ВАТАНДОР
Чоршанбе, 24.04.2024, 13:13
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июн » 30 » Бозгашт ба мавзуъ: Найрангҳои прокурор Бобохон Бобохонов
Бозгашт ба мавзуъ: Найрангҳои прокурор Бобохон Бобохонов
12:57

Асрори чинояти прокурори генералй фош мешуд, аммо…

 

Бобохон Бобохонов, ки аз азал мехост ҳам бо шайтон хуфтухоб кунад ва ҳам косаи савобро ба даст оварданй мешавад, бешак дастёб мешавад. Тавре мардуми Данғара мегуянд «ҳам аз тор мезанад, ҳам аз пуд», ҳамин гуна Амир Эмомалихони данғарагиро Бобохонов бо як нул зад. Ин дафъа низ аз найрангҳои Бобохонов президент Раҳмон бехабар монд. Қисса кутаҳ, бо амри вижаи президент, ки алайҳи соҳибкорони нисбатан шинохта ва тавонои кишвар «шикори ҳукуматй» сурат гирифта буд, дар ин қатор Қувват Султону Ғаффор Мирзо, Муҳаммадрузй Искандаруфу Ёқуб Салимуф ва даҳҳо дигар афрод, ки дар Точикистони вазни бештаре доштанд, «сайд»-и луқмаи хоми ҳукуматиён гаштанд. Минчумла аз вилоёти Суғду Хатлону Бадахшон ва навоҳии тобеъи марказ ба таври дастчин ин гуна нафарро аз пеши роҳашон чаноби олй дур карданд. Симои Чураев Низом, ки чун як нафари шинохта ва бешвазн дар вилояти Суғд муаррифй мешуд, ҳатто соҳибназарон ҳадс мезаданд, ки оянда раиси ин вилоят насиби ҳамин Чураев Низом аст. Аз пешрафти у ҳатто президент дар хавф шуда буд.

Чураеви исфарагй воқеан шахси пуртачриба, соҳибкори тавоно, дастдароз ва ҳамеша музаффар буд. Хайру саховати у гуши офоқро кар гардонида буд. Экс-раиси зовути кимёи Исфара на балки дар худи вилояти Суғд, ҳатто дар сатҳи чумҳурй низ вазни хубе дошт. Гапи у гап буд. Кулли сохторҳои қудратии кишвар аз у забонкутоҳанд, ки хонандагони азиз дар ин бахш метавонанд бозгашт ба мавзуъи қиссаҳои Бобохонов « Пайвандҳои ногусастанй. Прокуратураи хонаводагй, Э.Раҳмон ва Бобохонови шерафкан (қисми 3)» огаҳ шаванд.
 

Аслан Чураев дар ин «сайд» ногузир қурбон шуд. Қурбони дасисаҳои генпрокурор Бобохонов.

Ду сол қабл Бобохонов, ки аз президент Раҳмон дастури ҳабси Низомро гирифта буд, намедонист чй кунад. Охир у аз Низом забонкутоҳ аст. Як қасри боҳашамати ним миллюн доллараро барояш ҳадя сохта буд. Бар замми ин маркаи Чип-Лексузи 80 ҳазор доллараро Низом ба фарзанди эркаи Бобохонов-Файзулло тақдим намуда буд.

 
Болокории ин, аз Низом Чураев генпрокурор Бобохонов ҳар шашмоҳа қариб ҳудуди сад ҳазор доллар ҳадя мегирифт. У миёни обу оташ монда буд. Зеро бо ҳабси Низом кирдорҳои ношоистаи у низ метавонист руйи об барояд. Дарҳол ба Низом Чураев занг зада ҳолати пешомадаро баён дошта буд. Ҳамин гуна бо ҳаммаслакии прокурори вилояти Суғд Хайрулло Саидов (ин мард низ дар ҳузури Низом умрбод қарздор аст) Чураев Низом як руз пеш аз ҳабсаш аз марзи Точикистон ғайб зад. Аммо кормандони ВКД додару бародаронаш ва хешу ақарбошяро ба ҳабс гирифтанд. Молу манолашро мусодира намуданд.
 
Бобохонов мисли мурғи посухта ин су он су давид аммо натича набахшид. У ба президент қавл дода буд, ки Низомро ба ҳабс мегирад. Вақто ба ҳар масъала чаноюбашон мароқ зоҳир намуданд, масъулин бодя мурда-мурда аз паяш шаванд.
 
Аммо президентро касе мисли Бобохонов фиреб карда наметавонад. «Ҳа хуб» мегуяду боз аз пайи кори худаш мешавад. Чаноби олии содаву ландаҳур ба ваъдаҳои дуруғини шерафкани чумҳурй бовар мекунанду халос. Дар фиреб кардани президент Раҳмон дар Точикистон ба чуз Мистер Бин-Абдучаббор Азизов ва Шерафкан (мулаққаб ба Гови худо) Бобохон Бобохонов касе хато «рул»-ро тофта наметавонад. Ин ду нафар хеле хуб медонанд, ки чй тавр чанобашонро мисли лухтак бозй медоронанд.
 
Ҳамин тавр қаҳрамонии булъачабе аз чониби Бобохонов охируламр сар зад: Рузи 23 июн мебоист парвандаи чиноятии ҳампешагону ҳаммаслакони Низом Чураев аз чониби прокуратураи генералии кишвар тасдиқ ва ҳамзамон бояд ба суд ирсол мегардид, аммо Бобохонов аз даруни моддаҳои айбдоркунй, моддаи 187 қисми 1 «Ташкили иттиҳоди чиноятй»-ро бо як нул зада, гирифта партофт. Боқй моддаҳое, ки ба ин гуруҳ гузошта шуда буд, ба таври бояду шояд, ба қатори авфи умум биафтанд.
 
Мистер Бин ва Гови худо ба Низом Чураев, ки алъон дар Анқараи Туркиё қарор дорад, суҳбати телефонй намуда, «отчет» доданд, ки судшавандагонро аз чониби «одам»-и худй айбдоркунанда мемонанд, то дар марҳилаи суд низ гуноҳҳояшон сабук ва шояд бархе аз эшон аз толори суд озод шаванд.
 
Ин имзои булъачаби чаноби Бобохонов ягон вақт нашуда буд. Бисёр нафарон ба мисли Ғаффор Мирзо, Муҳаммадрузй Искандаруфу Ёқуб Салимуф, Абдучалил Ҳомидов ва даҳҳо нафари дигар низ ин гуна модда доштанд. Аммо аз онҳо ин моддаро лағв накарда буд. Зеро аз ишон ягон намуд хонаву қасру мошин,ҳадяпулии ҳангуфт ва як тини сиёҳ нагирифта буд. Ба ин хотир аз бародарони Низом-Фахрй ва Толиб Чураевҳо ва холаписари Низом Раҳмонов Мирзо ин моддаро ҳазф кард. Накунаду бинад. Низом Чураев рост омада ба ВКД ё коррупсия худаш таслим мешуд ва тамоми сиру асрори Бобохоновро ифшо мекард. У ин нуктаро борҳо дар суҳбати телефонияш бо Бобохонов ба унвони ултиматум гуфта буд. Зеро ин ҳар ду аз як сангаранд. Гуноҳҳои ҳар ду яканд. Ҳар ду аз як ҳавз об хурдаанду мехуранду боз хоҳанд хурд.
 
Чураев агар рост омада ба ВКД таслим мешуд, кори хубе ва қаҳрамонии бемисле дар ҳаққи миллату халқ мекард. Чумҳуриро аз ЗУЛУК-и рақами ЯК озод мекард. Уро халқ пуштибонй мекард, то ҳабс наградад. Аммо, дардо, ки накард. Афсус, ки наомад.
 
Аз суҳбати телефонияш Бобохонов тарсида буд. Мутаассифона чанобашон дар дафтари коришашон аз ин найрангҳои Бобохонов бехабаранд.
Просмотров: 5223 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.5/15 |
Всего комментариев: 241 2 3 »
24 Руслан  
0
Вай одами хуб ва хоксор буд ва мемонад дар хакки вай гап занед адо намешад нагзихое кард ман дар умрам онбарин одам надидаам иншоаллох ман дар хакки у дуо хохам кард фаромуш нахохам кард уро...

23 Руслан  
0
Акаи Низомхон иншоаллох мо дар дуо хастем Худованд туро дар кучо хасти сихату саломат нигах бидорад иншоаллох озод мешавад у вай душманора худаш медонад чи кунад вай ба хама хизматаш расид хей ахли нохия хама дуо аз Худо кунед бийояд бар чои худаш иншоаллох хама дар дуо хастандми?

22 Ватан  
0
Дар интернет дар бораи мухтарам Бобохон Бобочон ва писараш чун корупсионери ашадди кам навиштаанд.
Замоне у аз мансабаш бебаркаш истифода намуда,бо ахли байташ сохиби давлату савлати калон гаштааст.Далели равшан ин аст,ки у дар назди бозори Корвон хонаи дуошёнаи бохашамат бо замини калони наздихавлиги,дар назди сафоратхонаи Америка ду котеджи бодабдабаи дукабата замини наздихавлигии масохаташ 0,2гектар,дар назди институти педагоги чор хавлиро харида як карда ду хонаи калону бохашамат,дар нохияи Вахш хавлию хонаи бенихоят калон сохтааст.Дар пойтахт заводи аракбарори дорад. Саволе ба миён меояд,ки падару писар(вокеан духтар ва писари дигараш низ дар прокуратура кор мекарданд),ки хама вакт дар муассисахои бюджети кор карда ин кадар боигариро аз кучо чаъм овардаанд?вокеан дар давраи фаолияташон Бобохон Бобочонов миёни чанд кадрхои арзандаро шикаста,вазифаи чонишинхояшу прократураи нохияхо шахсони камсалохияту лаганбардорро таъин намуда манфиатхо бардоштааст.Ба ин макомот вакти кор кардани у рох ёфтани фарди камбагалу бетаго амри махол буд.Ин аст маълумоти нопурра дар бораи "ситорахои бизнеси"собик прокуроро генерали Точикистон.Худкардаро даъво чист?

21 ДАНГАРА  
0
Баъди аз вазифа рафтани мансабдорон кери бачахошонро нахурен ,ки дар сари хамат хамин руз меояд

20 Исфара Чоркух  
0
Низомхон аз президента нагзиш бисер растаги халки Чоркую Исфараба бетон ин гапохоя як тараф монему дуо гуем ин кас начот ебад хозир бошад Исфарая кулобихо зер караги хишки хаддаш неки гап занад гайри ин кас

19 55555555555  
0
ДАХАНИ НИЗОМБА КЕРАМ КИ АЗ ПУШТИ ВАЙ ЧАНД НАФАР БЕГУНОЧХО БА ХАБС ГИРИФТА ШУД!!!!!!!!!

18 рустам  
0
гуш кун наълати акои Низом бисер ба мардум неки кардааст,некие ки у кардааст ба чамоати Чорку (чоркугих фаромуш накунед намакдон туф накунед)ягон бизнесмени чорку е раиси чамоат, колхоз, раиси шахр (кун хоити саъди) раиси чумхур накардаанд кандата зан акаи Низом ба ту худованд додааст чи хел мегуянд ба худододагон ситеза макун ки ба онхо худованд додааст Илохо кучо боши набоши зинда боши,Низохонро аз кор гирифтанд як дузди дигарро ба чояш монданд ки химзаводро хонахароб кардааст кай сер мешавад худо медонад хол бар холи мардуми Исфара

17 амир  
0
Хочи Низомхон барои мардуми одди кумаки зиёд карда буданд! Кайдари кумаки он шах то хатто призидентхам накардааст!

16 амир  
0
Ин кадар гапу кор дар ватан сарвари кишвар бехабар!

15 918882999+918859508  
0
Эй Сайкалшои кунтеи пидраз, дар даханат керам ту Акаи Низомхона кераша хурда мегашти дар вакташ,агар акаи Низомхон биёанд, очата бо хохарат мегоянд бо ин 10 000$ - долларат.
Кунтеи очагари Сайкалшои керхур...

1-10 11-20 21-24
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz