ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 13:27
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июн » 2 » Пайвандҳои ногусастанй. Прокуратураи хонаводагй, Э.Раҳмон ва Бобохонови шерафкан (қисми 3)
Пайвандҳои ногусастанй. Прокуратураи хонаводагй, Э.Раҳмон ва Бобохонови шерафкан (қисми 3)
22:37

Хонандаи арчманди сомонаи Ватандор. Медонам, ки фасодиҳои ин қабиле, ки ба таври силсилааш мехонед, шуморо шояд дилгир ҳам сохта бошад. Бо ин ҳама маъзарат. Дилам мегиряд, нола дар гулуям мешиканад, ба халқи сукутзадаам раҳмам меояд. Инак охиргуфтори ин силсила.

 

Шоев (алъон Шоҳиён), ки дар найрангбозй устухон надорад, ҳангоми раиси Шурои адлия шудан, як қатор қаҳрамониҳо касношунид нишон дод. Шабу руз сари презиеденти Раҳмонро гаранг сохт, ки дар оянда барои чавлонгоҳи худаш ягон мамониат пеш наояд. Раҳмони гапдаро ҳам дар ҳолати ширакайфй сар чунбониду масъала ҳал шуд: Шоев шоҳи мутлақи судяҳои Точикистон гардид. Аввалин ибтикоре, ки кард, вазифаи судяҳо, ки то даҳ сол бояд бидуни дахолат сурат мегирифт, бо як нул зад. Ҳарчанд судяҳо аз хатогй орй нестанд, Шоев бевосита ба кори кадрҳо бо маслиҳату машварати Абдучаббор машғул гардид.

Қадамҳои нахусти Шоев аз ғалбер гузаронидани кадрҳо шуд. Раиси суди шаҳри Хучанд Сангинов Хуршед, ки ки яке аз босаводтарин судяҳо маҳсуб мегардиду ба Шоев як тини сиёҳ ҳам пора намедод, ба чаноби Шоҳиён маъқул нашуд. Уро бо осонй аз курсиаш барканор карду ба чояш Холиқова Шаҳодатро дар ивази 50 ҳазор доллар чойгузин кард. Ин нуктаро худи муҳтарама Холиқова дар туйи як хешовандаш дар асари сархушй зикр намуд, ки манбаъҳои эътимоднок тасдиқ мекунанд. Аммо бо вучуди ин чашми Шерхон Салимзода ва очонсии мубориза алайҳи ришвахорй дар рузи равшан кур аст. Намебинад, чунки дидан инамехоҳад.

Шаҳодат Холиқова чй тавр ба якборагй ба ин курсй тавонист, ки дакка бизанад? Хонум Шаҳодат, ки алъон шавҳарнодида ба ҳукми бикр (девственница) ҳастанд, маъшуқаи даври пирии раиси дастгоҳи президент Амиршо Миралиев (экс-раиси вилояти Хатлон)-анд. Амиршо ба ин шашгона дар бобати ба курсии баландтаре чаҳонидани маъшуқааш арзи дил мекунад ва ин масъала ба таври томаш дар комплекси Чоми Чам ҳалли худро меёбад.

Ватандорони арчманд, дар Точикистон вазифа гирифтан кори мушкил нест.

Акнун мегузарем ба бахши пайвандҳо, ба бахши муҳими ин силсилаи зангзадаи мағорбастаи кишвар.

1.Бобохон Бобохонов, прокурори генералии ЧТ, мутахаллис бо номи «Шерафкан».

2.Абдучаббор Азизов, мушовири давлатии президенти Точикистон оид ба сиёсати кадрҳо, бо тахаллуси «Мистер Бин» маъруф аст.

3.Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Шурои адлияи ЧТ бо лақаби «Човандоз» машҳур:

4.Сафаралй Начмиддинов, вазири молияи ЧТ, бо унвони «Шрек» мешиносандаш, зеро иштиҳояш мисли гуши Шрек ҳамеша во ҳастанд.

5.Шералй Гул вазири саноат ва энержии ЧТ, уро бо лақаби «Трансформатор» медонанд.

6.Ҳасан Асадуллозода, мулаққаб бо номи «Гушна», директори дирексияи Ориёнбонк.

 

Ҳамаи ин руйхатро фикр накунед, ки дустиву рафоқат, садоқату муҳаббат пайвастааст. Хар як аз ин руйхат омода ҳаст дар ҳолати тангтарин ҳатто фарзанди худро мефурушад. Ҳамдигарро низ. Ба хотири раҳой аз мушкилои пешомада. Ба қиссаи Низом Чураев экс-директори зовути кимёи шаҳри Исфара ба бахши http://www.ariana.su/ назар кунед. Чураев Низом ягона ва шояд якумин нафаре бошад, ки забони тамоми ин шашгонаро дар вақташ кутоҳ карда буд. Чураеви айёру зирак ва фарзанди говбизнесмен-Ҳайдар Чураеви исфарагй аз даруни фарзандҳояш дидадаротарин, донотарин ва хомуштарин фарзандонаш буд. Маҳз ҳамин Н.Чураев ин ҳалқаро ҳалқадаваку таъминотчии асосй буд. Аввалан чаноби Шерафкани мо муҳтарам Бобохонов, ки дар долонҳои ҳукумат уро ҳатто «Гови худо» мегуянд, бо даҳ забонаш аз Чураев забонкутоҳ ҳасту буду мебошад. Ва то мурдан некиҳое, ки дар ҳаққи Бобохонов карда буд, ҳеч гоҳ падараш чунин наметавонист бикунад. Дар назди сафоратхонаи ИМА ду ҳавлии ру ба руи қасрнаморо ба ҳудуди 1 миллиард доллар ба Бобохонов фарзанди говбизнесмен тақдим намуд. Ба фарзандаш Файзулло бошад чорчархаи қимматтарин Чип-Лексузро аз Дубай ба маблағи 78 ҳазор доллар ҳадя сохт. Маҳз ҳамин Бобохонов ба фармони ҳабси Чураев аввалин шуда имзо монд ва ҳамзамон худи ҳамон шаб ба Чураев занг зад, ки то чон дар рамақ дорад аз кишвар гурезад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Чураев гурехт ва Бобохонов нағзакак медонад, ки у дар кучост.

Ба Мистер Бин аз маркази Данғара ҳавлии дабдабанокро харида дод, ки Азизов ҳатто дар хоби шабаш ҳам орзу карда наметавонист. Аз ин чост, ки ҳар гоҳе Чураев аз Хучанд ба Душанбе ояд, машинаи хизматии Абдучаббор Азизов дар хидмати Чураев буд. У низ ҳануз бо Чураев ҳамаруза тамоси телефонй дорад. Фақат чаноби олиро фиреб карда, зоҳиран вонамуд мекунад, ки  гуё бадхоҳи Чураев ҳаст.

Човандоз низ (Шермуҳаммад Шоҳиён) аз лутфу марҳаматҳои Низом барканор намонд. Ҳамеша бо гуфти у қадам мемонд. Аз Чураев муфтакак 150 ҳазор доллари ИМА-ро гирифта бо хоҳиши худи Низом судяи тачрибадори ноҳияи Бобочон Ғафуров Илёс Икромовро аз вазифа сабукдуш намуд. Ҳамзамон раиси суди ҳамин ноҳия Обид Шаропов, ки яке аз тачрибадортарин судяҳои чумҳурй буд, дар собиқ яке аз муфаттишҳо чашмикордонтарин маҳсуб мешуд дар ивази ҳамин қадар маблағи осмонкаф 150 000 $ аз вазифаи раиси суди ҳамин ноҳия барканор кард.

Аз он ки Азизов Абдучаббор, Рачабов Ҳасан-мушовири давлатии президент, гови таппа тайёр ва Чураев Низом ҳар се дар академияи назди президенти Русиё ҳамкурс буданд, дар як хона зисту иқомат доштанд, Рачабов Ҳасан низ аз меҳрубонии ҳамкурсаш бенасиб намондааст.

Шералй Гул-Трансформатори кишвар, ҳам аз тор мезад ҳам аз пуд. Ба Низом аз ҳудуди вилояти Суғд 23 объекти муҳими давлатиро гирифта дод ва дар ивазаш 1 милюну 300 ҳазор доллари рочиуннақдро соҳиб гашт. Бар замми ин як бустонсарои дакаданги 600 ҳазор доллара низ дар рузи мавлудаш аз чониби Чураев тақдим гардид.

Ҳамон рузе, ки ба Човандоз Шоев аз чониби раиси ноҳия Ғончй (ки доғи судй дорад) ду аспи хушзоти давандаи қирғизиро туҳфа мегирифт, айнан ҳамон руз дар ивази 50 ҳазор доллар маъшуқаи Низом Чураевро ба курсии муовини раиси суди шаҳри Исфара баргузид.

Назаров Сафар экс-прокурори шаҳри Исфара, чияни Бобохонов, ки бо Низом ҳамнишасти хеле қарин буд, дар тамоми чиноятҳои Низом ширкат дошт ва хеле табиист, ки баъди боз шудани парванда алайҳи Чураев ноаён Назаров Сафар ба прокуротураи генералии кишвар интиқол ёфт. Тағову чиянй ҳамин тавр мешавад. Ягон хел парванда алайҳи Назаров боз нагардид ва намегардад ҳам. Баръакс вазифаи баландтар гирифт. То замоне Гови худо сари мансаб аст, ҳич кас наметавонад алайҳи оилаи Бобохоновҳову Раҳмоновҳо садо баланд кунад.

Аз руйи маълумотҳои дақиқ, ки ҳануз дар архиви компутарии ширкати Сомонком маҳфуз аст, аз рақами телефони Низом Чураев ба рақами 21-70-26 ва 21-36-16 иртибот сабт аст.
 
Чаноби Эмомалй Хон аз ҳамаи ин найрангҳо воқиф аст, аммо хомуш. Чунки сарвари найрангчиёни ин сирк уст. Халқи азиз, сукут, сукути ҳамешагй? На, ин сукут рузе мешиканад. Иншооллоҳ.
Прикрепления: Картинка 1
Просмотров: 6835 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.4/14 |
Всего комментариев: 8
8 фируз  
0
Салом ба ахли Чоркух Салом ба акои Низомхон саломатитон чихел мо як гурух шербачахои Чоркух шумо Худо Хохад озод хастед мо дуо гуи шумо ба суханони баьзехо ношукрхо хафа нашавед халки Чоркух ва Исфара нагзихои шумоя фаромуш намекунад ин руза ба саратон овардаги одамо Худо Хохад дур намерад дар амони Худо бошед хайр

7 фируз  
0
модаратона гом ика сиякаша мехои ин чураевхо гайри нагзи дигар кори ганда накардас ман шахсан дар умрам ин одама якбор дидаги ба ман хичи намешад ин корат нагзне ношукр хозир бинчи сагбачахоба ки гап зада метонад курнамако

6 чоркух  
0
халки Чоркух ахл шавед ин милитсияхоя аз дасташ хичи намебиед ин ноодами милитсияхоя аз Чоркух нобуд каран даркор бетон ахл шавем афсуски Чураевхо неянд бетон дуо гуи ин кас бошем ки ба Чоркух баргарданд илтимос

5 рустам  
0
ман бародар нисбати ин авлод чунин мегуям.гап дарбораи авлоди Шароповхо меравад,ман сокини чамоати Чоркух айни хол бекорчи ба савдои махсулоти хочагии кишлок машгулам пештар дар совхози иттифок кор мекардам хаминро мегуям,ки мардуми Чоркух бедор шавед аз хоб хезед ин арканоки раиси колхоз моро ба чунин ахвол овард,ки хатто як соли дароз кучукбарин кор мекунем гашта карздор мешем дар склад на гандум на шоли хамаша фурухта шуд,Раиси чамоат бошад тамоми заминхоя ба одамхо ба пули калон фурухт ман бо фарзандом ,бародар зани бародар ,падар модар дар 4 сотик зиндаги мекунемчанд маротиба аризакати даромадам замин надод барои он ки пул надорам хамаи заминоя фурухт ревизор омада тафтиш мекунад пула гирифта меравад,Хамаи онхоро Обид ки бародари хурдиша кушта буд тарафгири мекунад у порахур хамаи онхо порахур,Обид пеш суданда кор мекард хозир одами калон чи хел давлат ин мутахамоба вазифа метияд ,мардуми Чоркух аз хоби гарон хез мурдими хама мо бародарони ахли ислом,худо мезанад ин авлода хонаи чанд касро барбод додааст,косабардорон милисахо началник милиса,хамаша пулкати харидаги началникам порахур умуман мо нагз тинч зиндаги мекардем милисахонаи калон кушоданд ,Индар бораи нохияи Исфара кишлоки Чорку

4 екап  
0
Ман низ суханхои туро дастгири мекунам вале дар бораи собик раиси суди Б.Гафуров Обид Шаропов хато кардаи,Саволе ба миен меояд,ки худи Обид ,умуман оилаи Шароповхо кист?Агар чавоби пурра гирифтани бошед рох ба суи нохияи Исфара чамоати Чоркух пеш гиред.Бародарон ва хешу табор дар ин кишлок хамаро ба гавго андохта вазъияти чамоатро ноором сохта истодаанд.Обид,раиси колхоз,раисси чамоат хама порахуранд,мардум чунон ба танг омадданд,ки илочи сарбардоштан надоранд.Хомушанд агар гап заданд началник милитсия бо шербачахош онхоро хабс мекунанд,началник хам дар хизмати онхо.порахур

3 sitora kamolova  
0
Суханхои Шуморо дастгири менамоям, локин дар бораи судя Хуршед Сангинов фикри дигарро дорам.

2 Хакикатгу  
0
Худи Гулов ба чои Низом киро шинонд. Гулови дигарро бо ибораи дигар боз як "трансформатор" - и дигар. Имруз ин Гулови дигар буду шуди Химзаводи Исфараро ба хонаи Гулови калони кашонида истодааст. Мегуяд, ки худи Чаноби Оли фатво додаанд. Аблахи. Вой бар холи мардуми мехнаткаши Исфара

1 Мехрубон  
0
Офарин Ватандори азиз, ки ин лошахуронро фош месози мутаасифона мардум дар хоб аст ё уро ба хоб задаанд, зеро дар чунин чамъияти ифлос баъзан одамро ораш меояд зиндаги кардан бо чунин сарварони ахриманзод. Худо худаш доност иншооллох чазои онхоро хохад дод.

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz