ВАТАНДОР
Чоршанбе, 24.04.2024, 21:29
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Август 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Август » 14 » Оромии пеш аз туфон ё туфони пас аз марг?
Оромии пеш аз туфон ё туфони пас аз марг?
16:01

Ҳама ба митинг омодаанд, роҳи бехуне бояд чуст

 

Аҳзоби сиёсии кишвар комилан сокитанд. Ба чуз он ки ҳизби сотсиал-демократи Раҳматилло Зойиров, ки санаи 8 апрели соли равон мехост даст ба тазоҳур занад. Аммо ин митинг пас аз ҳафтоду як руз дар Хоруғ сар зад. Алангаи митинг бо дахолати ВКД-и кишвар хомуш карда шуд. «Ако»-и чумҳурй ваъда кард, ки ба ягон тазоҳуркунанда, аз чумла ба саркардагони он мучозот намешавад. Аммо Шерафкани кишвар аз пеши худ алайҳи чаҳор тан саркардагони тазоҳур парвандаи чиной боз намуд. Бо пофишориҳои «Ако» парванда қатъ гардид.

 

Аммо ормони Раҳматилло Зойиров нашикаст. Хостаҳои у дар митинг пиёда нагардид. На 96 ҳазор ҳектор замини фурухтаи Раҳмон баргардонида шуд, на ҳукумат пеши мардум пас аз сардиҳои бебарқиву бегазй узр хост, на Раҳмон 2 миллиарди ба Чин заминфурухтаашро ошкоро пеши мардум гуфт.

 

Муҳиддин Кабирй бошад, ҳар қадар бештар мехоҳад дар алоҳидагй нуфузи ҳизбашро нишон диҳад. Аз аксарият ҳамоишҳову эътирозҳои дастачамъонаи аҳзоби Точикистон дурй мечуяд. Ҳарчанд ягона вакил дар порлумони ношуди Точикистон аст, ки аз ҳукумат ошкоро интиқод мекунад. Бо вучуди ин дар бисёр мароҳили ҳассос Кабирй канора мегирад. Ҳизби бо нуфузи марҳум Нурй имруз ба худ аломати суолро гирифтааст, ки ин далели сустии наҳзатиёнро нишон медиҳад.

 

Ҳизби демократи Точикистон бошад, бо дасисаи гумошта ва чосуси ҳизби халқи демократй-Масъуд Собиров имрузҳо сару калобаи худро гум кардааст. Қаноти дигари ҳизб, ки худро пайравони Муҳаммадрузй Искандаров меҳисобанд, умуман дар лаб кулух молидаанд. Ба ягон амалкарду номаъқулиҳои ҳукуматй муқобилат нишон намедиҳанд. Пас аз он ки раиси дафтари ҳизби демократ Рачаби Мирзоро ба 15 руз ҳабс карданд, дилу гурдаи демократиён минбаъд алайҳи ҳизби ҳоким наметавонад, ки ҳатто гумони ихтилофие ба пеш оварад. Раҳматулло Валиев ва Чумъабой Ниёзов, ки чеҳраҳои намоёни ин ҳизбанд, натавонистанд, ки ҳизби пароканда шуда истодаро ба ҳам оваранд. Кадувазири адлия ва говсуди кишвар, ки ба манфиати чосус-Масъуд Собиров парванда ва сарнавишти ҳизбро ҳал намуданд, минбаъд ин ҳизб натавонист, ки мақоми рушантареро дар чамъият соҳиб шавад.

 

Мирҳусейн Нарзиев низ мисли мурғи посухта бечоранол медавад. Аммо медонад, ки самараи кораш набуду нест. Бо дахолати ҳукуматиён ин ҳизб низ ба ду сангар чудо шуд. Ояндаи норушани ин ҳизб боз як гуфтори вижае ҳаст.

 

Ҳизби ленинй, ки мурдаро монда туйхурй дорад, ба чойи он ки аз ҳукумат интиқод кунад, ба чойи он ки паҳлуи Раҳматилло Зойиров истода ҳамдастй намояд, аз ҳукумат хостори ҳайкалҳои бобои Ленинашро мекунад. Минбаъд низ ба халқу миллат ин ҳизб дар танҳой хидмате карда наметавонад.

 

Ҳизбҳои сохтаи Раҳмон аграрию ислоҳоти иқтисодй бошанд, танҳо дар қайди вазорати адлия ҳастанду халос. Ягон кас намедонад, ки аъзои ин ҳизбҳо чандтост.

Ҳизби Ваҳдат бошад, ба чуз табрикоти ҳамдигар дигар вақт умуман вучуд надорад.

 

Инак, ҳизби Раҳмон. Ин ҳизб, ки номенклатураи ҳизби шуравии коммунистиро билкулл ба аъзогй пазируфтааст, танҳо номи дигар дорад. Аммо ҳама коргузорй мисли режими яккатозии солҳои шуравист. Ин ҳизб як бурд дорад: тамоми фишангҳои хурданиву серраваған аз они уст. Касе аз дигар аҳзоб бо таври диплуматй суяш нигарист, бо мушт посух медиҳад. Аъзоёнаш ғарри садбистардидаро мемонанд, ки агар пагоҳ давлат исломй ё демократй ё сотсиалистй шавад, билети ҳизби Раҳмонро партофта, дарҳол аъзои ҳамон ҳизби ҳоким мешаванд.

 

Кишвар лаби чарие қарор дорад, ки бо камтарин шамолаки қисмат фуру хоҳад рафт. Аз начоти он касе андеша намеронад. Раҳмон бошад, умуман парво надорад, ки Точикистон гуфтанй кишвареро сел мебарад ё туфон. У ҳар руз саҳарии барвақти барвақти барвақт соати 11:00 (!) аз хоб мехезад. То ришу фашашро тоза мекунад, то абрувонашро манукеншитсаҳо шона мезананд, ки соат 12:30 мешавад. Ана вақти хуроки нисфирузй мешавад. Ду соат «хурдан сар шуд фашшу фуш, бисмиллоҳ шуд фаромуш». Бо ҳамин соат 15:00 мешавад. Вақти хоб сар шуд. Масту аласт, ҳатто туфлияшро накашида дар курсии хурокхурй хоби нозаш мебарад. Ана ёбу гир. Точикистон сари ду шиша арақ мурд.

 

Ватандорони азиз, кулли аъзоёни аҳзоби сиёсй! Мо дар танҳой алайҳи ин туда, ки сари хуроки нисфирузй хобашон мебарад, мубориза бурда наметавонем. Дар порлумони ношуди корношоями шалақи кайҳо чанозаашро хонда, ҳамагй ду курсй дорем. Боқй ҳамаашро ҳизби Амир Эмомалй хон дорост. Пас кулли манфиатҳои эшон ҳимоя мешаваду халос. Раҳматтилло Зойиров ҳануз соли 2003 коалитсияи ҳизбҳоро пешниҳод карда буд. Шумо нахостед, пиндоштед, ки Зойиров дар оянда нуфузашро ҳузури халқ баланд мекунаду шуморо мардум эътироф нахоҳанд кард. Ин иштибоҳи шумоён буд, азизони ман, иштибоҳи нобахшидании шумоён буд, ки дар азоби халқи азизи ман, шумоён низ мучримед, пагоҳ дар пештоқи маҳшар ва таърих посух хоҳед гуфт.

 

Пас роҳи начот яктост: ИТТИҲОДи аҳзоб ва боқи беҳизбҳо. Итминон дорам, ки агар кулли аҳзоби кишвар дасти ҳам бигиранд, ҳафтоду ҳафт қабилаи ҳизби халқи демократй бо шумоён баробар шуда наметавонад. Ҳамаи мо ватандорем, ватане бо номи Точикистони азиз дорем. Напиндоред, ки кишварҳои дуру наздики кишвар дар кулли пасмондагиҳо танҳо Раҳмон ва командаи лошахури уро гунаҳкор меҳисобанд. Эшон шуморо низ маломат доранд, ки сусттаринҳоед, сусттаринҳо!!!

 

Мардум интизори табаддулоти мусолиҳатомез. Интизори ҳукумати нав, ҳукуматдории комилан нав. Аммо ҳар яки аҳзоб мехоҳад дар алоҳидагй аробае бикашад. Зимистон дар пеш. Бебарқй аз он ҳам пештар. Пас чй бояд кард?
Просмотров: 1594 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 5.0/3 |
Всего комментариев: 8
8 Акаи Рачабали  
0
Масалан хамаи ононе ки ин сайтро мехонанд... агар mail agent, msn ISQ, ё yahoo дошта бошанд хамон контактхое ки доранд ссилкаи хамин сайтро равон бикунанд...

7 Акаи Рачабали  
0
Мардомнои гиромикадри Ватандор, Шумоён бояд як чизро бояд бифахмед, ки инкилоби мо 4 ё 5 сол номумким барои он ки, дар точикистон теливилиеяву газетахо дар зери дасти чаноби эмомалихон, ягона чизеки аз у нест ин интернет мебошад, ман хамаи инро намедонистан... нохост хамин сайтро биёфтаму даромадам ва бихондам, афсус ки на хама метавонанд ба интеренет баромадан он 70 80 фоизеки мухточи хакикат хастан дастрас карда наметавонанд (барои он ки онхо камбагал хастан ва сабаби ба интернет баромаданро надаранд) барои хамин агар мо бо рохи демократи шуриш кардан хохем ба мон вахт лозим аст, то ки бисёри ба баромадан ба шабакаи интернет сохиб шаванд ва хамн сайтро бп якдигар рекомендоват бикунанд

6 mehrubon  
0
Hudo yvari tu bod Dodoi ozodihoh!

5 Амин  
0
Барои инкилоби бехун хокими боакл ба мисли Шеварнадзею Акаев ва хатто Мушараф, ки аз тахт ру гардонд лозим аст доштанд. Бо ин кала кадухои мо, ки каблан изхор карда буданд, ки бо хун омадем ва бо хун дорем рафт инкилоби ранга гайриимкон аст рух додан дар ин кишвар.

4 bevatan  
0
AZ DUSTI NODON DUSHMANI DONO BEHTAR

MAN YAK SHEFI KONSULRO KI AZ TARAFI HUKUMATI

JUMHURI TAYIN SHUDAAST MEDONAM YAK KALIMA ANGLISI E ZABONI

KHORIJIERO NAMEDONAD..................

AGAR HAMAI ON VAZIFADORONI TOJIKISTON HAMIN KHEL BOSHAND

DIGAR YAGON UMEDI OYANDAU OYANDASOZIRO NAKUNEM


3 Robert  
0
Akai sadri_ziyo mo gung nestem mo kur nestem mo khob nestem. Mo gush dorem va gush karda istodaem

2 Kahramon  
0
Man tarafdori VATANDOR

1 sadri_ziyo  
0
Baroi in sukhanho gush dar kor ki bishnavad!
Mo gungi khob didavau olam tamom kar!

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz