ВАТАНДОР
Панчшанбе, 25.04.2024, 10:09
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июн » 27 » Декабри 2008 дар Точикистон табаддулот хоҳад шуд
Декабри 2008 дар Точикистон табаддулот хоҳад шуд
15:26

Mақомоти Русия бо машварати мақомоти Точикистон монеъ аз баргузории нишасти хабарии Додочони Атовуллоҳ дар рузи сешанбе (24.06.2008) тавассути рузномаи "Комсомольская правда" дар Маскав шудаанд. Бо вучуди ин нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Инак, фишурдаи сӯҳбати раиси Раёсати ҳаракати мардумии «Ватандор» Додочони Атовуллоҳ:

 

Ҳодисаҳои ахири Бадахшон боз як бори дигар исбот кард , ки Точикистон дар арафаи як туфони чиддии сиёсй аст . Дар мавриди ин ки пас аз ин туфон чй мешавад, ин туфон чиро мерубад, чиро мегузорад, чиро сарнагун мекунад, акнун чизе гуфтан мушкил аст. Вале он ки туфони сиёсй дар Точикистон бархост, ошкор аст. На Маҳмадназар Солехов, на Эмомалй Раҳмонов, аъзои ҳукумати Раҳмонов, дигар тавону қудрати онро надоранд, ки Точикистонро аз ин туфон бираҳонанд.

Дигар марзи сабру таҳаммулу тоқати мардуми Точикистон тамом шуд. Имсол ҳатман дар Точикистон, ба гумони ман, агар ҳизбҳову гуруҳҳои сиёсй амал кунанд, метавонанд, ки бо роҳи гирдиҳамой ин ҳукуматро мачбур кунанд, ки аз сари қудрат дур шавад. Ҳукумат ҳам метавонад бар зидди мардуми бегуноҳи худаш тир гушояд. Аслан далели интиқоли неруи низомй ва муҳимоти чангй ба Бадахшон саркуби созмондиҳандагони ин гирдиҳамой, фаъолон ва одамони бедоре буд, ки хостори озодианд.

Таърихи баргузории тазоҳурот дар Бадахшон аз қабл эълом шуда буд. Ҳануз гирдиҳамой баргузор нашуда, ба он чо қувваҳои зиёди низомй фиристода буданд. Фақат часорат ва иттиҳоди мардуми Бадахшон тавонист ҳукуматро водорад, ки алҳол ҳукумат ба зуроварй даст назанад. Он ки ҳукумат андаке пас нишаст ва таваққуф кард, нишони як ҳукумати инсондуст ва бораҳм будани хукумати Рахмоновро нишон намедихад. Ин заъфи онҳо буд. Онҳо мехоҳанд ҳар инсон ё гуруҳеро, ки дар Точикистон садое зидди ҳукумат баланд мекунад, нест кунанд. Аммо ин дафъа онҳо тарсиданд, ки оё дар ин масоф мардумро метавонанд саркуб кунанд ё на.

Ин хукумате, ки бо хун омадааст ва раҳбараш борҳо эълом карда буд, ки «ман бо хун омадаам ва бо хун хоҳам рафт», ҳамеша мардумро бо хун метарсонад. Тарси мардум ҳам ҳамин аст, ки хунрезй нашавад. Мардуме, ки дар Бадахшон чамъ омаданд, хунрезй намехостанд. Онҳо аз пеш эълом карда буданд, ки мехоҳанд дар ин гирдиҳамой масъалаҳоеро матраҳ кунанд, ки боиси нигаронии мардуми Точикистонанд.

Ҳодисаҳое, ки зимистони гузашта дар Қаротегин (Рашт) шуда буданд, кушиши боздошти Мирзохуча Аҳмадов, ки ба нокомй анчомид, ҳодисаҳои Кулоб ва ҳодисаҳои Бадахшон ҳама силсилаи як занчиранд. Рузе, ки ҳукумат неруҳои худашро вориди Бадахшон мекард, аз Рашту Кулоб ҳам шуморе аз мардум ба самти Хоруғ сафар мекарданд, то аз мардуми Бадахшон ва ҳадафхои онҳо ҳимоят кунанд. Ин маълумот ҳам ба гуши Душанбе расида буд. Ва ҳатто он рузҳо дар Душанбе Кумитаи амнияти Точикистон бисёр одамонеро, ки аз руи тахмини онҳо метавонистанд мардуми Бадахшонро дастгирй кунанд, ин даста аз сиёсатмадорону рузноманигоронро ба Кумитаи амнияти миллй даъват карданду ҳушдор доданд, ки даст ба амале назананд ва аз ин руйдодҳо фосила бигиранд. Дар миёни онҳо чандин дустони ман ҳам буданд ва гуфтанд, ки онҳоро аз 3-4 соат то тақрибан як шаб он чо нигаҳ доштанд ва аз онҳо хостанд, ки фаъолияте надошта бошанду хомуш бимонанд .

Мардуми Бадахшон ҳам ба монанди мардуми дигар зовияҳои Точикистон аз ин зиндагй, бадбахтиҳо ва мушкилот, аз ин ноумедиҳо ба дод омадаанд. Барои ҳамин, ба назари ман, ҳукумат ҳарчанд мехоҳад, ки пеши ин гирдиҳамойиҳоро бигирад, баъд аз бозгашти муҳочирони кории Точикистон, ки моҳи ноябр оғоз мешавад, ман пешгуйи мекунам, ки тақрибан дар моҳҳои январмарт ин гирдиҳамойиҳо тамоми Точикистонро фаро хоҳанд гирифт. Раҳбарии Ватандор ҳам ба ин хулоса омадааст, ки аз моҳи декабр то феврал бо ҳизбхову созмонҳои дигар дар Точикистон, ки аз ҳадафхои мо ҳимоят мекунанд, гирдиҳамойиҳо созмон диҳем. Гирдиҳамойиҳои комилан мусолиматомез бо талаби аз сари қудрат рафтани ҳукумати Раҳмон хоҳад буд. Ин ҳукумат роҳи дигаре ба чуз истеъфо надорад.

Дар тамоми ҳодисаҳое, ки дар Точикистон мешавад, тарафдорону фаъолони Ватандор ҳастанд ва ҳукумат ҳам инро медонад. Дар Кумитаи амнияти миллй аз бисёре аз одамон пурсиданд, ки оё шумо бо Додоҷони Атовуллоҳ ё бо Ватандор робита доред ё надоред, вай ба шумо телефун мекунад ё на. Ман ҳайрон мешавам, ки онҳо, ба масал, дар як хонаи торик гурбаро мечуянд. Дар чеҳраи ҳар кас як душман, мухолиф ва ҳарифи худашонро мебинанд. Аммо ба худашон нигоҳ намекунанд, ки худи онҳо кишварро ба ин руз оварданд ва мардумро ба ин ҳол афканданд. Худи онҳо сабаб шуданд, ки мардум ба гирдиҳамой даст зананд ва одитарин хостаҳои худро ба гуши ҳукумат расонанд.

Ҳукумати Точикистон ба бемории фалач гирифтор шудааст. Гирифтори тамоми дардҳои бедавое, ки дар дунё ҳаст. Ҳатто агар худи Раҳмон як руз аз хоб бархезаду тавба кунад ва ба номи ҳар чи мехоҳад, савганд бихурад (чун у савганд ёд карданро дуст медорад), боз ҳам кумак нахоҳад кард. Раҳмон системае сохт, ки дигар наметавон онро навсозй кард ё онро тағйир дод. Танҳо роҳи Раҳмон рафтан аст. Агар ихтиёран наравад, мачбураш хоҳанд кард, ки биравад. Чун аз дасти ин ҳукумат дигар ҳич кор намеояд.

Ду эҳтимол вучуд дорад: ҳоло ки Рахмонов заъиф шудааст, мумкин аст байни гурӯҳҳои мухталиф даргириҳо ба вучуд ояд. Эҳтимоли дуввум ин аст, ки элитаи сиёсии Точикистон метавонанд ба ҳам оянд ва ба хулосае оянду интихоботе одилона баргузор кунанд. Вақте ки ман «элитаи сиёсии Точикистон» мегуям, каме шарм мекунам. Дар Точикистони имруза «элита» вучуд надорад. Точикистон имруза ба шарофати Эмомалй Раҳмон ба як кишвари ақибмондаи ноумедиҳо ва кишвари Чамшуду Равшанҳо табдил шудааст, бадбахтона. Равшанфикрони Точикистон ҳам мурдаву дур аз равшаноианд.

Дар охирин чаласаи Ватандор мо ба хулосае омадем, ки баъд аз бозгашти мардуми муҳочир ба Точикистон дар тамоми кишвар гирдиҳамойиҳо ташкил мекунем ва бовар дорем, ки дар Точикистон як инқилоби бехуни бидуни зуроварй, инқилоби ақлҳоро чорй кунем. Инқилоби ояндаи Точикистонро занони кишвар хоҳанд кард. Тайи ҳафт-ҳашт гирдиҳамоии кучаки як соли ахир дар Точикистон дидем, ки ҳамаашро занон созмон дода буданд.

Режими Рахмон аз ҳамон оғоз як режими ғайриқонунй буд. Режиме, ки тавассути тиру тупу тонкҳои бегонаҳо дар натичаи як кудатои порлумонй сари кор омад. Аз ин ру ҳар коре, ки ин режим мекунад, берун аз қонун аст, зеро худи он ғайриқонунист. Дар ҳоле ки кудакони кишвар дар сармо мемиранд ва ҳазорон ҳазор донишварону донишчуёну омузгорони он дар кишварҳои дигар ғуломвор кор мекунанд, ин режим ҳаққи маънавии мавчудиятро аз даст додааст.

Ҳудуди 15 сол Раҳмон Русияро гул заду мисли гове душид ва пушти сипари сарбозони Русия паноҳ бурд. Акнун Раҳмон гуё демукроти ғарбгаро шудааст, либоси демукротй ба тан кардааст ва мехоҳад кишвархои ғарбиро гул бизанад. Ру овардани Раҳмон ба Ғарб ба арзишҳои демукросй рабте надорад, балки ба хотири ҳифзи пулҳоест, ки Раҳмон ва хонаводаи у дар бонкҳои ғарбй доранд.
Просмотров: 1761 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.4/7 |
Всего комментариев: 4
4 КРАСАВЧИК  
0
Бале бародар ! Ин масъаларо дида шод шудам ба ин халли масъала зудтар кушиш карданамон шарт аст. Мо хамрохи шумо токатамон ток шуд дар гариби .асри 21 лекин мо ба монанди гуломони асри 17 зиндаги ба сар мебарем .

3 Рда  
0
Рахмат ман тарафдори шумо!

2 Ahmad  
0
az mo harakat az shumo barakat tarafdoroni in harakat biserand lekin metarsand!!! man ham4un nasli javon bo bovarii komilmeguyamki 70 % javonon tarafdori inand fakat rohbar darkor ast!!!

1 Сиёвуши Камиши  
0
Ватандори азиз, устод, канда занед, шумо хастед, ки мардуми точик гапи хакро мехонанд. Ба гапи як ду аблахе, ки дар ин чо ба унвони шумо хакорат мегуянд, диккат надихед. Офарин.

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz