ВАТАНДОР
Шанбе, 20.04.2024, 01:10
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июн » 23 » Митинги Хоруғ ва қиссаи модаркушии каждумбача
Митинги Хоруғ ва қиссаи модаркушии каждумбача
12:43

Ҳар нафаре мағлубнашаванда шуд, ин амри табиист, ки дар дунё нафароне низ ҳастанд, ки  воқеан мағлуб ношуда мемонананд. Ба маснаду мақоме дастёб мегарданд, ки ҳич касе имконияти чаппа кардани эшонро надорад. Ва таърих чунин нест, ки чунин афрод ҳамин гуна мағлубнашаванда мемиранд. На, ватандорони азизу нури дидаи ман, ҳатман рузе мағлуб хоҳанд шуд. Агар аз дасти фарзанди худ ба қатл нарасиданд, пас аз дасти наздиктар нафарон, ки замоне косалесу табақшуяшон буд, ба дами шармандагиву залолат хоҳанд расид. Президент Раҳмон низ.

Дусте бо номи Манучеҳр менависад, ки Салому Саидшоҳо, ки қаблан Раҳмонро дастгир буданд, итминон ҳаст, ки Раҳмонро чаппа кунанд, на мардуми майдонниншин. Ҳақ ба чониби бародар-Манучеҳр аст. Ва ин хавфи у аз он ки сари курсии президентй нафаре боз хоҳад омад, масали «ду понздаҳ як сй» аст, то андозае ин хавфи на Манучеҳр, балки кулли кишвар аст. Ҳарчанд, ки Саламу Саидшо низ ба кишвар як тини сиёҳ ҳам даромаду як зарра низ сулҳро кафил шуда наметавонанд, бо вучуди ин муҳимияти  ин масъала он аст, ки  чонибдорони худи Раҳмон низ имруз аз Раҳмон безоранд.

Пайдост, ки баъд аз гуфтугуйи вазири ВКД-и кишвар М.Солеҳов тазоҳургарон пароканда шуданд. Аммо ин роҳи ҳал буда наметавонад. Дуруғи он ки гуё қушунҳои ҳавоиву заминии Раҳмон ба хотири пешгирй кардани чиноёти вобаста ба сарҳадоти Афғонистону Точикистон ба Бадахшон омадааст, чун об софу шаффоф аст, ки ба чашми халқ хок пошидан мехоҳанд. Аммо масъулини раҳмонуфй чаро намегуянд, ки бо Афғонистон сарҳаде, ки дар Бадахшон дорем, ночиз ҳаст. Пас чаро ин гуна қушун дар яку ним ҳазор километри сарҳадии Точикистону Афғонистон, ки дар чанубтари кишвар воқеъ аст, бо ин тавр хавфу пешгирй нируҳио мусаллаҳ фиристода намешавад? Ин чо, зери коса нимкосаи ҳукумати шалақи Раҳмон маълум аст, ки аз пайомади чаппашавии хеш дарак медиҳад. Аммо ба гуфти Манучеҳр кй уро чаппа мекунад? Бори дигар метавон гуфт, ки мардуми ба майдон омадаи Бадахшон алъон мақсади рушани чапакуниро нагуфтаанд. Аммо дар ҳоле, ки талабаи эшон берун сохтани нируҳои мусаллаҳи давлатист, метавон иктифои талаби бештаре аз майдоннишинонро кард.
 

Саламу Саидшо, ки аз лутфу меҳрубониҳои чанобашон вақтҳои охир бархурдор нестанд, инак сари «мишен»-е қарор доранд, ки алайҳи чаноб аст.

Гап сари он аст, ки нируҳои замоне мухолиф имруз паси як сангар қарор доранд. Муҳим нест, ки ҳадафи ҳар яки ишон чист? Бурузи ин гуна пешомад майнаи ҳар як сактазадаву тарсхурдаву шахшудаи хоҳ ҳукуматдорон ва ё хоҳ мардумро метавонад ба натичае биёварад, ки инак фурсате фаро расида, ки бояд ба охири чумлабандиҳои чанобашон нуқта гузошт. Охир, чумла баъди садҳо вергулу кокулу чунбулу дунбули дигар, бояд нуқта бигирад. Намешавад, ки як китобро бо як чумла тамом кард. Китоби «династия»-и Раҳмон низ ба ҳамин минвол дар айни нуқтахурй аст. Инро бояд дид, бояд дида тавонист. Бояд дарк кард. Агар чунин намебуд, Раҳмон лашкарашро ба сари Бадахшон намефиристод. Қосидони у хеле хуб в айёрона хабар мебурданд, ки 18 июн дар Хоруғ тазоҳур ба вуқуъ мепайвандад. Чун ваъдаи 70 рузаи таваққуфи митинги ҲСДТ дода шуда буд, имкони дарку эҳсос ба ҳар каллаи кадумонанди раҳмониёнро медод, ки қаблан пеши ин тазоҳурро бигиранд. Ин ҳам бошад, нобоварй ба табааъи хеш аз чониби сулолаи Раҳмон хеле сахту тез ба чашм бармехурад. Поп-Гапонҳои ҳукумат воқеан бо тиру туфанг пешвоз гирифтани мардуми майдонро ба нақша гирифта буданд. Гумон доштанд, ки ҳич расонаи хабарие воқиф намешаваду оҳистаякак дар як шаб мерубанд. Аммо тирашон хок хурд. Бо вучуди ин тазоҳуркунандагон ба иштибоҳи чиддй роҳ доданд. Сукут варзиданд. Бо ваъдаи вазири ВКД даст ба хомушй заданд. Аммо умеди ҳазорон нафар, ки аз ин гирдиҳамой дигар чиз буд чй мешавад?
 

Ба пеши ҳукумати Точикистон ду роҳ мондааст: Ё мисли соли 1992 ба сари тазоҳуркунандагон рехтани тиру туфанг (ҳарчанд, ин ҳукумат маълум кард, ки ҳамин тавр ҳам мекунад). Ё мардонавор талаби митингчиёнро ичро карда, аз амалҳои нобасомони хеш, ки дар иллати бебарқиву бегазиҳои зимистони мисол, маргу мири мардум дар асари сардй ва фурухтани 96 ҳазор ҳектор замину аблаҳона шаш ноҳияро ба 230 км дуртар вобаста кардани худ ҳисобот ва аз пайи ислоҳи амалҳояш мешавад. Агар имконият бошад, комилан аз фишангдории кишвар даст мекашад.

Дардо, ки ин чо фикри аввал ғолиб асту андешаи сонй ғайритасаввур.

Ва имруз, ки на танҳо собиқ қумондонҳои опозитсиюн, балки ҳар як фарди дар сангари Раҳмон буда низ, толиб ва хоҳони онанд, ки кай Раҳмон ба амалҳои аблаҳонаи худ хотима мебахшад. Кай курсиҳоро аз хешованду наздику ҳамдеҳаву билохира аз худаш холй месозад.
 
Сукути баҳрро ҳар касе дид, бояд битарсад, ки ин сукут бадтарин талотумро ба дунбол дорад. Шояд сукути ин гирдиҳомй низ чунин бошад?
Просмотров: 1316 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 5.0/5 |
Всего комментариев: 1
1 Darius II  
0
ПРЕСС-КОНФЕРЕНЦИЯ: «Таджикистан: цветная революция или новая гражданская война?»

24 июня 2008 г. в 12.00 в Издательском Доме “Комсомольская правда” состоится пресс-конференция лидера таджикского движения «Ватандор» («Патриоты»), редактора газеты «Чароги Руз» Дододжона Атовуллоева.

http://tojik.ucoz.ru/forum/20-328-8137-16-1214218781


Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz