Ҳануз ба худ намеоям ва наомадаам. Медонистам, ки рузи омадани тобути точикписари чавонмарги аз дунё носер рафта-Салоҳиддин ба истиқболаш шумули ками ҳамватанон мераванд. Инро қаблан медонистам, қаблан медонистам, ки чавонони имруз эмон надоранд, часорати мардй надоранд, миллатгаро нестанд, тарсуву буздилу сусту латтамичозанд. Аз худо наметарсанду аз бандаи худо то чон дар рамақ доранд метарсанд. Медонам, ки агар чаноб-эмомашон бо ваҳшат фармон диҳад, ки зери поям сачда кунед, ба худо қасам, ки ин туда сачда мекунанд. Наузанбиллоҳ!
Тавре, пешгуйии чанд тан бародарони ҳамхуну ҳамзамбони ватандорам қабл аз омадани тобут ба фурудгоҳ, ки гуфта буданд: Ин чавонони мо ҳануз омода нестанд ва часорати комил надоранд. Ман бовар накарда будам. Итминон доштам, ки чавонони имруз аз солҳои навадум комилан фарқ мекунанд, бартарияту афзалият доранд. Аммо ҳайҳот…
Ватандорони ман, Ватандор он руз ба умед ба фурудгоҳ рафт. Чанд тан журналистеро дидам, ки аз пайи омодаи хабар овора буданду ягон нафар фикри митинги мотам дар сар набуд. Ба чуз як ду тан (чеҳраҳои ин ватандорони сарсупурда дар хотираам ҳануз боқист, офарин зинда бошед ватандорони азиз, Точикистон ба чуз шумо ду-се тан дигар марди мард надорад, офаринатон) боқй ҳама дар ғами гузоришу хабару … буданд. Дигар ҳич.
Ана бигзор гуем, ки чавонон ҳануз хоманд, пас он ҳизбҳои сиёсй, ки аз худ ин қадар оппозится метарошанд, кучо буданд? Мурда буданд?
Раҳматилло Зойирови вазирталош замоне, ки дар матбуот овозаву дарвоза кард, ки у хоҳони курсии вазири адлия ҳаст, ку имруз чунин валвалаи у? Оқои Зойиров, шумо на фақат вазир, ҳатто чазири миллат шуда ҳам натавонистед ва наметавонед. Пунбаро аз гуш кашед, аз шумо ба миллати точик мисоли нуги писта ё пучоқе фойида намерасад. Дар ҳоле, ки ҳама интизор доштем шумо он руз меойед, ҳамраҳи чавонон зери тобути точике гиря мекунед. Ҳама чунин умед доштем. Аммо маълум шуд, ки шумо зери пойи курсии вазирй гириста метавонистаеду зери пояи тобути точике не. Хок бар шумо барин сарҳанги як ҳизб! Аз ин руз миред беҳтар аст.
Муҳиддин Кабирй, ки аз вазъи муҳочирини точик бо чашмони худ дар сафари қариби худ дида буд ва чавонтарин вакил порлумону чавонтарин марди донои ҲНИТ маҳсуб мешавад, чаро дар ин руз аз худ ному нишоне дарак надод? Ҳатто телефони дастиаш хомуш будааст. Агар шумо вакили мардумиед, ку он чавоби интихоб кардани мардум, ки замоне ҳангоми маъракаи интихоботй дари ҳавзаҳои интихобиро охурча кардед. То шуморо вакил интихоб кунанд. Марг бар чунин вакил, ки дар рузи наҳстарину бадтарини миллаташ омада як тудаи кучакеро пешвой накард. Марг бар чунин вакил, ки бастани галстукро мансаб мепиндораду кафани печидаи хунолудаи ҳаммилаташро омада дида натавонист. Марг бар чунин намозгузоре, ки ҲНИТ ба у бовар карда курсии марҳум Нуриро бовар намуда биспурдааст. Марг бар ту барин оппозитсионер!
Аз дигар ҳизбу созмонҳо чойи гилае ҳам нест. Аз вузарову кубаро умуман ин чо гила кардан нишони харигариву аҳмақист. Аз президент бошад тамоман аз мурда талабидани чизеро мемонад. Худозадаи Достиев бошад, дар чунин рузи мотами миллат диаспораҳои точик, ки беэмонтарин ва ноинсофтарин афроданд, пиромунаш чамъ карда нушонушй кард. Ба гусели тобут ҳам наомад. Вазир Азизов-бародари марҳум Салоҳиддин дари сафоратхонаро дар Маскав қариб канд, аммо ин хари таппа-тайёр боре садои уро гуш кардан нахост. Латтатарин точик кист гуфта ягон нафар аз шумо чистонвора пурсад, беистиҳола Абдумачид Достиев гуфтан гиред. Хато намекунед!
Азизони ман, аз кй гила кунем? Гиребони киро гирем? Не, гиребонгирй касби миллати точик набуду нест. Касби мо бой додани сару оғуштаи хуну хок шудан дар Русиёст. Мо садқаи митингу ҳамойиш шавем. Мо дар гардан занчири бардагй мурда меравем. Ин сазои сари мост. Аз мост, ки бар мост. Марг бар мо барин чавонону марг бар мо барин ояндаи миллат. Марг бар мо барин ҳизбҳои сиёсиву ҳизбҳои оппозитсионй. Марг бар мо барин вазиру кабиру чазиру беназиру ……
«Мо меброем», «Мо митинг мекунем», «Мо метавонем», «Мо зодаи Рустаму Коваем». Тфу, бар чунин шиорҳо! Мо наметавонем, мо ғулому бардаем. Мо сағиртарин сағирҳоем. Шумо беҳтарин фурсатро аз даст додед, беҳтарин баҳонаро, беҳтарин сабабе, ки худованд барои шумо на чун баҳона, балки ҳадя карда буду шумо онро ба даст оварда натавонистед!
Ба чуз 14 нафар дигар касе дигар дар Точикистон надоштаем, ки ба фурудгоҳ бифристем. Ба чуз 14 нафар ватандорон дигар қаҳрамони милливу халқиву мардумй надоштаем. Дигар меравам аз Точикистон, ин чо тарсу беэмонҳо маскан гирифтаанд. Дигар ҳеч кас. Ба чуз 14 нафар, ки ба фурудгоҳ рафтанд. Дар Точикистон 14 нафар одами зинда будаасту халос. Боқй ин чо водии хомушон, гуристоне беш нест.
PS: Ба онҳое, ки ин чо дар бахши «Назаргоҳ» фикри хешро баъди мутолиаи ин матлаб менависанд.
Ҳар чй мегуеду менависед, худ қазоват кунед, ки воқеан ба таъбири Андешаи Рустам давлати мо на Точикистон, балки ҒУЛОМИСТОН будааст. Агар не, исбот кунед!
|