ВАТАНДОР
Шанбе, 20.04.2024, 12:53
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Декабр 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Декабр » 15 » Гуфтан бас аст, вақти амал расид
Гуфтан бас аст, вақти амал расид
21:54
Мурочиатнома ба ҳаммиҳанони гиромиву азизу хору забуну бадбахту хушбахту лолу забунам!
 

Бо вучуди он ки бо имони комил рузи 16 декабр ба фурудгоҳ меравам, метавонам гуям, ки паҳлуйи ман бародарони арчманди ватандорам чамъ хоҳанд омад. Бале мо чамъ хоҳем омад, аммо ангуштшумор. Нафароне низ аз дуру бар ба ин манзара тамошо хоҳанд кард. Бовариашон нахоҳад омад, ки баъд аз митингҳои соли навадум наход ба точикон, ба вижа ба чавонон Худой ниру бахшида бошад. Гуянд, ки «наход бори дигар часорати родмардии рустамонаро ин чавонон нишон бидиҳанд?» Бале, аз дур тамошо хоҳанд кард, то дар ин фурсати муносиб ба мо бипайванданд. Ҳануз бовар ба он доранд, ки бо ин режим мубориза аз об нақше тарошидану гови нар душидан аст. Бале, фисади қишри чомеъаи хару забуну шурбахти ман, бовар надоранд, ки нируи худовандй ҳамеша бо мост. Аммо онро дарк бояд кард!!!

 
Аксарият дар бахши «Назаргоҳ» он чи ки хостанд гуфтанд. Дарк мекунам, мефаҳмам, ки аз алам гуфтанд, гуфтан бас аст гуфтанд. Ба номи Худое, ки  чунин бадбахтиро насибу рузии точикон гардонидааст, аз ростй гуфтан ба дили ману ёрони ман ва ҳаммаслакони ман задааст. Эълом медорам, ки минбаъд гуфтан бас аст, ҳангоми амал кардан фаро расида. Мо ба амал мегузарем!!!
 
Холиси азиз, ман ба таъриф ниёзманд набудаму нестам, ситоиш мар Худойро, ки таъриф варо зебост. Вагарна дар сурати таърифпараст буданам, шахсияти хешро ошкор мекардам. Ин ки чунин навиштаи, маро ғамгин месозад, албатта, меҳри ватандории ту маро водор мекунад, ки ба ту ва ту барин ватанпарастон руйи ниёз биёварам. Биё як мушт шавем!
 
Бародаре бо тахаллуси «Мусофири беқадр» дили маро реш кард. У воқеан ҳақиқати ҳолро мегуяд. Имруз агар насиби Салоҳиддини азиз, ки дами табари русҳо шуд, пагоҳ навбати ману туст. Ман навиштаи туро намедонам, ки карати чандум мехонам, руямро сиришк мешусту пеши чашмамро мегирифт. Зинда бошй додари азиз, ману ту яктоем!
 
Беҳрузи гиромии ман! Муносибати ману ин палидони кремлбадаст, ҳеч рост набуду нест. Ман аз Путину Медведеви хирсзодаву ҳаромзодаҳои рус ҳазорон маротиба безорам. Напиндор, ки муносибати ману ин разилон, ки ҳамеша дар пайи дастгир кардани ману ман баринҳоянд, хуб аст. Ман бо эшон ҳатто гуноҳамро дареғ медорам. Тфу, бар чунин халқи касифу разил, ки соғари хештан бо хуни ватандорони ман пур мекунад.
 
Мамнунам аз бародари ватандорам Рустам-сардабири Андеша, ки беҳтарин навиштаҳояш бо мову ватандорони мо буданду итминон дорам, ки боқй хоҳанд монд.

Ба ҳамаи шумоён, ки дар Назаргоҳ фикру ақидаи худро гуфтед. Изҳори шокирии  хешро мерасонам. Бо вучуди он ки дар ашколу намуди мухталиф, дар ҳалимиву ҳақорат, фасоҳату қабоҳат ақидаи хештанро руйи дари ин сомона рехтед. Бори дигар шукргузорам.

 
Мо чамъ меойем! Бигзор инро ҳукумати оилавии Раҳмон бидонанд. Бигзор аз ҳамин руз сар карда, мақомотҳои муҳофизаш кор бикунанд, алайҳи ватандорон бишуранд. Бигзор дар ин асноъ хуни ман зери пойи ватандорони азизам бирезад. Бигзор бирезад!!! Аммо ин ҳукумат дониста бошад, ки мо ба чанг намеравем, бигзор ин давлати қасри руйи ях дарк бикунад, ки мо хунрезиро намехоҳем. Мо танҳо лаззати озодиро чашидан мехоҳем, мо ҳуввияти хештанро эҳсос кардан мехоҳем. Мо бори дигар мехоҳем бидонем, бардаву ғулом нестем. Мо бояд бидонем, ки агар имруз аз тири ҳукумати Точикистон битарсем, албатта моро рузе тири руси худозадаи беэмон хоҳад кушт. Пас хулоса ин аст, ки агар имруз бо чунин марги муфочои ичборй мубориза эълон накунем, пагоҳ моро боз садҳо резиши хун дар мулки ғарибй дунболагир аст. Марг ҳатмист, чаро аз у битарсем? Биёед ба хотири фардои фарзандони хеш Салоҳиддини ғурамаргро дар рузи вопасинаш ҳамроҳй мекунем. Агар ин ҳукумат натавонист, ки халқи азиятдидаи хешро ҳамроҳй бикунад, пас бо чашмони қойил бубинад, ки ин халқ МЕТАВОНАД ҳамроҳи ҳамдигар бошад. Бигзор бубинад, бигзор пахтаро аз гуш бикашад.
 
Ватандорони ман! Намедонам ин шояд навиштаи охирин ман бошад. Шояд он руз маро дастгир бикунанд ва шояд тири нохалафи эшон ба сина бихурам ва шояд пештар аз ин ҳамойиш маро аз Шумо рабоянд. Аз ин хотир, мурочиатномаи расмй чунин аст:
Агар шумо воқеан эмон доред, воқеан ин ҳалқаи бардагиро аз гардан гирифта партофтан мехоҳед, ба мо бипайвандед. Чойи чамъшавиро ҳамаи шумо медонед. Ба хотири фардои рушани фарзандони Точикистон, ба мо бипайвандед. Агар дар ин тачаммуъ 10 нафарро дидед, пас яке манам, агар як касро дидед, пас донед, ки як ватандоре дар орзуи часорати рустамонаи рустамзодаҳо дар ҳузури чашмони шумо асир шуду шумо ҳатто аз чой чунбида натавонистед. Аз дасти шумо ҳич коре наомад. Бидонед, ки на танҳо 17 сол, балки якумр ҳамин гуна шумо ҳамдигарро муттако шуда наметавонед. Бидонед, ки ҳамин гуна нони ғуломй хурда мемиред!!! Бидонед, агар шумо низ мисли ҳукумататон пунба дар гушед, ҳамин гуна кару гунг мемонед! Ман ба шумо озодиро кафолат намедиҳам, тавре як ду нафар дар назаргоҳ гуфтаанд, ман президентталош нестам. Маснади президентии ман, ин аст, ки дар сари қабри модари азиз, бо дили пурсурур аз ояи Қуръони мачид бихонам ва гуям, ки «Модаро, бародарони ман-ватанадорони ман пируз шуданд» ҳамин мансаб бас аст.
 
Ин орзуи ман аст, ки тули дуриву муфориқати хештан аз Ватани азиз, ҳатто сари қабри модар нарафтаам. Ба ман зиёрати мазори модар шарафмандтарин курсии мансаб аст.

Мо набояд, дар тачаммуъ афзалият ё бартарияти худро нишон бидиҳем, мо ҳама баробарем. Мақсади мо резиши хун нест. Мақсади мо оромист, фардои шукуфони Точикистони азиз аст.

 
Бигзор мақомоти Точикистон бидонанд, ки нақшаи ҳамойиши мо чи гуна аст. Бигзор бидонанд, мо ягон гуноҳе надорем, ки аз эшон битарсем. Қадами дуввумини мо сафоратхонаи Русиё хоҳад буд, мо пиёда раҳ хоҳем паймуд. Аз он чо рост роҳи марказй-ру ба руйи қасри чаноби олй. Талаби мо як аст: САЛОҲИДДИНИ ЗИНДАИ ВОҚЕИРО БА МО БАРГАРДОНАД! Агар натавонад…
 
Азизони ман, бидонед, ки мақомот аз ману шумо ҳам пештар сари коранд, шабу руз дар ғами ҳифозати дубури чаноби олияшон ҳастанд. Аммо мо ҳатто намегузорем, ки ҳатто хуни нафаре аз ҳукуматиён ҳам бирезад! Мо бояд сари мизи музокирот бишинем. Дар ҳузури тачаммуъи халқ. ОШКОРБАЁНЙ!!! Эшон ҳар чи мехоҳанд бигиранд, мо ризостем, аммо талаби моро қонеъ бикунанд. Дигар гуфтание нест.
 
Инак, рузи 16 декабр мо намози бомдодро дар фурудгоҳ мехонем!!! Мо ҳисси бародариро дер пояи тобути чавони ғурамарг имтиҳон мекунем. Чавони гулгункафане, ки ҳукуматаш ба у натавонист, ки ноне ёфта бидиҳад, чавони марҳуме, ки дар талаби рузй дур аз ёру диёр шуду дар тобути оҳанин омад. Аз бародарони дохили кишвар ва бурунмарзи Точикистон ошкоро талаб мекунем, ки ба ин амали хайр мусоидат бикунанд.  Ҳар киро имону хуни мардист, ба пешвози тобути бародари ҳамхунаш бишитобад.
 

Ватандорони ман, шуморо ба паноҳи исмати Аллоҳ месупорам. Минбаъд ҳар чи ин чо менавсед, бепосух хоҳад монд. Зеро мо ба амал мегузарем. Гуфтан бас аст.

 
Бо умеди дастгирии ватандоронаи Шумо, Ватандор.
Просмотров: 2615 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 3.0/6 |
Всего комментариев: 161 2 »
16 Ном  
0
Илтимос масалаи таржимаи маколахоро ба забони руси дида мебаромадед.
Барои ки забони точикие ки шумо истифода мебаред ба хамаи хамватанони Чумхуриямон пурра фахмо нест.

15 maslihati barodarona  
0
Banomi HUdo
salom badan gushkun vatandor !!!
ikadar gaybat nakum medonum ki tu mahalchii agar turam sari kudrat biyoi hammai heshutaborota miyoruvu tojikistonro ba uzbakiston tabdilmedihi !!fahmidi naguy ki ma heshi rahmonov hastum ne ma fakat holisona gapmezamum mara bapul yo bazur kase nahaidaast balki mahudum megum hakikata ! yo notugri guftum javob navis ! Tuyam prizidend shavi hamiheli mekuni!!!! az inka tankida rohi hali iktisodi fikrkunu marduma omuzon ok? har guftani ziyod budu vakt kam haminashbasast odami baaklda . okilonro yak ishora !!!

14 Adolatkhoh  
0
salom.mayzarat ki shoyad nazari mo nisbat ba shahsiyati eshon ishtiboh boshad ,vale to joe ki man fikr mekunam ishtiboh nest.
Na movu na man hasti!in movu maniho chist?!
Dandon zada bar dandon,dunivu daniho chist?
Har chi ba dahan oyad na zebi sukhan oyad.
Dandoni farosat ku? in SAGDAHANIHO chist?

in misraho moli USTOD LOIGI SHERALI ast.ki eshon bo dardi hamin millati badbakhtu dar zeri zulmu sitami hameshagi mondam bo dili purarom az dunyo dar raft.man tahlilgar nestam va hag ham nadoram hamchunin harfhoe rui in misrayho gufta bosham.vale dar baze mavridho meshavad agidai kheshro bo tahlili shakhsii khesh bayon namud to joe ki asliyatash hast.ustod hagigatan durust gufta bud.va imruzho man muytagid baron shudam ki biguyam.

NA MOVU NA MAN HASTED IN MOVU MANIHO CHIST?!!!!!!!!!!!!!!...

chun az DASTI digarho ham HEJ KORE bar nayomad ba gavli mayruf.

dar hameshagi az khudo talabgoram ki khudash bo in raziloni shikamparast va ashkhosi ziddi eshon ki onho ham to joe maylum ast besh az yak TARSU kase nabudaand.in hama harfho ingor ki fireb astu bas.khudash yak kore bisozad.az dasti mo hej kore dar mahvi in razilon hej kore bar nayomad.


13 sibir  
0
МУРДАЯ МОНДА, ТУТХУРИ…
Ба чойи ташкили маросими мутантани гусели тобути чавони сарбуридаи точик, баёни изхорот ва баргузор намудани чамъомади фаврии аъзои диаспора дар робита ба ин ходисаи хунин, Раиси Иттиходи точикистонихои Россия, лагандбардори хукумат Абдуллохи Давлат тарадуди ташкили базм ба муносибати 1 солагии аз чониби Достиев ва Хукумати Точикистон таъсис додашудани ташкилоти худ аст. Гап-гап аст, ки аз хама мантики Россия раисхои диаспора ба ин базм даъват шудаанд то як чо дар Кохи миллатхои Хукумати Москва раксу бози кунанд, шикамсери арак нушанд ва ба Абдуллохи Давлат барои “хидматхои” кардааш, ахсан гуянд. Ин рафтору кирдорро дида, кас гиребони хайрат мегирад, дар Россия низ хаводиси солхои пеши Точикистон-таксим шудан ба гурухи хукумативу гайрихукумати айнан аз руйи хамон сценария такрор шуда истодааст…. Боз точикеро ба точике душман карда истодаанд. Агар, инхо яъне, огои Кароматуллохи Шариф ва Абдуллохи Давлат бо хам мебуданд, якчо изхорот медоданд, реакацияи ин ходисаи хунин Россияро ба ларза меовард…. Аммо, аз он ки боз ду гурух, ду диаспора… хаст, мурдахаки бачаи точик ноаён ба Ваан бурда шуд, хама огох нашуданд. Ин яке гуфту дигаре дигар… Нафратам меояд аз точик буданам, аз мухочири сарсахт буданиям, аз беватаниям…. Ман ноогох мондам. Вагарна, ба фурудгох мерафтам! Ин алам дар дилам монд….
Туф кардам ба хамингуна раисони диаспора!!!!
(сад узр аз хонандаи гироми…)
Шохзод Нурхонов,

12 Шероз  
0
Минбад ба амал чи хел мегузаред?
Ягон таклифи бамаъни доред ё ин ваъдаи холи ба монанди ваъдахои холии Д Атоулло ва Э Рахмони касофат
Тава кардам Худо ба халки мо кай пешои бамънию ростгуйро раво медида бошад?
Пешвохои одил чаро хомушанд? Намебинед ки халки шумо дар азоб аст?

11 Asmo  
0
Дуруд ба хама!!!
Дар хакикат ба фурудгох ба гайр аз хабарнигорони ангуштшумори се нафар пайванди Салохиддини чавонмарг (рухаш шод бод!) дигар касе набуд. Кучост он ваъдаи рахпаймоиву.....эътирозхо...афсус.

10 sibir  
0
Чаноби ватандор, мухтарам Д. Атовулло!!!
Дар сари ЧАРОГИ РУЗ оби шабро рехтед. Ин соманаро низ фурухтед. Дар оянда чи накшахое доред?

9 sibir  
0
Чаноби Ватандор,мухтарам Д. Атовулло!
Мебахшед, Шумо якбор худро ба психиатр нишон медодед. Шояд, кумаке расонад. angry

8 vatandori_javon  
0
afsus ki hamon "guftan"- guftan mond! yagon "amal" ba amal naomad! 15 kas raftiyan furudgoh xalos!!

7 Чамшед  
0
ВАТАНДОР АГАР НОМУС ДОШТА БОШАД ВА ХУДРО ВОКЕАН ВАТАНДОР МЕДОНАД, БАРХЕЗАД ВА АЛАЙХИ ХУКУМАТДРОНИ РУСИЯ БА ХОТИРИ ТОЧИКИ САРБУРИДА НИШАСТИ МАТБУОТИ ДИХАД. ДАР ИН ХОЛАТ МО БОВАР МЕУКУНЕМ,КИ ШУМО ВАТАНДОР ХАСТЕД. ДАР СУРАТИ ДИГАР ШУМО АЗ РАХМОН ХЕЧ ТАФОВУТЕ НАХОХЕД ДОШТ. ЯЪНЕ ШУМО ТАНХО БАРОИ МАНСАБ НИШАСТИ МАТБУОТИ МЕКУНЕДУ ХУКУМАТРО ТАНКИД МЕКУНЕД.
АГАР МАРД БОШЕД КАНИ ДАР ФАРОНСА Ё ОЛМОН ОИДИ ИН КАЗИЯ НИШАСТИ МАТБУОТИ КУНЕД.

1-10 11-16
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz