ВАТАНДОР
Панчшанбе, 18.04.2024, 14:33
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июл 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июл » 12 » Ген-прокурор вазири ВКД-ро як нул задан мехоҳад
Ген-прокурор вазири ВКД-ро як нул задан мехоҳад
12:34

Алайҳи чор нафар созмондиҳандагони митинги Хоруғ парвандаи чиной боз шуд ва ин кор дар пеши Хоруғиён Солеҳовро  ба ҳолати ногувор мононд

 

Дар нишасти хабарй дар ин бора ген-прокурори ҳамешагй ва ивазнашавандаи давлати тоталитарии Аморати Точикистон Бобохонов иброз доштааст. Чаро у чунин иброз надорад. Охир система, ки тоталитарй шуд, у, яъне чаноби Бобохонов ҳуқуқи сад фисадаи баровардани чунин «ҳукм»-ро дорад.

Қаблан, вазири ВКД Маҳмадназар Солеҳов бо чор тан аз саркардагони ин гирдиҳамой ба тавофуқ расида буд, ки алайҳи эшон ягон хел парванда боз намешавад, дар сурате, ки халъи силоҳ ба вуқуъ пайвандад. Ҳамин тавр ҳам шуд, халъи силоҳ аз чониби тазоҳургарон сурат гирифт. Ду нафари эшон ба вазифаҳои қаблиашон ба кор аз сари нав шуруъ карданд. Аммо чй шуд, ки Бобохонов яку як бора чомаро чаппа пушид?

Таври маълум ситораи М.Солеҳов ва Б.Бобохонов бо ҳамдигар ҳеч мувофиқ наомада буд. Аз азал байни ҳар ду ин тан «револютсия» вучуд дошту дорад ва хоҳад дошт. Ҳар чизе, ки Солеҳов шавад мегуяд, албатта Бобохонов онро ба «нашавад» табдил медиҳад. Ва ё баръакс. Солеҳов кафили сулҳу ҳамдастй шуда ба Хоруғ равона гардид. Дар он чо бо мардуми оддй низ суҳбат орост. Тарафҳоро ба мувофақа овард. Дар назди ҳукумат ва мардум обруяш гуё аз будаш бештар фузуд. Гуё ин митингро танҳо худи у ба оромй табдил дод. «Чаноби олй» аз маҳорати у «Ако»-гуён изҳори ташаккур кард. Аммо ин боиси рашку ҳасади Бобохонов гашт. Минбаъд у роҳи қасосро аз Солеҳов бо гунаи дигар гирифтанй шуд. Солеҳов, ки амнияти чаҳор тан тазоҳуркунандагонро кафил шуда буд ва мкони нооромеро ба оромй табдил дод, Бобохонов бо ин роҳ хост боварии мардуми Хоруғ ва ба вижа тазоҳуркунандагонро дар ҳузури Солеҳов коҳонад. Барои у фарқе надорад, ки Точикистон тиккаву пора мешавад ё обод. Танҳо манфиату ғаразҳои худро пештар мебинад, на манфаати халқро.

Инак фурсате расид, ки Бобохонов метавонад бо ин амал қасосашро аз Солеҳов гирад. Воқеан, Бобохонов медонад, ки арафаи нафақабароиаш наздик аст ва медонад, ки кайҳо фарсудаву корношоям аст ва ҳатман баъд аз рафтани у Солеҳов ген-прокурор мешавад, маҳз ҳамин нукта уро шабу руз ором намегузорад.

Иловатан, дар ин нишаст, ки Додочон Атовуллоро 2-террористи иттилоотй номид, сабаб дар сомонаи Ватандор бо номи у пайдо шудани як қатор «корнамоиҳо» аст. У шабу руз дар фикри он аст, ки чаро Ватандор алайҳи Солеҳов намегуяд. Ҳатто ба чондор ва як чанд косалесонаш гуфтааст, ки «як ҳами Ватандора бифаҳмен, чй бо Ватандор связ дора ё не». Солеҳов, ки вақтҳои ахир дар ҳузури президент Раҳмон нуфузи бештаре касб кардааст, хоби Бобохоновро ҳаром намудааст. Як андоза боиси ташвиши уро бараангехтааст.

Ва меом сари масъала:

Чаро алайҳи чор тан аз саркардагони тазоҳур парванда боз шуд? Ҳарчанд, ки ин нақшаи Раҳматилло Зойиров буд? Чаро алайҳи Зойиров не?

Бобохонов медонад, ки дониши у барои боз кардани парванда алайҳи Зойиров намерасад, аз ин хотир гумон кард, ки он чор тан дар ҳузури Зойиров камсаводтаранд, аз ин хотир мешавад, ки онҳо ба чазои «қонунй» гирифтор кунад. Ин ҳилаи Бобохонов боиси «таҳсин» аст. Аммо у фикр накард, ки бо ин кори Солеҳовро шарманда кардану чор нафарро ба чазо гирифтор намуданаш, мардуми Хоруғ оё ҳамчунин орому суктзада мешинанд? Боқй рушанфикрони кишвар оё алайҳи ин амали Бобохонов сар боло намесозанд? Оё у фикр накард, ки ин  ибтикораш боз баҳонаи он хоҳад буд, ки ин дафъа митинги нотамом оғоз ёбад? Ягон чойи шубҳа ҳам нест.

Бобохонов аҳмақона ба амале даст зад, ки оқибати ҳатто хунрезиро хоҳад дошт. Чонибдорони ин чор танро у сарфи назар кард. У дарк накард, ки боз мардуми баору номус ҳам дар паси ин мардон истодааст. Чаро Бобохонов ва ҳукуматдорон аз митинг метарсанд? Агар дубурашон тоза мебуд, чунин митингро бо руйи кушоду бо чону дил истиқбол мекарданд. Ба тамоми халқи худо ва барои худашон низ ин нуқта рушан аст, ки дасту дили пок надоранд. Ҳарчанд чунин тазоҳур дар кишварҳои мутараққй чун як амали муқаррарй метобад. Боз ҳамон маънй, ки к……шон чалтоқ аст, аз ин хотир метарсанд.

Аммо, ҳар лаҳзаву ҳар сония аз ҳар кую барзан ва хиёбону шаҳру деҳоти Точикистон буйи инқилоб меояд. Буйи инқилоби фикрҳо. Буйи холй кардани курсиҳо. Буйи накуи Точикистони ОЗОД.

Оё Шумо хонандагони арчманди сомонаи Ватандор ин гуна насимро шамидед?

Просмотров: 1654 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.5/8 |
Всего комментариев: 5
5 фарух  
0
Бародарони ахли Ислом Шумо дида истодаед ки хеч кас ба доди мо намерасад мо бояд фикри ояндаи фарзандомона кунем агар, ин фикрро мо накунем имруз, фардо чи холе ки, мо дорем дар гариби азоб ва сахтар бар сари фарзандони мо мерасад халки Точик барои чи тарсончак шудед наход ки мард аз марг тарсад бародарон дина руз ман бачахои ш КУЛОБ райони Масковскиро дидам дар даруни кардон хона хобанд бародарон фикри милатро кунед ташкил кардан даркор . Иттиходи Чавонони Равшанфикри Точикистон , Давлат нест дар Точикистон хукумат ва Давлат ташкил кардан даркор

4 Барс  
0
Просто надо нашему президенту надо проверит сколько у Бобохонова денег не в Таджикистане а в других государствах и от куда у него стодлько денег и какая у него зарплата у как пиавка сасёт и сасет всех вон Низома сосал и сейчас сосёт как таких земля держит и наш президент

3 fors  
0
На бародарони гироми хеч гох орзуи инкилобро надошта бошед. Инкилоб бояд дар зехну фикрхои мо аланга занад. Кишвари азизамон эхтиеч ба мову шумо дорад. Биеед онро обод созем.

Мо дар Маскав харакатеро бо исми "Иттиходи Чавонони Равшанфикри Точикистон" ба рох андохтем. Даъвати моро бисере аз бародарон кабул намуданд. Имруз аъзоени ин харакат аз хазор нафар гузаштааст. Хадафхои харакат ободонии точик ва Точикистони азиз мебошад. Бештар руи донишчуен бояд сармоягузори шавад. Сатхи интеллекти мардуми точикро бардоштан лозим. Хуб мешуд агар хар нафаре аз худ пурсон мешуд, ки чи коре барои ободонии кишвари худ анчом додааст. Агар чавобе ба ин суол ефт чи хуб, агар пайдо накард пас бояд амал намояд. Аз бад гуфтани мо дар кишвар коре ба амл намеояд. Чавонони баномуси ин миллати шариф бояд худашон амал намоянд. Бихамдиллох имруз харакат дар ин чодда хеле комеб хам гаштааст. Аз натичахои ба даст омада шодем. Аз касоне, ки мехоханд ба миллату ватан хидмат намоянд, то номашон дар сахифахои заррини таърихи миллат навишта шавад метавонанд ба телефонхои зер мурочиат намуда дар рохи ободонии кишвари азиз сахми худро гузоранд. Бо ташаккур аз шумо азизон.
Сарпарасти "Иттиходи Чавонони Равшанфикри Точикистон" Иззатуллои Амон.


ТЕЛ: 8926 430 91 56
7495 376 85 72
E-mail: usuf1994@mail.ru

2 Manuchehr  
0
Murgho dar qafasi tang bo ham oyand yak digarro nul zadan megirand. Hej joi vajh nest, in padida khelo tabiist :)))

1 Амин  
0
Аз нуктаи назари таърихи чунин холат пештар бояд сар мезад ин танхо шуруъ шавии инкилоб аст.Худо кунад ки инкилоби бе хун пазирад ва ин аблахонро дар назди халк шармандавор аз тахт нест кунад.Омин.

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz