ВАТАНДОР
Шанбе, 20.04.2024, 05:02
Номгуй

Сабки вуруд

Таквими иттилоот
«  Октябр 2010  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Чустучуй

Ватандорон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Сафхаи аслй » 2010 » Октябр » 18
Ба номи бахшандаи бузург. Дуруд ватандорони ман.
Бовар дорам, ки шумо борҳо ба ин сафҳа сар задеду кулбаи моро бе мо ёфтед. Итминон дорам, ки ба каррот мунтазир будед, ки Ватандори шумо барои шумо кай менависад. Ва ахиран шояду бояд натиҷа бардоштед, ки Ватандор дигар бароятон наменависад. Ватандори шумо низ замоне ба натиҷа расида буд, ки дигар бароятон намегӯяд. Ин замон низ дил мехоҳад, ки дар мунҷалоби торикии сиёсии кишвар ҳеҷе нагӯяму мӯҳри сукут ба лаб бизанам. Аммо маро Садокати азиз таҳрик кард, ашки сӯзони ману ватандорони маро бирехт. Худованд мададгораш.
Ин лаҳазот, ки ин сатрҳоро менависам, сари буридаи ҳамхуну ватандорам Салоҳиддини Азиз ёдам меёяд. Ин асноъ, ки мехоҳам барои шумо чизе иншо кунам, ба хотирам хуни шуҳадои гулгункафани аскарон-ҷавонони азиз, ки дар натиҷаи ҳамлаи ғайримунтазира ба ҳалокат расиданд, чун наштари тезе мехалад. Дарвозаи қалбамро садои гадойзане, ки ҳангоми интихобот ба ҷаноби «олӣ» овоз додааст ва умед бастааст, ки президенташ-Эмомалӣ Раҳмон ӯро аз ҳирфаи талбандагиву бардагиву гадойӣ мераҳонад. Аммо мебинад, ки боз бо роҳи садақа низ рӯзаш зери сиёсати «хирадмандонаи ҷаноби олияш» аз будаш бадтар шудааст. Ба ҳоли ин зан аз дилам хуноба мечакад, ин манзара маро ҳангоми бурдани ангуштон рӯи тугмаҳарфҳо садҳо маротиба дар худ мекушад. Ин замон ёдам миёяд, ки Рустами Раҳмон шервор рӯйи миз аз мастӣ мушт мекӯбад, фарёд мезанад, ки ҳеҷ касеву ҳеҷ гурӯҳе ва ҳатто ҳеҷ худое (наъузу биллоҳ) салтани падари ӯро наметавонад бишканад ... Читать дальше »
Мутолигар: 1607 | Сана: 18.10.2010 | Нуфуз: 4.5/6 | Назаргох (3)

Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz