ВАТАНДОР
Чумъа, 19.04.2024, 22:35
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Август 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Август » 4 » Ҳич хабар дорй, Эмомалй?
Ҳич хабар дорй, Эмомалй?
20:24

Чаноби Эмомалй! Бори дуввум аст, ки ба унвони ту номаи саркушода менависам. Намехонй? Мехонй, ҳадди ақалл ба ту мерасонанд. Нарезондаву начаконда. Медонам, ба яке аз муқаррабонат гуфтй, ки бояд ин сайти Ватандорро баст.

Дустам, дониста бош, ин роҳи раҳой аз шикваву интиқодҳо нест. Бовар кун, ин роҳи гурез аз маломат нест. Ман ин ҳарфҳоро нагуям, албатта дигаре аз ман зеботару шевотар мегуядат.

 

Шоҳе, ки мекунад бар раъияти худ ситам,

Масте бувад, ки мекунад аз рони худ кабоб.

                                                                    (Соиб)

 

Расман, ман туро чун як фарди ин хоку буми маҳбуби азизам-Точикистон ба ҳамгиройй даъват мекунам. Шояд, гуйи, ки оё Ватандор бо ту мусолиҳа карданист? Шояд хонандагони арчманди ман низ ангушти ҳайрат газанд, ки чаро ин гуна ҳарфҳо пас аз хомушии тулонии ман садо медиҳад. Бо он ки ту худхоҳ ҳастй, бори охирин туро чониби халқи азизи дар машаққат мурдаву мурда истодаву ҳамзамон дар оянда ҳатман дар азобҳои алими командаи ту миранда даъват мекунам. Биё аз гуруҳат даст каш. Ба халқ руй овар. Ҳич медонй, ки Точикистониёни ману туро дар Русиё мисли сари гусфанд мефурушанд? Ҳич медонй, ин мардуме, ки ту ба чунин рузашон овардй, аз мулки хеш як тиккаи нони ҳалол ёфта наметавонанд? Оё думравонат ба ту гуфтанд, 50 нафар муҳочири точики Точикистониро дар Русиё фурухтанд? Ҳич медонй, ки точикони мо дар мулки ғайр ба вижа дар Русиё мисли ғулом умр ба сар доранд ва аз чониби пулисҳои рус чун пучоқи писта эътироф мешаванду шиносномаҳояшонро гирифта мисли ғулом мефурушанд? Нагуфтанд?  Итминон дорам ва имон меоварам, ки тудаи мардуми  азобҳои гушношуниди 17 соли ахирро кашида, ҳатто дар давраи манғитиҳову шайбониҳо, чингизиҳову темуриҳо ин гуна машаққат надоштанд. Бовар кун.

 

ИМРУЗе, ки ту дорй, имони комил дорам, ки ПАГОҲ надорад. Ба чуз ВОЙ.

Ту бо тантана бо ризоияти мири вилояти Твер 54 оиларо 16 июли соли равон комилан барои пазируфтани шаҳрвандй ва абад-ул-умр дар он чо истиқомат карданро раво дидй. Акнун точиконро расман дигар мамолик қабул мекунанд. Мантиқи ин амалкарди ту он аст, «гирен, барен, чй кор мехоҳен кнен, ма халқма пойида наметонум». 54 оилаи чавони точик Точикистонро тарк гуфт. Медонй, агар коргузорй чунин аст, метавонй, гуйи, ки баъди панч сол аз Точикистон 5 миллону 400 ҳазор нафар куч хоҳанд баст. Дар харитаи дунё Точикистонро бо хатти сиёҳ ишорат хоҳанд кард. Ҳич дилат аз ин кучбандиҳо ба дард меояд?

 

Ҳануз фурсат ҳаст, ту намурдай, ҳануз халқи овора бо ту хоҳанд буд. Ба шарте, ки ту низ бо халқ бошй. Аз ин тудаи хархор даст каш. Ҳамроҳи ватандорон алайҳи ин модарбахатоҳо баромад кун, илоче пайдо кунй, бадарғаашон кун, миллатро хору забун карданд, аз ландаҳурии ту самаранок истифода бурданд. Хурданд, полиданд, ба руйи халқ туф карданд, дар кучаву паскучаҳои Точикистон ахлоти қабоҳат рехтанд. Аммо ба ту ҳануз фурсат ҳаст. Аммо андак, ҳаминашро ҳам аз даст надеҳ. 16 соли хомушии Точикистон солҳои тарс набудаанд. Солҳои чонибдории ту набудаанд. Солҳои имтиҳон ва хештаншиносй ва фосилаи омодагиҳо будааст. Бидон, дустам. Бидон. Андак фурсат дорй.

 

Имсол, ки ту ва ҳукумати корношояму шалақат зимистонро расман пештар ба мардум таҳмил мекунед, яъне маҳдудияти барқ аз сентябр шуруъ мешавад, дигар мачоли сабр мардумро намондааст. Бубин, ин хомушй дарвозаву девори  чиниро нашиканад, номи ман Ватандор не. То январи соли 2009 табаддулот нашавад, ҳатман қаҳтии дигаре моро интизори аст. Қиматиашро дидем, қаҳтиаш дар пеш аст. Аммо бидон, ки табаддулоти куллй мешавад. Надонй ҳам бидон. Донй ҳам. Чун надонй чосусҳоятро гуй нағзакак кор кунанд. Ин табаддулот мисли «Искра»-и Ленин махфй нахоҳад шуд. Ошкоро!!! Мебинй, ки халқ худ аз худ нафаҳмида мемонад, ки дар таги биният белу каландро рост карда меистад. Бовар кун, аз ростй бидуни мазоҳу масхара мегуям. Танҳо мехоҳам бо роҳи осоишта ин маъниро ба ту гуям. Бори дигар: Чониби мардум шитоб, ин пулу молу ёру дустоне, ки мансабашон бахшидиву хушомадгуйи туянд, туро начот нахоҳанд дод. Туро танҳо халқ дастгирй хоҳад кард. Танҳо мардум, ту ҳануз фурсат дорй, андеша намо.

 

Хеле хуб медонам, ки ту тасмим гирифтй то баъди 9 сентябр тағйироти куллии кадрй ба амал оварй. Аммо бидон, ки намешавад. Дилат бисёр сахт хост, ки аппарати шалақро иваз кунй, аммо мушовирони ҳезсирати ту, ки ба чуз дар мачолису маҳофили расмии ту ширкат варзидану мисли Эркин Раҳматуллоев, ки мушовират оид ба президент ҳасту дар умри сараш як машварати хубе дар бобати сиёсати хоричй дода натавонистааст, дигар корро наметавонанд. Фишангҳо қонунии кишвар, ки дар дасти иддаи ғаддор вогузоштаи пагоҳ ба ту бо ин қонунсозияшон номаи аъмоли сиёҳ омода накунанд, шири модарам заҳрам шавад. Расман эълон кун, ки ҳукуматро пароканда кардй ва ин қадар хоҳони дидору кй будани Ватандор ҳастй, агар рост рафта чеҳраамро ба ту нишон надиҳам, бар падарам лаънат. Қасам ба ҳурмати нону намаки Точикистон, ки чеҳраи аслиамро ба кулли Точикистон намоиш хоҳам дод. Ва кам нестанд мисли ман ватандорони зиёд, ки алъон аз ту мегуянду корҳои нобасомони туро дар риштаи сомони мақолоти танқидй мекашанд. Ҳануз фурсат дорй. Буйи ғализи борутро эҳсос мекунй?

 

Вақто вожаи «борут»-ро менависам дилам меларзад. Аз мурдани хештан не, аз даҳшати рузҳое, ки бо чашми сар дидам. Аз ҳодисаҳои бародаркушии беназири халқи точик, ки сабаби аслияш командаи носози ту буд. Аз чашми модар ба чойи ашки шодй чашмаи хунро фаввора зада дидам. Ман он лаҳзаро нахоҳам фаромуш кард ва бахшид, дар ду дунё ҳам. Зеро модар бароям азизтарин олиҳа буд, ки ту рабудй. Мебахшам, танҳо бо як роҳ: ба шарте, ки ба мардум бипайвандй. Танҳо ба хотири миллати азизам, миллати хору забунгаштаам. Бармеояд, ки андак танҳо андак фурсат дорй. Истифода бар.

 

Туро тарсониданй нестам ва дар нақшаи имондории ман ба ту ва ба дили халқи азизам даҳшати чангро пароканданй ҳам нестам. Беҳтарин табаддулот он хоҳад буд, ки саркардааш ту бошй. Танҳо бо роҳи мусолиҳа. Танҳо бидуни резиши хуни поки миллатам. Танҳо ту сабабгори рехтан ва ё нарехтани хун буда метавонй. Бидон, биё ватандорони азизро аз вартаи қашшоқй бираҳонем, хоҳиш мекунам, биё, дасти садоқати ман ҳатто ба суйи душмани рақами якам баҳри гулгулшукуфии ватанам дароз аст, танҳо ба хотири фардо. Вагарна дер мешавад, дер, дер. Имони комил дошта бошй, садоқати ватандорй дар дилат заррае ҳаст, чашм во кун, фаротар бин, пагоҳи мо табаддулотро мунтазир аст. Ҳануз, ки ПАГОҲ нашудааст, ҳануз, ки ИМРУЗ аст, ту фурсат дорй. Таҳдид намекунам, савганд ба хуни фавворазади чашмони модари азизи биҳиштиям савганд. Савганд ба номи модаре, ки сари чонамоз аз тири нохалаф чон ба Чонофарин супурдааст, ман таҳдид намекунам, ин ҳақиқат аст, бояд донй, ки тақдири фардои миллат аз ту вобаста аст. Чониби халқ шитоб, дасти ионати мардум бигир. Ба ҳукумат истеъфо бидеҳ. Ҳануз фурсат аст, ру суйи халқ кун, ки туро фурсат аст!!!

 

Ба хонандагон ва ватандорони азиз:

Имшаб то ба руз дар хобам модари биҳиштиям сарамро сила мекард. Ашки шашқатори маро бо остинҳои васеъи чаканаш пок менамуд. «Банда ба умед, бачем»-мегуфт. Сар ба зонуяш мондам, гиристам. Ҳеч чиз гуфта наметавонистам. У аз нигоҳам пай мебурд, ки чй дарде дар дилам нуҳуфта. Аз ростй тасмим гирифта будам, ки дигар барои ватандорони азизам наменависам. Бигзор ин сафҳа дигар баруз нашавад. Аммо садои модар бо ашки шашқатор вақти бомдод бедорам кард. Хонаро аз у тиҳй дидам. Дилам буғз кард, дар гулуям гиря дармонд. Сина моломоли сузҳои вулқонй шуд. Ёдат ба хайр модари биҳиштиям!!!

Инак, боз омадам туи ройонаи чангзада...

Ба хотири ФАРДО!!!
Просмотров: 3008 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.6/10 |
Всего комментариев: 141 2 »
14 Шамсудин  
0
Худо панох дихад. Ин нишонаи дур будан аз ислом аст.Ягон масъала бо рохи худкуши хали худро наёфтааст.ТАНХО САБР,ТАХАМУЛ.ХУДО НИГОХБОН БОШАД.

13 rustam  
0
marg baron millatast ki payravi zillatast

12 ,БОЗОР  
0
марг ба хамаи шумо !хам ба президент ва хам ба ту ДОДОчон! дуньеро вайрон карда истодаед!хамаи ту барои ьа сари хокимиякт омадан чи номакулие намекунед!!!!Додочон ман мехохам ки ту барои насли наврас .чавонон аз навоварихои илму маьрифат чизе нависи !барои он ки бе ин чизхо пешрави дар давлати мо намешавад!ту инро хуб медони!пса аз он ки тараккиет шуд худи чаноби оли руй ба гурез мекунад!

11 рома  
0
Ин Рахмон ба хохиши худаш аз вазифа даст кашидани нест;чунки у ошики сарват шудааст на ошики миллат агар то охирин мардуми точик аз ватан фирор кунад у вазифаро ба кас нахохад дод:чунки пеши чашмони уро доллар ё евро гирифтааст у гайр аз доллару евро дигар чизро намебинад ва дар гушхояш хама вакт чарракости доллар мерасад ва у аз кучо парвои халк дорад.
У Рахмон нест у Заххок асту марги у Кова мебошад.Ба рости маколаро то ба охир хондаму дар газаб омадам.Аз танг дасти аз гуруснаги ва аз кимати духтарони точик ба кихо ба шавхар баромадаистодаанд як ба атроф нигох кун Заххок ё гардан аз гафсии равгана пасту баланд намешавад.Миллата хор карди миллата барбод доди
Хайф бодо шири модар бар касе.
к у забони модари гум кардааст
Л.Шерали
лекин ту миллата гум кардаистодаи касам бар шири модарат хурди ё ба ту модарат шири гов додагист.Кай худованди бузургу мушфик чоната мегирифта бошад.Дар ин мохи Шарифи Рамазон даст ба дуо мегирему аз худои таолло хохиши онро мекунем ки чони туя тезтар гираду халк осуда шавад.Аз дасти ту хама безор шудаги ту як писари худро тарбия карда натавонистаистодаи худат онтарф халк аз писарт безор шудаги ё аз корхои ношоями писарат халоват мебари як писаро тарбия карда натавониста як мамлакатро чи хел тарбия мекуни?дар ин андеша хасти ё не?туро халк ишоолох решакан хохад кард аз решаи ту ягон паттак реша боки нахохад монд холо вакт аст дастгири миллати точик бош.Ман маколаеро хондам ки дар кургонтеппа духтарони точик ба хитоихо ба шавхар баромадаистодаанд.Агар ин тарзи давлатдори иваз нашавад точикистон ба хитой мубадал хохад ёфт.Хайр дигар чи нависам ва чи гуям гапи бисёр хара бор гуфтаанд

10 собир  
0
Бале бисер гамангез аст .нома.Магар модари Додочонро дар чанг куштаанд?Худо рахматаш кунад.

9 bevatan  
0
RUZE MIYOYA XARALI RAHMON VA AZOI OILASH XUDRO DAR DOR XOHAND KASHID

8 Тахмина  
0
Салом ВАТАНДОР! Хондам дарду гудозатро, ёдат ба хайр хеле дили пурармону пурдард доштаи. Худо нигахбонат. Аммо гумонам тахдидитхоят ба Президент бепояаанд. Бар зидди пул ва кудрат бе маблаги зиёду нуфузи бисёр мубориза бурдан мушкил аст. Айни хол ту намедони, ки ба гуфтаи худат бо "ин тудаи харон" чи тур мубориза бари. Пас моро чи гуна ба инкилоб даъват карданисти? Бо кадом роху бо кадом маблаг? Чи тавр? Чи бояд кард?
Худат намедони лекин мегуи аз инхо бояд халос шуд. Ба Рахмон акл ёд доданат хам беасос аст. Хич дидаи ки ягон сохибмансаб бо хохиш худ аз вазифа рафта бошад?! Онхоро ё бояд кушт ё.... террор кард. Бале дигар илоч нест. Агар накуши мекушандат. Ба хар бобат умед ба ту дорем ба ПЕШВОи часур. Аммо ту омади биндон, ки мекушандант. Пас боз хамон суоли бечавоб чи бояд кунем? Ун инкилоби ваъдагии ту соли гузашта амали нашуд. Шукр ки нашуд. Вагарна боз сари чанд бечора зери тег мемонд. медонам ту ба хам рух мебахши. Аммо бо ин рухбахшиат оё медони чи мекуни: шояд бархе аз дарду алам ба по бихезанд. Аммо чун рост шуданд боз миёнашонро мешиканд, ки дигарбора наметавонанд бихезанд. Чун одати пешина.
Гарчанд занам дорам дилам ба холи мардони буздил, тарсу беандеша месузад. Хайр Ватандори азизи БЕЧОРА!

7 mehrubon  
0
Bigzor Hudo turo hifz kunad.Dodojon.

6 mehrubon  
0
Hudo hamesha nigahboni tu bod,Dodojon!

5 SHAHI JAHAN  
0
Vatandori aziz! Mo tarafdori shumo. Mo mehohem ki har lahzavu har sonia shumo baroi mo malumot dihed. Mo tarafdori shumoem. Man mehoham hamai gunohhoi Rahmoni kasofatovarro ba guedu hamavakt bo mo boshed! Mo tarafdori shumo

1-10 11-14
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz