ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 14:24
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июл 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июл » 26 » Зоғон хуранд меваи шохаи баландро… (қисми сонй)
Зоғон хуранд меваи шохаи баландро… (қисми сонй)
11:57

Точикистон ягона кишварест, ки қонун, суд, прокурор ва ҳатто президентро харида мешавад. Ҳайфо!!!

 

Аз он ки Човандози мо дар чамъбасти шашмоҳа дар осмон мепариду нақшаи тариқи ағбаи Анзоб гузаронидани аспи 30 ҳазор $ ва мошини 12 ҳазор $-й буд, ин дафъа бахт ба руйи у нағзакак хандида буд. Ҳамин замон аз Конибодом Бобохонови Шерафкан ба сим зад, ки коре ҳаст.

-Ин кор чй бошад? Даромад дошта бошад ё не?,-бо худ меандешид Шермуҳаммад.

Пеш аз он ки аз ин «кор»-и Бобохонов гуем, нуқтаи калидие ҳаст, ки ҳатман бояд зикраш равад. Агар дар ёд дошта бошед дар шумораи гузаштаи  ҳамин бахш   гуфта будем, ки Сафиюлло Девонаев ба Исфара раҳнамун гашта буд. Ана ин аст, корнамоии калидии гуфтори имрузаи мо.

 

Депутати мардумй дар мачлиси ноҳиявии шаҳри Исфара Ҳомид Каримов, ки бо бо иттиҳом чандин куштору лату кубҳои гуруҳй дар кофтукови умумичаҳонй қарор дошт, пеш аз омадани Сафиюлло Девонаев ба Исфара, Ҳомид Каримов аз беруни чумҳурй бо Девонаев ва Бобохонов тамоси телефонй гирифт. Дар суҳбати телефонй иттифоқ гирифтанд, ки дар Исфара масъалаҳо ҳал мешавад. Ҳамин тарзу усул, Девонаев ба Исфара меояд. Собиқ директори бозори Исфара Каримов Ҳомид низ. Ҳама ҳайрон, даҳонҳо возу лол. Воқеан, чинотяҳои  ношумурдании Каримов дар тамоми гуши офоқ паҳн шуда буд. Чй шуд, ки яку якбора у дар Исфара чавлон задан дорад? Ҳатто раиси ноҳия Муҳиба Ёқубова уро ҳамроҳй кард. Ба деҳаи Каримов Ҳомид рафта, бо аҳли чамоатчигии маҳалла суҳбати вижа орост ва ошкоро эълон кард, ки Ҳомид Каримов чинояткор нест, у ба халқу ватан хидмат кардааст. Ачиб? Як бому ду ҳаво!!!

Замоне ана ҳамин зани маккора-Муҳиба Ёқубова алайҳи Каримов Ҳомид дар ШКД нишондод дода буд, ки у чинотякор аст, борҳо ба руйи мизи у туф карда, ҳатто мушт ба сари Ёқубова бардоштааст, аммо чй шуду чй монд, ки имруз аз Каримов фариштаву пайғамбар метарошад. Уро ситоиш мекунад.

Ҳамин тавр як гусфанди бурдоқй ҳам сар заданд. Дар Исфара туйи бозгашти Каримови бандит барпо гашт. Аз гушти гусфанди бурдоқй Муҳиба Ёқубова лабу лунчашро ранги санги осиёб чунбонида серй хурд. Зеро хоббии ин зан хурдани гушти гусфанд аст.

Боз суол пайи суол. Чаро гургу чупон оштй шуданд? Оё чунин нафаронро суд эълом намедорад, ки у гунаҳкор аст ё баръакс? Дар кишваре, ки мехоҳад мақоми судро баланд бардорад, мехоҳад салоҳияти судро мустақил созад, ба чойи суд раиси шаҳр ҳукм мебарорад. Ана ёбу гир!!!

 

Маҳз калиди ин гуфтор ин чо нуҳуфта. Девонаев ба Исфара рафт. Бо Каримов суҳбат кард. Бар ивази 200 ҳазор доллари рочиуннақди амрикой маслиҳат пухт. Ба ҳамин хотир у ба Бобохон Бобохонов тамос гирифта моҳияти масъаларо фаҳмонид. Бобохонов ҳам «хай ай ун паат дусатта гирй мешава, корша ҳал менем, фақат даҳани малимара (раиси шаҳри Исфара Ёқубоваро дар назар дорад) маҳкам кун шид». Бобохонов бошад ин масъаларо бо Човандоз пазонид. Човандоз, ки раиси шурои нолозимаи баризофии маошхуру паразити таппа- тайёр аст, бо ҳамроҳи Бобохонов ба додситони устони Суғд-Хайруллоев супориш дод, ки ин парвандаро қатъ кунанд. Парвандаи чиной қатъ шуд. 200 ҳазор $  ба коми се кас тақсим шуд, ки дар натича Човандоз аз ин нони муфт 100 ҳазорашро гирифт. Бо ҳадяҳо гирифтааш ана мешавад 200 ҳазор доллари бедардимиёни рочиуннақд!!!

Оҳ, Ватандорони ман! Шумо гумон мекунед, ки пул кор кардан хеле мушкил аст. Дидед, ба ин туда пулёбй чй гуна саҳл аст. Як ба вилояти Суғд рафтану омадан (он ҳам бошад аз бучаи кишвар) 200 ҳазор ба кисаи чап медарояд.

Бо ҳамин бе дахолати суд, Каримов Ҳомид бегуноҳ эълом шуд. Ватандорони ман, барои ман фарқе надорад, ки Каримов ҳабс мешуд ё не, аммо дилам ба кишваре месузад, ки пул ҳама корро мекунад. Ҳатто қотилро фаришта месозад. Пул ҳатто раиси шаҳрро водор месозад, ки СУДЯгй кунад.
 

Бубинед, Точикистони маро, Точикистони шуморо-ватандорони ман, ба 200 ҳазор дуллор мефурушанд. Хомушии мо ба ин тудаи хархор имконият медиҳад, ки бемалол чавлон бизананд. Бемалол қонунро байъу баҳо намуда фурушанд.

То замоне, ки даҳони мо баста аст, аз ин ҳам вазъият бадтар хоҳад шуд. Бенавое аз чанги доду ситади қонуни коғазии Точикистон раҳо шуда наметавонад, дорое ҳатто аз зери дори қатл тавассути доллар халос мешавад.

Ин қонуни нонавиштаест, ки режими Раҳмон ба сари мардуми Точикистон чун хоки наҳс боронид. Ватандорони ман, кай мо бо ҳам дастобадст мегирем, кай мо иттиҳоду симои воқеии мардонагии ватандориро дар кишвар пиёда месозем? Ё ҳамин гуна хомуш мешинем???
Просмотров: 2443 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.4/9 |
Всего комментариев: 3
3 Чашми дил  
0
Навиштаи бехтарин!!!

2 Vatandor  
0
Gumroh-и азиз!

Ба фикрхои Шумо хамовозй мекунам, сад дар сад. Бидуни шаку тардид хакикат мегуед, ки дустон оинаи якдигаранд. Ман инро кабул дорам. Зинда бошед азизи ватандорам.
Аминам, нидохое, ки барои хаммеханону ватандорон кардед, дастгирй меёбанд.

Бо умеди пирузй Vatandor


1 Gumroh  
0
"Vatandor" to joe tabligotgared bahri tabaddulot, hidoyatkunandaed bahri oshyoni navin .... !
Pas dar hama joda ideal boshed!!! Ham dar guftor, ham dar raftor va ham dar kirdor!
Vokean tabkhirakunanda ast, shunidani alfozhoi nojo dar in safhaho. Rosti dar shani shumo kalimahoe chun k.... nozebanda ast, okhir movu shumo vorisoni on mardonem, ki bo sukhanguivu zakovat taskhiri jahon karda va ba hisobi dohiyoni ilmu farhangi jahoni dokhil gahstavu ustodi ruhii shuaroi ziyodi Sharku Garb gashta, na payvandoni ononem ki bo kallamanorasozi marufi jahon gashta .... ("Vatandor" tanho dust metavonad amsoli oina boshad)
------------------
ba'dan az on ki ba'ze az pasfitraton, jumloti kabehro rui safhahoi in somona meovarand, ruhaftoda naboshed, zero onon nomardandu nojurmonda, bozuvonashon tavonoii onro nadorad, ki bar nabardi tan ba tan baroyand va yo khumkhonai aklashon az tashakkul bozmonda, ki nametavonand haddi akal ba bahsu muzokira baroyand.... va kasone ki dar chunin holand az ya'su noumedivu notavoni tanho kobil ba guftani sukhanoni hakoratomezand, ki in khislat mahsub ba zanon ast!!!

Ey hammaslakon!!!! In fursat, in vakt va yo in fosilai khomushii pesh az tufoniro Khudovand bahri on doda, ki khudro komil sozem, joyhoi kholiro pur kunem, khudro musallat kunem ..... na chu diruza ba yak koida takror shavem!!! Mo noumed naboyad boshem okhir:

Davri gardun gar du ruze bar murodi mo nagasht Doimo yakson namonad holi gardun gam maklhur

Ey mihani man, agarchi misli Sino farhangi jahongir nadoram, agarchi chun Ismoili Somoni devori Bukhoro nayam, agarchi chun
Rustami Doston sipahsolori vatan nestam, agarchi hamshabehi Ayni jonfidoi bahri vahdatu yakporchagi nakardaam, agarchi misli Bobojon Gafurov torikhsozi millat nestam, agarchi misli Loik Sherali dar vasfi mihan taronae nasaroidaam, agarchi ...... valek mudom bahri on mekusham, ki sazovor ba farzandiyat bosham!!!


Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz