ВАТАНДОР
Душанбе, 25.09.2017, 07:32
Номгуй

Сабки вуруд

Таквими иттилоот
«  Март 2012  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Чустучуй

Ватандорон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1664

Сафхаи аслй » 2012 » Март » 23

Дуруд ба ҳамватанони азиз. Дуруд ба ватандорони ҳушманду арҷмандам! Дуруд ба онҳое, ки аз мову мо аз эшон ин муддати мадиде дар фосила қарор доштем. 

Ҳукумати Раҳмон вақтҳои ахир аз тасмимҳои Кремлин хеле тарс дорад, ки барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик визаро ҷорӣ накунад ва ё худ як қади аҷал аз он метарсад, ки ҳамагӣ (2 милюн муҳоҷирро!) гастарбайтерҳои тоҷикро дар як рӯз депорт накунанд. Ватандорони азизам, мабодо гумон мабаред, ки ин гуна тарсу ба таҳлука афтодан аз боясти ғамхорӣ нисбати раъияти Тоҷикистон аст. Дар телевизиюну родюҳо борҳо алайҳи ягон тасмими манфии Кремлин садо буланд кардани ҳукумати Раҳмон маънии он нест, ки ғами муҳоҷиронро мехӯрад. Онҳо ғами дубури худро мехӯранд. Онҳо ғами фарзандони як кланро мехӯранд. Раҳмон ғами шиками худ ва нӯҳ фарзандашро мехӯрад Боқӣ дигар ҳич чиз. Боз мегӯед чаро? 

Бародарону хоҳарони азизам, охир чашми ибрат агар боз кунӣ, ин тавр нест, ки ба ману ту ТВ ва родюву ҷаридаҳои лаббайкгӯ талаққӣ мекунанд, нишонаи ғамхории ҳукумати Раҳмон нест. Фаразан, агар Кремл дар як рӯз қонуни раводидро ба муҳоҷирони тоҷик раво бинад ва ё ҳамаро дар як соат депорт кунад, барои халқи тоҷик не, барои ҳукумати кунунии Тоҷикистони заҷрдида даҳшату арсаи қиёмат фаро мерасад. 

Зеро, аз 2 милюн муҳоҷир ҳадди аққал 1 милюни ишон афроди соҳибмаълумот ... Читать дальше »

Мутолигар: 1781 | Сана: 23.03.2012 | Нуфуз: 4.5/4 | Назаргох (6)

Copyright MyCorp © 2017
Сайт управляется системой uCoz