ВАТАНДОР
Панчшанбе, 18.04.2024, 22:11
Номгуй

Сабки вуруд

Таквими иттилоот
«  Октябр 2010  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Чустучуй

Ватандорон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Сафхаи аслй » 2010 » Октябр » 21
Агар ҳар касе чашми воқеъбину гӯши шунаво ва дили ҳассос дошта бошад, бояд бидонад, ки зимистони имсоли Тоҷикистон хеле гарм хоҳад омад. Хеле гарм. Аллакай чандин «прогноз»-ҳоро худи шумо дидеду шунидед. Ин тарсонидану ваҳмонидан нест, ин воқеият аст, ки ҳукумати кунунӣ (алъон кунунӣ, зеро муваққат аст) бояд донад, ун бозиҳое, ки қаблан бо мардуми кишвар мекард, дигар нахоҳад тавонист. Зеро мардум аллакай садо буланд кард, ахиран миллати сарбуланди ман ҳаққи хештан донист. Худо мададгори ин халқ.
Ин ҳарфҳо даъват ба ҷангу ҷидолу хунрезӣ нест. Савганд ба Худованд даъват ба ҷанг нест, ки нест! Танҳо ҳӯшдор ба ин ҳукумат аст, ки дар раъсаш Эмомалӣ Раҳмон менишинад ва олу асҳоби Раҳмон бояд пунбаро аз гӯш кашад. Бояд зимистони гармро мунтазир бошанд. Аллакай шарораҳо дар Рашту Хуҷанди бегазанд, Истаравшану Исфараи бостон, Қурғонтеппаву Кӯлоби азизам шурӯъ шуда. Кампирзане дар Кӯлоб дар селоби тобистони имсол президентро бо мушти лойе зада тавонист. 4000 нафар родмард дар сангарҳо барои озодии Тоҷикистон аз чанголи Раҳмон сахтиву сангиниро паси сар карда истодааст (парвардигоро имонашон бидеҳ, то бо сабр пирӯзӣ ба даст биёваранд).
Аммо Ватандор ҳеҷ гоҳ ҷонибдори хунрезӣ набуду нест ва нахоҳад буд. Ҳамеша таманнои онро дорам, ки Тоҷикистониёни арҷманди ман, озоду ободу аз зулму истибдоди оилаи Раҳмон эмин бошанд. Омин.
Яқин аст, ки ҷаласаҳои пайдарҳами ҳукумат барои ҳифозати дубураш (на халқ) маънии он аст, ки халқ дигар бедор шуда. Раҳмон яқинан медона ... Читать дальше »
Мутолигар: 1929 | Сана: 21.10.2010 | Нуфуз: 4.3/6 | Назаргох (0)

Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz