ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 14:37
Номгуй

Сабки вуруд

Таквими иттилоот
«  Октябр 2010  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Чустучуй

Ватандорон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Сафхаи аслй » 2010 » Октябр » 24
Инак, ҳукумат боз бар сари хештан балои дигареро овард. Баъд аз он ки имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Кӯлоб Ҳоҷӣ Мирзоро аз вазифаи имоматӣ маъзул кард, баъд аз он ки аҳли динро бо иттиҳоми бофтаву сохтаи террорист ба иҷборан тарошидани ришу кашидани аврат водор сохт, ба намозгоҳи қароргоҳи риёсати ҲНИТ ташриф овард. Дар ин ташрифот намояндаи амният, прокуратура ва кумитаи дин (аз ҳама кумитае, ки фардо рӯзи қиёмат дар ҳузури Худованд пурсишаш сахттару сангинтар аст, ин кумитаи дин аст) ҳузур доштанд. Намозгузорони ин масҷидро маъа имомаш маҷбур карданд, ки минбаъд дар ин масҷид ҷамъ наоянд ва таҳдид кардан, ки масъалаи имоми масҷидро ба додгоҳ хоҳанд бурд. Ин дафъа дар шоҳмотбозӣ ҳукумат ворастатар баромад. Суперчемпионҳои ҷаҳон оид ба шоҳмот-Карпову Каспаровро ҳукумати Тоҷикистон як нӯл зад. Медонад, ки бо иттиҳоми террористӣ аҳли динро муттаҳам карда, бо осонӣ ба ҳабс мекашад, дар ин зимн яқин эҳсос мекунад, ки ҲНИТ ягона ҳизбҳи исломӣ аст ва шояд (!) ба ин кор дахолат кунад. Лизо, пешакӣ таги пояшро ҳукумат руфта тоза кард. Омаду масҷид-хонаи Худоро оташ зад, то наҳзатиён ин корро идомаи кори террористӣ талаққӣ намоянду бо ҳукумат ҳамдастӣ созанд. Аммо як аблаҳии дигар низ дар ин шоҳмотбозӣ аз ҷониби ҳукумат сар зад. Қаблан рӯзи ҷумъа ба масҷид ташрифи бемаънӣ овард, агар бидуни омадан ба кори масҷид дахолат мекард, шояд ин амалро террористӣ унвон намуд. Аммо чашми наҳзатиён дар ин кор хоҳу нохоҳ ба сӯйи ҳукумат ишора мекунад, ки эшон низ ин хонаиХудосӯзиро аз дасти ҳукум ... Читать дальше »
Мутолигар: 3938 | Сана: 24.10.2010 | Нуфуз: 4.2/18 | Назаргох (18)

Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz