ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 18:00
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Март 2012  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2012 » Март » 25 » Душанбе аз Раҳмон метаркад
Душанбе аз Раҳмон метаркад
16:10
Боз як фоҷиа. Боз як баён кардани норозигӣ. Боз як тан шаҳрванди тоҷик худро аз таъқиби режими раҳмонӣ (аз режими сталинӣ ҳам сангинтар режим дар рӯйи ҷаҳон ин режими Раҳмон аст) тарконд. 
Баъд аз намози пешин дар шафати автовокзали пойтахт таркише садо буланд карду дили ҳазорон нафарро ба ларзиш овард. Худоё! Ҷавонон ба ҷони худ раҳм намекунанд. Ҷавонон маргро аз зиндагии зери султаи зулми Раҳмон авло медонанд. Ҷавоне, ки бо иттиҳоми бардурӯғи экстремизм дар пайгарди қонунҳои ғайриинсонии «made in rahmon» қарор дошт, худро дар ҳузури ҳамагон тарконд. Пораҳои гӯшти баданаш пош хӯрдаву ҳанӯз бӯйи хуни гармаш ба димоғи раҳгузарон мезанад. 
Маълуму равшан гардид, ки Раҳмон аз шаҳрвандони барӯмандаш тратилу маводҳои таркандагии зинда месозад. Тавре халқро аз ҷон сер мекунад, ки худро метарконанд. 
Раҳмон шояд намехост, ки бо омадани меҳмонони хориҷӣ дар Наврӯз ин гуна норизоӣ ба вуқӯъ пайвандад. Аммо ҳар чӣ ки буд аллакай шуд, меҳмонон бо тамоми вуҷудашон ба ҳоли Раҳмон хандиданду гиря карданд. 
Агар сари мавзӯъи байнулмилалӣ шудани Наврӯз гӯем, имрӯз Раҳмон ва ТВ-родюҳои лаббайкгӯяш ҷор мезаннад, ки гӯё ҳукумати Тоҷикистон «бо ибтикори ҷаноби холӣ номӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ба СММ Наврӯзро пешниҳод карда бошанд, ки Наврӯз иди умумиҷаҳонӣ шавад. Гӯши халқро бо ин газофаш пур кардааст. Аслан инро се кишвар -Ӯзбакистону Туркманистону Озарбойҷон пешниҳод карда буд. Баъдан Раҳмон дид, ки онҳо пештозӣ мекунанд, худро ба қабати эшон зад. 
Бо ин ҳама имрӯзҳо, ки меҳмонони хориҷӣ дар пойтахти Тоҷикистон қарор доранд, бар замми ин ки шармандагии тарконидани як нафар табааи кишвар гӯши онҳоро харошид, шармандагии дигар он аст, ки дар ҳар нишасту хезаш Раҳмон меболад ки бо ибтикори ӯ гӯё Наврӯз ҷаҳонӣ шудааст. 
Ин аблаҳияшро меҳмонон бо сиву ду рагу пайвандашон медонанд, эҳсос мекунанд, аммо чӣ кунанд, Раҳмон ҳамин гуна дурӯғгӯи гузарост. 
Дар охир
Худованд ҷавонони барӯманди миллатро ҳифзу ҳимоя кун. Нагузор, ки дигар ягон нафар дар таъқиби Раҳмону қонунҳои ғайриинсонияш худро ба марги муфоҷо рӯбарӯ созад. Омин!
Просмотров: 3636 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 3.8/5 |
Всего комментариев: 5
5 КАЮМАРС АЗ ТОЧИКИСТОН  
0
Ахсан ба Шумо Нигиначон Самадова, Шумо зани бомаърифату окила будаед, мо сад дар сад чонибдори фикру акидахои шумо хастем, чунки тамоми халки точик медонад, ки Додо чи гуна шахсият аст. Вай шахсе хаст, ки тамоми вучудаш пур аз кибру гурур, тухмат ва дуруг мебошад ва тафрикаандоз аст. Бинобар ин ин гуна шахсиятхоро чомеа эхтиром намекунад. Вай худашро Ватандор мегирад пас саволе ба миён меояд барои Додо бароои давлати Точикистон чи кор карди, акалан як хаммиллати худро бо рохи хуб хидоят кард. албатта не. Пас фардо дар чомеа чавонон насли наврас гиребонгири Додо мебошанд, чунки фазои солими чомеаи моро носолим мекунад. Дар назди конуну таърих як умр номаш сиёх аст. Барои Додо як шер кироат мекунам:
Аз Худо карда фаромуш, зоти беномусу нанг,
Душмани халку ватан шуд, баъзе фарзанди гаранг.
Мулки худро хост супорад У ба хар бегонае,
То бимонад номи ифлосаш ба хар афсонае.
Хурда нони ин ватанро, дар намакдон туф кард,
Кофири имони худ гардид ба имон туф кард.
Хар, ки бишносад Худоро, У ватан бегона нест,
Хар ки нашносад Худоро чуз саги девона нест.
Модари модар ватан бошад, пас модар ватан.
гар намедони ту ин маъни, дафъ шав аз ватан,
Пас ватандори хамине чони худ бар ин бинех,
Рузи зуромад хаёти худ ба хифзи ин бидех.
То ки модар мехрубон гардад тану чони туро,
То абад бар худ бигирад мехру ормони туро.
Хаст халки вафодори Ватандустони хеш,
Номи ин ахли ватан, дар чигар созад ширам.

4 КАЮМАРС АЗ ТОЧИКИСТОН  
0
Ба рости, ки аз ин кадар ташвишхое, ки хануз аз соли 1991 хамин рубохи хиллагар Додо ба сари халки миллати точик овард фаромуш шудааст? харгиз не, чунки шумо хамчун як шахси точик не хамчун яхуди муносибат мекунед. Фикр мекунам, ки Додо як шахси беватан, бемиллат бехову дар албатта хасад мехурад ба мехнату комёбихои Чаноби Оли хасад мехурад. Шумо кайки кухна бод накунед, набошад, халки точик намебахшад, барои онки хамеша тафрика ва игво меандози, аз одами тафрикаандоз халкам безор аст. Дар мо як зарбулмасале аст, Саги мо хастию дар дигар чойхо мечаки. Агар ту ин кадар баномус боши ва фидоии рохи миллат боши ба далату давлатдории точикон намераси. чунки ту як аблахъ хсти ки Худованд гунохони туро харгиз намебахшад. Барои онки дили Шумо сиёх асту кибру гурур дорад. Бидон ба максад намераси. Барои хамин дар кучое боши забонатро нигахдор аз гаразу аз кина, хар ходисае, ки бо шумо руй медихад шояд газаби худованд аст.

3 БАХТОВАР  
0
Нигина, Додочон шуи очат намешавад ку, ватан беватан мегуи

2 Барзу  
0
Нигина,хамаш хуб,лек дар тарозу гузор корхои хуб ва бади хукуматро,кадом тараф зер мекунад маълум аст,бо хатову нодурустии карорхо иктисодиёт ба кадом дарача расид?

1 Нигина Самадова  
0
Ба хар хел дасисабозиву ин хел ватанфурушони разил бовар накунед. Рахмонов мард буд, аст ва мемонад. Зинда бод Эмомали Рахмон

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz