ВАТАНДОР
Панчшанбе, 28.03.2024, 20:04
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июл 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июл » 15 » Аз қабристон ба Ҳасан барои як руз чавоб доданд?
Аз қабристон ба Ҳасан барои як руз чавоб доданд?
23:01

Ба хар зини асп заданд, то уро нашносанд, аммо думаш маълум кард, ки …

 

Чанобашон охир-ул-амр бори дигар бо тамоми ҳастиву вучудаш воқеаро кушиши пушидан кард. «Ҳасан»-ро ба Хоруғ равона намуд, то мардум бубинанд, ки у намурда. То мардум ин қадар нагуянд, ки Рустаму Таҳминаи Эмомалй қотил. То мардум бори дигар ба «иғво» будани ин иттилоъ бовар кунанд. То сармоягузорони хоричй, ки 80 дар сар сади маболиғашонро аз берун тавассути Ориёнбонк ба Точикистон ворид мекарданд, бидонанд, ки раиси ин бонки бо нуфузи кишвар, ки гардиши молаш 205 милён сомонй аст, намурдааст, минбаъд низ Точикистонро ҳамчун кишвари эътимоднок эҳсос кунанд. То дар оянда боз ба ин мамлакат ва ҳукумате, ки шеваи қарз гирифтанро руз то руз хубакак омухтаасту меомузад, бонкҳои чаҳонй қарз, қарз, қарз, қарз, қарз, қарз, қарз ва боз қарз диҳанд. То ин тухму палак абадулобод монанду монанду боз дар курсиҳои роҳбарй боқй монанд.

Агар дар дунё озмуни қарзгириро эълом медоштанд, бешак ҳукумати Раҳмон чойи аввалро ишғол карда, соҳибчойиза ва дорои медали тилло мегашт. Намегуям, ки дигар мамолик қарз намегиранд. Онҳо ҳатман пулро чо ба чо масраф карда, ҳамзамон дар ҳисоботҳояшон дуруғеву газофе намебофанд. Тавре, ки Сандуқи байнулмилали Пулро Точикистон бо фиреб беназираш моту мабҳут кард, ин гуна лофзанй намекунанд.

Боз Ҳасан Асадуллозода.

Ҳасан, ки яке чандиртарин хешовандони Раҳмон буд, кулли хурданҳои язнаашро мисли даҳ панчаи дасту даҳ панчаи пояш медонист, шабу руз Раҳмон аз он фикр дошт, ки дар оянда Ҳасан бояд, ки бо ин шасташ ҳатман маснади президентии уро соҳиб шавад. Зеро ба язнааш борҳо ҳангоми тезу тундшавиҳои муносибаташ гуфта буд, ки ба таври бояду шояд курсиро  низ мерабояд. Чаноби олй медонад, ки Ҳасан гуфтаашро мекунад, аз ин дуғи шуринаш тарсид. Чунки Ҳасан мисли зарпечак кулли минтақаҳои калидии Точикистонро соҳиб шуда буд. Чойе намонд, ки пайи пойи у нарасида бошад. Соҳибкорон ба дод омада буданд. Пас чй чойи он як курсичаи язнаашро гирифта натавонад? Барои у ин амал ду карат ду буд. Аммо чаноб «оқилтар» баромад. Аз хуни гарми шуринаш истифода бурда, уро бо дастони Рустами Дастон кушт.

Бешармиро бинед, макети Ҳасанро ба хотири он ки раҳмон қотил нахонанд, ба Хоруғ равона кард. Чаро дар ҳисобти шашмоҳаи аввал Ҳасан комилан ҳузур надошт? Сармуҳосиби Ҳасан-Лола Чумъаевна низ мисли ҳисоботҳои қаблй ин дафъа лоқайдона наомад. Дасту пой гум карда буд. Мисли мурғи посухта медавиду медавид. Намедонист аз чй сар кунад. Агар у зинда мебуд, ягон ҳисоботи кварталй ва нимсолагй набуд, ки бе ҳузури Ҳасан то ин замон гузашта бошад. Дар ин ҳисоботҳо Ҳасан ҳамаро пуст меканд. Ҳатто чаноби олй бо дидани нигоҳи у дир-дир пояш меларзид. Дилаш ҳазор бор мезаду боз меистод.

Ҳасан намурд? Ба ин линк сар занед: http://www.orienbank.com/index.php?t=0&i=63&l=2  хоҳед дид, ки якумин акси Ҳасан қабл аз 2 майи соли равон мисли дигар кормандони бонк акси тарзи сохташ «слайдерй» (аксгардон) набуд. Чаро баъди парронидани Ҳасан яку якбора ин акс слайд пайдо кард? Ба хотири он ки нусхабардорй карда нашавад? Ё бинед Ҳасан ин аст, дасти у дароз аст, ки ин гуна ороишоотро даровардааст?

Ҳама медонанд, ки экс-раиси Ориёнбонк, аввалин ибтикоргари ин бонк Сатторовро чанобашон ба чй рузе гирифтор кард. Кунун ин курсии наҳси Ориёнбонк, ки ҳар касе шишт, ҳатман чаноби Эмомалй хон бояд ба он дунё «роҳхат»-аш диҳад, интизори кй бошад? Магар ҳамин макет ба он курсй мешишта бошад? На!

Лола Чумъавна қаблан нозпарварди Ҳасан буд. Акнун дар он утоқ Таҳминаи Эмомалй ронҳояшро намоиш дода менишинад, дар роҳаткурсй чарх мезанад, аз номи тағоияш имзо мегузорад, бечора Лола барои Таҳмина кофе меоварад. Он макети Ҳасан то ба дарвозаи Ориёнбонк мераваду халос. Дар паҳлуи утоқи посбон мухсус утоқчае ҳаст, ки бечора «Ҳасан» то бегоҳ ҳамон чо меистад. На ба наздаш касе медарояд, на у ба касе ҳарфе мезанад. Охир у забони точикиро надонад, бо кудом забон муошират намояд?

Мур-э, захарид, ки шудй мурда-мурда тоқат кун. Арвоҳи Ҳасан аз ту хеле хафа аст, ки чаро ту сири варо мепушонй.

Сири Ҳасан то ба кай пушида мемонад? Охир Ҳасан журналистонро чунон дуст медошт. Агар бинад, ки ҳатто донишчуйи соли аввали факултаи журналистика дар даст диктофону қалам дорад, худаш давон рафта, интервю медод. Ягон муҳофизу ҳамкоронаш уро аз ин хоббии дустдоштааш боз дошта наметавонистанд. Вагарна зинда ба зинда пуст меканд. Чаро у имруз-15 июл ба журналистон интервю надод. Муҳофизонаш намонданд? Аҳмақиёна спектале. Ҳатто чанобашон уро аз маълумот додан ба журналистон манъ карда наметавонист. Дар чояш ахта мекард. Кунун у гапи муҳофизаконашро мегирад? Кай боз у ин қадар «қобилак»у уволак шудааст?

Мардум ҳам кур не. Чаро ин нуктаро ҳукумат дарк намекунад? Дар Хоруғ ҳама ба Ҳасани воқеъй будани он «Ҳасан» ширк варзиданд. Гови бешири алоро ҳама мешиносанд. Ҳатто аз бангосаш. Аммо у чаро ин дафъа хомуш буд? Ҳатто нигоҳашро аз руйи туфлиаш намеканд? Раиси бахши амонатбонки Хоруғ, ки симояш ҳеч гоҳ ба Ҳасан маъқул набуд, чаро ин дафъа омада ба чойи  ҳутели ноҳия ба хонаи раиси Амонатбонк шабро руз мекунад? О-о-о-о, ин «Ҳасан» сенарияи чаноби олиро вайрон кард. Чанобашон гуфта буданд, ки дар меҳмонхона хоб кунад, аммо ин нодоне, ки Точикистонро ҳамагй 45 руз боз мебинад,  ба хонаи душмани ашадии Ҳасан рафт.

Офтобро магар бо доман пушида мешавад? Марги Асрорангези Ҳасан ҳатто гоҳо чаноби олиро ба ҳайрат меоварад: Ҳасан мурдааст? Як бора макетро дида худро Раҳмон тасалло медиҳад: Не, «зинда» будай, лекин ба ин сағра кам-кам забони точикира ёд додан лозимай».
Просмотров: 3381 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.5/4 |
Всего комментариев: 7
7 сайдакрам  
0
тоба агар хасан мурда бошад душанбера ди га ки нигох мекуна хубу ганда чи хеле боша набоша кучоера ки нахара обод мекна ку ика марден кабинетш брен ку танкидуш кне ОРИЁН БОНК да агар биёватон сартона рост мегири бачохо ай акибш гап назанен ки гунохи калон агар МУСУЛМОНШЕН чи ба ай акибаш гап мезанен ма тарафдори акаи ХАСАН....

6 mers  
0
Двойник
Восстание из могилы. (опоздавшая статья)
Республика Таджикистан – маленькая центроазиатская страна.
Республика, который слухи распространяется как ветер.
Последние слухи о самом богатом человеке в Таджикистане, Хасан Асадуллозоде, о его смерти и воскрешенье его через месяц.
Буквально мне дней 15 назад точнее третьей декаде мая звонил знакомый, знакомый из окружении семьи Рахмона.
Как обычно после приветствие по телефону разговор плавно переходить о новостях. На этот раз главный новость, по его словам, скоро на публике появится Хасан Асадуллозода. Мне это говорить тот человек, который начале мая говорил о скончание Хасана.
Как это так недоумеваю я. Не может быт.
Нашли двойника говорить он. Готовим.
Зачем? Почему? ...?
Ты что, человек не во время скончался. С ним очень многое связано было….
Начнем с начало:
Когда Имомали Рахмон пришел к власти, ему нужен был свой человек.
Свой человек, который можно доверят все. Главный чиновник страны та не может заняться бизнесом.
Хасан стал доверенным бизнесменом Рахмона.
Семья стал контролировать Республику. Все работает на них, и власть и бизнес.
Но что делать беда. 2 мая после неудачной разборки сын президента Рахмона выстрелил непонятливую дядю Хасана. 8 мая он скончался. 9 мая похоронили его. Президент Рахмон вместо участие параде победы, похоронил своего шурина и из-за траура не участвовал на празднике.
Тишина. По приказу Рахмона, кто пустит слухи наказать.
Но как мой знакомый сказал, появился Хасан.
Его показали в новостях республиканские телеканалы.
Алло, ты слышишь, в основном это накопленные богатства. В внутри Республики
без него тоже нужные документы сделаем, а вот загранице?
Ты знаешь, там, сколько многомиллионные недвижимости; в Дубае, в Казахстане, в Катаре, в Москве и т д.
Кроме этого столько фирмы и счета в крупных банках. Думай сам.
Да человек скончался, но не успел, оставит завещание. Вот почему Рахмону нужен был скрыт это. Переоформлять то надо, как без Хасана.
Мы таджики, Таджикистанцы, после распада СССР, выросли уже целое поколение. На родине нет для нас работы. Нет экономики, нет света и воды.
Нет дороги и нет газа. Нет инфраструктуры. Впрочем, это неважно.
Мы уже давно рассеялись по всему миру, в поисках работы, заработки.
Алло, для этого нам надо порядка два-три месяца, потом он попадает в аварию или
сгорает в пожаре.
Я уже в шоке, почему?
Как почему, его та нет уже. Второй раз не можем похоронить. Он должен быть изуродован…
Мы таджики, таджикистанцы, по всему миру живем и видим, как живут местные люди ( Казахи, Русские, …и т д.). Как у них день за днем идет прогресс улучшение качество жизни. Как строятся. Как становятся богатыми. Нас обеспечивают работой, хотя тяжелой и грязной. Платят.
Надо сказать спасибо им.
Надо сказать спасибо Рахмону и покойному Хасану (может быть и живой) зато, что они сделали для нас очень многое. Зато что нас превратили в рабы.
Кучка коррумпированные чиновники и их окружение, у нас украли наше кров, богатства, счастье, надежды и мечты. Мы превратились в рабы. Когда хозяева власти работают ради богатства, и видят, и чуют только деньги, они в могилах тоже мирно не спять, они воскрешаются.

Таджикистанцы, у нас у многих есть семьи и дети, у многих будут.
Нас уже миллионы, которые увидели мир, поняли, как надо жить. Появились мировоззрение.
Пора нам воссоединятся ради наших детей, ради справедливости, ради благ.
Ради того чтобы нас тоже считали людьми. Пора…

Хожи


5 Vatandor  
0
Мунъим! ман хам метавонистам очаи туро ба об гарк кунам. Аммо ба хурмати оне, ки у МОДАР аст, аз гуна шоеъот худдорй меварзам. Танхо дар бобати он ки рузи 22 июл дар тарабхонаи Вастан моро ба "дидор"-и Хасан даъват мекунй, мегуям, ки аз ин пеш моро рузи 27 июн ба Кургонтеппа даъват карданд, ки он чо бояд Хасан меомад. Мо рафтем, аммо ба чуз арвохаш касеро надидем.

4 Мунъим  
0
Очаи ту нависандаро об барад... Хасан зинда аст ва аз отаи Ту зиндатар.Мехохи бибиниаш: Пас мархамат, рузи 22-юми июл соати 20-00 дар тарабхонаи "Вастан"

3 ростбин  
0
Ага ин гап рост боша, холи РАХМОН хароб будай-ку

2 УМЕДВОР  
0
мо низ баринем

1 Darius II  
0
I sagherai zinda ay kujo buday? :))

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz