ВАТАНДОР
Чумъа, 28.07.2017, 17:46
Номгуй

Сабки вуруд

Таквими иттилоот
«  Июл 2017  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

Чустучуй

Ватандорон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1663

Сафхаи аслй » Архив материалов

Гумон накунед, ки чанг тамом шудаасту Ватандор аз хун ҳарф мезанад. На азизон, то ба ҳануз хуни точик равон аст, аз пушти курсй ҳар руз хун мерезад, аз барои ҳақ гуфтан ва ё сири миллатфурушеро кушодан ҳар соат хун дар дами теғи «давлатсолорон»-и чило медиҳад. То ба ҳануз точик аз барои қути лоямуте гирифтори марги муфочо аз ваҳшигарии миллатгароёни рус аст.

Худоро шукр мегуям, ки сафи ватандорон зиёд аст. Дусти арчманди ман Точвар низ ба ин риштаи худовандй чанг зад. Марҳабо мегуям, қадамат нури дида точи сар, азизи дилҳо.

Аз он ки субҳи имруз садои модари зори ватандорро бо гиряҳои талхаш шунидам, то ба ҳануз дилам дурдонаи хун ба чойи ашк мерезад. Ризостам, ки бигзор ба хотири Ватани азиз, ки дар чанги асорат аст, аз Фуластин мондание надорад, аз Ироқи ғарқихун қариб, ки кам нест, ба Афғонистони фиғонистон шабоҳати кулл дорад, ҳар қадар ашк бирезам. Ман ҳузури Худованди Аззаву Чалл танҳо ҳамон лаҳза вазифаи муқаддаси инсониямро ичрокарда мебинам, ки ба ин риштаи иттиҳоди худовандй ҳамаг ... Читать дальше »

Мутолигар: 1031 | Сана: 23.05.2008 | Нуфуз: 3.0/2 | Назаргох (1)

 Аз ростй номаи зер, ки дар зерсафҳаи «Назаргоҳ» пайдо кардам, маро ба андешае водор сохт. Дер боз сари ройона фикр мекунам, ки чй чизаке барояш нависам. Дар ин рузаки хисолудаи боронаки баҳорй субҳгоҳй кампиреро дидам, ки худ бо худ мегуфт:

 

«Худоё, ҳар чй ки ба худ гирифт насибаш накунад, бар баччаву каччааш ҳаром бод, каллааш мисли себчаи сари шохи дарахт канда шавад, луқмаи да даҳонуш буда заҳр гардад…» ва ҳазорҳо алфози қабеҳтаринро руй ба осмону дасти бардошта дуо мекард, ки аз ростй ман дар чоям шах шуда мондам. Ҳатто натавонистам ташхис бидиҳам, ки ун кампири долмиён чй касеро дуои бад дорад. Аз он ки ун кампир аз мо дуртар дар маҳалле зисту иқомат дошт, омада баъди салому алейк пурсидам, ки «оча, кира дуои бад дорен?» Як ба руям турш нигаҳе афканд ва бо овози ҷасуронаву озод гуфт: -Охи ҳами президентата дуои бад дорум, хонаш сузад, нафақама зиёд намена, ба ин нафақа ман намедонум чй харум, ним кило гушт бхарум? ... Читать дальше »

Мутолигар: 1308 | Сана: 23.05.2008 | Нуфуз: 4.7/3 | Назаргох (3)

Дустони арчманди сомонаи Ватандор!
Инак афсонаи марги Ҳасанро бо сабрҳои зиёди дандоншикан хондед. Нисбати соҳиби он ин сатрҳо бадтарин ҳақоратро раво дидед. Ман ягон касро бозй намедоронам ва ин гуна маймунбозй, ки ҳуққаи ин ҳукуматдорон аст дар хуни банда комилан бегона аст. Медонам ва дарк мекунам, ки аз боз шудани ин сомона хоби бархе ҳаром ва бархе бепарвофалак «навишта г.. хурда мегардад-да, аз ин пеш навишстагиҳо чй шуданд, ки ватандори навбатиаш», шояд ҳангоми ба замон оавардани вожаи «Ватандор» ҳатман олати таносули худро бархе ба забон биёваранд. Ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки ватандорони дигар бо шунидани калимаи «Ватандор» танҳо чеҳраи Додочони Атовуллоро мебинанд ва каминаро ба он муттаҳам мекунанд, ки чаро номи дигаре начустам. Ба хотири касби маъруфият низ сомонаро боз накардаам ва бақавли худи Точвар кайҳо дари ин дуконро мебастам. Ин нузҳат нест, ин созмон нест, ин ҳизбе ё мазҳабу равияе нест. Ин танҳо он оинаест, ки ман дар он чеҳраи шумоён ватандорони азизро мебинам ... Читать дальше »
Мутолигар: 1463 | Сана: 22.05.2008 | Нуфуз: 3.8/5 | Назаргох (5)

Гурги ҳамешагурусна дар гуруснагй намемирад, дар серй хоҳад мурд

Подшоҳе писар ба университет дод.
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.
Мутолигар: 1385 | Сана: 21.05.2008 | Нуфуз: 4.4/9 | Назаргох (1)

Ачабе нест, анкариб хуни чуй миёни Дангара то касри президент равона гардад. Зеро каноти чапи сулолаи Рахмониён хузури хама чехраи хандон нишон диханд хам, ботинан зери остин шамшере пинхон доранд. Ё навбати Тахмина ё Рустами дастон. Очилан Рустами Замон ба Амрико гурезонида шуд. То хамвардони интикомчуйи Хасан хунро бо хун нашуянд. Рузи 11 май, ки чанозаи Хасан хонда шуду имом ба тахдид амри хомушии хамешагиро гирифту дар он чанозаи аз 15 нафар беш набуданд, Рахмон дар каср ба «запой» машгул буд. Бар замми ин дарди сари чанчоли Бодканду Исфара мебоист, вохурии Рахмон бо Курмонбек Бокиев баргузор мегардид. Рахмон даст афшониду зери лаб як хакорати обдоре кард. Маълум набуд, ки у модари Рустамашро хакорат дод, ё арвохи Хасанро ё Курмонбекро. Дар Хучанд чаноби олии беназир бо Курмонбек вохурд. Курмонбек, ки дар чашмаш хазорон суол хувайдо буд, чаноби олии рамузфахм кушиш мекард нигохашро аз Курмонбек мегурезонид. То суоли «оё овозахои марги Хасан ростанд?»-ро нашунаванд. Курмонбек хам ин холатро дарк кард ва хомуш монд. Чонибхои дипломатии ду кишвар сари бахси обу замини Бодканду Исфара санадхо омода карданд, Эмомалй намедонист, ки ба кадом протоколе имзои табарруки худро мемонад. У бо дарди худаш банд буд, ёду хушаш ба Рустам, ки дар Амрико карор дорад. Дилаш аз хавфи он ки пайравони интикомчуйи Хасан ба Амрико мераванд, нохунтароши гургеро мемонд. Бо кошу кавоки гирифта санадхоро бидуни он ки дар он чй навишта шудааст, пайи хам имзо гузошт. Худо зад, шояд замини Точикисто ... Читать дальше »
Мутолигар: 2794 | Сана: 17.05.2008 | Нуфуз: 3.2/10 | Назаргох (15)

Дар холе, ки президент Рахмон аз ин мусибати ба сараш омада, дар кахру газаб буд ва андаке бо кунчи дилаш шодмонй хам мекард, зеро анкариб буд фишанги давлатдориро Хасани шурин ба даст гирифта буд, дар холе, ки  чондори Тахмина, ки низ дар ин набард аз тир хурдан ба чисмаш бе бахара намонда буду дар кучахои Душанбешахр, хиёбонхо вилояти Хатлону Сугд, шахру дехот, тую мотами мардум ва хатто ба чойи субхоноллох баъди намоз пиру барно аз марги Хасан Саъдуллоев мегуфтанд. Аз хафт то хафт сола пиромуни ин вокеъа тахмин мезаданд. Кулли масъулини кишвардории Точикистсон бо як ишораи чанобашон мухри хомушй ба лаб заданд. Хама бо як овоз «Шутури сафедро дид? Не, надидам». Кадоме аз рузноманигорон бахри дарёб кардани иттилоот ба эшон мурочиат кард, бо як овози коммунстона «Хасан зинда аст, уро хеч кас накуштааст, хамаи ин игову дасисаи аст» мегуянд. Лекин кй мардонавор мегуяд, баъди 2  май Хасанро дидааст? Хеч кас.

 

... Читать дальше »

Мутолигар: 2528 | Сана: 16.05.2008 | Нуфуз: 4.3/9 | Назаргох (5)

Киссаи аввал Санаи 2 май. Касри президент. Шохи муаллак ва хамешачовиди Точикистон чаноби олии якумра Эмомалй Хон Рахмон хануз руйи бистар буд. Хоби дахшатноке дида буд. Дид, ки пири султони кишвардорй Исмоили Сомонй ба сараш бо асои табаррук як то фароварда хитобан гуфт, ки ту одами хубй, аммо аз духтару писаронат ва акрабову дустонат гофилгир мабош. Дуои ин халк мегирад. Мурдаат сарсон мешавад. Туъмаи зогу калхотхои даштй мегардад. Шаб аз касири фикрхои дархаму бархам сараш дард мекард ва ангор низ дардаш намонда буд. Ба дил ахд кард, ки пеш аз расво шудан тавба мекунад, имруз тавасути телевизион баромад намуда аз халки азизаш узр мепурсад. Мегуяд, ки халки азизам маро бубахш, агар лоики сангсор бошам хам, барои ватани азизам омодаам. Тамоми молу маноли чамъиятй, ки ба хешовандонаш таксим карда буд, мардумй мегардонад. Азми у катъй буд. Ахд кард, ки ба таксими Точикистон хотима мебахшад. Чашмонашро молида-молида шишта буд, ки духтари нозпарвардаш Тахмина омада даромад. Бо ишваю ноз назди падар омад, руйи падар бусид, аз чашмони Тахмина маълум гардид, ки чизе мехохад. -Ота, дилум як чизак мекаша. -Бугу духтари ота, дилут чй мекаша, шири мурги анко? Ё гулоби бихиштй, пад земной боша хам меёбамуш. -Не ота, хами ай тагаиям Ориёнбокша мехохум. Хамура бигй, да ман бте. Сари чаноби олй гирд гашт, як тараф хоби дахшатнок, як тараф хохиши духтари нозпарвардаш… Э худоё, мададам кун, чй кор кунам,-гуфт бад дил. Киссаи дуввум Хасан Саъдуллоев асабй шуд. Мушти обдоре руи миз ку ... Читать дальше »
Мутолигар: 1998 | Сана: 15.05.2008 | Нуфуз: 3.8/12 | Назаргох (2)

Бародорону хохарони азиз! Инак сафхаи навини сомонаи ВАТАНДОР шуморо барои вурудатон хайра макдам мегуяд. Каблан шумо напиндоред, ки ин сафха аз он хизби номнавис нашудаи Ватандор аст. Ин хизб нест. Ин «Ватандор»-и Додочони Атовулло нест. Комилан бо тамоми масъулият иброз медорам, дар пушти ин сафха интернетй Додочони Атовулло намеистад. Аз ростй замоне аз Додочони Атовулло идеал метарошидам. Он хам бошад айёми донишчуй. Аммо тавре мебинем, замона дигар, дид дигар, мавкеъ дигар, хатто «ватандор»-он дигар мешаванд. Додочони Атовулло, ормонхояш бо муйи сапедаш пир шуданд. Идеалтарошии ман низ. Акнун у барои ман на идеал аст, на шахсият. Танхо замоне, ки навиштахоямро туи мизаш мебурдам ва у чун «устод» тахрир мекард, аранге дар хотирам мондааст. Чун устод дусташ медорам. Аммо чун ватандор ихлоси ман комилан аз у турш аст. Ӯ ватандор нест. Ватандорй ин гуна нахохад буд. Аз берун садо баланд кардан, отифаи ватандорй нест. Мардй он аст, ки бояд дар ватан садои ватандорй баланд кард. Мардй он аст, ки дар ватан ба чавонону кулли ватандорон кешу мазхаби ватанпарварй омухт. На он ки аз гушае алайхи як нафар ё чамъияте, ки имруз танхо сулоладорист, мушт бардошт. Мардй он аст, ки ба даруни ин ихона бояд ворид шуд. Ва мушти обдору гурзи рустамона ба дахони ин фуругалтони давр бояд зад. Ин сафха аз они кулли ватандорони беватану дуразватан аст. Аз ростй назар кунед, ба тахкик хохед дид, ки ман шумоям, шумо манед. Ман Ватандорам, шумо низ, хамаи мо ватан дорем. Точикистони азиз! Мархабо ... Читать дальше »
Мутолигар: 1313 | Сана: 15.05.2008 | Нуфуз: 3.5/2 | Назаргох (4)

« 1 2 ... 6 7 8
Copyright MyCorp © 2017
Сайт управляется системой uCoz