ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 08:58
Номгуй

Сабки вуруд

Таквими иттилоот
«  Март 2024  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Чустучуй

Ватандорон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Сафхаи аслй » Архив материалов

Салом Эмомалй!

Шояд ҳайратат афзояд, ки то ин замон ҳама ба ту бо пешлафзи «муҳтараму чаноби оливу воломақому улёҳазрат»-у дигар арш-унвонҳо мурочиат мекарданду ин Ватандор танҳо номатро мегирад? Бале дустам, дар кишвари демократй ҳамаи мо баробарем. Гадои сипанддудкуну, кудаки ба чойи мактаб мошинашуву муҳочири беҳуқуқи точику Ватандору Эмомалй ҳама баробарем. Ҳузури худованд низ ҳамаи мо яксонем. Агар ту «чаноби олй»-ву «муҳтарам»-у «улёҳазрат»-й, пас гадои сари куча низ ҳуқуқи ин унвонро дорад. Зеро давлати мо демократист! Ҳама дар кишвари Точикистон «чаноби олй»-янд. Ба шарте, ки давлати мо Аморати Точикистон, шоҳигариву шоҳаншоҳй набошад.

 

Дусти азиз, Эмомалй!

Биё як бор ба 18-20 сол қабл назар меафканем. Ёд дорй, ту раиси колхозхи ноҳияи Данғара будиву аз ту пеш раиси колхозҳо кори колхозро ба ... Читать дальше »

Мутолигар: 4843 | Сана: 09.06.2008 | Нуфуз: 4.9/14 | Назаргох (18)

Ватандори чиноятпеша

 

Қонун барои он офарида мешавад, ки чамъиятро ба танзими муайян дарорад. Қонун барои он руйи кор меояд, ки чамъият ба ҳадди ифрот равад. Ҳар қадар, ки дар дунё теъдоди қонун зиёд гашт, ҳамон қадар чиноятҳам бештар мешавад. Ба гунае, ки ҳар қадар пулиси маошхури давлатй бештар гашт, минволан сафи чиноят низ ру ба афзойиш меорад. Ин қонуни зиндагист. Аз ҳама ачиб он аст, ки дар тамоми давру замон офарандагони қонунҳои заминй ононеанд, ки аввалан манфиати хешро фикр мекунанд баъди дар зери ниқоби «қонун»-ҳо ҳар чй аз дасташон меояд ба манфиати нафси хармонанди хеш масраф месозанд. Дар зери чатри салтанатронияшон ҳазорҳо косалесон низ маҳфузанд, ки ҳамеша аз пешвои қонунбарор, яъне соҳибзаводи қонунбарорашон дифоъ мекунанд.

Дар Точикистон замоне фаро расида, ки ҳар кй пушти сари худ хорид, чиноят кардааст. Агар поёнтари пушти соҳибмансабе чоплусона бихорид, пас у беҳтарин шаҳрванд ... Читать дальше »

Мутолигар: 2821 | Сана: 06.06.2008 | Нуфуз: 3.8/5 | Назаргох (10)

Эй худо ин навдавлатонро бар сари харшон нишон!

 

Дар Точикистон ҳар кор шуданаш мумкин. Ду ё се ва ҳатто даҳ бор пайиҳам интихоб шудани як нафар ба маснади президентй, чаҳоргона таваллуд кардани гове бо ташаббуси президенти ин кишвар, рост омадани вазъи ҳавои сардтарини зимистони имсол ба пешгуйии президент Раҳмон ва ғайраву ҳоказо. Хоҳ бовар кунед хоҳ не, замоне Гитлерро дар 102 солагиаш дар Перу дида буданд. Инак Гитлери точик Ҳасани Асадуллозода-шурини кишвар аз он дунё баргашт.

 

Телевизиони лаббайкгуйи ҳукумат Шабакаи Аввал дар пахши гузориши хеш аз ифтитоҳи корҳои сохтмонии НБО Роғун, ки чеҳраи Ҳасан Асадуллозодо расо се сония (!) намоиш дод, кулли бошандагони Точикистон ва хоссатан расонаҳои ахбории хоричй ба ин манзараи се сониягй мутаваччеҳ шуданд. «Ҳасан зинда шуд», ... Читать дальше »

Мутолигар: 3645 | Сана: 05.06.2008 | Нуфуз: 4.2/14 | Назаргох (9)

Дар Душанбеи азизи ман, як КУРСЙ-е ҳаст, ки дар дигар минтақаҳо Точикистон чунин КУРСЙ вучуд надошту надорад. Замоне ин курсй дар Бухорои шариф буд. Кунун ба ин курсй сарвари паёмбарталош Эмомалй Хон нишаста. (Зеро ҳар сол ба гуфти худашу косалесонаш ба мачлиси милливу мачлиси намоядагон паём мегуяд) Масъулияти ҳафт милюн нафар аҳолии Точикистон ба души уст. Маргу мири муфочо ҳам, дар дами теғу зарбу лати скинхедҳо мурдани муҳочирони точик ҳам, мубталои СПИДаш ҳам, адолативу ноадолатиҳояш ҳам. Фардо у аз пушти ҳафт милюн нафар чавоб хоҳад гуфт. Агар ҳақ аст, пас нушаш бод, агар не, ин галстуки рангаву курсиву писару духтарони эркааш, бонку заводҳои шахсиаш, миллиардҳо дуллор пулаш ҳам, холбачаву аммабачаву дигар ҳамсинфу ҳамхизматҳояш, ки вазифа гирифтаанд, уро ҳеч гоҳ халос карда наметавонад. Аммо ин нуктаро Раҳмон фаҳмидан намехоҳад, мефаҳмад аммо дар вучудаш ҳазм карда наметавонад. Бадбахтии у маҳз дар ҳамин аст, ки миллатро ба дами бадбахтй овардааст.

 

Ба суханҳои поён чанобашон рузи қиёмат посух гуфта метавониста бошад? Инак мутаваччеҳ бошед ватандорони азиз: ... Читать дальше »

Мутолигар: 3174 | Сана: 04.06.2008 | Нуфуз: 5.0/3 | Назаргох (6)

Хонандаи арчманди сомонаи Ватандор. Медонам, ки фасодиҳои ин қабиле, ки ба таври силсилааш мехонед, шуморо шояд дилгир ҳам сохта бошад. Бо ин ҳама маъзарат. Дилам мегиряд, нола дар гулуям мешиканад, ба халқи сукутзадаам раҳмам меояд. Инак охиргуфтори ин силсила.

 

Шоев (алъон Шоҳиён), ки дар найрангбозй устухон надорад, ҳангоми раиси Шурои адлия шудан, як қатор қаҳрамониҳо касношунид нишон дод. Шабу руз сари презиеденти Раҳмонро гаранг сохт, ки дар оянда барои чавлонгоҳи худаш ягон мамониат пеш наояд. Раҳмони гапдаро ҳам дар ҳолати ширакайфй сар чунбониду масъала ҳал шуд: Шоев шоҳи мутлақи судяҳои Точикистон гардид. Аввалин ибтикоре, ки кард, вазифаи судяҳо, ки то даҳ сол бояд бидуни дахолат сурат мегирифт, бо як нул зад. Ҳарчанд судяҳо аз хатогй орй нестанд, Шоев бевосита ба кори кадрҳо бо маслиҳату машварати Абдучаббор машғул гардид.

Қадамҳои нахусти Шоев аз ғалбер гузаронидани кадрҳо шуд. Раиси суди шаҳри Хучанд Сангинов Хуршед, ки ки яке аз босав ... Читать дальше »

Истехком: Картинка 1
Мутолигар: 6834 | Сана: 02.06.2008 | Нуфуз: 4.4/14 | Назаргох (8)

Хонандагони азиз, инак ба идомаи ин дардномаи Ватандор таваччуҳ созед. Чашм во кунед ва «спектакл»-ҳои Раҳмону Бобохоновро бингаред.

Бобохонови шерафкан ба хотири ошнобозй чияни ошнои чониаш-вазири молияи ЧТ, Шрек-Сафаралй Начмиддиновро ба маснади прокурории шаҳри Ваҳдат таъин намуд, ки кулли бошандагони ин ноҳия аз дасисабозии ин прокурор-Каримов Давлат, ки бо лақаби «Бесавод» маъруф аст, безор шудаанд. Ёру ошнобозй ҳамин тавр мешавад, садоқати дустиро аз Шреку Шерфакан омузед. Ҳар кадре, ки ба курсии прокурорй бо тавсия ва фармони махсуси оқои Бобохонов судур мешавад, чаноби Раҳмон «ака худат медонй, коре кун, ки ба хешовандони ман ягон зарар нарасад шуд» мегуяду мижгони чап ба ҳам мезанад.

 

Симои сардори раёсати тафтишоти чиноятҳои махсуси прокуратураи генералии ЧТ Ҳомидов Баҳодур ва сардори раёсат оид ба назорати судии прокуратураи генералй Исоев Мадвалиро аксарияти коруфтодагон хубтар медонанд. Ин ду тан тамоми масъалаҳои ба «падар»-и прокурат ... Читать дальше »

Мутолигар: 3330 | Сана: 30.05.2008 | Нуфуз: 4.6/9 | Назаргох (0)

Ватандорони гиромй, фаромуш накунед, ки дар кишвари Точикистон қонун танҳо манфиати қонунравоҳо, қонунэчодкунандаҳо, кубарову вузароро ҳимоя мекунаду халос. Ҳеч гоҳу ҳеч маҳал ин қонунҳои ланг манфиати табааи оддиро ҳимоя накарда буду намекунад.

Дар сари қонунҳои Точикистон, ки кафили бевоситаи он аввалан шоҳи ҳамешачовиди Точикистон Раҳмон ва сониян шерафкани кишвар чаноби Бобохон Бобохонов меистанд, ҳеч лаҳзае аз манфиати халқи оддй, мардуме, ки дар чуяҳои пахта ба кисаи як ду мурдори зулуки хуношом кор мекунад, модарони ҳомилае, ки дар киштзори тамокупарвари Панчакент даҳҳо бор беҳушу беёд шуда сақати ҳамл кардаанд, муйсафедони нафақагире, ки нафақааашон аз 20 сомонй зиёд несту дар асари гуруснагй аз худо тезтар қавс кардани чонашонро металабанд, чавонони ҳисобикоргумкардаи точик, ки дар муҳочиратҳои меҳнатй дар дами теғи миллатгароҳои рус ҳавли чонканй доранд, занони беҳимояи точик, ки таври ичборй дар Дубай фурухта мешаванд, кудакони маъсум, ки ба чойи тадрис мошиншуйиву селофанфурушй ва испанддудкунй мекунанд ҳеч гоҳ боре ҳам ин ду «абармард»-и сари чанбар буда андешае намеронанд. Барои ин ду нафари хеши наздик манфиати шахсй аз манфиати миллй болотар меистад. Барои ин ду нафар калла ... Читать дальше »

Мутолигар: 3537 | Сана: 29.05.2008 | Нуфуз: 4.8/9 | Назаргох (4)

Боз ва боз хун, боз ва боз марги чавонон, боз ва боз бародар алайҳи бародар тир мекушояд. Боз аз пистони модари точик хун фаввора мезанад. Боз дари макотиб дар Кулоби азиз баста мешавад, роҳҳо низ. Дар дили мардум таҳлукаву тарс чун тори анкабут танидааст.
Гумон мекунед ин бори аввал аст, ки Суҳроб Лангариев ба чунин тиркушой роҳ додааст? На, хато мекунед, ватандорони азиз! Соли 1998-дар замони осоишта ҳамчунин бархурду овози тирро мардуми Кулоби субҳи содиқ фаҳмида буданд. Бобои пире вақти намози бомдод ба куча давид, ки аллакай 18 часад дар куча мехобид. Дарҳол каллачунбонҳо ҳукумат омаданд, даҳони бобо бастанд, то ба ҳеч кас ин шармандигиро нагуяд. Боз ҳамон дам Суҳроб Лангариев ин «иқдом»-ро ба қавли чанобашон «мардонавор» нишон дода буд. Он лаҳза ҳукумат тавонист, ки ин сирро аз чашми мардум пинҳон дорад. Чаноби олй ба Суҳроб «падарвор» насиҳат карданд, ки то чанобашон ҳастанд кисаи Суҳроб холй намемонад, ана нашъаи Афғонистон, гир бача бизнес кун, аз пайи зиндагй шав. Лекин то ба ин дарача не-да.
Санаи 27 майи соли чорй дар асари муҳорибаи 15 соатаи бародари собиқ яке аз сарфармондеҳони Фронти халқй, ки чанобашонро маҳз ҳамин фронтчиёни наҳс сари кор оварда буданд, аз сари нав ташнаи хун алайҳи бародарони хеш тир кушоданд. Боз ҳамин фронти халқй дар ҳузури худову бандагони у чаноб ... Читать дальше »
Мутолигар: 4703 | Сана: 28.05.2008 | Нуфуз: 4.0/4 | Назаргох (3)

Посухе ба Дориюш II-и азиз!

 

Ватандорони арчманд дар навиштаи «Шерхон Салимов» «Чаноби олй хурда сер шуданд, Рустам ҳам сер аст, президентй ин оиларо зебанда аст»» дар бахши «Назаргоҳ» матлаби зерро бояд хонда бошанд:

 

«3. Darius II

... Читать дальше »

Мутолигар: 1483 | Сана: 27.05.2008 | Нуфуз: 4.0/5 | Назаргох (1)

Интихоботҳои чумҳурии Точикистон зоҳиран демократитарин интихоботҳои дунё муаррифй мешаванд. Ба вижа семинару мулоқот ва фаҳмонидани моҳияти гузаронидани интихобот, ки аз чониби кумиссияи махсуси аз чониби президент Раҳмон таъсис дода шуда мегузарад, касро ба андеша водор месозад, ки дар Точикистон инсон неву кулух зиндагй мекунад. Ва ҳар чй, ки эшон таблиғ мекунанд, бидуни эътироз ва вокуниш анчом мепазирад.

Дар интихоботи ахири президентй, ки яккатозии Раҳмон баръало маълум буд, гуруҳи таблиғотй ба вилоёти кишвар сафар анчом доданд. Аз чумла дар вилояти Хатлон, ки ин чониб иштирокдори он чамъомад будам, то ба ҳануз аз хотирам зудуда намегардад. Шерхон Салимов, ки яке аз мубаллиғини барчастаи семинарҳои пеш аз раъйпурсй, ки дар он ду ҳафтсола дар имконияти интихобот шудани Раҳмон талаққй мешуд, бо даҳони пур ва бешармона ба суоли он ки «агар интихоби президент дуҳафтсолагй сурат бигирад, оё ба дунболаи он ба Эмомалй шонси ҳамеша президент монданро намедиҳад?» гуфта буд, ки «Озарбойчонро бинед, Туркманистонро бинед, ин хуб аст, мо агар шахсияти навро интихоб кунем, он шахс то хурдану сер шудан ва омухтани маҳорати президентй боз чанд соли дигар мегузарад, барои мо магар хуб нест, ки ба муҳтарам Эмомалй Раҳмонов шукргузорй накунем, зеро ин шахси бузург аз ин марҳилаҳо ал ... Читать дальше »

Мутолигар: 4175 | Сана: 24.05.2008 | Нуфуз: 4.5/4 | Назаргох (7)

« 1 2 ... 5 6 7 8 »
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz