро дастгири мекунад, чунки дар симои онхо одамон як такягохе барои рузгори факирашон ёфтаанд. Биёед ба шахсиятхо даст назанем, зеро имруз гап сари дигар чиз рафтаистодааст.

9 Huseyn  
0
Ali,

Ту бо чунон итминон сухьат мекунй, ки мешавад гумон кард Нострадамуси Сонй хастй. Ин мардак навиштааст, ки Додочон нест. Ту таъкид мекунй, ки хаст. Худи ту дар Сафорати Узбакистон чи кор мекардй, ки пазироии онхо аз Додочонро диди? Худат яке аз хамон узбакхои игвогар нести, ки дар паи эчоди бесарусомонй ва низоъ байни махалхои Точикистон хастанд? Вагарна чаро таъкидат руи Додочону Хуршед аст? Махалгарои окибат турову миллатро хохад кушт.


8 Ali  
0
Ватандори беватан. Пеш аз хама барои суханхои дуруштам узр, ман дашноме накардам, ман он услубе, ки ту дори бо он сухан рондам.
Ба саволи ман оиди наркобаронхои бадахшони, ки ташкилкунандагони ин митинганд, чавоби анике надоди. Нагуфти, ки он сарбозоне, ки ба Бадахшон ворид гаштанд барои марзбони даромаданд. Аммо наркобаронхо, ки наркотик савдо мекунанду, гузаронидани ин мавод барои онхо, то омадани марзбонон бе мушкиле буд, хамакнун дар тарсанд, ки гузаронидани героин барои онхо мушкил мегардад, барои хамин мардумро шурониданд.
Агар аз узбакистон пул нагири, дар сафоратхонаи узбакистон дар Маскав чи кор мекуни? Чаро дар он чо чун одами худи кабулат мекунанд?
Дар бораи мехре афрухтан дар дили ман: Ман мехр дорам дар дилам, ин мехр мехри Ватан аст. Ва хар коре, ки ту, хуршеди атовулло ва э.рахмону пайравонаш мекунед, хама бар зидди миллати точик, давлати точик мебошад. Агар ин тавр набошад, чаро дар Маскав пресс-конфронс ташкил карда, мавзуъи сухбат бо рузноманигоронро пайвастани Точикистон ба Русия номиди?
Магар ин хиёнат ба Ватан нест? Хеч кас дар бораи чанги шахрвандии дуввум дар Точикистон намегуяд, аммо ту мегуи, хама аз ин гуна чанг ибо мекунанд аммо ту намекуни.
Хангоми чанги шахрванди ду нафар рузноманигор аз он фоидаи бузурге диданд, якеаш Олег Панфилов, ва дигареш худи ту хасти. Ва инак, ту мехохи, ки дуввумбора кори пулкоркунии худро шуруъ намои.
Аммо ман умедворам, ки тирхои аввалине, ки сар дода мешаванд ба ту барину, хуршеди атовулло барину, э.рахмон баринхо мераванд.
Мо умри кудаконаи худро бо тирбозихо гузаронидем, аммо намехохам, ки пас аз мо касе меояд, чун мо тирбозикунон умр бигузаронанд.
Агар ин навиштахои маро хатто кур куни, касе нахохад фахмид. Аммо умедворам, ки вичдони туро ин навиштахои ман ором нахоханд гузошт. Боки хаволаат ба Худо.

7 Manuchehr  
0
Hushdor!
Iltimos matlabi manro be posukh namoned.

1-10 11-16
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz