ВАТАНДОР
Панчшанбе, 28.03.2024, 13:32
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июл 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июл » 11 » Генотсиди ҳукумати Тоҷикистон-Раҳмониён
Генотсиди ҳукумати Тоҷикистон-Раҳмониён
08:45

Халқро қатли ом кардан, маънии онро надорад, ки бояд ҳатман бо тиру туфанг кушт...

 

Генотсид танҳо бо тиру туфанг ва ё силоҳи ҳастай нест. Генотсид як чанд намуд мешавад. Агар Чорч Буш-шайтони бекалушу маҳсй халқашро дар дами тиру теғи чанги бемаънии алайҳи Ироқ қатли ом карда истода бошад, агар Ислом Каримуф миллати узбакро бо деворбандияш ба дами фишору таҳдид кушта истодааст, чаноби якумра президенти Точикистон тамоман роҳи нави генотсид-қатли оми халқи Точикистонро пеша кардааст. У бо силоҳ ҳам халқашро дар вақташ пешвоз гирифта буд. Аввалин коре, ки у кард соли 1994-97 халқро бо бенонй ба қатли ом шуруъ карда буд. Сониян қимативу ноадолатии бозор пешоруйи мардум омад, ки қиматиро танҳо чавонони имрузй аз китобу киноҳо дида буданд. Ин ҳам як усули нави генотсид аст. Милюнҳо одам дар ғами бенонй чон доданд. Пусти донаки зардолуро дар осиёбҳо орд карда хурда, варам карда мурданд. Боз андуҳи бебарқй ба ин генотсиди типи нав ҳамроҳ шуд. Ҳазорҳо тани дигар дар зимистони имсол аз бебарқй чон ба чонофарин таслим карданд. Ҳазорҳо тани дигар дар асари хунукии бемисл ва сардии хонаҳо ба бемориҳо мубтало гаштанд, ки минбаъд низ ин миллати хору забунро дардҳои касношунид таҳдид дорад. Ва ҳатман маризҳои лоибро ва лошифо миллати азизро ба дами генотсиди раҳмоновй хоҳанд овард. Боз қиматии вақтҳои ахир чойи шарҳу эзоҳи қатли оми халқи қашшоқу гурусна нест. Ҳама чун панч панча медонанд. Намедонам ин ҳукумат фардо рузи растохез дар ҳузури худованд ва триллиардҳо одам чй чавоб медода бошанд.

Ҳамаи ин нуқсе, ки дар боло овардем, шояд бо як даст афшондан гуем, ки «замона чунин аст, тақдири пешонй», аз ҳама нуқтаи муҳим ва кулминатсиёи дардноктарин генотсиди раҳмоновй-ин муҳочирати меҳнатии рузафзун аст. Тухми чавонтарини миллат баҳри дарёфти қути лоямут моҳе то сад ҳазор нафар раҳ суйи Русиё мегиранд. Дар дами теғи сартарошидаҳо бидуни ҳукми қозиву додгоҳ мемиранд. Гумон накунед, ки Ватандор аз ҳаво мегуяд. Назар кунед ба пиромунатон, агар ягон аз хешовандони шумо дар Русиё кушта нашуда бошад, ҳатман ҳаммаҳалаи шумо ё ҳадди аққал ҳамдеҳаву ҳамшаҳрии шумо дар дами корду тезинаҳои скинхедҳо мурдааст. Ба ин доғ бояд имон овард. Дигар илочамон ҳам нест. Ҳазорҳо нафар аз бекорй дар Русиё гашта, мубталои СПИД шудаанд, ки ин ваборо ба занони точик ва билохира ба қудакони маъсуму бегуноҳи худ интиқол додаанд. Ин бадтарин генотсид дар таърихи башарият аст. Агар Чингизу Темур ва Ҳитлеру Столин милали ғайрро ин гуна генотсид карда бошанд, Раҳмонов ва ҳукумати у миллати худ ва ватани худро қатли ом карданд.

Худованд ин қадар пурбардор аст. Гоҳ-гоҳ бо худ меандешам, шукро, ки худованд ваколати худоиро ба Амир Эмомалй насупоридааст. Наузан биллоҳ у кулли дунёро қатли ом мекард.
Просмотров: 1716 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 3.9/8 |
Всего комментариев: 5
5 Хакчуй  
0
дуруст...............

4 Dilnoza  
0
Daaaaaaaa,zhalllllll'''''

3 Vatandor  
0
Vatandori Bevatan-и азиз.
Хуб аст, ки мо хамдигарро пур мекунем, аз хамдигар мукаммал мешавем. Аммо катъиян зидди онам, ки мо ба холи хамдигар (ба вижа дар ин сафха) ин гуна харфхоро раво бинем. Худо кунад, ки минбаъд миллати сарбаланди точик аз дасти касеву хасе кушта нашавад.
Ба холи Ахмади фарзона аз ростй дилам реш гашт. Ахмад яке аз точикистониест, ки ин гуна рузро бо чашми сар дидааст. (Аз навиштааш чунин маънй гирифтам). Харчанд хамаи мо чунин рузро пушти сар кардем ва карда истодаем.
Обод бошед.

2 Vatandori Bevatan  
0
Eh bechora Ahmad
Gami onro khur ki khudat ham namuri az dasti in khonho

1 Ahmad  
0
man bo shumo rozi hastam!!! Va suxanoni shumoro kuvvat medoham. man dar xotir doram (holon, ki kudak budam) chixel dar nazdi magazin bo talon intizori ochered budam. Hozzir ham in genotsid rafta istodaast missoli oddi padaram dar rossia kor karda maro xonond afsus sad afsus, ki der fahmidam joi korham pul budaast!!! Behtar bo tiru tufang katl mekardan lek nameguftand, ki pul bier hammai on umede, ki man doshtam murdand!!!

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz