ВАТАНДОР
Панчшанбе, 25.04.2024, 12:34
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июл 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июл » 21 » Ман террористам ё ҳукумат?
Ман террористам ё ҳукумат?
10:36

Кудакони точик аз батни модар СПИД таваллуд мешаванд, тифлҳои маъсуми миллат аз раҳми модар модарзод нашъманд милод меёбанд. Рузе то ҳазорҳо нафар точик шиканчаи пулиси русро мебинад.  Соате садҳо тани духтари точик, номусу иффати точик дар бозорҳои Дубайу Уммон фурухта мешаванд. Лаҳзаи мижжазане садҳо диплумбадасти маълумоти олидору мутахассиси таппа-тайёр раҳ чониби мулки дигар мегирад. То хочае биёбаду бо дастмузди иктифой рузи хеш пеш бибарад. Ва …..

Надомато, ин аз кучо маншаъ гирифта? Ин иллати миллати хору забунгаштаи ман, реша аз кудомин оби гандида об мехурад? Саркардагони ин ин рузи наҳс аз чисту кист?

Ҳукумати кунунии кишвар моро ба он айбдор мекунад, ки кишварамонро дуст намедорем, ватандор нестем, гуё мо ҳайвонем, гуё мо террористи иттилоотием. Гуё Ватандор террорист аст.

232 кудаки бегуноҳ ва 12 модари точик, ки аз асари сардии беназир ва бераҳмии режими раҳмонуфй чон ба Чаббор таслим карданд, магар террори мо буд? Президент Раҳмон бешармона рузи 19 июл тавассути симои лаббайкгуяш иброз медорад, ки :

«Аз ҳамин соати даҳ сар када касе аз мансабдорон даст ба чиноят мезанад, шахсан ман худум ба чазояш мекашум».

 

Дардо, у худ пас аз соати 10-и ҳамон руз даст ба чиноят зад. Ва касе нест, ки ин амали уро ба тарозуи додварй бикашад. Боз рафт ҳамон тудаи чинояткори соҳиброҳаткурсиро пиромунаш хонд, ин суханро мукарраран барошон гуфт. Пас ёдовар шуд, ки ин танҳо барои телвизиюн. Ба ҳар сурат косалесонаш тарсиданд. Гуфтанд:

 

«Чаноби олй чиддй мега, ё ранги пештара шухи мекна?»

 

Кош у шухй мегуфт. Кош бори дигар медидам, ки инсон симои аслиашро бо ниқоби риё напушад. Охир у чунин буд-ку. Наход…? Бо тудаи чиноятокр ҳамеша ҳамнишинг будан, маънии онро дорад, ки ту низ чинояткорй. Пас аввалин шуда чазои худро бидеҳ.

Кудаки маъсуми  точик, ки падараш аз руйи ниёзмандй раҳ суи мулки рус гирифт, он чо мубталои СПИД гашт, омад ба ватан бо зани ҳалоли хеш хуфт. Кудак дар батн буда СПИД милод ёфт. Ва нашъмандй низ чунин. Кудакони нашъаманд… Ин террорро кй мубтакир буду ҳасту хоҳад буд? Магар ҳамин ҳукумати Раҳмон нест? Пас дар ин сурат чаро у моро «террористи иттилоотй» меномад? Парда аз руйи ин тудаи хархор кашидан магар террористй аст? Хатоеро хато гуфтан, магар хато аст? Ҳазорҳо насли боровари точик аз дами теғи скинхедҳо ба қатл мерасанд. Ин шаҳидони гулгункафан магар аз руйи ҳавову ҳавас ба Русиё рафтаанд? На, дар асари оне, ки барояшон дар ин ватани камзамини безамин чойи кори хубеву маоши басандае нест. Ба он хотир ватанро тарк гуфтанд, ки ин ҳукумат аз уҳдаи сариштаи табаааш намебарояд. Ба он хотир рафтанд, ки мисли ин ҳукумат пора хурдаву пора додаву ….. наметавонанд.

 Эй ҳукуматиён, руйирост иқрор шавед, ки миллатро хуронидаву пушонида наметавонед, танҳо аз дасти шумо куштану ғорат, бардуруғ ба чазову маҳкама кашидан ва пораву пораву пора дигар чизе намеояд. Ана он вақт мо ин пешомадро амали террористии шумо намепиндоштем. Чунки шумо ба шарте иқрор мешудед.

 

Пашшае аз начас хурдан дошт. Пашшаи дигаре пар-парон омад. Дар барги майсае нишасту пашшаи начас хурда истода аз у пурсид:

-Кучо равонай?

Гуфт:

-Г…хурй рафта истодаам.

Пашшаи начас хурда истода дар чавоб бо абруйи турш мегуяд:

-Э иштиҳоямро бастй.

 

Айнан, ин баромади Раҳмон ҳамин гуна манзараеро дошт.

 

Эй ҳукуматдорон! Бо найранг ҳамоиши Хоруғро боз доштед. Бо ваъдаи он ки саркардагонро паси панчара намекашед. Аммо дидед, ки мардум сукут варзиданд, ин шармандагиву террористй нест магар, ки ба эшон парвандаи чиной боз мекунед. Дар ҳоле, ки таҳаммул дар вучуди шумо нест, наметавонед ва тобу тавони бардошти арзи мардумро шунидан дар як кунчаки синаи шумо нест. Бо ин ҳама ба нафаре, ки аз ин иллату камбудии шумо мегуяд, дарбеҳи ночаспони «террорист»-ро мечаспонед. Пас ман террористам ё шумо?

Просмотров: 1780 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 5.0/4 |
Всего комментариев: 7
7 garibi  
0
salom Dusti derina (VATANDOR) hamavaqt duogui shumoem mo ayk chand nafar, to ki ba sari hokimiayt omada az in vabo moro najot dihed.
mo hamrohi shumoem.

6 Чашми дил  
0
Окои Ватандор ба суоли ман кай посух мегуед?

5 Vatandor  
0
Gumroh-и азиз. Медонам, ки ин номи аслии Шумо нест. Хадди аккал тахаллус ва лакаби шумост. Ба хар сурат мархабо ба Ватандор!
Бобати он навор дар бахшхои оянда мунтазир бошед. Иншооллох посухи расмй хохед гирифт. Танхо худованд аз ин чиз фурсат мехохад, ману шумо банди Уем.
Бо умеди ободии Ватан

4 Рахёб  
0
Гумрохи азиз. Ман аз нахустин навиштаи Ватандор ба чунин натичае расида будам, ки он аз они Додочон нест. Худи у чунин гуфта буд. Аммо навиштаи ахир моро андаке сардаргум кардааст. Аз Ватандор интизор дорем, ки хар чи зудтар ин мавзуъро равшан кунад.

Ватандор, шумо Додочон хастед ё каси дигар? Агар каси дигар хастед, чаро навиштаи ахири шумо аз кавли Додочон навишта шудааст.


3 Gumroh  
0
"Рахёб"- aziz!!! Siposguzor az on hastam ki chun fonuse dar nimarohi torik rahbaladi mekuni!!!
Shoyad man ishtiboh kardaam, ki in hamaro mutalik bar D.A didaam, boyad man ba "Vatandor" murojiat mekardam, chun in murojiat vokean ba khudi muallifi in satrho mebud, sarfi nazar az on ki kist!!!
"Vatandor"- az tu khohish mekunam ba on suolhoi kaminai kamtarin rushani andoz!
BA on suolhoi zer, tu(shumo) ham hats bizan ogoi "Рахёб" !

2 Рахёб  
0
Оё сохиби ин торнамо вокеан Додочони Атовулло аст?

1 Gumroh  
0
MAn kudakam, kudaki gahvora va to hanuz az dahonam bui shir narafta.... Shoyad hakki chunin guftanhoro nadoramu in hama az lihozi kam akli, az kalbi kuchakam sado medihad, lek khumush buda ham nametavoanam:
"...Garchi dar bazmi buzurgon kudaki gahvorayam Bo hama kamzarfii khud juzvi in sayyoraam..."
binobar in agar kalome nojost BAKHSHISH mepursam!!!
TAnho chand ruzest, ki bo safhahoi "VATANDOR" oshno gahstamu baroi harchi ziyodtar ba matolibi asosi sarfahm raftan bargahoi kablii "VATANDOR"-ro varakgardon kardam va dar har mavzue baroyam "?" pesh meomad, binobar in ba khulosae omadam, ki chakidae az in suolhoro rui in kogaz ovar, agarchi rabti jonojone bar mavzui " Ман террористам ё ҳукумат?" nadorad. Ba khotiri on, ki fikr kardam, shoyad akidaho, guftorho tanho dar varakahoi jadid mavridi barrasi karor megirand.
To on joe mutavajeh gashtam in hama mahsub bar kalami shumo ogoi D. A ast. D.A dardi shumo amik ast, chun on hama, az navishtahoyaton huvaydost, man nametavonam biguyam, ki dardi shumoro ehsos mekunam, zero az baroi on ki holati kasero ehsos kardu bahoguzori namud, boyad on ruzero az sar guzaronid, ki u dida astu az sar guzaronida....
Shumo ogoi D.A dar matni <<Главная » 2008 » Июнь » 14 » Маҳмадсаид Убайдуллоев сири кушторҳои ваҳшиёнаи Раҳмонро фош сохтанй буд, аммо…>> chunin navishta buded: "Инак, лаҳзаҳои «қайчишуда»-и симои Шабакаи аввали Точикистонро пеш аз таҳрир мебинаму диламро ваҳм пахш мекунад... Кош ин манзараро точикистониён медиданд. Кош, кош ва боз як бори дигар кош. Лаънат бар он инсофу тарсе, ки аз чашми мардуми содда ин лаҳзаро қайчй зад." - az khondani in navishtaho, chunin bardosht kardam ki Shumo hatman on navori asli (kaychiNOzada)-ro didaed va yo haddi akal manbae dored, ki in guftahoyatonro difo kunad. Vokean imruz Tojikiston tabadulot mekhohad va shumo khudro tabaddulotkhoh vonamud (shoyad in kalima injo nojo istifoda shudaast, valek aminam, ki shumo maksadii asosii manro dark mekuned) mekuned. PAS CHARO KHUDI SHUMO ON NAVORRI ASLIRO MUSTAKILONA BA MARAZI TAMOSHO NAMEGUZORED????!!!! CHI MAMONIYATE SADI ROH AST???!!!
Magar in amalro anjom dodan, bois ba guzoshtani gomi shikastnopazire namegardad???!!! Okhir dar urfiyat meguyand: "SHUNIDAN KAY BUVAD MONANDI DIDAN"

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz