ВАТАНДОР
Панчшанбе, 28.03.2024, 17:39
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июл 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июл » 22 » Ватандор кист: Додочон Атовулло ё Ватандор?
Ватандор кист: Додочон Атовулло ё Ватандор?
22:05

Ман Ватандорам, Додочон Ватандор аст. Ман туям, ту манй, Точикистон аз мост. Пас мо ҳама ватандорем.

 

Вақте аз номи ватан, аммо ба коми хеш дар минбарҳо чаноби Раҳмон вазъ мегуяд, вақте 232 кудаку 12 модар аз сардй мемираду тудаи Раҳмониён инкор мекунад, ки ин тур нест, вақте Раҳмон дар Русиё бо муҳочирин вохурда ақалл як қатра оби дидааш ба ҳоли зори ватандоре, ғарибеву беватане, хореву ҳақире намечакад, вақте  кулли корхоначоти калидии Точикистон аз они Ҳасану язнааш мешавад, вақте аз домани модарон ба чои парпечи кудакон лахта-лахта хуни фарзандон мечакад, вақте зани муштипаре дар пушти девори маҳбасхонаи Ёвон ба хотири он ки шавҳарашро ноҳақ говсуд карданд, худро оташ мезанад, вақте ин гуна ҳодисаро ҳукуматиён ва ҳатто худи президент инкор мекунад, вақте дар хиёбони Рудакй писари эркаи Раҳмон ва президенти оянда (! тибқи ояндадории раҳмониён ) дар рузи равшан духтареро шаппотй ва зери лагад мегираду кормандони ҳифизи ҳуқуқ аз тарс чашмашонро мепушанд, вақте  кучаҳои Душанбе гиря мекунанд, вақте курсиҳои мансабдорон аз бардоштани вазни холиси аз 90 кг боло ба дод меоянд, дарёб, ки инқилоб наздик аст. Дарёб, ки ин туда бо дастони хеш сияҳномаи аъмол ва қабри хештан мекананд. Дарёб, ки фарбеҳй зебандаи гусфанд аст, на одам, на Эмомалй. Наметавонам фаромуш кунам, ки чаҳорумин қаҳрамони Точикистон-Раҳмон бо ифтихор соли 1994  гуфта буд:

 

Ай он рузе, ки президентира қабул кардум, шигри худо 18 кило фарбеҳ шудум.

 

Оҳ…., ин тавассути телевизюн буд. Дардо ва дардо. Аммо  шукро, ки он вақт ТВ Шабакаи аввал телевизюни моҳворай набуд. Набошад кулли чаҳон ба ҳоли Раҳмон бо пушту пешаш механдид.

 

Вақте, ки собиқ коммунисти ашаддй бешармона билети ҳизби ленинияшро партофта, аз паси чаноби олияш узви чудонашаванда ва аз Эмомалй худотароши халқй-демократй мешавад, ман чй гуна шарм кунам, ки ватандор бошам? Чй гуна аз муҳаббати поки ватан шармам ояд, вақте тудаи хархор ҳам хоки ватанро мехуранду ҳам хунашро. Чй гуна ман ватандор набошам, ки вақте ватани маро руз то руз порча-порча мефурушанд? Чй гуна ҳамватанони азизро ба ватандорй ва риштаи иттиҳоди ҳаракати Ватандор даъват накунам, вақте як ду оила кулли Точикистонро ба фоҳишагиву танфурушй, СПИД-иву ятимй, бешавҳариву дуздй, хонахаробиву ватанбезорй даъват менамоянд.    

 

Дар бахши «Назаргох» бисёр навиштаҳоро мутолиа мекунам. Яке менависад, ки «очаи ту барин нависандаро…», дигаре «Додочон мо бо шумоем», саввумй «Ватандор, шумо ватандори ҳақиқиед, моро роҳбалад бошед» ва ғайра.

 

Аз ростй боз кардани дари ин дукон, ки бароям хеле азизу муътабар аст, мисли қиблаи маъсум дардномаи ман ва ватандорони дигар аст, як чаҳони дигарест, ки ман ва ҳамнавардону ҳамватанону ватандорон дар он сайр мекунем. Танҳо барои ман ва худои ман равшан аст, ки ҳадафи мо даст ба силоҳ задан нест. Ҳадаф шустушуйи фикрҳо, инқилоби фарҳангии андешаҳои пок. Ҳадаф он аст, ки барои хурдани Точикистон на фақат як қабила ҳақдоранд, балки 7 милюн аҳолй ҳаққи ҳалол доранд, аз ин хотир ҳақи дигаронро ақалл кашида гирифта натавонам ҳам, ҳаддал имкон мардумро аз ҳаққу ҳақварияшон огоҳ созам. Ба худо пеши вичдонам ман он гаҳ вазифаи инсонй, қарзи ватандорй ва ҳаққи точик буданамро адо карда маҳсуб мешудам.

Бисёре мепурсанд, ки мо раҳгум задем, Ватандор аввалҳо иддао дошт, ки у Додочон нест, пас чаро вақтҳои ахир аз номи оқои Атовулло мегуяд? Ба вижа номаи дусте бо номи «Раҳёб» ва дигаре бо номи «Gumroh» маро ба қоби андеша фуру нишонд. Аз ин чаҳорфаросу наметавонам раҳо шавам. Аз ростй натавонистам, ки дар бахши Назаргох (4)барояшон посухе бинвисам. Тасимим гирифтам, ки дар алоҳидагй парда аз руйи ин нофаҳмй мебардорам.

Воқеан, Додочон ибтикоргари ҳаркати Ватандор аст, камина соҳибсайти Ватандорам. Аз ин ду вожа маъние аз ҳам чудо аст? Нест! Ҳадафи ҳар дуи мо як аст: ОБОДИИ ВАТАН!!! ХИДМАТ БА ВАТАН!!! Пас ман уям, у ман аст. Мо ҳар ду ҳам Ватандорем. Пас ҳар касе, ки ақалл як ҳарфаки ин торнаморо чонибдор аст, у ҳам Ватандор аст. Воқеан ин торнамо на танҳо мубаллиғи ватандорист, балки фаҳмонидани вожаи Ватандор ва вазифаву уҳдадориҳои ҳар як бошандаи Точикистон аст.

 

Ҳаракати Ватандор ва сомонаи Ватандор ҳар ду як ҳадаф доранд: Рушану ошкор мегуям, аз минбари президентй вожгун сохтани салтанати Раҳмон ва худи у. Пас мо якем.

 

Шояд хонандаи азиз, гуйи, ки чаро дар навиштаҳои ибтидой аз Ватандории оқои Атовулло чонибдорй накардй? Ҳақ дорй, ки чунин ҳам гуйй. Аммо пас аз машварати зиёд тасмим гирифтем, ки ин ду андешаву нақша ва ҳадафро бо ҳам издивоч диҳем. Ҳаракати Ватандор ва сомонаи Ватандорро ҳар касе, ки лоақалл як кунчаки дилаш ҳадафи моро пайгирй ва чонибдорй мекунад, Ватандор меҳисобем. Қатъи назар аз он ки шумо дар кудом ҳизбед. Ҳаракати мо касеро аз ҳизби аъзо будааш чудо намесозад. Ҳатто шумо метавонед аъзои ҲХДТ бошед. Ҳаракати мо аз касе мисли дигар аҳзоб ҳаққул узвият намепурсад. Ҳар касе як фикри мо, як чумлаи мо ва ҳатто як калимаи моро чонибдорй мекунад, уро Ватандор ҳисоб мекунем.

 

Ба худо ҳарфаке дигар намеангоштам. Меҳри шумоён азизони ватандорам, намегузорад, ки лаҳзаяке бе ёди шумо бошам. Ба худо дари ин дуконро кайҳо мебастам. Ба шарте, ки ватандорони ман тобу тавони мутолиа кардани ин сафҳаи моро надоранд, қасам ба хуни ҳафт милюн Точикистонй кайҳо дари ин сафҳа қуфлро медид. Ҳануз ҳам ман ҳақоратҳои бархеро дар Назаргох  мехонам. Гумон накунед, ки ин қадар пустғафсу беорам, ки онҳоро намерубам. Гумон накунед, ки таъсирам намекунад. Бигзор истанд он ҳарфҳо. Бигзор симои аслии соҳибашонро ба худшон инъикос бинмояд. Ман фикрамро ба гардани касе таҳмил карданй нестам. Аммо намегузорам, ки касе ҳам зуран андешаашро ба сари ман бор бинмояд. Чунончй оли Раҳмониён ин усулро хубакак ба роҳ монда. Агар у гуяд, ки «Тимсоҳ мепарад?», бояд, ки дигарон «Мепарад» гуянд. Вагарна…

 
Агар хонандагони азиз, ҳадафҳои моро айнан ҳамин гуна қабул карда бошанд, қасам ба вичдонам, ки омодаам дари ин сафҳаро ба ҳамешагй бибандам. Худро ширин карданй нестам. Дилам ба Точикистонам месузад. Дилам ба ватандоронам месузад.

Ватандорони азиз, оё дар чаҳони интернет сомонаи Ватандор ангушти шашум аст? Бо он ки тунд мегуяд, таҳлили ночо (ибораи баъзеҳо дар бахщи Назаргох ) дорад, мехоҳед сомонахониро бас кунем? Аз ростй ман ҳам хаста шудам. Медонам тарафдорони зиёд дорам, лек муқобилони аз он бештар.

Бо ин ҳама ман туям, ту манй, Точикистон аз мост!!!!

Просмотров: 3005 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 5.0/6 |
Всего комментариев: 10
10 said  
0
эй мардони точик фикратон хом.асть факат худо гуедки россиярави басшавад. хамон.вакть рузатон САФЕД.МЕГАРДАД........

9 garibi  
0
Mo dar talabi didoru amalhoi shomoem aqoi Vatandor har bore,ki man fikrronihoi shumoro mekhonam,
az khudoi mutaol talab mekunam, ki ruze rasadu in hama amali gardad (OMIN)

8 Юсуфи Сармат  
0
Оххо-о-о-о-о. Ин чо саюз ку. Ачиб. Ку бинем ин мардакора ай дастшон чи миёя.

7 Vatandor  
0
Илова:

Патриоти азизу Овораи мехрубон, Darius II-и фарзонаву Аличони ватанпараст ва Рахёби гиромй ва хонандагони бешумори Ватандор!
Азизони ман, Шумоён дар бахши "Регистрация" худро номнавис кунед. Он чо мо хамдигарро хохем дарёфт. Мукотибаи хар як аз кайди http://vatandor.ucoz.ru гузашта хатман махфй ва пинхон мемонад. Шумоён хеч бок накунед Аз кайд гузаред. Он чо Шумоён метавонед бо як дигар ва хатто бо ман бевосита гуфтугуи махфй кунед.
Он чо вохурдани мо осонтар аст.

Бо умеди пирузй


6 Vatandor  
0
Дуруд азизони ман.
Дуруд Патриоти азизу Овораи мехрубон, Darius II-и фарзонаву Аличони ватанпараст ва Рахёби гиромй!
Бисёр ватандории Шумоёнро кадр мекунам ва ин чо, ки акидахои хешро бедарег рехтед, мамнунам. Шумо хар яке аз нигохи хеш хакед. Андешаи хамаи Шумоён кобили дастгирист. Хеч яке аз ин андешахо мукобили завку дархури ман нестанд. Дуруст аст, ки мархилаи амал кардан расидааст. Дуруст аст, ки бо гуфтан намешавад. Аммо "то гап нест, кор нест" гуфтани маколи халк ёдам миёд. Рахёби азиз тавре мегуяд, албатта сухани хакро хар руз садхо бор бояд гуфт. Зеро хар сухане мисли тир аз дахон част, албатта як корагарие дорад. Умед мекунам, ки ин тири мо на ба хотири хун рехтан, балки бо умеди пайкори неке ба чо гузоштан аст. Ва иншооллох ин албатта бо иродаи Парвардигори кавну макон вобаста аст.
Танхо амал он вакт хохад буд, ки мо ватандорон аз як гиребон сар барорем. Дасти ионат ва бародарии содиконаи хамдигарро бо мехру мухаббат фишурем.
Darius II-и ватандорам хеле олй ва ба чо мефармояд, ки шояд ки мо ватандорон бояд тамос бигирем, иртиботи зич дошта бошем, ман аз ашхад нависаму дигаре аз Машхад истода "Мо чонибдорем, бояд инкилоби фикрй кунем" гуяд, хеч махал амали нек ва хадафи аслй руйи кор намеояд.
Таманно мекунам, ки мо бо хам иртибот мегирем. Дар Ватани азизу мукаддас бо хам меоем. Фикри голиб ин аст, ки аз берун хеч махал намешавад. Мешавад, аммо танхо сухан. Ба ин мархила хам шукр, ки шустушуйи афкор руйи кор омадааст. Ва сафи ватандоронро руз то руз зиёда мебинам ва аз ростй ашки шодй мерезам. Дилам моломоли сурур мегардад.
Аммо, бисёр хохиш мекунам, ки ин чо сулолатарошй накунем. Мухимияти вахдати мо дар он чамъбаст хохад шуд, ки бигзор хар касе ояд сари мансаби президентй, факат нафари нав. Танхо биёд якчоя ин шиорро гуем. "БИДУНИ РАХМОНИЁН!!!". Агар хадаф чунин аст, мо набояд аз сулолаи меомада (дар оянда) фикр кунем. Зеро мо аллакай дидем, захри ин кисмати 17 соларо чашидем. Итминон дорам, ки дар оянда сару сарварии Точикистонро нафаре ба зимма хохад гирифт, ки арзанда аст. Худованд хам рахим аст, ин иллати моро дида истодааст. Бигзор фарзанди чупон бошад, бигзор мухочири мехнатии Русиё бошад. Танхо ИНСОН бошад, танхо ватандусту ватанпарасту ватандору ватансито бошад. Бигзор президенти ояндаи мо чунин бошад.
Чй гуфтед?

5 Рахёб  
0
Darius II,

Хамон тавре, ки навиштаи, гуфтан ахиран огоз шудааст. Ин гуфтахо хатман ба дохили кишвар таъсир хоханд гузошт. Харфи рост имрузу фардо надорад. Харфи ростро хар руз бояд гуфт. Ва хар руз чанд бор.


4 Аличон  
0
Ассалому алайкум Ватандори азиз ва дилсузи МИЛЛАТи ман. Ман хам яке аз тарафдорони ашадии Ватандоронам тарафдори хамаи онхое ки ВАТАНИ маро дуст медоранд, кадр мекунад ва дар фикри пешрафти он хастанд. Ба рости ман аз он рузе ки ин сомона арзи хасти кардааст мутолиа мекунам ва хамеша интизори навтарин хабархо харрузе чанд бор сомонаро мекушоям.. Бале ман хам тарфдори ин сомона хастам хам тарафдори хамаи Ватандорон... Ман ба хама гуфтахои шумо тарафдорам... Хамеша дар орзуи он хастам ки кай рузе шавад ки хамаи мо чамъ биёем аклхои солимро рохбар интихоб кунем ва инкилоб кунем то бокимондаи ВАТАНамонро аз даст надихем...Манзурам ин аст ки бо гуфтаи дигар бародарон факат бо гуфтану гуфтан намешавад амал кардан хатимст. Дар панохи Павардигори олам бошем ва хамеша барои пешрафти ВАТАН ва МИЛЛАТ тайёр.. Пузиш мехохам барои хатогихо ва ночаспонии фикр ки он кадар хунари нигоштан надорам...

3 Darius II  
0
Durud Vatandori aziz!

Avvalan siposguzoram, ki ba hama torikii gumonhoi mo ravshani andokhted. Sipas mekhoham fikrhoi khudro nisbati hadafi harakati Vatandor ibroz kunam. Fikr mekunam hadafi asosii harakati Vatandor in sarnagun kardani sulolai Rahmoniyon va khishti avval guzoshtan ba sulolai Atovulloyon va jori kardani on meboshad. Hamin tavr hadafi movu shumo bo hadafi harakati Vatandor yak nameboshad.

Ba'dan guftahoi Patriot va Ovoraro 100 dar 100 dastgiri mekunam. Vaqthoi okhir sukhanhoi haqu rost dar sahifahoi tojik ziyod shudan(ba misli Tojvaru yak Darveshu digaru digar), vale sud az onho chi vaqte ki onho bui amal namekunand?

Shoyad hama Vatandoroni hamfikr bo hamdigar tammos girifta naqshai amal kardanro kashem?


2 овора  
0
Ба рости Патриот рост мегуяд бисёр суханони хуб мегуед аммо чи суд . Агар мо хмин хел гуфта шинем бокимондаи Точикистонро хоханд фурухт.

1 Патриот  
0
Чаноби Ватандор! Хамма гапхоятон рост аст! Аксарият ин гапхоятонро дастгири мекунанд! Лекин хамма аз он гамгинанд ки аксари и гапхо факат хамин хел гап мемонаду ба чуз фикрхои философи беш нестанд!
Баъди хондани ин гапхо боз саволи хуби пещина ба сар меояд: "То ба кай мо мегуем?"
Чи бояд кард? И хел гапхои осмониро аз хад зиёд шунидем акнун мархилаи амал кардан омадааст! Халк интизори кадамхои устувор аст!

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz