ВАТАНДОР
Чумъа, 19.04.2024, 19:23
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Сентябр 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Сентябр » 1 » Паёми шодбод ва хайрбод
Паёми шодбод ва хайрбод
14:28

Ҳама чиз интиҳое дорад, ҳатто хоҳиш.

 

Дуруд ҳаммиҳанони азиз.

Бо фарорасии моҳи табарруки Рамазон  Точикистон, точикистониён ва берун аз ватанбудагонро бо самими қалб табрику таҳният мегуям. Шаби гузашта аввалин таровеҳи ин моҳ хонда шуд. Пешониҳо, қисме дар масочиди ватан ба сачда рафтанд, бархе пешонй дар қасру кушкҳо, бархе пешонй дар таҳхонаҳои заҳкашидаи чойхоби муҳочирини Русиёнишин, бархе пешонй дар нимароҳҳо. Ҳар касе дар ҳар кучо сар ба сачда ниҳод, бигзор Рабби чалил ба даргоҳи покаш қабул карда бошад. Ҳар нияте дар дил мепарварад, худованд навмедаш нагардонад.

Ба Точикистон низ Худованд моҳи Рамазонро расонид. Аммо ба андозаи мафкураи ҳар кас маълум, ки чй пешравие дар ҳаёти мо ворид шуд, чй аз мо рафт, кй бо мо монд ва ғ.ҳ.

 

Тавре дар сарлавҳа низ ишора рафт, бахши дуввуми ин гуфтор, хайрбод хоҳад буд. Оре, Ватандор аз ин руз ба баъд, комилан таваққуф мекунад. Медонам, ки аз ин тасмим бархе курта-курта гушт мегиранд. Бархи дигар ҳамчавори ашкҳои дили ман, сиришк мерезанд. Бо ин ҳама ҳар чй гуфтем, барои ватандорон гуфтем. Азизони ман, Ватандори шумоён минбаъд барои Шумо наменависад. Чунончи баъзеҳо моро бо ҳар гуна усулу роҳ ва фишору тазйиқ ба сукут водор карданд, минбаъд мо сукут меварзем. Оре, сукут. Чунончй 7 милюн аҳолии Точикистон сукут дорад. Чй чоий бадй, ки мо низ қуфли хамушй ба лаб занем.

 

Ку Ватанмеҳре, Ватанситое, Ватандусте, Беватане, Ватанзоре ва билохира нафаре, ки ба у итминон бандем, ки битавонад бигзор дар оянда барои мо бинвисад.? Аз ростй ман хаста шудам, бо он ки вақтҳои ахир дар ин сомона дар бахши «Назаргоҳ» ҳақорат низ пайдо шудааст, аз поккории он дилгир шудаам. Мо на танҳо фарҳанги сомонадорй дорем, балки фарҳангу маданияти сомонахонй низ надорем (маъзурам доред, на ба ҳама тааллуқ дорад).

Азизони дил, ман чиддй мепурсам, оё ҳаст нафаре, ки ин сомонаро ба у супорем? Агар ҳа хоҳиш мекунем бо мо тамос бигирад. Бисёр хоҳишмандам. Омода ҳастам, ки калиди ин дуконро барои нафари дигар супорам, то барои ватандорон бинвисад. Ё худ шумо чунин шахсро мешиносед, ки мо аз навиштаҳои у баҳра бигирем? Мунтазири посухҳои шумоям

 

Охиргуфтор

 

Ватандорони ман, азизону маҳбубони ман! Бо он ки мову шумо ҳамдигарро тақрибан намешиносем. Муҳим ин буд, ки мо ҳамдигарро ин чо, дар ин сафҳаяки комилан беаксу сурат (шояд ягона сомона бошад, ки умуман аксу мусаввара ва оройишоти замонавй надорад) мешинохтем. Дарк кардем, ки ин қадар ба ҳамдигар ниёз доштаем. Агар ин сафҳа ба зеҳни  ҳатто як кас такон бахшид, мо он вақт вазифаи худро ичро шуда меҳисобидем. Дарк намудем, ки мо бидуни иттиҳод ҳич коре карда наметавонистаем. Бидруд ватандорони гиромй, ман мунтазири номзаде ҳастам, ки ин дуконро барояш биспорам.
Просмотров: 2865 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.5/8 |
Всего комментариев: 251 2 3 »
25 Салмони Форс  
0
Акнун маълум гардид -барои чи мухри хомуши бар лаб зад ватандор...
Ба рости, кирдори Бобохонов номардона аст - бигзор ба навиштахои Атовуллоев чавобхои бодалел бидихад. Аз мансаб истифода бурда мехохад барои шармандагии худ Атовуллоевро ба махкама бикашад. Атовуллоев дар вокеъ чи кадар чавоби хуб дода буд ба харзагуихои прокурор!!!! Хамон "чанахси питхеф"-аш басанда аст!!!! Офарин!!!!
Прокурор саводе надорад ба мисли хамаи дигар "лагандбардорон"-и дигар, то чавобе навишта тавонад ба Додочон. Аслан, хамаи дастандаркорон бояд кобилияти чавобдихиро ба хама гуна мактубот дошта бошанд. Аммо ин кор танхо дар Точикистон номумкин....
Имрузхо мардуми точик хамаги 5 соат барк доранд, гарчанде афгонхо хама шабонарузи ва барки онхо аз Точикистон аст....
Дар Ирландияи Шимоли хичоб расман ичозат гардид, дар он чо муслимин на зиёда аз 0,5%-и ахоли. Дар Точикистон - хичоб манъ бо амри худобехабаре.... Дар Точикистон шумораи муслимин камтар аз Ирландияи Шимоли....

24 GHARIB  
0
VOSE........BO IN HAQORATU TAHDIDI KUR KURONA TO KUJO MERASI?????????????

DAR ZABONAT FAQAT KUSHTANU QATLU K.G.B

SAD LANAT BA TUY TU BARIN ODAMKHURON

TOJIKONI RUSSIYARO BIN BA KUJO RASIDAND

TOJIKONI U.A.E. RO

TOJIKONI QAZOQISTONRO BIN

SHUMO DUZDONI BESAVOD VATANRO BO TAMOMI DOROIYASH SUKHTED?


23 GARIB  
0
VALLOHI TARSU HAVL AZ DILI TOJIKI BECHORA TO HOL NARAFTAAST.

HAMAASH BA SABABI ON KHUNKHURON..........

LEKIN TO BA KAY????

BOZ CHANDTA KUNLES INJO BUDAST?

MARG BA IN KHEL VATANDUST?

ISROIL BAROI YAK ASKARE KI HAMOS ONRO 2 SOL PESH ASIR GIRIETA BUD MUBORIZA MEBARAD BA TAMOMI QUDRATASH

MO CHI?


22 GARIB  
0
HATTO VATANAMRO SHABHO DAR KHOB DIDA GIRYAAM MEOYAD

SHUMOE KI AZ HUKUMATI KHUNKHOR PUSHTIBONI MEKUNED AZ KUJOED???/

AGAR AZ TOJIKISTON BOHSED NAKHOD BA BARODARONI DARBADARI KHUD

RAHM NAKUNED?

CHAND VAZIR AZ KULOB AST ? BOZ PREZIDENT??

AZ DIGAR VILOYATHO CHAND VAZIR AST //

PAGOH DER MESHAVAD BAROI SHUMO ZOLIMON.

SHUMO MEGUED MO BO KHUN GIRIFTAEM .LEKIN ONONE KI KHUNKHOR BUDAND CHANDESH DAR JAHANNAM

ASTU BOQIMONDASH DAR ZINDON.BO DASTI KHUDATON KARDED

KANI SANGAKI LANATI?KANI KHOIN FAIZALI .KANI RUSTAMI ABDURAHIM.KANI KENJAEVU NABIEV

KANI SEDOU EQUBU SUHROB . LANATI KHUDO BAR ONHO TO RUZI QIEMAT BOD.

YAGON INSON MILLATI KHUDRO IN TAVR VAHSHIYONA KUSHTOR NAKARDAAST.

MILLATI TOJIK TO ABAD SHUMORO LANAT MEKUNAD

TORIKH SHUMORO LANAT MEKUNAD TO ABADAN ABADO

ZINDA BOD RABBONIU AHMADSHOHI MASUD KI KHUDRO QURBONI ROHI OZODII MILLAT KARDAAND

ZINDA BOD JIENKHON RIZOEVU HAIDAR QOSIMOV KI DAR RUI SANGAKU DUZDONASH TUF KARDAND

ZINDA BOD BOZOR SOBIRU BURI KARIMOVU MIRBOBO MIRRAHIM KI AZ MILLAT DIFO KARDAND

KHUDOE ON RUZRO NAZDIK KUN KI TAMOMI TOJIKON OZODONA DAR VATANASHON GAHSTA TAVONAND.

AQALLAN MISLI JUMHURIHII HAMSOYA NA ZIEDTAR


21 Кирилл  
0
авре дар сарлавҳа низ ишора рафт, бахши дуввуми ин гуфтор, хайрбод хоҳад буд

20 Гость  
0
Да нет ребята помоему его подкупили, сказать по правде мы думали иначе...

19 Бобо Хомид  
0
Ватандори азиз агар хотимаи бахшидани шумоён аз сабаби камбудани маблаг бошад? Шояд суратхисоби худро кушед ба фикрам шумоёнро бисер бародарон дасгири хоханд кард. Шумоён ба як кувваи бузург муббаддал гаштаед,бояд инро хис кунед Мо аз шумо харакатхои навро интизор будем ба гирдихамойи тайор будем Мо хамеша бо шумо Умедворем шумоён низ бо мо мемонед

18 Перс  
0
Ман хеч чиза нафамидам. Инча майдони чанг ё доруи хоббедоркунак? Илтимос манба фамонетон, чи чизе гап худаш

17 Шахиди Машхуд аз Дангара  
0
Вокеан, Ватандор хомушии Шумо хомушии ними зиёди Ватан хохад буд. Илтимос баргардед. Мо мунтазири навиштахои навини шумоем. Камоли марди нест, ки мафкураи халкро дар айни бедоршавиаш ба холи худ гузоред. Хохишмандам, аз номи тамоми мардуми точик ин хохиши ман аст.
Ба кавли Дусти Рашод мо мунтазири посухи Шумо Ватандори часур.

16 Дусти РАШОД  
0
Вокеан, дарк кардам ки Точвару Ватандору дигарон низ сарпараст доштаанд. Умеди мо барбод рафт, дигар на ба Ватандор на ба Точвар эътимод дорем.
Замоне, паскучае набуд, ки аз навиштахои шумоён нагуяд. Ватандор тарки сомона кард, Точвар мухр ба лаб зад, тавре РАШОДи азиз мегуяд, Озоди аз Сайёф тарсид, магар чунин аст?
Хей абармардон ку посухе доред? Агар вокеан спонсор надоред.
Мунтазири посухи шумоёнам

1-10 11-20 21-25
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz