ВАТАНДОР
Сешанбе, 16.04.2024, 17:54
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Май 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Май » 23 » Чон ба қурбони ту эй, меҳанин хунинкафанам
Чон ба қурбони ту эй, меҳанин хунинкафанам
19:15

Гумон накунед, ки чанг тамом шудаасту Ватандор аз хун ҳарф мезанад. На азизон, то ба ҳануз хуни точик равон аст, аз пушти курсй ҳар руз хун мерезад, аз барои ҳақ гуфтан ва ё сири миллатфурушеро кушодан ҳар соат хун дар дами теғи «давлатсолорон»-и чило медиҳад. То ба ҳануз точик аз барои қути лоямуте гирифтори марги муфочо аз ваҳшигарии миллатгароёни рус аст.

Худоро шукр мегуям, ки сафи ватандорон зиёд аст. Дусти арчманди ман Точвар низ ба ин риштаи худовандй чанг зад. Марҳабо мегуям, қадамат нури дида точи сар, азизи дилҳо.

Аз он ки субҳи имруз садои модари зори ватандорро бо гиряҳои талхаш шунидам, то ба ҳануз дилам дурдонаи хун ба чойи ашк мерезад. Ризостам, ки бигзор ба хотири Ватани азиз, ки дар чанги асорат аст, аз Фуластин мондание надорад, аз Ироқи ғарқихун қариб, ки кам нест, ба Афғонистони фиғонистон шабоҳати кулл дорад, ҳар қадар ашк бирезам. Ман ҳузури Худованди Аззаву Чалл танҳо ҳамон лаҳза вазифаи муқаддаси инсониямро ичрокарда мебинам, ки ба ин риштаи иттиҳоди худовандй ҳамагон чанг занем.

Ин курсиҳо, ки аз падар ба писар мегузарад, ин ҳар вачаби хоки муқаддаси ватан, ки дар ивази мухтасаре пул фурухта мешавад, ин дастҳои фишангдорон, ки то оринч хунолуда ҳастанд, ин модарони зор, ки ба чойи шир аз пистони табаррук хун рехтанд, ин хуни бародарон, ки дар саҳроҳои валангори Русиё аз дами теғи скинхедҳо хуроки гарми сагону гургони мешавад ва… ҳеч гаҳ аз лавҳи хотири ТАЪРИХ шуста намешавад.  Дарки як маънй, ки муҳаббати поку беолоиш нисбат ба Ватани хоргашта аст, мулзам медонам, ки дар ҳар дил зуҳур кунад. Тавре Точвар бо ифтихор мегуяд, «Оре, мо ҳама бояд ватандор бошем».

 

«Ватандори азиз,

Ба ҳамаи суханони Шумо розиям, ба истиснои ин ки ҳар кас ба ҳақорат низ ҳақ дорад. Ман ду чиз, ҳақорат ва зўровариро намепазирам.

Яке хушунати лафзист ва дигаре хушунати чисмонй. Мо точикон танҳо ба муқобили ҳамдигар аз ин ду истифода мекунем.

Вақте нерў ва гурда надорем, ки бо бегонагон чунин гуфтору рафтор кунем, беҳтар аст, бо худиҳо низ ин зиштиро раво набинем.

Баҳс танҳо бо далел, посух танҳо дақиқан ба суъол. Ва посухи мо бояд на шиъоргуна, балки рушану возеҳ бошад.

Шумо ба пурсиши дўстон посух надодед, аммо аҳсант ки аз аҳдофи умумимиллй ҳимоят мекунед.

Сарбаланд бошем

 

«tojvar, on May 22nd, 2008 at 7:22 pm Said:

Ватандори фарзона,

Узр ки аввал ба ин номаатон повух додам ва танҳо сипас дари сомонаатро боз кардам.

Ростй, баъзе аз сатрҳоятро натавонистам бе ашки гирдгарон дар чашм, бухси гулў ва дарди дил бихонам.

Зинда бошй, азизам. Оре, мо ҳама бояд ватандор бошем»
Просмотров: 1383 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 3.0/2 |
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz