ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 17:29
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Октябр 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Октябр » 6 » Мирзохуча Аҳмадов-қурбонии навбатии режими Раҳмон
Мирзохуча Аҳмадов-қурбонии навбатии режими Раҳмон
23:24

Бо як мушоҳидаи оддитарин метавон ба корбурди режими Раҳмон баҳои ғайриқаноатбахшро раво дид. Бо як дид метавон натича кард, ки командаи Раҳмон, командаи хому хатал нест. Гарчанд худи Раҳмон аз атрофиёнаш ҳазор гардан (шояд поёнтар) фарқ мекунад, аммо нафароне, ки уро печонидаанд, басо корозмуда, пухтаву расо, ба кори худ ҳушёранд. Зеро аз аввали мавсими фишангдорияшон тавонистанд, ки президент Раҳмонро гул зананд. Ҳар нафари бешвазнтаре, ки пеши роҳашон мебарояд, бо осонй президентро розй мекунанд, ки уро «пора убирать». Чаноб низ бо иштиёқи том ризогй медиҳад. Ҳамин тавр қурбониҳои нав ба нав руйи кор меоянд.

 
Симои бешнвазнтарини чумҳурй-Ғаффор Седой ва рекет Ёқуб Салимовро ҳар касе ба хотир орад, дарҳол суйиқасд алайҳи президент дар шимоли Точикистон-Хучанд ба ёдаш меояд. Ин ҳар ду тан бо чони ширини хеш чони президентро хариданд. Агар ба он навори суйиқасд нигаред, бараъло хоҳед дид, ки чй гуна ҳангоми таркиш ин ду тан Раҳмонро ба замин пахш карданд, худро руйи Раҳмон ҳаво доданд, то президент намирад. Ин гуна манзараро ҳамагон танҳо дар филмҳои ҳиндй дидаанд. Ин гуна манзараҳо танҳо дар қиссаҳои хаёлии нависандагон ба вуқуъ меояд, ки як тан чонфидо ва вафодори дусташ аст. Аммо мо-точикон ин амалро бо чашми ҳамабини худ дидем. Баъди таркиш Раҳмон дар бистари бемористон бо ашки шашқатор гуфта буд:
 
«Некиҳои ҳар дуи шуморо (Ғаффор ва Ёқубро дар назар дорад. В.) мирам ҳам фаромуш намекунам».

Аммо суоли калидй пеш меояд: Чаро ин некиро у имруз фаромуш сохт? Барои чй имруз аз ин ду тани аз қаҳрамонҳои филми ҳиндй ҳам садоқатмандтаринро ба ёд овардан намехоҳад?

Атрофиёнаш вайронанд, порлумон ҳукми мурда аст. Пиромуни қасри президентро ганддидагону пусидагон печонидаанд.

Ин ҳукумати мурдагон аст, мурдагон!
 
Дар ҳама кишварҳои чаҳон сарвазир ҳукми дуввум президент аст. Сарвазирони эшон метавонанд, ки алайҳи президенташон вокуниш руйи кор биёваранд. Аммо тавре мебинем сарвазири мо-Оқил Ғайбуллоевич аз мурдаҳо ҳам мурдатар аст. Боқй ҳич касе нест!!! Лом кафонида наметавонад. Ӯ барои тақсиоти вазифа, ки курсии сарвазирии кишвар бояд аз они суғдиҳо шавад, танҳо ба ҳамин хотири курсипуркунй ин чо нишастааст. Вагарна аз буди чунин сарвазир нобудаш беҳ. Марг бар чунин нафари бемасъулияти бечуръати сустэмони лаббайкгуйи чоплус. Марг!!!
Ин ҳукумат ҳукумати мурдагон аст!
 
Курсиҳои сй фисадии чумҳурй, ки мебоист тибқи ваъдаҳои гуфтушунид бо ИНОТ аз они собиқ размандагони мухолифин мешуд. Аммо танҳо ҳамчун ваъда дар китоби таърихи точикон боқй монд. Кумиссияи оштии миллй, ки марди фақид, марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурй сарварй мекард, бо бароабари барҳамхурияш ҳукумати кишвар нағмаву дуторашро сар кард. Аз мансабҳои ваъдагии 30 дар садй ҳатто 3 (!) дар садаш боқй намонд. Ин ҳукумат дасти оштии мухолифинро фаромуш кард. Дар қабристони фаромушй ваъдаи мардонаашро гуронид.

Ин ҳукумат ҳукумати мурдагон аст!

 
Кулли размандагони ду чонибро, ки бо баробари хунхору чинояткору даҳшатафзо буданашон, набояд фаромуш кунем, ки бародарони мо-точикон буданд. Ҳамхуни мо буданд. Аммо ин ҳукумат ҳамаро аз як сар нобуд кард. Аксариятро фирорй намуд. Фисади зиёди дигарро паси панчара нишонд. Чавҳари аслии маънавии миллат-чавононро ба партоби фарти ахлоттудаҳо баробар донист. Имруз ин қишри неруманд, чавонони созандаву самаровар дар мамолики ғайр ба муздурй машғуланд, ғуломанд. Ҳар руз мемиранд. Бо марги муфочо, дар дами теғи сартарошидаҳои рус. Ҳама руз мо то панч тобути оҳанин бо номи «Груз 200» қабул мекунем, ҳар руз чавонони ғарқи хуни точикро бо ормону орзуҳояшон ба хок дафн менамоем. Ҳавои кишвар буйи қабр мекунад.

Ин ҳукумати мурдагон аст, мурдагон!

 
Инак, навбат ба Мирзохуча Аҳмадов-собиқ размандаи неруҳои мухолифин. Яке аз охирин намояндаи мухолифин дар ҳукумат буд, ки соҳиби мансаб буд. Айнан чун барканории Ғаффор Седой аз мансаб Мирзохучаро низ Раҳмон бо маслиҳати атрофиёни пусидааш аз вазифа барканор кард. Баҳона ин буд, ки ба ноҳияи Рашт чунин раёсат зарур нест. Тавре худи Мирзохуча гуфтааст  гуё ба у бо супориши президент вазифа ё худ чойи кор ёфта хоҳанд дод. Ин хаёли хом ва савори абр орзу кардани кудакро мемонад. Ин бор навбати Мирзохуча аст. Ҳукумат алайҳи ин мард як бор шикор кард, шикораш бебарор анчомид. Як тан афсари русзабон дар шикори аввал талаф шуд. Бори дуввум як гуруҳ занонро ҳукумат бардуруғ алайҳи Мирзохуча хезонид, то эшон талаб кунанд, ки Раёсати мубориза бо чинояткории муташаккили гуруҳи ноҳияҳои Рашт барҳам дода шуда, сардори он аз вазифа сабукдуш гардад. Айнан ин баҳона кор дод. Мирзохуча бо вазифа хайрбод гуфт. Интизорй меравад, ки якумрй у мансабро аз даст дод. Ин ҳукумат бардуруғ ба у вазифа ваъда кард, аммо шояд ба у чойи коре диҳанд. Ҳатман бо кор таъмин мешавад, аммо қисмати Ғаффор седой уро мунтазир аст. Ӯро мисли Ғаффор қурбон хоҳанд кард. Қурбонии навбатй ба ҳукумат пайдо шуд.
Ин ҳукумат ҳукумати мурдагон аст!!!
Просмотров: 3566 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 5.0/4 |
Всего комментариев: 161 2 »
16 LokAburbCob  
0
Cooking
Music and concerts
Yoga
Baseball
Swimming

15 Сухроб  
0
Мирзохуча ки духтару чиянхои худро хондани намемонад мисли Толибони бесавод боз чи кор кунад чи хубиаш хохад омада ...Ба давлат усу истад юба оилаи худ зулум карда истодааст!!!ЭЭЭЭ ватандори ббеакл ээээ Худо чашми аклу дилу инсофта кушояд!!!!

14 Koteyka  
0
Авторитетная точка зрения, забавно...

13 effepagetty  
0
Я думаю, что Вы ошибаетесь. Предлагаю это обсудить. Пишите мне в PM.

12 PedexpixNet  
0
Ну и у меня тоже.

11 shams  
0
salom! Banda az shunidani in khabar gamginshudam, charoki mebinam tojik tojikro az bain mebarad. Az in gofiland ki tojikho dushmanoni ziyode dar kamin dorand,in kor baroi nobudsozii mardumi sohibtamaddumi tojik, ba dasti dushmanoni qasamkhurdai
tijiki fursati khub hast.VASSALOM

10 Таджик  
0
Люди добрые используйте пожалуйста Эмомали или Рахмонов. Не надо называть его (нашего мистера ДжО) Рахмоном. Рахмон - это имя Оллоhа.

9 Black Jack  
0
То чое дуруст мегуйи хамватани азизам, вале бехтараш биё саратро бо хамаи ин бемазагихо вайрон накун, ту холо барои дигар корхо даркори.

8 GHARIB  
0
AGAR DOMULLO ABDULLO SULHI GHADDORRO QABUL NAMEKARD

IMRUZ MARDUMI KUHISTON HUQUQI KHUDRO HIFZ MEDOHSTAND......

VALE AFSUS TOJIK ZUDBOVAR AST.CHARO JABHAI *MORO* DAR FILIPIN

30 SOL AST MUBORIZA BAROI AZ DAST NADODANI HUQUQHOI MARDUMI KHUD

MEBARAD.....................

TOJIKON CHI?????????

KANI SAYID ABDULLOHI NURi?????

KANI ISKANDARUF?????

KANI LATIFI?????

DIGAR MARDUMI KUHISTON EDI OZODIRO NAKUNED

DAREGHO KI BEVATAN MEMIREM

BE GURU KAFAN MEMIREM

LEKIN AZ NOUMEDIHO BASO UMED AST


7 Vatandor  
0
Мухтарам Ghh!!!
Офаринат дустам, офаринат. Шармат намеояд, ки ба ин сомонаи ба кавли худат "кампиргапон" саре халонй. Вой бар холи ту ки пеш аз навиштани ин ангораат андеша намеронй. Пас касе ин сомонаро "кампиргапон" номиду саре ба линки мо зад, пас у кампиргаптарини кампиргапхост.
Ту аввал сухан омуз, хештанро эхтиром намо, пас дар он сурат туро хохан эхтиром кард. Ба ту дарси адаб намеомузам. Бо вучуди ин точикистонй, ки хастй бароят дилам сухт. Барои ту ва ту баринхо дилам месузад, ки рушанро аз торик, хорро аз гул, душманро аз дуст, нешро аз нуш фарк карда наметатавонанд. Бо ин гуфтор мо аз худ гулу махтоб тарошиданй нестем. Аммо сар задани ту ба ин сомона (ба шарте, ки аз навиштахои мо орият кунй) маро гарки шармандагй мекунад. Вой бар холи мо.

1-10 11-16
Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz