ВАТАНДОР
Чумъа, 19.04.2024, 18:16
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Октябр 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Октябр » 22 » Истеҳсолот фалач, мардум қашшоқ, президент фалаксаройи мекунад
Истеҳсолот фалач, мардум қашшоқ, президент фалаксаройи мекунад
22:34

Таърихи Точикистон дар умраш, ҳатто дар давраи зери асорати турктабору дигартаборҳо буданаш ин гуна сарвару пешвои ноаҳлро надида буд. Ягон сарвари ягон мамолик гуруснагиву қаҳтй, бекориву муҳочирату фалач шудани корхонаҳои истеҳсолиро монда, мисли президенти Точикистон танбурнавозй намекунад.

 
Ба суханронии Раҳмон дар ин чашни фалаксарой, ки дасти кам 10 тан меҳмонон аз Афғонистону Ирон ташриф оварда буданд, касе зеҳн монда бошад, Раҳмон ваъда кард, ки соли оянда чашни фалаксароиро чун озмуни байналмилалии фалаксарой хоҳад гузаронид. Меҳмонон аз дуду наздик хоҳанд омад. «Мурдаро монда тутхурй» барин соли бузургдошти Имом Аъзамро як су фуругузор мекунему ба фалаксарой медароем. Ватандорони ман, хоҳишмандам ин гуфтаи Эмомалй хонро ба хотир дошта бошед. Бо ин ки бучаи кишвар ҳатто ба таъмини як солаи як ноҳияи кучак намерасад, чунин президент пулро чошу пош дода, бо даъвати меҳмонони хоричй озмун гузарониданист. Қарзи берунии Точикистон домони 2 милёрд доллар аст, ки ба ҳар як сокини ин кишвар анқариб 3200 долларй рост меояд. Дар ҳолест, кудаки навзод, ки дунёро ҳануз 2 дақиқа нафас кашидаву аз раҳми модар чудо шудааст, президенти шумо-ватандорони ман ба гардани ун кудаки маъсум 3200 доллари рочиуннақдро чун «Қарз ба қиёмат намонад»-гуён бор мекунад.
 
Гумон накунед, ки ин қарзро президент аз кисааш медиҳад. Дар бонки Шветсориё зиёда аз 10 милёрд доллари чаноби Раҳмон ба пусидан наздик шавад ҳам, як тинашро барои Точикистон сарф карданй нест. Онро ману шумо бо хунбаҳои дарёфтаҳои пули муҳочирату мардикориву ғуломиву бардагй хоҳем пардохт. Онро мо дар ивази хунҳои рехта дар кучаҳои Маскаву Петербург аз дасти сартарошидаҳои рус, хоҳем баргардонид.
 
Раҳмону як касб: садақапурсй! Ба кишварҳои араб сафар кунад, дарҳол суфии соф аз худову расул ва тибқи шариат аз одоби ҳамсоядорй ҳарф мезанад, то ягон майдаҳаке садақа биканад. Ба номи Точикистон, ба коми… Худованд шоҳид. Аммо дар асл, на худоро мешиносад, на худашро.
 
Агар ба кишварҳои демукросй сафар анчом бидиҳад, ҳатман аз қонуну волоияти озодии инсони чомеаи демокративу садҳо беҳмадони дигар. Аммо дар асл, тамоми озодманишу озодандешон аз як сар нобуд кард, ҳадди ақалл бадарғаву ҳабсашон бахшид.
 
Даҳ милёрд пули президент, ки аз ҳисоби «меҳнати шабу рузй»-и уст, бо 2 милёрд қарз соф мешавад, бо 5 милёрд ниругоҳҳои обии барқи комилан сохта ба истифода дода мешавад. Агар у ба шарте, ки мард барин дилаш ба кишвараш месухт. Аммо ҳайҳот…
 
Ин аст президенти Точикистон, ки ба чуз фалаксарой дигар коре надорад. Заводу фабрикаҳое, ки Точикистон дорад, баъзе аз ҳамсоякишварҳо надоранд. Бадии кор дар он ки тудаи бародарону хоҳарон сари онанад. Дастрасй ба даромаду фойидаи ин корхонаҳо танҳо ба як ду нафари калидй тааллуқ дораду бас. Дигар ҳич кудоме ҳуқуқи соҳибмулкй надорад.
 
Боз чанобашон фалаксарой мекунанд. Ватандорони арчманди ман, ҳамдиёрони азиз, нагуед, ки Ватандор ба фалаксарой-ҳунари волои миллии қадимй арч намегузорад. Охир ба шиками гуруснаи кй думбраву танбур мефорад? Ба муҳочири бепаноҳи беҳуқуқ? Ба маризи бепули қашшоқи як тин ҳам барои табобат ёфта наметавонистагон? Ба нафарони озодандеши дар бадарға? Ба кй?
 
Маълум, ки шиками ин туда сер аст, гулуяшонро равған гирифтааст. Бе шак танҳо ба гуши ин гуруҳ фалак мефорад. Дигар ҳеч кас. Пас дар тақлиди президент Раҳмон фалаксарой мекунем.
 
Дар пасманзари ин фалаксарой танҳо ҷисмҳои равғангирифтагонро дар рақс хоҳем дид, ки дастонашон то оринч ва пояшон то зону ба хуни муҳочирон тар аст. Тар не, ғарқ аст. Ин ғарқи рақсу ғарраи пулу мол, буйи хун мекунад. Буйи хун!!!
Просмотров: 3854 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 3.9/16 |
Всего комментариев: 111 2 »
11 stacy michael  
0
Салом,

  Оё шумо барои гирифтани қарз корӣ, қарзи шахсӣ, қарзи хона, худкор ҷустуҷӯ
  қарз, қарз хонанда, қарз ба таҳкими қарз, қарз unsecured, корхонаи
  сармоя ва ғ ... Ё ки ту қарз аз тарафи бонк ё ягон молиявӣ рад
  муассисаи барои як ё якчанд reasons.You дар ҷои ҳуқуқ барои доранд
  ҳалли қарзи худ!
  Ман як қарздиҳанда хусусӣ ҳастам, ман ато қарзҳо ба ширкатҳои ва шахсони алоҳида дар
  фоизҳо паст ва дастрас
  Меъёри аз 2%.
  Манфиатдор? Тамос бо тавассути почтаи электронӣ michaelstacyloancompany@gmail.com барои пайравӣ то коркарди қарз ва
  интиқол дар давоми 48 соат;

  ТАТБИҚ тафсилот

  ном
  Санаи таваллуд:
  гендерї:
  Аҳволи оилавӣ:
  Нишонӣ:
  Шахр:
  Давлат / вилояти:
  Индекси почта / коди почта:
  кишвар:
  телефон:
  E-почтаи электронӣ:
  Мақсади давлатии қарзӣ:
  Қарз Маблаѓ:
  Қарз ва анљомёбии лоиња:
  Даромади моҳонаи холиси.

  Баргаштан ба ман ҳарчи зудтар бо маълумоти дар боло зикргардида барои маълумоти бештар.
  Ман умедворам, ки аз шумо мешунавед.
  мавриди
  CONTACT ба мо

Майкл stacy

10 rustam  
0
durud bar vatandor... marg bar emomalii ramon...

9 Джаббори  
0
Мехохам каме равшани дарорам дар оиди карзи давлати Чумхурии Точикистон, ки ин мусибат мебошад барои мардуми точик. Дар соли 2005 карзи давлати зиёда аз 650 млн доларро ташкил медод, вале бо сабабхои номуайян аз соли 2005 то 2008 дар муддати 3 сол карзи давлати думаротиба афзуд, ки зиёда аз 1млард 300 млн-ро ташкил дод. Худованд медонад дар ин муддати 1 соли охир чи ахволаст. Суханони Ватандор барои ман хамчун сухани ватандуст, патриот, демократ, ва мусальмони хакики менамоянд.
Ин як мусибат аст вакте Муродхуча мегуяд "Он чи дар бораи карз мегуянд ки бештар аз 2 миллиард шудааст, ин як гапи кучаги аст. Бубинед давлатхои ба мисли Аргентина ва дигар давлатхо то 100 милиард карздоранд аммо ягон гап нашудаст. Шукронаи Худованд ки дар ин муддат яъне 18 соли истиклолият хамаги карзи мо 2 миллиард асту бас." ин худ суханони ахмакист-кудакист. Зеро мо дар ягон махал кувваи: шерро ба курба дар бокуввати; аспро ба гусфанд дар давидан; профессорро ба мактаббача дар илм; эшони Нуриддинро ба Мухаммади салафи дар дин; ва инчунин Аргентинаро ба Точикистон дар доираи экономика ва политика баробар карда наметавонем. Агар баробар кунем ин нишонаи ахмакии мост.

8 SaDoVnIk  
0
Муродхуча, Холис ва Ватандор !!! Баъди хондани он чизе ки шумо нашр кардед, хандаам дучанд шуд... Вокеан Муродхуча шумо корманди чи гуна агнетии чосуси хастед?! ба кадом "служба" - алока доред?! ШУмо чи Холис?! Бовар кунед ранги кудак харф задед?! Ана ин ханда ба шумо аз чониби СУХРОБ такдим biggrin biggrin biggrin .... Шумо чаноби Ватандор аз ин тухфа хам бахравард гаштед?)
Акнун чидди бояд шуд! Чи хеле ки каблан дар дигар чо гуфтам ман на кулобияму на дангараги ва на дар хукумат кор мекунам. Чаноби Атовуллоро бештар аз дигарон хуб мешиносам вакте ки дар КОМ (Комиссияи Оштии Милли дар утоки Хочи Акбар Турачонзода мисли тортанак тор медод) буд. Ун вакт ман бачаи 20 сола ба хар сухани онхо бовар мекардам. Акнун аз байн 9 соли дигар сипари шуд, ман хам каду коммат кардам ва сохиби фикру акидаи худам шудам.
БАРОДАРО бовар кунед хизмате ки чаноби Оли Эмомали Рахмон нисбат ба халки ТОЧИК кард, хатто БОБОЧОН ГАФУР, САДРИДДИН АЙНИ, МИРЗО ТУРСУНЗОДА ва дигарон накардаанд. яке аз хизматххои бузурги ин ШАХС ба хам овардани халки точик буд. Мо вакте дар Афгонистон будем ва дар марказхои машки машк мекардем, дар фикри сарагун кардани ин ШАХС будем, Бале ШАХС ба харфи калон. Шукронаи Худованд мекунем ки ба ин ин амали зист муяссар нагардидем.
БарОдарон Шукронаи Худованд имруз мо аз дигар давлатхо бехтару хубтарем. Он чи дар бораи карз мегуянд ки бештар аз 2 миллиард шудааст, ин як гапи кучаги аст. Бубинед давлатхои ба мисли Аргентина ва дигар давлатхо то 100 милиард карздоранд аммо ягон гап нашудаст. Шукронаи Худованд ки дар ин муддат яъне 18 соли истиклолият хамаги карзи мо 2 миллиард асту бас.
Валейкум салом ва рахматуллохи ва барокотух"

7 MUHAMMAD  
0
Салом хамватанони азиз!!!!!!!!!!
ман як донишуи точик дар хорич аз кишвари азизам дарс мекхонам. ва он чизхое ки мо дар кишвар мебинем шумон мардуми азиз наметавонед бубинед. чун мо аз ватан дур хастем. хар чи кадр аз як предмет дур боши он предметро хубтар метони бубини! пас мо кишварро хубтар аз шумон мебинем.
мардуми азиз холо сахтихо дар пеш аст!!!!!!!! КИШВАРИ МО ЯКЕ АЗ КИШВАРХОИ БАДБАКХТИ ЧАХОН АСТ!!!! дар холи хозир.. мо бояд як фикр кунем барои ояндаи худ ва фарзандони худ. Чноби Олиям ки бо кору зиндагии худ машгуланд ва факат дар фикри манфиати худ хастан инро хама медонанд ва ин куллан возех ва равшан аст. ОН ЧИ КИ МАъЛУМ АСТ НИЁЗ БА БАЁН НЕСТ!!!!!!! ман дар поён як савол дорам аз хамватанони азиз!!!!!!!!
ПАС БОЯД МО ЧИ КОР КУНЕМ КИ АЗ ИН БУХРОН НАЧОТ ЁБЕМ???????????????????

6 Киёмидин  
0
Ватандори азиз ман ба андешаи бародари Холисчон тарафдорам,кайхо вакти амал кардан омадааст.
ба Ватандор ёдовар шуданам,ки фармудаанд
" Илмат ба амал чу ёр гардад,
Кадри ту яке хазор гардад."
Дар панохи худо бошед Ватандори часур

5 Холис  
0
Ба Муродхуча
Хак чониби шумо лекин барои якчоя чамъ шудану ба Душанбе рафтан мугулро чаппа кардан Лидер бояд рохнамои кунад.Кучост охир хамон марди часуру дилсуз?ба Душанбе бо ки хамрох равем?Дават Худойназар, Абдулочонов, Додочон Атоулло,Шодмон Юсуф ва дигару дигарон чаро даъват намекунан?Охир халки ба чон омада аз паси ки равад?
Мегуед,ки Ватан тамом шудааст чи мешуд барои чаппа кардани харомзодахои мугул рохбар пешниход мекардед Халки азияткашида бо чону дил паванди мекунад!!!

4 Муродхуча  
0
Чи акида? Акида як то хама чамъ шуда ба Душанбе баргашта, харомзодахои мугулро чаппа кардан.Тамом!
Ватанат тамом шудаасту, акида мепурси?!

3 vatandor  
0
Холиси азиз, дуруд.
Аз эроди Шумо шодам, аммо шахсан шумо ба мо мепайвастед? Ва хар тавре, ки фикр дар сари Шумо ояд, хамин гуна дигарон низ андеша доранд. Медонам, ки бе гуфтан намешавад, аммо танхо бо гуфтан хам аксар вакт гавхари максуд ба даст намеояд, ки хак чониби Шумост. Ку марди часур? Курбони часуронам.
Медонам, ки кулли кишвар интизори онанд, ки аз берун касе меояду ба эшон зиндагии хубро фарохам месозад. Ин галат аст, харчанд кушишхои зиёди баръабас аст. Манзур ин ки гуё бояд митинг аз буруни кишвар бишавад, аммо то дар дохил хама бедор намешаванд, ин кор мугойири вазъи имрузии Точкистони азизи ман аст.
Ба мо мардуми бедор заруранд.
Аз сар задани Шумо ба ин сомона хушхолем. Пайваста бинвисед, мо низ ба машварати ватандорони дар ватанбудаву бурун аз марзи ватан ниёзмандем.

2 Холис  
0
Хуб мешуд агар Ватадор ба чои навиштану-навиштан харчи тезтар дар атрофи худ халкро муттахид карда барои пешгирии ин фалокат чора меандешид.Ба рости ягон харакати хизби Ватандор оиди дахолат кардан ба хатогихои хукумати имруза ба чашм намерасд.Умуман худи Ватандор хамчун хизби мукобил чаро танхо эрод мегираду халос? Шумоён умуман ягон акидаи худро пешниход кардани хастед?

1-10 11-11
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz