ВАТАНДОР
Чумъа, 28.07.2017, 17:44
Номгуй

Сабки вуруд

Таквими иттилоот
«  Июл 2017  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

Чустучуй

Ватандорон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1663

Сафхаи аслй » Архив материалов
Агар ҳар касе чашми воқеъбину гӯши шунаво ва дили ҳассос дошта бошад, бояд бидонад, ки зимистони имсоли Тоҷикистон хеле гарм хоҳад омад. Хеле гарм. Аллакай чандин «прогноз»-ҳоро худи шумо дидеду шунидед. Ин тарсонидану ваҳмонидан нест, ин воқеият аст, ки ҳукумати кунунӣ (алъон кунунӣ, зеро муваққат аст) бояд донад, ун бозиҳое, ки қаблан бо мардуми кишвар мекард, дигар нахоҳад тавонист. Зеро мардум аллакай садо буланд кард, ахиран миллати сарбуланди ман ҳаққи хештан донист. Худо мададгори ин халқ.
Ин ҳарфҳо даъват ба ҷангу ҷидолу хунрезӣ нест. Савганд ба Худованд даъват ба ҷанг нест, ки нест! Танҳо ҳӯшдор ба ин ҳукумат аст, ки дар раъсаш Эмомалӣ Раҳмон менишинад ва олу асҳоби Раҳмон бояд пунбаро аз гӯш кашад. Бояд зимистони гармро мунтазир бошанд. Аллакай шарораҳо дар Рашту Хуҷанди бегазанд, Истаравшану Исфараи бостон, Қурғонтеппаву Кӯлоби азизам шурӯъ шуда. Кампирзане дар Кӯлоб дар селоби тобистони имсол президентро бо мушти лойе зада тавонист. 4000 нафар родмард дар сангарҳо барои озодии Тоҷикистон аз чанголи Раҳмон сахтиву сангиниро паси сар карда истодааст (парвардигоро имонашон бидеҳ, то бо сабр пирӯзӣ ба даст биёваранд).
Аммо Ватандор ҳеҷ гоҳ ҷонибдори хунрезӣ набуду нест ва нахоҳад буд. Ҳамеша таманнои онро дорам, ки Тоҷикистониёни арҷманди ман, озоду ободу аз зулму истибдоди оилаи Раҳмон эмин бошанд. Омин.
Яқин аст, ки ҷаласаҳои пайдарҳами ҳукумат барои ҳифозати дубураш (на халқ) маънии он аст, ки халқ дигар бедор шуда. Раҳмон яқинан медона ... Читать дальше »
Мутолигар: 1495 | Сана: 21.10.2010 | Нуфуз: 4.3/6 | Назаргох (1)

Ба номи бахшандаи бузург. Дуруд ватандорони ман.
Бовар дорам, ки шумо борҳо ба ин сафҳа сар задеду кулбаи моро бе мо ёфтед. Итминон дорам, ки ба каррот мунтазир будед, ки Ватандори шумо барои шумо кай менависад. Ва ахиран шояду бояд натиҷа бардоштед, ки Ватандор дигар бароятон наменависад. Ватандори шумо низ замоне ба натиҷа расида буд, ки дигар бароятон намегӯяд. Ин замон низ дил мехоҳад, ки дар мунҷалоби торикии сиёсии кишвар ҳеҷе нагӯяму мӯҳри сукут ба лаб бизанам. Аммо маро Садокати азиз таҳрик кард, ашки сӯзони ману ватандорони маро бирехт. Худованд мададгораш.
Ин лаҳазот, ки ин сатрҳоро менависам, сари буридаи ҳамхуну ватандорам Салоҳиддини Азиз ёдам меёяд. Ин асноъ, ки мехоҳам барои шумо чизе иншо кунам, ба хотирам хуни шуҳадои гулгункафани аскарон-ҷавонони азиз, ки дар натиҷаи ҳамлаи ғайримунтазира ба ҳалокат расиданд, чун наштари тезе мехалад. Дарвозаи қалбамро садои гадойзане, ки ҳангоми интихобот ба ҷаноби «олӣ» овоз додааст ва умед бастааст, ки президенташ-Эмомалӣ Раҳмон ӯро аз ҳирфаи талбандагиву бардагиву гадойӣ мераҳонад. Аммо мебинад, ки боз бо роҳи садақа низ рӯзаш зери сиёсати «хирадмандонаи ҷаноби олияш» аз будаш бадтар шудааст. Ба ҳоли ин зан аз дилам хуноба мечакад, ин манзара маро ҳангоми бурдани ангуштон рӯи тугмаҳарфҳо садҳо маротиба дар худ мекушад. Ин замон ёдам миёяд, ки Рустами Раҳмон шервор рӯйи миз аз мастӣ мушт мекӯбад, фарёд мезанад, ки ҳеҷ касеву ҳеҷ гурӯҳе ва ҳатто ҳеҷ худое (наъузу биллоҳ) салтани падари ӯро наметавонад бишканад ... Читать дальше »
Мутолигар: 1156 | Сана: 18.10.2010 | Нуфуз: 4.5/6 | Назаргох (4)

Баъди 13 соли созишномаи сулҳ, баъди ҷанги шаҳрванд, ки солҳи 1992-1997 хуни зиёдеву шаҳиди зиёда аз 200 ҳазор нафара ба ҷо гузошт бори дигар дар Тоҷикистон алангаи ҷанг сар зад. Дар натиҷаи ҳамлаи ғайримунтазира дар минтақаи Рашт, тибқи маълумоти расмӣ 25 нафар ба шаҳодат расиданд. Айни ҳол гӯё ин ҳамларо ҲИУ ба дӯши хеш гирифт. Дар маҷмӯъ имрӯз дар дараи Камароб чӣ ҳодисае рух дода истодааст? Ба ин ва дигар пурсишҳои журнали «Однако» Раҳбари ҳаракати милливу сиёсии «Ватандор» Додоҷони Атовулло посух мегӯяд

-Бидуни андеша метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ дубора шурӯъ шуда. Ҳамзамон қотеона мегӯям, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба охир нарасида буд, он идома дошт. Сулҳе, ки имрӯз ҳама аз он меболанд, зоҳирӣ буду ба таври режими оҳанӣ нигоҳ дошта мешуд. Ҳарчанд гурӯҳҳои зиёди норизо ҳанӯз ин сулҳи рӯйи коғазиро эътироф накарда буданд. Ба вижа дар минтақаи Рашт, чунин гурӯҳ хеле зиёд буду ҳаст. Танҳо ҷанги имрӯза на ба сабку услуби пешин идома дорад. Алъон демократҳо бо исломиҳо намеҷанганд, ва ИНОТи қаблӣ низ бо ҳукумат намеҷангад. Имрӯз ҳамагон алайҳи режими Раҳмон бархостаанд. Ин ҷангро метавон ҷанги умумитоҷикистонӣ алайҳи Раҳмон номид. Аён аст, ки сабри мадуми Тоҷикистон лабрез шудааст. Ба дили мардуми Тоҷикистон зиндагии бегазу барқ, бенону бемаош ва бе кӯмаки тиббии воқеӣ аллакай задааст. Сулҳе, ки ҳамагон ӯро мунтазир буданду орзуяш мекарданд, гӯё ба таври зоҳирӣ ба сари мардуми тоҷ ... Читать дальше »
Мутолигар: 1662 | Сана: 13.10.2010 | Нуфуз: 5.0/5 | Назаргох (2)

Дуое бар размандагон
Азизони Худо дар кухсорони ватан имруз,
Худоё кавми Рахмон баршикан,эшон бикун фируз.
 
Ба танку тупу хелкуптар ба Раштон тир меборад,
Зи чаври шохи точик, фитнаву майхораи бонбуз.
 
Чавонмардони Рашти шухраи олам ба хон буди,
Ба мехмондориву таквову арзонии нон буди,
 
Кунун дар дину мазхаб шухрату шон бештар доранд,
Мучохиду муборизу газанфар, шери чарроранд.
 
Дамодам дар дуову сачдаи худ мардуми точик,
Барои нусрати эшон ба зонуянду бедоранд.
 
На шаб хобасту руз ором хар чо точике бошад,
Ба тасбеханду саргардон чу чоне дар рамак доранд.
 
Худоё дастхои бар дуо болои мо пур кун,
Бикан ин решаи Рахмон, Илохо зинда дар гур кун.
Мутолигар: 1117 | Сана: 12.10.2010 | Нуфуз: 5.0/1 | Назаргох (6)

Додоҷони Атовулло, Раҳбари ҷунбиши миллии Ватандор
Барои ту ватандори азизам ва барои дӯстони ту
Дуруд ба онҳое, ки дар сангарҳои кӯҳанд!
Бародарони ватандори дар сангару кӯҳ маскангирифтаи ман. Шумо имрӯз ва фардо орзуву омоли ҳамаи озодихоҳон, муттакои ҷабрдидагону мазлумони ин режими сангини раҳмонфашистед! Худо ёратон бод!!! 
Паёму салому дуруд ба шумоён аскарону афсарони ватан!
Шумоён низ аз ҳақиқати ҳол куллан бохабаред. Медонед, ки аз ҳукумате ҳимоят мекунед, ки шуморо дар рӯзи тангатон ёрӣ карда наметавонад. Медонед, ки маҷбуран силоҳ ба даст гирифта, дар сангару кӯҳҳо хазидаву ҷаҳида гуруснаву лабташна алайҳи ҲАҚИҚАТ ҷангида истодаед. Яқин аст, ки вазифаи муқаддаси шумо ҳимояи Ватан аз душманону ғосибон аст. Аммо рӯшантар бидонед, ки душманони Шумо дар қасру кушкҳо қарор доранд ва шуморо чун тубе дар бозии футболи сиёсиашон истифода мебаранд. Агар ҳақиқати ҳол ба Ватан хидмат кардан хоҳед ба ҷониби муқобил гузареду ҳамдастону хзамдостон шавед ва алайҳи ин подаи бузбонзодагону ғулом ибни ғулом ибни ғуломон мубориза баред. Дар он сурат вазифаи муқаддаси шумо-ҲИМОЯИ ВАТАН иҷро хоҳад шуд.
Салому алейкум, ба лидерони сиёсиву рӯҳонӣ, ки дар зиндонҳоед!
Барои ... Читать дальше »

Мутолигар: 2855 | Сана: 12.10.2010 | Нуфуз: 4.4/7 | Назаргох (63)

Салом ба хама муъминон!Имрузбоз Президентамон бо найранги навбатии худ мардуми бечораро дар хайрат гузошт.У ироз дошт,ки фуруши сахмияхо ба таври ичбори маън аст дар асл бошад гуфтахояш ба амалаш рост намеояд.Дар назди мардум худро ширин карда як сухан мегуяд ба хукуматдорон бошад дигар амр мекунад.Намедонам ба ин президенти дуруггу дигар читавр бовар кунем.Чи тавре ,ки дар назди зиёиён дар бораи диндори лоф зада дар асл мукобили хукми катъии Худо амал мекунад ин ба хама маълум аст.Ин рафтор ва зулме,ки нисбати халк мекунад ягон КОФАР намекунад.Эй мардуми аъзияткашида холо,ки дер нашудааст ба хукми АЛЛОХ руй оваред то ки ба рахмати У шомил шавед рохи дигари начот нест.Худованд дар китобаш мефармояд; Хар оина агар бошандагони дехахо ба Аллох имон меоварданд ва пархезкори пеша мекарданд Мо неъмати замину осмонро ба руяшон мекушодем;Дигар ба умеди ваъдахои дуругини сарвари давлататон нашавед,чунки Аллох мефармояд"Аллох холати кавмеро дигаргун намесозад то он даме,ки онхо шароити худро таъгир надиханд"Ин ваъдаи Хак аст.Пас то кай хомуш менишинед?!
Мутолигар: 841 | Сана: 24.04.2010 | Нуфуз: 0.0/0 | Назаргох (2)

... Читать дальше »
Мутолигар: 4341 | Сана: 15.03.2010 | Нуфуз: 4.1/44

... Читать дальше »
Мутолигар: 19385 | Сана: 29.07.2009 | Нуфуз: 3.6/13 | Назаргох (13)

Ҳануз ба худ намеоям ва наомадаам. Медонистам, ки рузи омадани тобути точикписари чавонмарги аз дунё носер рафта-Салоҳиддин ба истиқболаш шумули ками ҳамватанон мераванд. Инро қаблан медонистам, қаблан медонистам, ки чавонони имруз эмон надоранд, часорати мардй надоранд, миллатгаро нестанд, тарсуву буздилу сусту латтамичозанд. Аз худо наметарсанду аз бандаи худо то чон дар рамақ доранд метарсанд. Медонам, ки агар чаноб-эмомашон бо ваҳшат фармон диҳад, ки зери поям сачда кунед, ба худо қасам, ки ин туда сачда мекунанд. Наузанбиллоҳ!

 
Тавре, пешгуйии чанд тан бародарони ҳамхуну ҳамзамбони ватандорам қабл аз омадани тобут ба фурудгоҳ, ки гуфта буданд: Ин чавонони мо ҳануз омода нестанд ва часорати комил надоранд. Ман бовар накарда будам. Итминон доштам, ки чавонони имруз аз солҳои навадум комилан фарқ мекунанд, бартарияту афзалият доранд. Аммо ҳайҳот…
 
Мутолигар: 4278 | Сана: 21.12.2008 | Нуфуз: 3.9/18 | Назаргох (49)

Мурочиатнома ба ҳаммиҳанони гиромиву азизу хору забуну бадбахту хушбахту лолу забунам!
 

Бо вучуди он ки бо имони комил рузи 16 декабр ба фурудгоҳ меравам, метавонам гуям, ки паҳлуйи ман бародарони арчманди ватандорам чамъ хоҳанд омад. Бале мо чамъ хоҳем омад, аммо ангуштшумор. Нафароне низ аз дуру бар ба ин манзара тамошо хоҳанд кард. Бовариашон нахоҳад омад, ки баъд аз митингҳои соли навадум наход ба точикон, ба вижа ба чавонон Худой ниру бахшида бошад. Гуянд, ки «наход бори дигар часорати родмардии рустамонаро ин чавонон нишон бидиҳанд?» Бале, аз дур тамошо хоҳанд кард, то дар ин фурсати муносиб ба мо бипайванданд. Ҳануз бовар ба он доранд, ки бо ин режим мубориза аз об нақше тарошидану гови нар душидан аст. Бале, фисади қишри чомеъаи хару забуну шурбахти ман, бовар надоранд, ки нируи худовандй ҳамеша бо мост. Аммо онро дарк бояд кард!!!

 
Мутолигар: 2125 | Сана: 15.12.2008 | Нуфуз: 3.0/6 | Назаргох (25)

« 1 2 3 4 ... 7 8 »
Copyright MyCorp © 2017
Сайт управляется системой uCoz