Ба суханронии Раҳмон дар ин чашни фалаксарой, ки дасти кам 10 тан меҳмонон аз Афғонистону Ирон ташриф оварда буданд, касе зеҳн монда бошад, Раҳмон ваъда кард, ки соли оянда чашни фалаксароиро чун озмуни байналмилалии фалаксарой хоҳад гузаронид. Меҳмонон аз дуду наздик хоҳанд омад. «Мурдаро монда тутхурй» барин соли бузургдошти Имом Аъзамро як су фуругузор мекунему ба фалаксарой медароем. Ватандорони ман, хоҳишмандам ин гуфтаи Эмомалй хонро ба хотир дошта бошед. Бо ин ки бучаи кишвар ҳатто ба таъмини як солаи як ноҳияи кучак намерасад, чунин президент пулро чошу пош дода, бо даъвати меҳмонони хоричй озмун гузарониданист. Қарзи берунии Точикистон домони 2 милёрд доллар аст, ки ба ҳар як сокини ин кишвар анқариб 3200 долларй рост меояд. Дар ҳолест, кудаки навзод, ки дунёро ҳануз 2 дақиқа нафас кашидаву аз раҳми модар чудо шудааст, президенти шумо-ватандорони ман ба гардани ун кудаки маъсум 3200 доллари рочиуннақдро чун «Қарз ба қиёмат намонад»-гуён бор мекунад.
Гумон накунед, ки ин қарзро президент аз кисааш медиҳад. Дар бонки Шветсориё зиёда аз 10 милёрд доллари чаноби Раҳмон ба пусидан наздик шавад ҳам, як тинашро барои Точикистон сарф карданй нест. Онро ману шумо бо хунбаҳои дарёфтаҳои пули муҳочирату мардикориву ғуломиву бардагй хоҳем пардохт. Онро мо дар ивази хунҳои рехта дар кучаҳои Маскаву Петербург аз дасти сартарошидаҳои рус, хоҳем баргардонид.
Раҳмону як касб: садақапурсй! Ба кишварҳои араб сафар кунад, дарҳол суфии соф аз худову расул ва тибқи шариат аз одоби ҳамсоядорй ҳарф мезанад, то ягон майдаҳаке садақа биканад. Ба номи Точикистон, ба коми… Худованд шоҳид. Аммо дар асл, на худоро мешиносад, на худашро.
Агар ба кишварҳои демукросй сафар анчом бидиҳад, ҳатман аз қонуну волоияти озодии инсони чомеаи демокративу садҳо беҳмадони дигар. Аммо дар асл, тамоми озодманишу озодандешон аз як сар нобуд кард, ҳадди ақалл бадарғаву ҳабсашон бахшид.
Даҳ милёрд пули президент, ки аз ҳисоби «меҳнати шабу рузй»-и уст, бо 2 милёрд қарз соф мешавад, бо 5 милёрд ниругоҳҳои обии барқи комилан сохта ба истифода дода мешавад. Агар у ба шарте, ки мард барин дилаш ба кишвараш месухт. Аммо ҳайҳот…
Салом хамватанони азиз!!!!!!!!!! ман як донишуи точик дар хорич аз кишвари азизам дарс мекхонам. ва он чизхое ки мо дар кишвар мебинем шумон мардуми азиз наметавонед бубинед. чун мо аз ватан дур хастем. хар чи кадр аз як предмет дур боши он предметро хубтар метони бубини! пас мо кишварро хубтар аз шумон мебинем. мардуми азиз холо сахтихо дар пеш аст!!!!!!!! КИШВАРИ МО ЯКЕ АЗ КИШВАРХОИ БАДБАКХТИ ЧАХОН АСТ!!!! дар холи хозир.. мо бояд як фикр кунем барои ояндаи худ ва фарзандони худ. Чноби Олиям ки бо кору зиндагии худ машгуланд ва факат дар фикри манфиати худ хастан инро хама медонанд ва ин куллан возех ва равшан аст. ОН ЧИ КИ МАъЛУМ АСТ НИЁЗ БА БАЁН НЕСТ!!!!!!! ман дар поён як савол дорам аз хамватанони азиз!!!!!!!! ПАС БОЯД МО ЧИ КОР КУНЕМ КИ АЗ ИН БУХРОН НАЧОТ ЁБЕМ???????????????????