ВАТАНДОР
Чоршанбе, 22.11.2017, 17:41
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Март 2012  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1664

Главная » 2012 » Март » 23 » Дуруд ва бозгашти Ватандор. Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ эй тоҷикам!
Дуруд ва бозгашти Ватандор. Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ эй тоҷикам!
12:41

Дуруд ба ҳамватанони азиз. Дуруд ба ватандорони ҳушманду арҷмандам! Дуруд ба онҳое, ки аз мову мо аз эшон ин муддати мадиде дар фосила қарор доштем. 

Ҳукумати Раҳмон вақтҳои ахир аз тасмимҳои Кремлин хеле тарс дорад, ки барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик визаро ҷорӣ накунад ва ё худ як қади аҷал аз он метарсад, ки ҳамагӣ (2 милюн муҳоҷирро!) гастарбайтерҳои тоҷикро дар як рӯз депорт накунанд. Ватандорони азизам, мабодо гумон мабаред, ки ин гуна тарсу ба таҳлука афтодан аз боясти ғамхорӣ нисбати раъияти Тоҷикистон аст. Дар телевизиюну родюҳо борҳо алайҳи ягон тасмими манфии Кремлин садо буланд кардани ҳукумати Раҳмон маънии он нест, ки ғами муҳоҷиронро мехӯрад. Онҳо ғами дубури худро мехӯранд. Онҳо ғами фарзандони як кланро мехӯранд. Раҳмон ғами шиками худ ва нӯҳ фарзандашро мехӯрад Боқӣ дигар ҳич чиз. Боз мегӯед чаро? 

Бародарону хоҳарони азизам, охир чашми ибрат агар боз кунӣ, ин тавр нест, ки ба ману ту ТВ ва родюву ҷаридаҳои лаббайкгӯ талаққӣ мекунанд, нишонаи ғамхории ҳукумати Раҳмон нест. Фаразан, агар Кремл дар як рӯз қонуни раводидро ба муҳоҷирони тоҷик раво бинад ва ё ҳамаро дар як соат депорт кунад, барои халқи тоҷик не, барои ҳукумати кунунии Тоҷикистони заҷрдида даҳшату арсаи қиёмат фаро мерасад. 

Зеро, аз 2 милюн муҳоҷир ҳадди аққал 1 милюни ишон афроди соҳибмаълумотанд. Дониши хуб доранд, аллакай дар Русия мақому манзалати шоистаро дастёб шудаанд. Онҳо дар шароитҳои хубу марғуб зиндагӣ карданро аллакай чун одат қабул кардаанд. Худо кунаду онҳо ба Тоҷикистон пас аз депорту виза ба якбора оянд, як соат кифоя аст, ки ҳукумати Раҳмонро аз беху бунаш баркананд. Зеро онҳо мисли аҳолии Тоҷикистон бебарқу бегоз ва дигар пастии маишату рифоҳати зиндагиро таҳаммул карда наметавонанд. 

Маҳз ҳамин ҳам тарси Раҳмон аст. Маҳз ҳамин маҳаку ядрои хоҳишҳои Раҳмонро бозгӯ мекунад. Аммо тавре вонамуд мекунад, ки ғамхори миллату давлат аст. Тоҷикистониёни бечора низ одат кардаанд, ки ҳар садо буланд кардани Раҳмонро алайҳи тасмимҳои Кремлин гӯё ғамхориву хирадмандӣ ва адолатпешагӣ қабул доранд. 

Ҳамватанони азиз, дар куҷо дидаед, ки 21 сол ягон давлати дунё аз ҳисоби муҳоҷират зиндагӣ карда бошад?  Дар куҷо дидаед, ки як оила чашми 7 милюн шаҳрвандонашро тарсонидаву тамоми дороиҳои як давлатро ғасб намуда бошад? Дар куҷо дидаед, ки сарвари давлате тариқи телевизиюн гуфта бошад, ки «бо хун омадам,  додам бо хун меравам». Гумон мекунед, ки дар Тоҷикистон барои ҳафт милюн одам ҷои кор нест? На, ин ғалат аст. Барои ҳатто 14 милюн аҳолӣ ганҷинаҳои Тоҷикистон кифоягӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ҷои кори бисёр созмон додан мумкин, ки назирашро шояд ягон кас дар хотиру дар тасаввураш надошта бошад. Бе Русия ҳам мешавад зист намуд. Аммо қолаби мафкураҳои шахшудаи мо намегузорад, ки ба ин чиз имон биёварем. Аммо Раҳмон намехоҳад, ки ин кӯҳҳои анбошта аз симу зар насиби дигаре бошад, ба ҳамин хотир ҳам муҳоҷиронро муҳоҷиртар кардан мехоҳад.  

Аммо як дарси ибрате ҳаст, ки тамоми сарварҳои кишварҳои ҷаҳон бояд мардонагиро биёмӯзанд. Мардонагиро аз Аскар Оқоев –собиқ президенти Қирғизистон, ягона академики ҳаққонӣ ва воқеӣ бояд омӯзанд. Имрӯзҳо ҳукумати Қирғизистон ҳар чӣ нафрине хоҳад алайҳи Аскар Оқоев мегӯяд. Аммо итминону имон дорам, ки баъди 10-15 сол номи ӯро дар радифи қаҳрамонҳои барӯмандтарини миллати қирғиз шомил хоҳанд кард. 

Зеро, Оқоев замони президент буданаш, тамоми фишангҳои Қирғизистонро рӯйи даст дошт. Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон буд. Аммо ҷавҳари суол ин аст, ки чаро ҳангоме дар Қирғиистон ошӯб шуд, Оқоев  аз он фишангҳо истифода накард? Чаро мисли Раҳмон қувваҳои мусаллаҳро алайҳи ҷавонони бесилоҳ истифода накард? Чаро? Ин мағзи суол аст. Ӯ мардона рафтор кард. Ӯ пайхас кард, ки дигар миллаташ ӯро намехоҳад, бидуни содири фармони ҷангу хунрезӣ худаш канор рафт. Аммо ҳама шойеъот мегӯянд, ки дасти Кремлин дар ин будааст. На ва ҳаргиз на! Дар ин ҷо дасти мардонаи Оқоев буд, ки баъди 10-15 сол миллати қирғиз қадри мардонагии ӯро хоҳанд дарк кард. 

Аммо ин рӯзро ман тасаввуран пеши миллати тоҷикам мебинам. Мебинам, ки рӯзи ин миллати ба дод омадаву зарбаҳои номардонаи Раҳмонро хӯрда хоҳу нохоҳ рӯзе, соате, лаҳзае хоҳанд хест. Аммо беягон оқибнишинӣ хоҳанд хест. Ман ба ин бовар дорам. Ва бо бисёр таассуф мебинам, ки паси ин манзархаёлҳоям Раҳмон мисли Оқоев амал нахоҳад кард. Ӯ номардона рафтор хоҳад намуд. Зеро ҳамеша рафтораш номардона буду худаш ваъда дод, ки бо хун меравад. Аз ин гуна зот беҳуда интизори ғамхорӣ шудан, гови нар дӯшидан аст. 

Бо вуҷуди ин, як рӯзе мардуми тоҷик барои фарзандони худ ин корро хоҳанд кард ва он рӯз дур нест, ки ба тамоми номардиҳои Раҳмон нигоҳ накарда ин мардуми сокиту хомӯш хоҳанд бархест. Решаи ӯро аз ин бешаи андешаҳои хоҳанд барканд. 

Раҳмон, аз оби ором битарс, ки агар тӯфон варзад, тӯфони ҷуброннопазире ба кошонаи ту мерасад, ки ислоҳаш ду зисту ду марги дигарро мехоҳад. Яъне ҳанӯз фурсати фикр кардан дорӣ!!!


Просмотров: 1805 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.5/4 |
Всего комментариев: 3
3  
Ман хаммилат ва бародари Нигина мебошам ва ба ту мегуям, ки э бахтовари куниота, неке дарёфт кардем додота кати хдт ру бару мекнем. Бева, занак бдаи гнида........

2  
НИгина брав да чогаи гармат хоб кун ки хунук нашавад рек-и Додочона гаранг накун

1  
Fuck off dodojon atovulloev!!!!!!!

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2017
Сайт управляется системой uCoz