ВАТАНДОР
Чоршанбе, 13.12.2017, 17:42
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Октябр 2010  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1664

Главная » 2010 » Октябр » 21 » Зимистони гарми Тоҷикистон ва сафтасатаи 1001-уми ҷаноби холӣ
Зимистони гарми Тоҷикистон ва сафтасатаи 1001-уми ҷаноби холӣ
18:58
Агар ҳар касе чашми воқеъбину гӯши шунаво ва дили ҳассос дошта бошад, бояд бидонад, ки зимистони имсоли Тоҷикистон хеле гарм хоҳад омад. Хеле гарм. Аллакай чандин «прогноз»-ҳоро худи шумо дидеду шунидед. Ин тарсонидану ваҳмонидан нест, ин воқеият аст, ки ҳукумати кунунӣ (алъон кунунӣ, зеро муваққат аст) бояд донад, ун бозиҳое, ки қаблан бо мардуми кишвар мекард, дигар нахоҳад тавонист. Зеро мардум аллакай садо буланд кард, ахиран миллати сарбуланди ман ҳаққи хештан донист. Худо мададгори ин халқ.
Ин ҳарфҳо даъват ба ҷангу ҷидолу хунрезӣ нест. Савганд ба Худованд даъват ба ҷанг нест, ки нест! Танҳо ҳӯшдор ба ин ҳукумат аст, ки дар раъсаш Эмомалӣ Раҳмон менишинад ва олу асҳоби Раҳмон бояд пунбаро аз гӯш кашад. Бояд зимистони гармро мунтазир бошанд. Аллакай шарораҳо дар Рашту Хуҷанди бегазанд, Истаравшану Исфараи бостон, Қурғонтеппаву Кӯлоби азизам шурӯъ шуда. Кампирзане дар Кӯлоб дар селоби тобистони имсол президентро бо мушти лойе зада тавонист. 4000 нафар родмард дар сангарҳо барои озодии Тоҷикистон аз чанголи Раҳмон сахтиву сангиниро паси сар карда истодааст (парвардигоро имонашон бидеҳ, то бо сабр пирӯзӣ ба даст биёваранд).
Аммо Ватандор ҳеҷ гоҳ ҷонибдори хунрезӣ набуду нест ва нахоҳад буд. Ҳамеша таманнои онро дорам, ки Тоҷикистониёни арҷманди ман, озоду ободу аз зулму истибдоди оилаи Раҳмон эмин бошанд. Омин.
Яқин аст, ки ҷаласаҳои пайдарҳами ҳукумат барои ҳифозати дубураш (на халқ) маънии он аст, ки халқ дигар бедор шуда. Раҳмон яқинан медонад ва эҳсос мекунад, ки фишангҳои зулми ӯ дигар заъиф шуда. Сад дар сад дарк мекунад, ки моҳҳои ахири салтанаташ аст. Билахар аллакай дар Зелландияи Нав ҷойгоҳу пойгоҳ барои аҳли оилаи хеш сохт. Зеро медонад, ки ба гармии ин зимистон тоб оварда наметавонад, бо вуҷуди ин то замони рафтанаш ба аҳдаш содиқ аст. Ба аҳде, ки тариқи телевизиюн гуфта буд: «Бо хун омадам, бо хун меравам». Агар халқи азизам, имон дошта бошеду аз хотиратон нарафта бошад, президенти шумо ҳамин гуна айнан гуфта буд. Ин гуфтаи ӯ на дурӯғ, на тарсонидан ва на таҳдид буд. Ин аҳду паймони ӯ буд. Ҳаводиси солҳои ахир исбот кард, ки Раҳмон ба аҳдаш собит асту вафо мекунад. Ба ин хотир, дониста бошед, ки сарвари шумо чунин сарвар аст. То хуни шумо рехта намешавад, ӯ лаззат намебарад.
Ин хидмате, ки Раҳмон кард, то ҳадде мардумро догма кардааст, ки ҳамеша ҳама хурду бузург дуояш мекунанд, ки «ҷаноби олӣ ину он кард, дилсӯзи миллат асту аз рӯи дилсӯзӣ фалону беҳмадон хидмат кард». Халқи азизам, бедор бошеду бояд донед, аслан вазифаи президентӣ чист? Оё хидмат ба мардум нест? Магар дигар президентҳо ба халқашон хидмат намекунанд? Ё танҳо президенти шумо ба халқаш хизмат кардааст? Бедор бошед, мафтуну афсуни кардаҳояш нашавед. Агар ӯ як хидмати намоёне дар ҳаққи шумо кард, ҳазорону милюнҳо ҳаққи шуморо хӯрд. Ҳаққи фарзандоне, ки барои ӯ дар вақташ карданду мурданд, кушта шуданд, ҳабс гардиданду бадарға гаштанд, ҳаққи чунин афродро хӯрд. Ҳаққи 7 милюн аҳолиро хӯрд. Ҳаққи 2 милюн муҳоҷири ранҷбарро хӯрд. Роҳҳои Тоҷикистонро ба домодаш бахшид, бизнеси сохтмонҳои асосии кишварро ба духтараш-Таҳмина ато фармуд. Тамоми сармояи осмонрези хориҷиро бо кумитаи ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиши Тоҷикистонро бо дору надораш ба писараш-Рустам ҳадя кард. Вазорати корҳои хориҷиро ба духтараш Озода никоҳ кард. Боз чӣ монд? Магар ин аст хидмат ба мардум? Магар шумо ба хидмат розиед? Шояд шумо ва ё фарзанди шумо беҳтарин нафаре бошед, ки ба ҷои фарзандони ӯ баргузида бошеду ба халқ аз ин беҳтару меҳтар хидмат кунед. Оё шумо сазовор нестед? Ё танҳо дар Тоҷикистон оилаи Раҳмон инсонанд? Шояд худи шумо сазовори курсии президентӣ бошеду инро пайхас накардаед? Ин афсуни сухан нест, ин ҳақиқат аст, ки бояд бидонед.
Борҳо ба симои ун нафаре, ки тариқи телевизиюн аз президенташон бо ҳазор умедворӣ меболанд, менигарам. Аз ростӣ дар ин лаҳазот ба ҷуз тарсу дурӯғ аз симояшон намехонам. Наход бо ҳадди аққали маош, ки 20 дуллорро (баҳои як кофеву ду булочка дар рестуронҳои ИМА-ву Урупост) дар бар мегирад, аз сарваре чун Раҳмон бояд бинолем? Наход 2 милюн нафар қувваи корӣ дар Русия бо сияҳтарин меҳнати шоққа нон ёбанду оли Раҳмон кайфу сафо карда, Тоҷикистонро аз они худу оилааш донад, магар ҳамин хидмат аст? Чаро ва чандин чарову барои чиҳои дигар. Худоё, ба ин халқи тамаддунофару кишваркушои ман чӣ шуда, ки сафедро сияҳ гуфтан мехоҳад. Аммо боз умед аз халқи азизам дорам.
Райиси порлумон Зуҳуров дар Рашт чӣ кард? Бо иғвои он ки як гурӯҳ ба ҳукумат пайвастанд, халқро гӯл заданист? Бадеҳист, ки ӯ низ зери оҳанги нақораи президенташ рақс мекунад. Ӯ чунин фармон гирифта, ки баъди сафар ба халқ овоза кунад, ки гӯё ҷониби даргир ба ҳукумати кунунӣ пайвасту алайҳи Мулло Абдуллоҳ ҷанги беамон эълон кард. Сафтасатаи 1001-уми ҷаноби холӣ.
Ин идда ҳиҷ гаҳ таслим нахоҳанд шуд. Дар кулли кишвар мардони мард бархостаанд, маҳфилҳои родманишиву озодагӣ пинҳонӣ бошад ҳам амал мекунад. Раҳмон ва аҳли ҳукуматиён бояд бидонанд ин маҳфилҳо рӯзе хоҳанд таркид. Ин шарораҳо рӯзе алангаи бузурге аз худ хоҳанд пароканд, ки ҳам Раҳмон месӯзаду ҳам ҳукуматдорони имрӯзӣ. Аммо Худо нахоста, ҷавонони бегунаҳ дар ин оташ бисӯзанд, ба таҳқиқ, ки Раҳмон муҷрим асту бас. Дигар ҳеҷ кас. Боз мегӯям, пеши роҳи ин хунрезиро шумо-Тоҷикистониёни азизи ман, метавонед бигиред, танҳо шумо! Раҳмон ба шумо шафқате надошту надорад. Аз ин хунрезӣ танҳо ӯ бурд мекунад, на шумо ва ин беҳтарин лаҳзаву фурсате барои Раҳмон аст, ки ниятҳои нопокашро, аз ҷумлаи гуфтааш «бо хун омадам, бо хун меравам»-ашро пиёда созад. Бидонед, халқи азизам!
Харчанд бо сафсатаҳову худсафедкуниҳо дастгоҳи Раҳмон талаққӣ мекунад, ки дар ин кор дасти хориҷиён ҳаст, боз сафсатаи дигарест. Дар ин кору пайкор ягон дастеву изе аз хориҷ нест. Ин ҳамон буғзе, ки дар синаҳо тӯли 18 сол ҷӯш дорад, ҳамон аст, ки ҷавонони бедордилу ватанхоҳу ватандор аст. Танҳо ин шӯриши мардтарин ҷавонмардонитоҷик аст. Ба сафсатаҳои ин заводи сафсата-Раҳмон бовар накунед. Боқӣ шумову қазовати шумо,
Просмотров: 1531 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.3/6 |
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2017
Сайт управляется системой uCoz