ВАТАНДОР
Шанбе, 20.04.2024, 06:22
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Июн 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Июн » 9 » Номаи саркушодаи Ватандор ба Э.Раҳмон
Номаи саркушодаи Ватандор ба Э.Раҳмон
10:47

Салом Эмомалй!

Шояд ҳайратат афзояд, ки то ин замон ҳама ба ту бо пешлафзи «муҳтараму чаноби оливу воломақому улёҳазрат»-у дигар арш-унвонҳо мурочиат мекарданду ин Ватандор танҳо номатро мегирад? Бале дустам, дар кишвари демократй ҳамаи мо баробарем. Гадои сипанддудкуну, кудаки ба чойи мактаб мошинашуву муҳочири беҳуқуқи точику Ватандору Эмомалй ҳама баробарем. Ҳузури худованд низ ҳамаи мо яксонем. Агар ту «чаноби олй»-ву «муҳтарам»-у «улёҳазрат»-й, пас гадои сари куча низ ҳуқуқи ин унвонро дорад. Зеро давлати мо демократист! Ҳама дар кишвари Точикистон «чаноби олй»-янд. Ба шарте, ки давлати мо Аморати Точикистон, шоҳигариву шоҳаншоҳй набошад.

 

Дусти азиз, Эмомалй!

Биё як бор ба 18-20 сол қабл назар меафканем. Ёд дорй, ту раиси колхозхи ноҳияи Данғара будиву аз ту пеш раиси колхозҳо кори колхозро ба дами фатароту хисорот оварда буданду 18 трактор аз ту пеш ба як борагй ғайб зада буд. Ёд дорй? Ҳатто сабукрави хидматии колхозро танҳо «кузов»-аш монда буду халос. Ту ба вазири кишоварзии вақт (1989-1990) мурочиат намудй. Аризаи туро ба экс-вазири кишварзй марҳум Аслиддин Соҳибназаров «переадресация» намуданд.

Аризаи ту ва чеҳраи туро Аслиддин Соҳибназар дида гуфта буд:

-Ҳа мардак, ту пиёдай?

Та нолида будй, аз фатарот шудани колхоз бо дард шифоҳй ба у гуфтй. Аз чеҳраат, ки ниҳояти ғамхорй ба колхоз меомад, Аслиддин Соҳибназар раҳмаш омаду ду машинаи нави хидматй аз ҳисоби вазорат бароят чудо карда буд. Ёд дорй?

Бале ёд дорй, ҳатто уро устод, падар гуфта будй. Ҳар замоне қадамат ба Душанбе мерасид, ҳузураш медаромадй, гарму чушон ҳолпурсияш менамудй. Чй қадар ба ту ихлос дошт Аслиддини Соҳибназар. Туро низ гарму чушон истиқбол мекард.

Сари курсй омаданат, ҳамаи муқобилонат фирор карданд. Аммо ягона Аслиддин буд, ки аз Точикистон як қадам ҳам берун нарафт. Ба ҳама амр кардй, ки ба у кордор нашаванд. Гарчанд, ки он вақт у «оппозитсия» маҳсуб мешуд. Ту он некияшро қадр карда будй. Офаринат. Аммо…

Тули солҳои чанги шаҳравандй ҳатто як бор ба ҳамкорй даъват карда будй. Аммо у атрофиёнатро тоза кун, баъд бо ту кор мекунам гуфт, аммо ту рад кардй. Ёд дорй? Бале дустам, хубакак дар ёдат ҳаст. У бо ту кор накард, ҳарчанд, ки сари кори ночизе буд, аз машваратҳои у истифода накардй. Ин ҳам дарди ба хайр.

Ин лаҳза гуш кун дусти азиз.

Оне, ки ту ба шаҳру вилоятҳо сафар мекунй, гумон накун, ки дар куча қолинҳои овезону бо чеҳраи хандону гулу гулборон пешвоз гирифтани мардум, нишонаи он аст, ки дар Точикистон оромиву сериву пурй ва осудагиву бешикоятист.

Эмомалй! Гуш фаро хон, ки ин раисони шаҳру навоҳй, вазирону сафирону кабирон ва дигар соҳибкурсиҳо танҳо он нафаронеро дар ташрифи ту чамъ меоваранд, ки онҳо низ косалесони ҳамон раиси шаҳр ё навоҳианд. Мардуме, ки аз ту руйирост суолу чавоб кардан мехоҳанд, ҳеч гаҳ ба он мачолис даъват карда намешаванд. Онҳо «филтр» мешаванд. Мефаҳмй? Мачлису вохуриҳои ту фақат бо иддаи равғангирифтаву косалесону чоплусон сурат мегирад. Ту фикр мекунй, ки фалон кормандони фалон хочагй аз зиндагиву аз сиёсати пешгирифтаи ту ризоянд? На Эмомалй, онҳо туро фиреб медиҳанд. Онҳо «аз мурдани чон, мехурам шалғами хом»-гуён, ҳақиқати ҳолро пинҳон медоранд. Он раиси хочагие, ки туро чоплусона пешвоз гирифту як чаҳон самимият ба изҳор кард, ба ту ваъда дод, ки гандуму пахтаро ба фалон ҳазор тонна ба ичро мерасонад. Ин иштибоҳи ту аст, ки жарфтар дида наметавонй. Беҳтар ин ки ба ту манзараи аслии Точикистонро нишон намедиҳанд. Он ичроиши нақшаҳое, ки ба гузориш медиҳанд, дуруғе беш нест. Пахтаро аз Узбекистон мехаранд, пас нақшаи Точикистон ичро мешавад. Мефаҳмй, ҳеч маҳал нақша дар Точикистон ичро нашуда буд. Барои идомаи мансаброниву салтанатрониву боз ҳам аз пештар бештар ба ту маъқул шудан, ин «аппарат»-и шалақи ту ҳатто даст ба ин корҳо мезананд. Гумон мекунй, ки пас аз рафтани ту аз ноҳияи ё хочагй раисонашон ҳамин тавр дар ғайбат ҳам аз ту миннатдоранд? На дустам, туро масхара медиҳанд. Чй тавр сари ганлдумзору пахтазор омадану чй гуфтану чй тавр роҳ гаштанатро ба ҳамдигар нишон дода, базми косалесонашон аз анекдотҳои ҳаётии ту пур мекунанд, хандаҳо бо қаҳқаҳа ба қандилҳои бустонсарояшон мерасад. Оре, дустам туро масхара медиҳанд.

Гумони накун, ки масхара додани эшон маънои он аст, ки ту аз мансаб равй. На, на! Ҳаргиз чунин нест, ту ба онҳо лозимй. Аз обу ҳаво ҳам заруртарй. Зеро маҳз будани ту сари курсии президентй ба эшон чавлони мансабронишоянро таъмин мекунад. Маҳз будани ту.

Ҳатто ба ноҳияе сафар кардй (номи ноҳияро намегуям, худат бояд хулоса барорй ки ин суханҳоро дар кучо гуфта будй).

Дар сари гандумзоре раиси бонки Агроинвестбонки ҳамон ноҳияро даъват карда пурсидй, ки ба ин хочагй чанд ҳазор доллар кумак кардй?

Он раиси бонки ноҳиявй бо даҳони пур гуфт, ки 40 ҳазор доллар.

Ту хандида гуфта будй, ки «э паато, ҳатто ин 40 ҳазорут нархи шиму костюми ман нестай ку, ёрдам кун бача» гуфта будй. Ёдат ҳаст? Айнан ҳамин 40 ҳазори гуфтагиат дар ин ноҳия анекдоти зиндаест, ки ин косалоесону хушомадгуёнгат дар ғайби ту базми худро бо иқтибос аз ҳарфҳои соддалавҳонаи ту пур мекунанд. Ба ҳолат механданд. Аммо ту инро намебинй, хубтар ин ки ин пасманзараҳоро ба ту нишон намедиҳанд. Аз будани ту истифода мебаранд. Ту ба онҳо бо ин ҳама камбудият зарурй. Вузарову суфарову кубаро ҳам айнан ҳамин сабки раисони хочагиву чамоату шаҳру навоҳиро истифода мебаранд. Онҳо низ ба ҳолат механданд. Онҳо низ ба будани ту чун обу ҳаво ниёзманданд. Онҳо низ тудаи палидоне беш нестанд. Аз ту истифода мебаранд. Ту низ ба онҳо одат кардай, ба хушомаду пешомаду пойбусии эшон унс гирифтай. Мегуянд, ки тарки одат амри муҳол. Ту ин одатро тарк карда наметавонй. Аммо танҳо ба марг илоч нест. Ё ту бояд равй, ё ин аппарати шалақатро комилан аз вазифаҳо на фақат сабукдуш намой, балки ҳамаи эшонро қатор карда паррониданат лозим.

Фикр накун, ки дар қатори шаш қаҳрамони миллат чой додани номи ту мазмуни томи дар таърих чун симои барчаставу мондагору созанда мемонад. Онҳое номи туро ба ин қатор пешниҳод карданд, ки  итминон дорам, пас аз сари ту ё пас аз рафтанат аввалин шуда ба сияҳ кардани номат мепардозанд. Обруятро ба хок яксон накунанд, номи ман Ватандор не. Номи туро аз қатори ин шашгона хат назананд, шири модарам ҳаромам бод. Аммо алъон ту бояд барои онҳо қаҳрамон бимонй. Ин баҳонаи хубтарини идомаи хурдани кишвар аз чониби ин наҳангон аст. Ту низ бо онҳо мехурй. Инро ҳама медонанд. Кадом президент намехурад? Ҳамааш мехурад, аммо ин тудае, ки пиромунат ҳаст, хурдани туро ҳама чо, ҳатто чой бар чой фош мекунанд. Ин аст, нафароне, ки туро печонидаанд. Мурод-чондори ҳамешагиву боварибахштарини ту чосуси Узбакистон аст. Хабари аз чониби Рустам паронида шудани Ҳасанро у ба Фергана.ру иттилоъ додаст. Ба ин ҳарф боварат намеояд. Медонам ва бисёр афсус мехурам, итминонат ҳосил намешавад. Аммо мутаассифона ин ҳақиқати ҳол аст. Тавре, ки ҳамаи вузарову кубарои кишвар гуё зоҳиран аз ту ҳимоя мекунанд, аммо даро асл Муродгунаанд. Ин туда ҳатто омода ҳастанд туро ба маснади ҳамешагии президентй биншонанд. Ин нукта барои эшон муҳим аст. Чунки боз бештар аз пештар мехуранд ин наҳангон.

Ту барои ин туда байрақе беш нестй. Хоҳанд ба самти шамол алвончат медиҳанд, хоҳанд ба муқобили он. Бидон, туро танҳо халқи оддй метавонад ҳимоя кунад, на ин тудаи хархор.

Эмомалй Раҳмон!

Ба ту ду роҳи начоту қаҳрамонй ҳаст:

Аввал: моро бо мо гузор, он чизе, ки ба даст овардй, гиру рав, ба берун давр рон, нушат бод.

Дуввум: ё ин ҳама аппарати корношоямро аз 1 то 100 аз вазифа сабукдуш намуда ҳукми қатл барор.

Ана баъд бубин, агар воқеан ту қаҳрамони мондагор нашавй, бар падарам лаънат.

Он лаҳза мардум бо ту хоҳанд буд.
Просмотров: 4854 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.9/14 |
Всего комментариев: 181 2 »
18 донишчуи камбагал  
0
бародарои азиз кори худатонро кунед. ба мардум чи кор доред аз дасти ягон татон ба гайр аз гап дигар ягон кор намеояд!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!))))))))))))))))))))))) ))))))))))))))))((((((((((((((((((((())))))))00000000!!!!1

17 точик  
0
Бародарони "ватандор" ;Шумо дар мактуби кушоди худ чунон кайд кардед ки апарати призидент бисёр мехоханд ки у дар вазифа бисёртар монад У низ хаминро мехохад пас Шумо
уро водор кардед ки аз чунин апарат чудо нашавад андешахои як бародар чунин буд ки ватандор гуфтан мегирад сантудаи 1 ва2 сохта шуд рогун сохта мешавад ту хаёл мекуни ки инх==о аз мо аст Аз аксияхои ин иншоотхо хабар дори ки дар дасти кист Ин иншоотхо аз мо нест ва тоохир аз мо нахохад шуд Ту худро фиреб нате дар давраи собик шурави ин иншоотхои азими аср набуд локин барк буд Оё баистифода додани чунин иншоотхо вазъияти энергетикии кишвар ру ба бехбуди овард Дар хусуси роху тунелхои гуфтагиат чунин мегуям ки боз камтари дигар созанд Точикистон аз харитаи чахон нест мешавад чунки хисоб(расчёт) бо пул нею бо замин шуда истодааст
хеч гап не вазъият чуноне ки калон гуфта буданд баъди 4-сол нагз мешавад ин 4-сол х=ози наомадаст баъди ягон 50-сол меояду нагз мешавад

16 ариан  
0
Аз махлуке ки 3 бор хач рафту монда нашуда бо шири модараш ва куръон касам мехураду рафтораш баръакс ва умуман гайриинсонист чи умед.
Ба он ки худро Сухроб номидааст гуфтаниям.
Аз фахр кунад узви тани хеш чу наргис
нодида агар симу заре дошта бошад.(Бедил)
Нодида хеч гох сер намешавад,хох сарвари давлат бошаду хох корчаллон.Сарвари давлат барои хурдану чамъ кардани сарват намеояд.Афсус ки дар байни халки мо ингуна фикрхои хому бемантик вучуд дорад,еки мегуянд:-сардор хуб аст, аммо атрофиенаш бад.Лаънат ба ин магзи сар ки миллатро мекушад.Сардор мисли худашро дар атрофаш чамъ мекунад,чихелеки фохиша бо фохишаву дузд бо дузд ошност.Аблах худро дар сояи бузургон ночиз хис мекунад.Ба ман ягон шахси бузургро бигуед ки дар атрофи "аълохазрат" бошад, агар бошад хам беписанд аст.Дар атрофи вай факат дуздони бузург хастанд,ки монанди худаш горатгариро ба дарачаи оли расонидаанд.Ягон истилогар ба мо ин кадар шикаст наовардааст чихеле ки "аълохазрат" овард.То вакте ки мо факат "заочно" мегуему амал надорем, дигаргуние намешавад.Биоед хама равшан гуему натарсем.Тарси мо кувваи душмани миллат яъне" аълохазрат" аст.Барои ману мо бародари хаммиллату хамхуни точик аз хама азизтар аст.Биоед якдигарро нафурушем, Точикистонро бе мубориза бой дода истодаем.Бародароне ки зидди душманонамон мубориза бурда истодаанд дастгири кунем. Биоед гуломи мугулзода нашавем,охир аксарият медонанд ки вай точик нест.Биоед гирди Додочон Атовуллобарин ватандустон чамъ оему барои бахти худ мубориза барем.Дигар миллатхо тавонистанд,мохам метавонем ИНШООЛОХ!!!

15 Сухроб  
0
Хуб мактуби сафсатаги будай.Рахмон ва дигарон мисли мо барин .Ки гарантия медихад дар хами ватандорону хами хулосанависон ки сари кудрат омадед аввал худро бачаву духтари худро хешу табори худдро сохиби молу мулк намекунад,дододжони афтомолог,?
Не бародаро халк чи тавре бошад рохбар ба кадри хамун атояш мегардад.Рохбарои бюарои и халк аз сараш зиёд карда истодааст.
як фирк кунед Сангтудаи 1-2 Рогун и проектхои солхои СССР.пас чаро ун вакт сохта нашуд???????? барои ки отаи дододжон ва хаминхо барин намонданд.имруз дар 19 сол кариб 2-3 тоаш сохта шуд.тунелхо низ хамин гуна.халки мо худуш камтар зуд бовар ва аз сидки дил бовари дошт ба хукумати Шурави.хама вакт ба чой кайнчой линчаи орд ва шурбо ниёз дошт.чаро ба колбасаву сосикаву молокову асалу винову отдых дар артек ба хар як оила ва кисловодску дигарош орзу намекард? барои ки танхо отаи додожон кати хешу таборош ва кадоме ки зану модараш урус буд метавонсит рафт халос.
чизе ки нкарад ва бояд мекард хукумати шуарви имруз халк рафт аз руссия гирифта истодааст бо мардикори!!! мо об доштем аммо ба гайр аз 2-3 шахр дигар нохияву районхову кишлокхо на рох доштанду на канализатсяи,
пас чаро у вактхо падару бобохи ватандорхо мисли озира фирк баён намекарданl???//
барои ки шумода жизнь хушруй буд мехурдед хов.Если гора не подойдет к МУГАММЕДУ ТО Мугаммед подойдет к горе.ана хамту ватандорон соли совети ба нохияру району кишлоко пешравиро набурдед имруз хамаашон ба шахр омдаанд дар шахр ки чихзе хам накардед боз ба шахри калонтар Руссия рафта истодиян.мардум.хамааш айби моай ва бисёртар айби Шумо....поекту ешниходора пур кунед гайбату пастзаниро не.Лаънат ба ном патриотхое ки хамин гуна астанд!!!НЕ УДАЧНЫЙ ЧЕЛОВЕК В СВОИХ НЕСЧАСТЯХ ВСЕГДА ИЩЕТ КОГО ТО ЧТОБЫ ВИНИТЬ гуптиян спонсорхои дододжону ватандорхо!!!

14 Aspirant  
0
in pachkaho hammash grant hast barodaro digar xob mebinand granta

13 МАСЪАЛАИ СВЕТ  
0
МА РОСТИИ ФАКАТ ЯК ИЛТИМОС ДОРУМ ХАМИ СВЕТ КАЙ МЕШИДА БОША МО ИСТИКОМАТ КУНАНДАГОНИ НОХИЯИ РУДАКИ АЗ СВЕТ БЕНАСИБЕМ ЧИ ХЕЛЕ ФОРАШОН МЕТИЯН СВЕТА. АГАР УМУМАН ГИРЕМ СВЕТА НАМЕТИЯТ КУЧО МУРОЧИАТ КНЕМ

12 tokha  
0
ey emomali kai dafneshi ki mardum nafasi toza bkashan, medoniki tu da tamomi dunyo ba gado gari mashhur hasti o bas nestaita hamu puloiki da bank dori .

11 хабаш  
0
Салом Додочон!Кучо шудй? Бедарак рафтй?! Ман Хабаш! Шинохтед?

10 Акаи Рачабали  
0
Вой бар холи ин хел президент, на танхо Чингизхон у боз Сталин мебошад (камтар вахте мегузарад баъди мурдани у... монанди сталину ленин дигару дгарон авлодан шарманда мешаванд)

9 fkhol  
0
HEY PIDARAZ, MAN BA TU MURIGIAT MEKUNAM YUSUFI DAVBAYOB. POSHLI VI VSE NAKHUY SO SVOIM RAHMONOM. TI PIDER TOLKO O SEBE DUMAESH, A NAROD DLYA TEBYA IGRUSHKA. YA NAKHUY PERVIM ZASTRELIL BI ETOGO ISHAKA RAKHMONA. NE CHEGO ON ESHE UVIDET CHTO TAKAYA SILA NARODA.
ESLI 200.000 LYUDEY VIDUT NA ULITSU I PODNIMAYA RUKI ZAORUT, NE TOLKO RAKHMON NO I VSE EGO PSI OBOSRUTSA. I NET TAKOY SILI KOTORIY BI MOG POYTI PROTIV MIRNOGO NARODA.

1-10 11-18
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz