ВАТАНДОР
Шанбе, 20.04.2024, 11:18
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Август 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Август » 20 » «Туҳфа»-и Раҳмон ба моҳи Рамазон
«Туҳфа»-и Раҳмон ба моҳи Рамазон
21:43

Шомгоҳ зане дар пеши қасри президент худро мамнунона оташ зад

 

Амир Эмомалй хон ахиран табааашро ба моҳи шарифи Рамазон аз самими дил «табрик» мегуяд. У ҳарчанд 16 сол боз «армуғонҳо»-и нав ба навро ба миллати хору забун гашта пешкаш менамояд, ин тирамоҳ «лутф»-аш бештар шудааст. «Армуғонҳо»-яш, ки бенониву гурснагй, муҳочирату СПИД, бешавҳармонии модарону зиндаятимии фарзандони чашмбароҳ, фарзанди ғарқихунгуркунии падарону ашки талхи хоҳарон аст, тули 16 соли пурра Точикистони дар вартаи ҳалокатро армуғон бахшид. Илтифоташ ҳадду канор надорад. Кадушоҳе насиби Точикистон шуда, ки замоне пирони хирад мегуфтанд:

 

"Худованд агар ба ғазабаш гирифтор мекунам, гуяд, шоҳи золимро ба сари мардум меоварад."

 

Валлоҳ, халқи азизи ман ба ғазаби Парвардигор гирифтор аст. Зани муштипаре, ки ду писараш ба чурми нокарда говсуд шудаанд, (аз канораи шаҳри Душанбе) даре намонд, ки кубад. Дари суди оливу додгоҳи куллро охурча кард. Касе ба додаш нарасид. Омад туи дари қасри президент. Каллабурон намондандаш. Хост назди президент дарояд. Аммо Амиршо Миралиев аз ин ҳикоят огаҳй ёфт, фармон дод, ки бе ҳеч вачҳ назди президент надарояд. Амиршо аз як чиҳат ҳақ ҳам буд. Зеро Кадушоҳ ба дарди ин модари точик чй гуна метавонад дармон шавад? Дар ҳоле, ки ҳарбу зарби тақсимоти нуқоти калидии Точикистон дар оилаи Раҳмон ва раҳматии Ҳасан дар авч аст.

 

Модари зор худро оташ зад. Мамнунона оташ зад. Безор аз зиндагй сухта мурд. Маргро бо оғуши гарм пешвоз гирифт. Боз як модари дигари точик аз «армуғонҳо»-и президенташ рахт ба олами ҳастй, вале оташ дар дил баст.

 Дарҳол кормандони пиромуни ин қаср ба чашми халқу қонун хок пошиданд. Касоне, ки диданд «шутури сафедро надидам»-гуён пушт ба часади нимсухта карданд. Ба часаде, ки фарзанди точик милод кардааст. Часаде, ки ним соат қабл аз ҳавои аморати Точикистон нафаси тоза мекашид. Мамнунона мурд. Зеро агар намемурд, хоҳу нохоҳ  дунболаи тирамоҳи бебарқй зимистони бегазй аз хунукй мемурд. Бечора бемор буд. Аммо хушбахтона мурд. Дигар ҳавои ин марз барояш манфур тобид.

 

Ин дафъа навбати кудом модари дигари точик аст? Кудом чигарсухтаи писар ё шавҳараш говсуд шуда, мамнунона даст ба худкушй мезанад. Тавре масъулин иброз доштаанд, дар Точикистон теъдоди худкушй нисбати соли гузашта 75 дар сад афзудааст, ки қисмати зиёди онро модарону хоҳарон ташкил медодаанд. Чаро модари точик бояд бимирад? Чаро маҳз бо марги мачбурй? Зиндагии фароҳамовардаи Раҳмон армуғонест, ки модарони моро ба дорулфано мефиристад. Ин аст туҳфаи президенти якумра, намиранда, ҳамешабақову Намруди тапа-тайёри  ватандорони ман!!!

 

Рузе нест, ки дар паҳнои Русиё ягон нафари точикистонй бо ҳероин боздошт нашавад. Рузе нест, ки дар акнофи сарзамини Русиё хуни точике нарезад. Рузе нест, ки дастикам сад нафар точикистонй дар Русиё мубталои СПИД нашавад. Ин беҳтарин туҳфаҳои президент ба халқаш аст. Ягон муҳочире аз руйи ҳавас даст ба фуруши ҳероин намезанад. У мачбур аст. Ачиби кор дар он аст, ки авлоду ақрабо ва думравони «чаноби олй» (ин вожа ба чои бисмиллоҳи кормандони ТВ Шабакаи аввал ва хабарнигорони АМИТ Ховар аст) тонна-тонна ҳероинро аз марзи Афғонистон интиқол мекунанд, ҳич гоҳ дастгир намешванд. Бечора мардуми дар қарзғутидае, ки аз ниҳояти сиёсати пешгирифта ва «хирадмандона»-и чанобашон дар гуруснагиҳо анқариб мурда, бо 500 грамм чунин маводи наҳс дастгир мешавад. Ин ҳам туҳфаи чаноби олист!!!

 

Инак, туҳфаи дар пеш истодаи чанобашон моҳи азизи Рамазон аст. Аллакай дар бозорҳои ин кишвар нархи маҳсулот нисбати соли гузашта 100 фисад боло рафтааст. Кадушоҳ аҳмақона маошро бардошту нархро танзим карда натавонист. Маҳсулоти дохилй танҳо аз они Озодаву Рустаму Таҳмина Раҳмоновҳост. Ин ҳам дарди гузаро. Бебарқии моҳи шариф беҳтарин ҳадяи Кадушоҳ ҳаст. Мардуми имондору ватандори точик дар рушноии чароғу пилтасабаду шамъи бобой ифтору саҳарй хоҳанд хурд. Тирамоҳ ҳеч гап не. Зимистон комилан кишвари ТОРИКИСТОН-еро хоҳад монд. Кишвари бегазу бебарқ. Танҳо дар хонаи чаноби олй ва думравони у барқи ҳамешагй фурузон хоҳад буд. Оё ин туҳфа нест???

 

Агар хомуш биншинем, аз ин ҳам рузи бадтар моро мунтазир аст. Зеро ин шайтони бекалушу маҳсй аз дасташ ба чуз ин ҳадяҳо дигар чизе наомаду намеояд ва нахоҳад омад!!!

Просмотров: 2442 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.5/8 |
Всего комментариев: 141 2 »
14 Хакикат  
0
Халк тинч аст. Сабабгори ин тинчи бошад Имомали Рахмонов буд, набояд инро фаромуш кард.
Аз сари нав Точикистон набояд гарки хун шавад.

12 Шодии Муродали  
0
Саломи худро ба кулли точикони Точикистон ва чахон мерасонам.Ман аз тамоми донишчуёне,ки ба мисли ман дар хоричи кишвар тахсил мекунанд, эътиромона хохиш мекунам ,ки бо тамоми хастии точикона хонда ,хам нангу номсуси точикро нигох доранд ва хам кадри болаёкат шуда ба ватани азизи хеш ТОЧИКИСТОН баргашта , ба мисли падари миллат,шохи шохони чахон, фарзанди фарзонаи миллат чаноби Олли Эмомали Рахмонов бо дасту дили пок дар пешрафту шукуфоии кишвари азизи худ сахми арзандаи хешро гузоранд !!!

11 Шодии Муродали  
0
Саломи худро ба кулли точикони Точикистон ва чахон мерасонам.Ман аз тамоми донишчуёне,ки ба мисли ман дар хоричи кишвар тахсил мекунанд, эътиромона хохиш мекунам ,ки бо тамоми хастии точикона хонда ,хам нангу номсуси точикро нигох доранд ва хам кадри болаёкат шуда ба ватани азизи хеш ТОЧИКИСТОН баргашта , ба мисли падари миллат,шохи шохони чахон, фарзанди фарзонаи миллат чаноби Олли Эмомали Рахмонов бо дасту дили пок дар пешрафту шукуфоии кишвари азизи худ сахми арзандаи хешро гузоранд !!!

10 Шодии Муродали  
0
Ассалому алайкум мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ.
Мо як гурӯҳ донишҷӯёни Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шахри Иваново Шуморо ба рузи соли нав табрику таҳният гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатии қавӣ, умри дароз, ба корҳоятон барор, ривоҷ ва баракат орзумандем! Бигузор ҳама вақт Тоҷикистони азизамон бо сардории Шумо, бо дастгирии Шумo мисли ҳозира гул-гул шукуфон бошад! Мо ҷавонон чи тавре, ки қайд карда будед, ояндаи Тоҷикистони азизамон ҳастем. Барои ҳамин, ваъда медиҳем, ки бо баҳои аъло хатм намуда, Ватани худро ба қуллаҳои баланди дунё расонида, онро ба мисли давлатҳои бузурги ҷаҳон табдил медиҳем.
Ба Шумо мисли девори Хитой умри дароз, саломатии қавӣ орзумандем!
Бо эҳтиром, Шодии Муродали,Неркуз Абдурахимов,Усмонов Комрон.

9 TOJIK  
0
САЛОМ БА ХАМА!
АВВАЛАН СУОЛ ДОРАМ АЗ Vatandust:
САГ БАРИН ХАМАРО НАГАЗ. КАБИРИ ЧИ АЙБ ДОРАД? ТУ ХУДАТ ИНСОН ШАВ, ИНСОФ КУН ВА БО ЧАШМИ АДОЛАТ НИГОХ КУН. ХАР КАСЕ, ЗАРАРАШ БА ЧОМЕЪА НАМЕРАСАД, ИН АЛЛАКАЙ АЗ ФАЗИЛАТИ У ХАБАР МЕДИХАД...

БА ALIK:
ДАР ХАКИКАТ КАМБУДИХОРО БОЯД ТАН ГИРЕМ. ХОЛИ ВАТАНАМОН ХАРОБ АСТ. ЭЪТИРОФИ КАМБУДИХО МАЪНОЕ НАДОРАД, КИ МО БАР ЗИДДИ ХУКУМАТ ШУРИШ КУНЕМ...
ВА ШУМО ДИГАР МАРДУМРО АЗ ЧАНГ ВА ХУНРЕЗИ НАТАРСОНЕД. ИМРУЗА НАСЛИ ЧАВОН АЗ ЧАНГ ВА ХУНРЕЗИ НАМЕТАРСАД ВА БАРОИ РАСИДАН БА ОРЗУВУ ОМОЛИ ХУД ТАМОМИ ДУШВОРИХОРО КАБУЛ ХОХАД КАРД...

ВАТАНДОР:
ОЁ РОХИ ХАЛЛИ МУШКИЛОТ АЗ РОХБАРИЯТ РАФТАНИ САРВАР АСТ? Ё ЧИЗИ ДИГАР?
МАНЗУРАМ ИН АСТ, КИ АЙБ ДАР ХУДИ МАРДУМ АСТ. ЧИ ХЕЛЕ, КИ БОШЕД РОХБАРАТОН ХАМОНГУНА ХОХАД БУД. ВАКТЕ, КИ МАРДУМ ДАР ИН САТХИ ЧАХОНБИНИ ВА ИЛМУ ДОНИШ КАРОР ДОРАНД ПАС...


8 Солеҳ  
0
Хонандагони азиз, ба ягон навиштаи ин сомонаи игвобарангез бовар накунед, ки хамаги дуруги махз аст.
_________________________________________________________________________________ ______________

Пас ба ки бовар кунем ? Ба суханҳои аз забон баромада вале дар амал барқарор нашудаи Раҳмон ё ба суханҳои ту, ё ҳар ду ?
Ҳақиқат талх аст, аммо меваи хуб ба бор меорад!


7 Alik  
0
Барои Mihanparast: Дар тамоми мамолики Осиёи Миёна чунин хол ба назар мерасад. Шарт нест, ки барои як бурда нон байни хам фитнаву низо барангезему аз нав хуни якдигар бирезем. Игвоангезон аксар хама берун аз Точикистон карор доранд ва бо истифода аз мавкеашон мехоханд боз Точикистонро гаркаи хун гардонанду бадин васила чигилдонашонро пур кунанд. Айб аст чунин рафтору амал. Гар куввати нек надори, бад макун, ки чохкан зери чох аст.

6 Mihanparast  
0
Alik barodar dar kadom mamlakati dunyo dar 5-moha maoshi haddi aqal 1 khalta ord meshavad iltimos ma'lum bikun!

5 Alik  
0
Сафсатии навбатии Додочон Атовуллоеви беватан, ки дур-дур аз Ватан мегурезаду тез-тез ёди Ватан мекунад ва мушт ба сина мекубад, ки у ВАТАНДОР аст. Тфу бар туву ту баринхо, ки оташи игвову дасиса бар сари Точикистон мепошед. Мо, чавонони ТОЧИКИСТОН, шукри Худо мекунем, ки дар кишвари озоду обод зиндаги дорем ва як бурида нонамонро бетарсу ларз мехурему аз пайи таъмини зиндаги хастем.
Дар мавриди болоравии нархи наво хаминро фаромуш насозед, ки чунин таззод (болоравии нарх) на танхо дар Точикистон, балки дар тамоми чахон ба назар мерасад. Болоравии нарх сабабхои зиёде дорад ва заррае аз ба Эмомалии Рахмон вобаста нест.
Хонандагони азиз, ба ягон навиштаи ин сомонаи игвобарангез бовар накунед, ки хамаги дуруги махз аст.
Мо бояд хамаги шукри тинчиву ороми кунем ва ба як бурида нони дахонамон шукргузор бошем. Ин хама мушкилоте, ки имруз дар зиндагии мо хаст, муваккати ва гузаранда аст. Хофизи ширинкалом хуб фармуда:
...Доиман яксон намонад холи даврон, гам махур!
Боки казоват аз шумо.

4 Патриот  
0
Мухтарам Махсум Фозилов!
Шумо бояд пеш аз чунин чизро гуфтан барои худ суол мекардед ки оё ягон кас кафолат дода метавонад ки бо чунин тарзи хукмрони Точикистон пеш рафта метавонад? Ман бо катъияти том мегуям ки на ин ки пеш намеравад балки ба пастноки мераваду халос! Аввалан худи хукумат бояд худаш истеъфо дихад дар акси хол онро дер ё зуд ба истеъфо меравонанд! Халк аз афсонахои бемаъни безор шуд! Агар мо камтар чарохат бардорему аз тарси дард карданаш онро муолича нанамоем он калонтару дахшатноктар мешаваду метавонад ба марг оварда расонад!

1-10 11-13
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz