ВАТАНДОР
Чумъа, 26.04.2024, 02:06
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июл 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июл » 14 » ГОВИ ХУДО аз охур сар бурун кард ва жож хоид...
ГОВИ ХУДО аз охур сар бурун кард ва жож хоид...
10:16

Посухи расмии Раиси Раёсати Ҳаракати мардумии Ватандор-Додочони Атовулло ба ген-прокурори Точкистон Бобохон Бобохонов

 

 

Суханронии омиёна ва авбошонаи додситони кулли Точикистон Бобочон Бобохонов барои ман ҳайратангез набуд. Шеваи гуфтори ҳукумати Раҳмон чунин аст.

Посухи ман ба он айбномаҳое аст, ки бисёр калидй ва муҳиманд.

Додситони бедодгар санги маломат бар сари ман мезанад, ки банда Ватан надорад:

 

-«Вай беватан аст. Беватан. Агар вай ватану хоки ватани худша агар эътироф кунад дар ҳаққи ватану ватандоришу дар ҳаққи хоки ватани худушу дар ҳаққи мардуми худуш ин қадар паст намезанад».

 

Bа ин бесаводи бехирад, ки худро соҳибватан эълом доштааст, ҳатто забони точикиро ҳануз наомухтааст. Соҳиби миллату соҳиби ватан пеш аз ҳама бо забони давлати худ озодона сухан меронад. Шояд варақҳои пешакй омодакардаашро ду-се бори дигар машқ мекард, то чумлаҳои подарҳавояш чунин бечо баромада, аз ватану миллат ва давлати точикон дур буданашро исбот намекарданд.

Эй худобехабари даюс! Ту кучову ҳарфи Ватан кучо? Ватани ғуку қурбоқаҳо кулҳои гандида аст. Туву ҳамкосаҳоят Ватанро хароб кардед, на танҳо ман, балки 2 миллион точикро беватан кардед. Мо аз Ватан фирор накардаем, мо аз чамъияти туву ту баринҳо- навдавлатони чоҳил ва ношуд фирор кардаем. Шумо Ватани моро олуда ба полудаатон кардед, зеро дар ҳавои полуда калон шудаеду одат кардаед. Бо шумо аз як ҳаво нафас гирифтан ҳаром аст.

Ман Ватанамро паст назадаам. Ман пастиҳои шуморо ба мардум ҳикоят кардаам.

Додситоно! Худситоё! Тиҳимағзо! Ту нашармида маро террорист эълом мекунй! Агар ман террорист бошам, ту кистй? Раҳмон кист? Хайриддин Абдураҳимов кист? Зарбулмасале ҳаст: аз худ гиру бар ман бизан! Шумо кистед? Магар шумо зомини марги 150 000 нафар нестед? Магар тую бонди ту ҳазорон ҳазор пирамардону навчавононро накуштаанд? Магар силоҳбадастони аз таги дор гурехтаи ҳукумати ту рустоҳои Бадахшону Рашту Кофарниҳонро бомбаборон накардаанд? Магар аз дасти шумо мардуми точик аз сардии зимистон дар хонаҳову беморхонаҳои хунук нафавтиданд? Террорист ин шумоед, ки халқро ба чунин даҳшат гирифтор кардаед.

Эй касифе аз лашкари касофатҳо!

Эй хабисе аз тудаи начосатҳо!

Эй шағоле аз селаи даррандаҳо!

Дар баёнияи ту калимаҳои номус, шаън ва шараф чанд бор омадааст. Ба номи худо, ту ҳеч гоҳ маънии ин калимотро намедонй ва намефаҳмй. Зеро ту як дастгоҳи хурдан ва полудан ҳастй. Ту як ҳайкали холие ҳастй, ки агар 90 кило вазн дошта бошад, 89 килову 999 грам начосат ва 1 грам мағз дорад.

Ту кучову номус кучо? Ту кучову шараф кучо? Боз беҳаёёна мегуй, ки дар ман хуни точикй нест. Хуни точикй дар он кас нест, ки лафзи точикй дар забонаш бегонаву нопечон аст. Ту як лулизода ва чугитаборй, ки ба чуз гадой коре надорй. Аз ҳама ту металабй: аз ордфуруш-орд,аз калушфуруш- калуш, аз қандфуруш-қанд, аз к...фуруш- к...

 Ту эй чанахси питхеф! Пеш аз номи маро ба забон овардан, ҳафт бор даҳонатро бишуй. Ман чинояткорам? Чинояти ман навиштани ҳақиқат аст? Ҳар чизе, ки ман дар ҳаққи туву ҳамкосаҳои ту навиштаам бузугтарин савоб аст.

 Чинояткор ту ҳастй. Чинояткор он касест, ки хуни мардумро рехтааст, барои мансаб, барои давои дарди шикамба. Террорист он кас аст, ки ҳафт миллионро ба даҳшат гирифтор кардааст, ба даҳшати торикй, сардй, бенавой, беморй, гуруснагй.

Аз шумо мардум чун аз гурги гушна меҳаросанд. Руйи сиёҳи шуморо бубинанд, дилашон сиёҳ мешавад, роҳашонро дигар мекунанд... Шумо дар дили мардум даҳшат мекоред. Дар ҳар хонадони точик шуморо дуои бад мекунанд: «Худоё, моро аз ин лаънатиҳо халос кун!»

Шарики чинояткор он касест, ки қотилро барои писари президент буданаш ба ҳабс намегираду бегуноҳонро ба чойи дигарон зиндонй мекунад. Ҳайвон он касеро мегуянд, ки ба ғайри хурдану шох задан дигар коре аз дасташ намеояд. Мағз надорад ва мардумро бо шохаш метарсонад. Қаллоб он касест, ки чиноятро ба савдо мегузорад, чони мардумро хариду фуруш мекунад.

 Тфу бар ту!

 Тфу бар ҳукумати ту!

 Садқаи номи додситон кунад туро!

 Эй палидо! Эй начисо! Эй лаино!!!

 Он замон дур нест, ки мо ба шумо мефаҳмонем, ки дод чист, додгустар кист, додгустарй чист, кй террор кардааст. Даврони шумо ба завол наздик расидааст ва барои ҳамин аз тарс эзоратонро тар карда, мисли бед меларзед. Меларзед аз он, ки анқариб барои ҳар қатраи ашки рехтаи модари точик, барои номуси тачовузшудаи ҳар як духтари точик, барои ҳар қатраи хуни фарзанди точик, барои ҳар як хонаи сухтаи точик, барои ҳар часади ғариби точик чавоб хоҳед гуфт. Мо мисли шумо террористона амал намекунем. Он замон наздик аст, ки ҳар як шахси бегуноҳ дар ҳабс нишаста, ҳар як фарди аз дасти шумову ҳукумати шумо талафдода дар додгоҳ барои шумо мурофиа барпо мекунад. Он замон деру дур нест, ки парвандаи чиноятй барои шумо боз мегардад. Фикр накунед, ки тамоман лачоми давлатро ба даст гирифтаеду дигар ҳар коре, ки хоҳед мекунед. Не! Шумо барои ҳар як амали худ пагоҳ дар назди халқ ва фардо дар назди таърих чавоб хоҳед дод. Мо на ба силоҳу зуроварй, балки ба халқ такя мекунем. Ба он халқе, ки тирборонҳои шумо, хонасузиҳои шумо, кушторҳои шумо ва бедодиҳои густурдаи шуморо ҳеч гоҳ фаромуш намекунад ва ҳеч гоҳ намебахшад.

 

Ҳушдори охирин:

 

Агар як тори муе аз сари як тарафдори Ватандор кам мешавад, агар як нафар аз ширкаткунандагони митигни Хоруғ таъқиб мешавад, агар боз ба Рашт лашкар мекашед, агар як журналист озор меёбад, бидон ки масъулияташ бар гардани туст. Мо аз он импотентҳои сиёсй нестем, ки бо ту мушу гурбабозй кунем. Бас! Бас! Бас! Хокатро бод мекунем, номард! Ба Раҳмонат ҳам бигуй. Шумо дунёро бесоҳиб ёфтаед. Шумо гумон мекунед, як умр мардум харигарию хартозии шуморо таҳаммул мекунад.

 

 Ту мегуй:

- «Барои туҳмату буҳтону барои ин корош вай бояд дар назди қонун чавоб бга. Ман як маротиба вая дастгир кардам ба кадом роҳ халос хурд, ин дафъа туҳмату буҳтонаша бас накунад агар дела оғоз карда ба дигар воситаи дигар давлатҳо он чизе, ки қонун талаб мекнад талаб карда ба чавобгарии чиноятй мекашам. Ҳамчун туҳматчй, ҳамчун қаллоб, ҳамчун террорист».
 

О, ман битарсидам. Дар лабам табхол дамид. Куч бастам ба куҳе... Бобохон маро бубахш. Дигар намекунамат. Дигар намезанамат. Ман хато кардам...

Гурбаяки мискини ман!!!

Орзу кун....

Ман аз онҳое нестам, ки ту маро дастгир кунй. Зурат намерасад. Туро аз Точикистон берун касе намешиносад. Ту ҳамоне нестй, ки : «добро пожаловать»-ро «добро пожалийста» гуфта будй? Худо хоҳад, баъди чанде ҳукумат нав мешавад, ҳукумати ВАТАНДОРОН. Баъд мо ба ту «розыск» эълон мекунем. Чи хеле ту ба дастони Искандаров занчир баста овардй, туро ҳам ҳамон хел мебиёранд. Мо чун ту туро говсуд намекунем. Суди одилона. Кам-кам машқ кун, баданатро обутоб бидеҳ. Роҳи ағбаи Анзобу Шаҳристонро ту меканй. Дар қатори маҳбусони дигар.

 Боз як бори дигар мегуям: беҳуда зур назан. Ба умеди Абдураҳмон Ҳотамбеков нашав. Ба пулу пораю ришва умед мабанд. Зури беҳуда миён мешиканад. Худро шармсор макун. Ту ягон вақт ба мақсади нопокат намерасй. Ҳич вақт ту наметавонй, ки маро боздошт бикунй. То ҳастам, то ҳастй, то ҳастем.

Аламат меояд, медонам. Ягон касро ба бозори Шоҳмансур бифирист, занчабил биёварад. Бимолу бимолу бимол....

Орзу айб надорад.

Маро Амрико, Руссия, Олмон, Инглистон боздошт мекунанд ва ба ту месупоранд. Танҳо дар хоби шабат. Танҳову маст вақте, ки аз боди шиками тулумат нафас гирифта, дар паҳлуи ягон фоҳиша хоб бошй. Бедор мешавй мастона ва шодона... ки дар хобат будааст.

 Мискин хараке орзуи дум кард,

 Ноёфта дум, ду гуш гум кард.

 

 Хоби ширин, додситонаки азизи ман!

 Хоби ширин, гови худо!

 Додочони Атовулло

ш.Маскав

Просмотров: 2882 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.4/7 |
Всего комментариев: 151 2 »
15 vertu  
0
Журналисти термизаки шаъну шарафпсткунаки миллати бузурги ТОЧИК Додохугак! Ин кадар Точикро соли 1992 ту бо муло ва ба ном демократхоят ба чанг кашида 150 000 одамро куштед Рахмонов, Бобохонов дар он вакт сиёсатмадор набуданд. Баракс ин мардон чанги андохтаи ту ва тубаринхоро ором ва Чумхуриро тинч карданд холо мардум шукри Худо тинчу осуда зиндаги доранд. Дастонат хунолу ниятат ифлос дар руят нури одамгари намондааст. Худо ва хуни шахидон туро ба ин хоки муккадаси Точик пой гузоштан намемонад, бо вучуди хазор пуштибонони хоричиат.З Ман суханони дуруги ту аблахро хонда нафратам омад ту хартабиати морзабон даюс хасти на дигарон.

14 daryo  
0
ajib makolahoi xondani bob !!!

13 lok  
0
RAS-pedorasu ; tu bugu ki ana hami holi halq ki hast va qonun chisht

12 Чашми дил  
0
Ras! Кароматуш киай?

11 Vatandor  
0
Ras!
Намедонам Ras номи аслиат хаст ё кутохкарда мисли СССР ва ё чизи дигар. Ба хар сурат тарсонидани ту моро аз он дарак медихад, ки аллакай аз халк метарсед. Медонед ва пайхас мекунед, ки фурсати шумоён фаро расида. Ин гуна дугу пуписахо солхои 992-97-уми карни мозй минбаъд кор намедихад.

10 Darius II  
0
Sadri Ziyoi aziz,

yak bori digar guftahoyatro bo zaboni tojiki gu chi...


9 Sadri Ziyo  
0
Doryush:
"Khonabiniyu tu, man khona khudo mebina!"

8 Darius II  
0
Rosti baroi man chi Dodojonu chi Rahmonu chi Bobokhon hama yakand. Hama tashnai mansab! Yagontai in parvoi khalqi oddiro nadorad. Bovar kuned!

7 УМЕДВОР  
0
Хуб, хамаи гапхо дуруст аст,аммо одобро риоя кунем, бародари азиз.Хох прокурор бошем, хох як нафар каламкаши фирори.Барои мо точикон намезебад, ки ин кадар бад гуем.Бехтириш чавоби ахмат сукут.МИ БО ШУМОЕМ, ДОДОЧОН

6 с  
0
Итари бадам не-дия, ДодоЧон

1-10 11-15
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz