ВАТАНДОР
Чумъа, 18.08.2017, 13:56
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Март 2010  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1664

Главная » 2010 » Март » 15 » БОЗ ЯК МАЗХАКАИ АЛИ-БОБО ВА ЧИЛ РОХЗАН
БОЗ ЯК МАЗХАКАИ АЛИ-БОБО ВА ЧИЛ РОХЗАН
12:11

Охирсухане ба интихоботи охирини порлумони Точикистон

Рахмон боз ба руи харифонаш  аз хизбхои дигар  торсаки  зад. Торсакии обдоре. Аммо касе аз ишон  хатто даст боло накард. Як-ду нафар мухолифон  чун занхои аз шавхари деспот тарсон як- ду руз кимчихое мисли "аз хонат мебароям, то хол сирри хонаро набароварда будам, акнун мачбурам, ки бигуя",  жожхои  карданду  ба хамин вассалом.

Ин пас аз интихобот буд.  Пеш аз интихобот хатто ситёсатмадороне,  ки борхо зарбаи интихоботхои рахмониро хурдаанд, кариб шодикафак шуданд, ки интихоботи чадид  хуб мешавад. Рахмон худаш ваъда додааст.  Кафил мешудааст.

Гург  ба гусфандон гуфтааст: бичаред, ман намехураматон... бичархед, гургбачахоя амр кардам, намерасанд...

Аммо...гург  боз гурги кард. Гусфанду бузу бузголохо ба  фарёд омаданд. Гургбачахо хай тохтанд.

Отагург- кафил аз каср истода ба соддадилии  гусфандон механдид. Ва чомхои шаробро паси хам холи мекард.  Дидед, доми маро??? Барои  пирузи....  Мусолихакори,  баъзан савдои  ошкорои сиёсии  бархе аз хизбхои ба ном мухолиф, «ту ба ман марас, ман ба ту»,  мардумро аз муковимати  ошкоро ва бочуръонатар  нигох медорад. Бисёрихо бар онанд, ки оппозится хам, ормонхои халкро мефурушад.  Чи хеле, ки ИНОТ( Итиходи нирухои оппозитсиони Точикистон) бифурухт.  Сулхи бадтар аз чанги онхо бо чи анчом ёфт?   Шиорхои  мафтункунанда ва вокиан чаззоби ононро  бод кучохо бурд?  Ба хотири чи панч сол чанг  давом кард? Хуни шахидон бар гардани кист? Тифлакони танхои онон  чи хол доранд? Наход  ин хама  ба ба хотири  чанд магазину корхона, ки хукумат чун устухоне  ба суи ишон  бипартофт?

Ачабо  ки чанде аз он «муборизон»  ва «мучохидони колбасахур»( ибораи Ризвон) аз хизби халки-демократи депутат  шуданд ,бархе дигар, ки  режими Рахмонро "хунхор", "фашисти", "куффор" меномиданд, нашармида  аз минбархо  акнун  ситоишаш мекунанд.

Сабаки  дигари ин интихобот он буд, ки мо ЛИДЕР- пешвои сиёсие надорем, ки мардум аз пасаш бихезанд. Пешвое нест, ки омода бошад, барои акидааш аз чонаш бигзарад, то  дигарон барояш чон фидо бикунанд. Фарки лидер аз сиёсаммадор  бар он аст, ки ЛИДЕР барои акидааш аз бахри молу мулкаш  мегузарад, аз банди дор намехаросад,  аз марг наметарсад.

Пешвохои хасакии Точикистон чи?

Онхо хам хукумат мехоханд, хам рохат.  Умедвор мешинанд, ки кай  ягон кишваре ё нируе онхоро ба аспи сафед савор карда биёраду ба тахт биншонад. Хамаашон ягон бахонае доранд. «Рахмон чинни уруки моя хамаша нест мекунад», « як каме истед, як вазифа  ваъда кардаги, натияд ман бо шумо!», «сахтар гап занам, хамун як корхонача  хаст, боз нагирад...», « мон гум шавад, нав ба бачахоям хона  сохтам...» Чи, бачахои дигаронро чайра зоидааст ё крокодил?

Во ачабо... Во хасрато...Во аламо.... Бо инхо кучо меравем?  Боз кач шудаю рост шуда сурат мегиранд, дар газетахо чоп мекунанд, пеши зани чоруму шашумашон вохима мекунанд:»мара диди, да газит, зуруме...»

. . . Кабл азинтихобот бо як зумра рушанфикрон бахси доманадоре доштам. Онхо  ба хар рох исбот кардан мехостанд,  дар ин солхои наздик имкони тагйироте дар Точикистон  вучуд надорад. "Верхы не могут, низы не хотят".   Ва он ки ба чунин дузах  мардум тоб меоранд, гунохи  худашон аст. Яъне, ба чунин мардум, чунин президент равост.

Онхо мегуфтанд: Якум,   Рахмон тавонист, ки моро аз миллат ба пода бадал кунад. Дуюм, наход  исикоматкунандагони Точикистон ( ба миллат,  шахрванд гуфтан забонашон намегашт)  ба хамин зиндагии бад ( хонахои сарду бе чарог, кудакони маризу нимгурксна, шикамхои нимгурусна, мардикори) ху гирифтаанд?

Сеюм, Рахмон тавонист, ки чавхари милли моро бикушад. Хар руз камтар бо  номусваре, баоре, сарбадореро  дар чодахо вомехурем.  Хама артист шудаанду масхарабоз...

Шоир-артист

мулло-артист

олим-артист

Дар гушаи танхои хама шикоят аз зиндагии мекунанд, лаънат бар  чунин хукумату хукуматдори мехонаннд.

Ва аммо....

Чун аз  хона бадар шуданд, никоб мепушанд: сано мегуянд, ситоиш мекунанд, шеър менависанд, маколахо эчод мекунанд, дастони пашмини хунолудашро мелесанд. Ва метарсам, ки агар  эзорашро бикашад, хатто шояд  ...бипалмосанд..

Ба чои посух ман аз  онхо пурсидам: Магар хамин мардум набуд, ки ба як хой ба майдонхо бирехт? Магар хамин  мардум  набуд, ки ба як даъват  хонаю дарашро партофота, аз паси  шиорхо ба Афгонистон бирафт? Магар хамин мардум набуд, ки бо дастхои урён ба чанги ному номус хест?

Мардумро хам хукумат  бифурухт, хам оппозитсия. Басо арзон ва бешармона.

Хишти касрхои хам рохбарони хукумат ва хам  оппозтисияи  собик  ва чойгузинони онхо аз ашку хуну нолахои мардум шурида шудааст. Ин харсавору говсурони собик , ки имруз дар охирин тамгаи мошинхои гаронбахо мераванд,  дар паси оинахои сиёх  рузгори талхи мардумро намебинанд...

Ва аммо мардум...

Ин миллат, ин халкро баъди ин интихобот  боз бештар  дуст доштам.

Ман бо ин мардум фахр мекунам.

Онхо ба хама  гиромихо ва  харомихо нигах накарда, болои номи ХХДТ хати батлон кашиданд.

На соли бузургдошти Имоми  аъзам, на афсона Рогун, ки Али – бобо ва чил рохзан бофтаанд,  на таргиби шабонарузии радиою ТВ   акидаи ононро дигар накард.

Агар дар интихобот  зиёди зиёдаш 1 миллион одам ширкат карда бошад,    800 хазораш номи Рахмонро кур карданд. Ду миллиону  621 хазори  174 нафари  дигараш наомаданд. Дастонашонро харом накарданд.

Рахмон ин хамаро медонад. Хамаи ин ракамхо дар дасташ хаст. Мегуянд у  асаби мешавад: ин чи халки ношукр бошад-а? Хатто баъзе тамаллуккоронаш уро ором кардани мешаванд: «Ин халк ба кадри шумо намерасад, чаноби оли». Барои хамин Рахмон мардумро бад мебинад, зулму ситам мекунад. Рохбаре, ки дилаш ба халкаш месузад, раво намебинад,  ки як халкро то ин дарача хорк залил бисозад. Ё меравад, чун дид, ки намешавад, ё номусдор  бошад, худашро меовезад.

Рахмон  ба руи 3 миллиону 621 хазору 174  интихобкунанда  боз як бор туф  кард.

Баъзехо  туфи Чаноби Холи( бубахшед, Оли) табаррук гуфта, се руз гусл накарданд. Як сиёсатмадор  пайдо нашуд, ки ба  руи Рахмон туф кунад.

Бархе дигар туфро чун лутф пазируфтанд. 150 000 одама  кушт. Хазорони дигарро зиндон кард.  Буду шуди кишварро  бидуздид. Яку ним миллиони дигарро  муздуру гуломи дигарон кард. Туф чи?

То  Рахмон хаст, интихобот намешавад. Худи Рахмон зеро бо чанг  омаадааст.

Тамоми дунё медонад, ки танку тупи Россия ва Узбекистон  Рахмонро ба тахт  биншодаанд. Ва Рахмон пинхон хам намекунад: « Мо бо хун омадаем, бо хун меравем!»

Рахмонов Рахмон шуд.

Аммо сираташ хамон аст, ки хамон. Хаждах сол, гуфтам , боз мегуям. То Рахмон хаст, интихобот масхара, фарс,бози ва дигар ХЕЧ!!! Инихоботи  озод марги ин режим аст.Агар интихобот озод мешуд, соли 1994  президент  шахси дигаре буд. Эмомали  ё боз ба директории совхозаш бармегашт, ё дар зиндон намозхониаш меомухтанд, ё дар Россия гастробайтери мекард.  Аммо у бллютенхоро бо КАМАЗхо бурун кашида, ба оташ зад. Даххо шохидони ин сухтор хануз зиндаанд. Сухтори  раъйхо, сухтори умедхо, сухтори орзухо...

 Дигар Рахмон блютенн намесузад. Хушаш намеояд.? Хавсаалааш пир шудааст? На...у дигар медонад, ки мухим нест,  мардум чи тавр овоз медиханд, мухим он аст, овозхоро ки хисоб мекунад ва чи тавр... Каблан кам-кам харосе дошт. Аз  чомеаи чахони ... ООН, ОБСЕ... Ва ман хам замоне бовар доштам.  Аммо  ин созмонхо барвакт  импотент ва ё хези сиёси шудаанд.

Бовар кунед, мо ба касе даркор нестем. То худамон кас нашавем... Порлумонхои ахди Рахмон яке аз дигаре бадтар  буданд. Якумаш пури кисабуру боевику  одамкушхо, ки хамсангарони худаш буданд, ва баъдинахо пури гунгу  дастболокунакхо...ба чуз чанд тан шахсиятхое, ки дар он махфили бесаводон мисли инопланетнинянихо  менамуданд.

Ва ин наваш хам, кал додари  кур. Боз як туда мардудони дарбор, фохишахои сиёсии пиру фартут ва чанд зоги ало... Ва ун чанд чое, ки   барои хизбхои дигар садака кард, танхо ва танхо ба хотири худаш. Акнун хама чо чор мезанад, ки бубинед, ки дар порлумони мо 5 хизб хаст. Хатто хизби исломи...Рахмон дигар Точикбоши не. Диктатор не! Падари демократия!!! Барак Обама пеши Рахмон кулохаша гирад....Як замоне Рахмонро  ба гирифтани чоизаи Нобел пешниход  карда буданд. Ман уро барои гирифтани АРТИСТИ БЕХТАРИНИ СОЛ ба чоизаи бонуфузи Оскар тавсия мекунам: барои бозии бехтарин  дар  роли демократ.

Пас чи бояд кард???

Хар хизбе, ки номус дорад, бояд як  изхорот пахш бикунад. То Рахмон хаст, мо дар интихобот иштирок намекунем. Дигар хама харфхо даюси , садруяги ва савдогариянд.

Ман бар онам, ки  агар  Чаноби Оли бимирад хам, системаи сохтааш мемонад,( агар мо набишканем) вай ба чои худаш Рахмонаки дигарро мебиёрад. Ин интихобот боз  далел андар  далеле шуд.  Озодаро  Р ахмон (ба Каримову Назарбоев таклид карда) чонишини вазири корхои хоричи кард. Аммо Озодаи дар огили гов вораста, Гулнора Каримоваю Дарига Назарбоеваи ашроф ва тахсилварзида шудан натавонист. Рахмон Рустамро ба майдон сар дод.  Депутаташ кард.  Ин майзада ва банги, ки акаллан як мактаби олиро  натавонист ба итмом бирасонад,  худо  накунаду ба чои падараш биёяд, миллат  битамом тачовуз мешавад.

Донеду огох бошед!

Рахмон то  зинда хаст, то нафаст вопасинаш,  хукуматро ба  касе намедихад. Хатто ба Рустам. Бехуда магар у конститутуцияро  дигар кард? Бехуда магар хама харифони  нисбияшро ба катл бирасонид, ё  ба хабс  андохт  ва ё бурун аз ватан кард?

Рохи халоси аз ин режим  кучост?

Рох яке: мачбур кардан, фишор овардан, эътироф накардан... Корпартои  суд надорад. Хама бе ин хам бекоранд. Танхо гирди хам омадан ва  кашфхояшро пеш мондан ва ба ин рози нашавад, як лагад бар дунбааш фаровардану аз Душанбе дафъаш кардан. Фарчоми  хама режимхои  худкома чунин аст. Дер ё зуд онхоро аз ватан меронанд, ё зиндон мекунанд, ва хато меовезанд. Пол Пот, Пиночет, Чаушеску, Начиб ва садхо дигар оё ба хоби Рахмон намедароянд!?  Аз газаб ва лаънати мардум намехаросад?  Мардум ба дод ояд, ва ба хиёбонхо бирезад, аз ки мадад мечуяд?  Халк 5, 10, 15 сол боз  сабр кард. Имсол ХАЖДАХ сол шуд.  Руз ба руз бадтар, сол ба сол бадбахттар.  Пас аз ранги сиёх ранге дигар хаст?

Ман такя бар онхое мекунам, ки рузи интихобот номи Рахмонро хат заданд. Ва ба ононе, ки ба дигарон овоз доданд. Ва хам ба онхое, ки   мазхакаи Али- бобо ва чил рохзан нарафтанд. Ман ба онхое, такя  мекунам, ки дар Бадахшон  гидихамои оростанд, ва тахти хукуматро биларзонданд. Ман бо он занони  марди кулоби, мефахрам, ки   пеши рохи сарвазирро бубастанд. Ман бо онхое, хастам, ки хануз с болини сангинро  дар дили куххо, аз рахти мудлими беномуси боло медонанд. Ман такя ба он дустоне дорам, ки дар  зиндонхо суруди озоди мехонанд.

Тамоми босози, тагйирот ва  инкилобхоро дар хама кишвархои дунё 5-7 фоизи мардум мекунанд.  Интихобот нишон дод, ки бисёрем.  Ватандору ватанхоху ватандустон... Рохи дигар надорем. Дигар хама роххо  ба бехуда ва ба бероха мебаранд. Мухимтарин сабак, навид, мессич, паёми  ин интихобот он  буд, ки марзи сабру  тахаммулро  миллат паси сар кард  ва ру ба  эътироз, ру ба  амал, ру  ба муковимат   овард. 

Точикистон бедор шуд.

Муборак бошад!!!

                                                                                                                                                     Додочон Атовуллоев,

                                                                                                   Рохбари харакати сиёсию  чамъиятии « ВАТАНДОР»


P.S. Хангоме ин сатрхоро менавиштам , ин хабар омад. Дар чумхурии Нигер табаддуллоти давлати сурат гирифт. Президенти ин кишвар Мамаду Танча, ки 10 сол боз хукмрони мекард ва чун Рахмон ситамгар буд, сарнагун шудааст.

 

             

Просмотров: 4352 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.1/44 |
Всего комментариев: 0
Copyright MyCorp © 2017
Сайт управляется системой uCoz