ВАТАНДОР
Чумъа, 19.04.2024, 21:55
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Сентябр 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Сентябр » 30 » Додочони Атовулло чй гуноҳе дорад?
Додочони Атовулло чй гуноҳе дорад?
13:09
Чурми нобахшидании у ин аст, мисли дигарон, ки  тули 17 сол 17 бор мавқеаъшонро дигар кардаанд, дигар накард. Гуноҳи нобахшидани у, ки ба санадҳои байнулмилалй арч гузоштааст ва фикрашро озодона баён доштааст.
 

Имруз ҳатто ҳукумат намедонад, ки кучо равона аст. Имруз ҳатто бо сари муйрехтаву фоххакиҳои яктарафшоназада наметавонад ташхис бидиҳад, ки чиро дунболгирй дорад. Таҳқирро аз танқид наметавонад, ки чудо созад. Дар кишваре чун Точикистон, ки худро тимсоли Қазоқистону Амрико, Русиёву Бритониё дар коғазҳо «демократй» номидааст, ахиран ру зад, ки Точикистон мафҳуми демократияро намефаҳмидааст. Ё худ дар хуну буну буму решаи мо-точикон демократия созгор набудааст. Кор то чоест, ки ҳатто душмани худро аз дустон фарқ карда натавонистем, ки натавонистем.

 
Агар дар қавонини Точикистон изҳори андеша ва озодии баён ба ҳама дода шудааст, ман танҳо дар ин қонунҳои дуруғин намоишкорие бештар дигар чизеро намебинам. Ё чашми ман дида наметавонад!? Шояд…
 
Агар ин намоишкорй намебуд, ман ризо будаме, ки аз сарқонуни кишвар моддаи 30-ро ҳазф намоянд. Дар он сурат мардуми точик бори дигар итминон меварзид, ки Точикистон кишвари демократй нест, балки тоталитариву шоҳигариву авлодиву ….  ва ғайраву ҳоказо аст. 
 
Он дам мо низ ҳич чиз намегуфтем, ба лаб муҳр мезадем ва мегуфтем, ки кишвари мо кишвари ғайридемократист. Бигзор дар он ҳол ба ҳар озодандеш ҳатто ҳукми қатл бароранд ҳам, савганд ба номи Худо ман ризо будам. То ба ҳол мағзу чигарамро андешаи чаро дар коғазҳо ва пеши дигар мамолик намоишкорона «Точикистони ҳуқуқбунёду дуняву демократй» номидаем, мехурад ва бо ин бархурдҳои манфиатчуйиву хушомадгуй ва шахсиятпарастй, ки демократияро низ қурбон ба чунин менталитетҳои нонавишта кардаем, ҳеч созиш карда наметавонам.
 
Агар намоишкорй намебуд, чаро озодии баён дар қонунҳои мо чой дорад? Дар ИМА нафаре вақте гуяд, ки ба у президент Чорч Буш маъқулу мақбул нест, ҳич чойи ҳангомаву ҳамҳамаву парвандакушоиву таъқибу фишору зуроварй нест. Ҳеч чойи мурочиат ба интерполу дигар хадамоти махсуси боздошткунй нест. Аммо Точикистон, ки базур миёни худро дошта аз мунчалоби хуну гилу оғуштаи чанг бармехезонад, намедонад, ки маблағе, ки чанд бо кумаку садақаву хайрияҳои дигар мамолик додаашро ба кучо сарф кунад. Аз ин хотир дар давлати демократии Точикистон ин гуна маболиғро ба интерполу дигару дигар масорифи ғайриқобили ақл масраф мекунанд, ки чойи войгуйист.
 
Вагарна чаро ба Додочони Атовулло, ки фақат ва фақат гуфтааст, ки ба у президент Раҳмон маъқул нест, уро бо чурмҳои осмонкаф муттаҳам мекунанд ва имруз ҳукумати Точикистон омодааст, ки ҳатто миллиард доллар сарф шавад ҳам Додочонро паси панчара нишонад. Э бародаро, хари кури бобои Ғуломалии қаротегинй низ ба ин амали шумо аз паси лачоми латтагинаш механдад. Агар жарфтари ин масъала равем Додочон танҳо андешаи худро гуфтааст. Озодона, мардона гуфтааст. Мисли баъзеи шумо дар маҳофили кунчҳои сандалй аз ҳукумат хар тарошидаву рузона лагандбардорй накардааст. Иқрор шавед, ки шумо низ ҳукуматро бо чунин коргузории кур-куронааш намехоҳед. Аммо метарсед, дили шумо, руҳи шумо, вучуди шумо аз буз аст, боқй дигар ҳич чиз!!!
 
Баъид нест, ки аксарият чунин фикр доранд, ки президент Раҳмон ба эшон намефорад. Агар фисади чунин хоҳишдоронро ҳисоб кунем, метавонам бо даҳони пур гуям, ки 80 фисади Точикистон андешаи Додочони Атовуллоро доранд. Агар 80 фисади Точикистон аз 7 милюн домани 5 милюн аҳолй бошад, пас прокуратураи женеролй ва ВКД-и Точикистонро зарур аст, ки ба 5 милюн аҳолй парвандаи чиной боз кунад.
 
Бале, бале, агар аз нигоҳи ин ҳукуматиён бигирем, 5 милюн аҳолии Точикистон мубтакири гуноҳи нобахшиданианд, ки Раҳмонро намехоҳанд. Турко Дикаев журналисти саршиносу ворастаи точик низ боре ҳангоми интихобот, ки ошкоро аз нахостанаш Раҳмонро гуфта буд. Мақомоти Точикистон намедонистанд бо у чй кор кунанд. Оре, у гуфта буд, «ин ҳаққи ман аст, ки ман мехоҳам, ба касе хоҳам раъй медиҳам, ба касе нахоҳам не». Умраш дароз бод Турко Дикаевро, худовандо сафи чунин журналистони баимону ҳақиқатпарварро зиёда куну сафи тарсужурналистонро комилан аз руйи замин бардор. Омин!
 
Дар Точикистон касе наметавонад рушод алайҳи ҳукумат гуяд, ки бо Додочон Атовулло ин кори эшон хатои маҳз аст. Зеро ин латма ба пояи журналистикаи точик аст. Ман аз Додочон ин чо пайғамбар сохтанй нестам, аммо ба Додочон барин нафар чанг андохтани мақомоти Точикистон гуноҳест нобахшиданй ба озодии сухан.
 
Ба чуз як ду матбуоти точик, ки он ҳам бошад пардапушона (як андоза тарс низ эҳсос мешавад аз навиштаҳояшон) дигар ягон ВАО-и кишвар ломе аз ин пешомади нангин намекафонад. Марг бар шумо барин журналистони тарсу!!! Марг!!!
 
Агар бо Додо чунин корро раво диданд, пагоҳ сари шумо низ чормағз мешикананд. Ин андешаи ман буд, ки қонунҳои Точикистон барои озодона баён кардани андешаам кафолат додааст. Танҳо андешаи ман!!!
 
Просмотров: 4757 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.4/15 |
Всего комментариев: 201 2 »
20 шоди  
0
МАН АЗ ПАНЧАКЕНТ АГАР ВАКТША ЕФТАМ АВЛОДИ ДОДОЧОНА АЛОБ САР МЕТИЯМ ГУДАКИ ГАХВОРАТА ГОМ ДОДООООООООООООООООООООООООООООООООООООООООООО

19 Сухроб  
0
Додочон як шизофреник аст.Ва byhj урусхо дар кардан худаш не.Додочон агар боакл мебуд на ба сиякунии ва даигар занак барин догкнуи балки ба малаи корхову пешниходхои хуб мегухзашт.Диди ки пока кремльда типа кукла даркори ку ягон мактаби точики кушод дар Россия ку ягон китобхона бунёд кун .Ку гами мардикорора мехури нишон те хар як шахрди Россия курсхои забон омузи ташкил кун .НЭЭЭ факат лак лак лак.Бовар кун додочон миллион сол зиндаги кунад кади як рузи Э.Рахмон ба худуш фойда нмиёрад на балки ба халк...

18 Далер  
0
Додочон Атовуллоев хороший человек честный прямой
а таких как известно Рахмон не любить
Действительно я со многими людьми которые выше сказали согласен
Эмомали Рахмон это всем известно что ничего толкого не сделал своему народу
Даже самое элементарное электроэнергия отсутсвует в отдаленых аулах и деревнях вообще нет свет и воды
более 15 лет во власти и ничего не сделано зато его родня и дети живут как короли
А он сам издевается над народом как может
Сколько людей шастаюься по другим странам в надежды заработать на выживание своих семей
Позор!!! Президенту!!! Рахмону!!!

17 Илес  
0
Додожон Атовуллоев хакикатро менависад. Эмомали Рахмон агар дар хотир дошта бошед гуфта буд чанд сол пеш ки Точикистон обод мешавад Ободиро намебинем мо то хол маблаге ки ба халки Точик мефиристанд кучо мешавад Мо шохидем аз соли 1992 то хозира вакт Дигар давлатхо чи хеланд ? Мо Точикон чи ками дорем аз дигарон харом хурон зиеданд рузе мерасад ки онхо чавоб гуянд Пракрор киро ба роыск додаст дигаррон хуни Точиконро резонданд сохиби мансаб шудаанд ту кури намебини ки душмани Точик аст мо медонем ва мебинем ки хукуматдорони мо чи хел зиндагони доранд ХУДО ЕРАТ ДОДО

16 MMM  
0
DODOJONI A jurnalisti sohibkalam bud hast va xohad mon !!!!

15 Латиф  
0
Чи хуб мебуд агар Додочон ба чои ба Аврупо рафтан бехтараш халкро ба митинг даъват мекард Ба хукумат ва Рахмон шояд дарси ибрат мешуд,ки ба Ватандор дигар дастдарози кардан маъни надорад

14 GHARIB  
0
KASONE KI HOLO AZ QAFOI ATOULLOEF GASHTA ISTODA AND

BEHTAR MEBUD AZ QAFOI DARDI MARDUM MEGASHTAND BAROI ONHO KHUBTAR MEBUD

BA HABS KARDAN E TERROR KARDANI DODOJON SHUMO BAROHAT KHOB MERAVED?????????????

IN KHAELI KHOM AST....................

TOJIKISTON FAQAT YAK FARZAND DORAD??????????????????????/

BOZ TOJIKISTON HAZORON HAZOR FARZANDONE KI BONOMUSAND

VA KHOBI SHUMORO DAR TAMOMI UMRATON AZ SARATON GUM MEKUNAND????????????????

TO HOLO HAM AZ VAZORAT TO SAFORATHORA GIRIFTA SAGHOYATON KHUROKE

MEKHURAD KI TOJIKI BECHORA ON KHUROKRO SOLHOI SOL NAKHURDAAST.......


13 Сабох  
0
Азизон!
Ман Додочонро хуб мешиносам.
Аз замони донишомузияш.
Хануз он замон у чунуне дошт.
Ва сахт озодандеш буд.
Бисёр хулиганмаоб буд.
Басо устодонро ошкоро дашном медод, аз дарсхо мегурехт, прогулчии ашадди буд.
Сокини майхонаву тарабхонахо буд...
Ишкварзи мекард бо бехтарин чононахо.
Падараш бисёр давлатманд ва сахи буданд.
Додо аз як вазир дар як мох зиёд пул сарф мекард.
Бо муди охирин либос мепушид. Авваллин чинсхои гаронбахоро у мепушид.
Вокиан духтарон уро дуст медоштанд.
У хар руз ба як духтар достони ишк мехонд.
Баъди як чанчоли сахт бо Сохиб Табаров варо аз донишгох ронданд.
Баъди соле ба маскав рафт ва дар МГУ тахсилашро давом дод.
Аз Маскав чун баргашт, дар журналистикаи точик инкилоб андохт.
Сарлавхахо...титрхо...рубрикахо....мавзуъхое пайдо шуданд, ки асосгузорашон Додочони Атовулло буд.
Даххо, садхо журналистон баъдан ба у таклид карданд ва мекунанд.
Инак, 17 сол боз Додочони Атовулло дар Точикистон нест.
Ман хам дигар уро надидам, вале мешунавам,ки мисли пештара боки мондааст.
Сарбаланд, богурур, озодандеш.
Ман орзу дорам, ки уро президенти Точикистон бубинам.
Варо дар Аврупою Амрико мешиносанд.
Дар Россия ва Осиёи Маркази сахт машхур аст.
Мухим аз хама халкашро дуст медорад!
Хеч кас чун у дар рохи озоди ва сарбаландии миллат мисли у азият надидааст.
Зихи Додои азизи ман!

12 Шероз  
0
Ба Юнусчон гуфтаниам,ки тарафдорони Ватандор ва Додочони Атоулло аз нисф зиёди Точикистонро дарбар мегирад,шояд шумо низ ба сиёсати ин марди часур хамрох шавед ва дастгири кунед? Аз суханонатон бар меояд,ки хамчун мансабдор ба такдири Точикистон бетараф нестед

11 GHARIB  
0
NIGORA BEHUDA RANJ NAKASH TOJIK IN GAPORA NAMEFAHMAD

AGAR MEFAHMID OTAKHON LATIFIRO HIMOYAT MEKARD...........

E VAY HAM TERRORIST BUD??????????

UNUS TU CHI MEGUI DAR BORAI MARGI LATIFI KI AZ BOLOTARIN MANSAB

BAROI BA DARDI MARDUM RASIDAN DAST KASHID......


1-10 11-20
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz