ВАТАНДОР
Шанбе, 20.04.2024, 14:17
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июл 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июл » 25 » Зоғон хуранд меваи шохи баландро… (қисми аввал)
Зоғон хуранд меваи шохи баландро… (қисми аввал)
12:42

Андоз, андоз, Шоев Човандоз, миллатро ба 200 ҳазор $ фурушу ба хок андоз!!!

 

Шермуҳаммад Шоҳиён (пас аз Эмомалй хон Шоев низ бо тамаллуқ насабашро баргардонид), раиси Шурои адлияро мешиносед? Не нашинохтед? Човандоз гуям мешиносед? Ҳо, бале, бале, зирак дарҳол мефаҳмад. Ана ин қисмат аз «қаҳрамонй»-ҳое, ки  ин марди Човандоз бо командааш кардааст, руйи ин сафҳа мерезем.

 

Қонунфурушй ва тақаллубе, ки Човандози мо дорад, ҳатто пеши фиребҳои равғанини дусти наздикаш Мистер Бин Абдучаббор Азизов, мушовири давлатии президенти Точикистон оид ба сиёсати кадрҳо даҳҳо маротиба болотар аст. Ҳатто арвоҳи Остап Бендер имруз ҳайрон аст, ки қаҳрамониҳои беназир аз чониби Шермуҳаммад Шоев руз то руз нав ба нав сар мезанад ва пеши ин шайтониҳои Човандоз , сари таъзим мефарорад.

Чамъбасти шашмоҳаи аввали соли чорй чун анъана аз чониби пири дастгоҳи президент, наҳанг ва Кадушоҳ II-и чумҳурй Амиршо Миралиев масъулин ба навоҳй ва вилоёти кишвар раҳнамун гаштанд.

Чун одат Мистер Бин ба Амиршо фаҳмонид, ки бояд раиси шурои адлия-Човандоз ба вилояти серраваған-Суғд биравад. Уро собиқ намояндаи ВКД-и Точикистон, алъон роҳбари хадамоти муҳочирати ВКД-Девонаев ва Шерафкани мо-Бобохон Бобохонов бояд ҳамроҳй бикунанд. Кадушоҳ низ розй шуд. У ин гуна қарорҳоро назди чанобашон бурд. Чанобашон бо чашми нимпуш имзои «табаррук» гузоштанд.

Вақте дастур ба дасти Човандоз афтид, сараш ба осмон расид. Ду се бор аз лабони Кадушоҳ-Амиршо Миралиев буса зад. Агар Човандоз зан мебуд, ҳатман дари кабинетро қуфл карда, ҳочати Кадушоҳро мебаровард. Ҳайфо, ки…

Хурсандии уро сабаби зиёде аст. Зеро дар устони Суғд бисёр «нуқтаҳои заъф» буданд. Дар ин вилоят бидуни ҳузури Девонаев ва Бобохонов кори Човандоз анчом намеёфт. Ҳамзамон ин се тан ба ҳамдигар хеле вобастаанд. Бисёре аз корҳояшон бидуни иштироки якдигар намешавад.

 

25 июни соли 2008.

Дар арафаи истиқболи чашни Иди ваҳдат ва оштии миллй ва бо баҳонаи чамъбасти шашмоҳаи нахуст, се марди таҳамтан вориди Хучанд шуданд. Бобохонов ба Конибод рафт, Девонаев ба Исфара, ки як вақтҳо ҳоли ин ноҳияро хароб карда буд, равона гашт. Човандоз-Шоҳиён дар Хучанд монд.

 

Ҳамон рузи омаданаш раиси суди ноҳияи Қайроққум Бахтиёр Оқилов, раиси суди ноҳияи Спитамен Муҳаммадиев Ҳомид ва раиси суди ноҳияи Ғончй Турабобо Бобоев сабукрави нап-нави оҳарии соли барориш 2008, тамғаи Нива-Shevrolet-и 12 ҳазор доллараро ба у тақдим мекунанд. Човандоз бошад дар қабули чунин туҳфаҳо иштиҳо надорад. Дарҳол бо гуфтани «э шербачаҳои ака, қадри одама да ҳамин вулояти шимо одам мефаҳма, хидо гира ҳаму пасту пачақи мумсики судои хатлонира, ақалан як галстук падарка наменан», калиди мошинро ба кисаи чап зад. Ин чо зери коса нимкоса буд. Ҳар се ин нафар аз у забонкутоҳ буданд. Турабобо Бобоев дар арафаи дабдала шудан қарор дошт. Ба чони як мард чабр кард, ун марди воқеан имондори часур Турабоборо бо аризабозй ба маҳкама кашида буд. Турабобо чонаш ба лаб омада худаш ариза навишта, хоҳши рафтан аз вазифа карда  буд. Ин лаҳза бо ин роҳ тақдири минбаъдаи Турабобо бо ПЛЮС ҳал шуд. Чунки ба Шермуҳаммад аспи қирғизии 30 ҳазор доллара тақдим намуд.

Бахтиёр Оқилов бошад, шабу руз дар орзуи курсии раиси суди вилояти Суғд аст. Алъон, ки раиси суди вилояти Суғд Ғуломов ҳаст, баъди ин ҳадя ҳатман Ғуломов аз вазифа мепарад ва Бахтиёр раиси суд мешавад.  

Ба Турабобо, ки парвандаи чиной боз шудааст, Човандоз дарҳол илочашро ёфт. Ба шогирд ва ҳамнишини ҳамеагиаш раиси суди ноҳияи Спитамен Ҳомид Муҳаммадиев забон як кард. Ба суди вилоятй супориш дод, ки парвандаи чиноии Турабобо Бобоевро ба суди ноҳияи Спитамен ирсол кунанд. Чунин ҳам шуд. Парванда ба Спитамен равона гардид. Ва он чо суди рафиқона мекунанду монд. Бо ин роҳ чони Турабобо халос, обруйи Ҳомид Муҳаммадиев дар назди Човандоз баланд шуд. Ҳомид низ аз Човандоз қарздор аст. Вақти вазифа гирифтанаш ба Шермуҳаммад Шоён ваъда кард, ки 180 ҳазор доллар оварда медиҳад, аммо то ба ҳануз ними ин маблағро оварда доду халос. Ба ин хотир бо ин парванда Ҳомид низ чонаш аз қарз

халос шуд. Бар замми ин падари Шермуҳаммад-бобои Тешаро Ҳомид ба истироҳатгоҳи Истаравшан бурда хобонид.

 

26.06.2008.

Човандоз аз хурсандй дар мачлис ва ҳисоботи якчояи судяҳои вилоят ягон чизро баррасй накард. Ҳарчанд хатогиҳо вагон-вагон буданд. У дар осмон мепарид. Намедонист аз хурсандй лаби поёнашро газад ё болояшро.

 
(Идома дорад)
Просмотров: 1748 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 3.4/7 |
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz