Арчмандони ман, дерест, ки дари бози ин даргаҳи хоксорона кулбаи қаландарона бе мизбон дарёфтед. Дерест, мо ки мо суҳбат надоштем. Гуё дерест, ки ватандор наменависад. Гуё бо таъбири бархе бо Ватани азиз нестем. Аммо гуё…
Хоҳиш мекунам ба бахши сарлавҳа диққат фаро диҳед. Аз он рузе, ки ин сомона дари хеш боз кард, шумо чй дидед? Дуруғ, буҳтон, дард, ҳақиқат, ватандориву ватанпарастй ва ба ибораи баъзе ватанбезорй? Ватандорони ман, шумо соҳибмансабед, аробакашед, точиру соҳибкоред ва ҳар чй касе ҳастед ва ба ин пурсиш ҳар гуна посухе менависед, ҳуқуқ доред. Ин ҳуқуқи маънавии шуморо касе поймол карда наметавонад. Шумо ҳуқуқ доред, аммо бо риояти қатъии одоби муошират. Хоҳиш мекунам.
Медонам, кй чй менависад. Медонам, ки кй чй мехоҳад. Ҳаволаи виждони ҳар кас суйи Халлоқи Якто. Ҳар туҳмате ба мо бастанд, мустазъафем, рузи чазо ҳисобу китоб ба дасти Суди Олии Якто, ки супергенпрокурорҳо низ он руз ҳузури Қозии охират бо ҳазор тангнафасй шикастаболй «отчет» хоҳанд дод. Президент Раҳмону Бобочон Бобохонову Эшони Нуриддин Ватандор низ. Ҳама аз уем.
Ман дар бахши «Назаргоҳ»-и маводи гузашта хеле таваққуф кардам. Андешаҳои бисёр бедору баъзан мунҳариф маро ҳар бор такон медоданд. Дилу чонамро баъзан ғалаён мебахшид. Баъзан руҳи маро шикаста ва баъзан даруни синаро фишурда мегардонид. Бо вучуди ин Ватандори шумо бо сабри дандоншикан ҳамаи инро ҳар руз хонд, дар хеш ҳазорон бор мурду боз дар хеш аз нав эҳё шуд. Ба хотири фардои Ватан, Миҳани муқаддас чун Байт-ул-муқаддас!
Ва воқеан баъзан ҳатто ба худ суол медиҳам, ки ман ба ватандорони худ чй дода метавонам? Эшон аз ман чиро мунтазиранд? Чй мехоҳанд? Бархе гуфтаанд, безор аз мову пулҳои хоричие, ки моро гуё «маст» кардаанд. Баъзе гуфтаанд, ки аз мо митингро мунтазиранд. Аксар бар онанд, ки марҳилаи гуфтан бас аст, кунун вақти амал аст. Аксарият вақт нафарони мушорики бахши «Назаргоҳ» бо ҳам руйи авроқи сапед муштугиребон ҳам мешаванд. Баъзан мо мачбур мешаем, ки музахрафоту фарти ҳақорат ва ҳамоқатро ба хотири покизагии олами маънавии ҳамдигар аз ин дукон бирубем. Ба ин гуна навиштаҳо низ бо таҳаммул минбар додем.
Ҳамаи ин такон як тараф, такони аз ҳама бузург бароям ин буд, ки бародаре бо номи Зуҳал менависад:
«5. Зухал
Худоё чаро ин марум пайваста дар талоши мансабанд, ВАТАНДОР-и азиз магар Шумо боз мехохед ки хуни хамватанонамон резанд? Наход чанги шахрванди ки хазорон нафарро бо рохи фиребу найранг ба коми марг кашид бас набуд? Магар то хол Шумо ташнаи хунед?»
Ин навиштаашро ман таҳрир накардам. Шумо хонандагони бисёр қадрманди ин даргоҳ шояд ин навиштаро қаблан хонда будед. Шояд ин замон Зуҳали азиз низ ин навиштаашро дубора бихонад ва ба таҳайюр уфтад, ки як навиштаи у Ватандорро ба шур овард. На ба худо на!
Аммо инсоф! Танҳо як суолаке: Чаро дарбеҳи ночаспони «Магар то хол Шумо ташнаи хунед?»-ро ба мо мечаспонед? Шояд дар мағзи ту ҳамон ақидаест, ки солҳои 90-уми садаи гузашта бошад. Шояд то ба ҳануз дарк накардай, ки чанги наҳс хосту рағбат ва ормони точик набуду нест ва нахоҳад буд. Моро бо дастони худамон ба шуру ғавғо андохтанд. То ба ҳануз мо луъбатакони чанд луъбатбозем. Аммо инро дарк намекунем, дидан намехоҳем. Ҳарчанд дар баҳси ахири ин сомона худ шоҳиди он гаштй, ки то чй андоза чавонони мо ғаюру часур, аммо хонашеру майдонғарибанд. Бале майдонғариб. Ин даъват ба чангу хунрезй нест, валлоҳ, ки даъват ба халал ворид кардан ба осоиштагии миллати азизам нест. Ин ҳақиқат аст, ки мо намехоҳем варо бишнавем. Намехоҳем будонем, ки Точикистон кайҳо аз они як ду оила шудаву мо муҳочиру муғойиру мусофиру…. ҳастем. Кайҳост, ки Точикистонро аз мо рабудаанд. Моро бе мо намудаанд. Саршиностарин афроди мо имруз лаззати ғурбат мечашанд. Бекаллатарин ва кадутарин афрод дар дохили кишвар кайфу сафо доранд ва бо барқу гази доимй вофиру бархурдоранд. Ин аст, ки мо боз меболему аз қисмат ризостем, ки чаноби олй бугзор ду се даҳсолаи дигар салтанатронй бикунад. Ба ҳама соата сафсатаву тамаллуқи симову садоҳои лаганбардори ҳукумат одат ва ҳатто бе ин гуна тамаллуқҳо наметавонистагй шудаем. Ақли моро ин симоҳои ЭмомалйТВ зойил кардааст. Инак, боз пайдо шудааст, Сафвату Сайёф, ки тутиёни дарборанд. Гуё бо мардум, аммо безор аз манофеъи мардуманд. Шиори пучу лучу бешармонаи МЕТАВОНЕМашон ҳама руза таърифу достони президенташону латмаи муҳлик алайҳи аҳли дин ҳаст. Агар Аҳмади Иброҳим корманди амният набошад, руйи ман туф кунед. Сайёфу Аслидину боқй ҳамаашон низ. Маҳз бо усули «советй» бо дастони Аҳмад, ки худро аз авлоди эшонзодаҳо метарошад, сияҳномаи Эшони Нуриддинро ин ҳукумат навишт. Дигар ҳеч чиз. Агар моро ба зархариди хоричиён муттаҳам мекунанд, эшон зархариди ин ҳукуматанд. Аллакай ба домашон нафарони зиёдеро уфтонидаанд. Воқеан тавонистаанд. Аммо манзили руйи ях дер напояд. Ин сулолаи Данғитиёну тудаи табақлесонаш низ.
Бори дигар, биёед рушод ҳарф бизанем, биёед чеҳраи аслии хеш бубинем, ман низ аз рустшавакон дилбазан шудаам. Ватандор ба шумо чй дод? Бори дигар, танҳо дар доираи чаҳорчубаи одоби муошират.
Боқй дигар ману дардҳои ман, агар шумо бо ин дард нестед, шумову гипнози тавсифҳои чаноби олй.
|