ВАТАНДОР
Панчшанбе, 28.03.2024, 21:17
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Ноябр 2008  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2008 » Ноябр » 4 » Таймз: Президенти точик муттаҳам шуд
Таймз: Президенти точик муттаҳам шуд
11:16

Ин матлаб бо шукргузорй аз як тан хоҳари ватандор бо исми Зебосанам, ки бароямон линкашро равон кардааст, мунташир мешавад. Линки мазкурро аз бахши «Назаргоҳ»  дарёфтам ва онро бидуни ихтисор ба ватандорони арчманд ироъа медорам. Матлаб баргирифта аз сомонаи ВВС. Зинда бошед, Зебосанам.

Ватандорони ман бубинед ин садруяҳо чй гуна худро шарманда месозанд.

Рузномаи Таймз чопи Бритониё дар шумораи интернетии худ рузи панчшанбе, 30 октябр навишт Раиси чумҳури Точикистон имруз ба рабт доштан ба қазияи тақаллуби чандин миллиюндулорй дар муъомила бо олуминиюм муттаҳам шуд, ки ин қазия пурҳазинатарин мурофиъа дар додгоҳро дар торихи Бритониё ба вучуд овардааст.

Ба гузориши Таймз ин иттиҳом дар Додгоҳи олии Ландан дар чараёни мурофиъаи марбут ба мубориза барои таҳти кунтрул доштани корхонаи зуби олуминюм дар ҳумаи шаҳри Душанбе, пойтахти Точикистон - яке аз фақиртарин кишварҳои Осиёи Миёна, матраҳ шуд. Интизор меравад ҳазинаи хадамоти ҳуқуқии марбут ба ин қазияи ғайриоддй наздики 90 миллиюн лираи истерлингро ташкил диҳад.

Асоси тақозои моро шавоҳиди рушан дар бораи фасод ва ришваи беандоза бузург ташкил медиҳад. Иддаъоҳои мудофеъон дар ин қазия дар бораи тақаллуб, ки раиси чумҳурро низ дар бар мегирад, танҳо пардаи дудест ва комилан дуруғ аст. Мудофеъон ин изҳоротро ҳадафмандона дер баён карданд, то таваччуҳро аз иттиҳомоти барҳақ алайҳи худ дур кунанд ва руи фасод дар корашон ниқоб бигзоранд.

Изҳороти Талко ба рузномаи Таймз

Таймз менависад, Талко ширкати давлатии тавлидкунандаи олуминиюм Абдуқодир Эрматов, раиси пешини худ ва Аваз Назаров, бозаргони точики ҳоло муқими Бритониёро муттаҳам кардааст, ки ин корхонаро ба унвони манбаъи даромади шахсй истифода кардаанд ва беш аз 500 миллиюн дулор даромади онро тайи солҳои 1996 ило 2004 аз они худ кардаанд.

Таймз гузориш медиҳад, ки пештар дар оғози ин ҳафта Талко ба додгоҳ гуфт, ки оқои Эрматов ва хонаводаи у миллиюнҳо лираи истерлинг ба сурати ришва аз оқои Назаров гирифтаанд, ки шомили манозил дар Ландан ва Маскав мешавад.

Ин рузнома менависад, Маррей Роузен, вакили мудофеъи Талко гуфтааст: "Мо нишон хоҳем дод, ки оқои Назаров ва оқои Эрматов бо ҳамдастони худ садҳо миллиюн дулорро аз кишваре дуздидаанд, ки ба мушкил метавонад чунин маблағро ба даст биёрад."

Ба навиштаи ин нашрия, аммо вакили мудофеъи оқои Назаров имруз дар додгоҳ гуфт, ин иттиҳомот талоше чуз барои зери пардаи дуд бурдани тақаллуби худи муддаъиёни ин муноқиша нест.

Брайан Докта, вакили мудофеъи окои Назаров гуфт оқои Эрматов ва оқои Назров дар моҳи декабри соли 2004 тавассути афроди "машкуки" дорои равобит бо давлати Точикистон аз кор барканор шудаанд.

Таймз менависад, оқои Докта гуфтааст назорат бар корхонаи олмуниюм бидуни пардохти чуброн ба CDH Investments, ширкати офшории таҳти кунтрули чанд шахсияти точик, ба шумули президент Эмомалй Раҳмон, сарвари давлати кишвар интиқол ёфтааст.

Оқоён Эрматов ва Назаров ба навбаи худ Талкоро муттаҳам мекунанд ва чуброни хисораи ҳудуди 130 миллюндулориро тақозо доранд.

Ба навиштаи рузномаи Таймз онҳо муддаъй ҳастанд, ки пас аз қатъи кунтрули онҳо бар ин корхона ҳар моҳ беш аз 20 миллиюн аз даромади он ба мантақаи офшорй мунтақил шудааст, ки ба далели он бо вучуди равнақи баҳои олуминиюм корхона натавонистааст қарзҳои худро бипардозад.

Оқоён Эрматов ва Назаров равобити олуда бо фасод доштан бо якдигарро рад мекунанд ва иддаъо мекунанд, ки онҳо фақат дустони қадимй ҳастанд.

Онҳо мегуянд, зарфияти тавлидии корхонаро, ки ба асари чанги дохилй шадидан коҳиш ёфта буд, бо созмондиҳии фароҳам сохтани маводи хом ва роҳандозии ҳамкорй бо ду бузургтарин тавлидкунандаи олуминиюм дар Урупо - ширкати норвежии Норск Ҳайдро ва Русал, ширкати русии таҳти кунтрули Олег Дерипаска, сарватманди рус, барқарор кардаанд.

Ба навиштаи Таймз оқои Докта ба додгоҳ гуфтааст, ки ширкати Талко иттиҳомот алайҳи оқоён Эрматов ва Назаровро барои таъйиди узри худ дар қиболи сармоягузорон ба вучуд овардааст.

У ҳадафи Талкоро дар қазияе, ки ҳазинаи он 5 дарсади даромади нохолиси дохилии кишварро ташкил медиҳад, таҳти савол бурдааст. Ба гуфтаи вай амалан ҳеч парвандае дар торихи муноқишоти ҳуқуқй барои матраҳкунандаи даъво чунин ҳазина надоштааст.

Дар як изҳорот ба рузномаи Таймз Талко гуфтааст: "Асоси тақозои моро шавоҳиди рушан дар бораи фасод ва ришваи беандоза бузург ташкил медиҳад. Иддаъоҳои мудофеъон дар ин қазия дар бораи тақаллуб, ки раиси чумҳурро низ дар бар мегирад, танҳо пардаи дудест ва комилан дуруғ аст. Мудофеъон ин изҳоротро ҳадафмандона дер баён карданд, то таваччуҳро аз иттиҳомоти барҳақ алайҳи худ дур кунанд ва руи фасод дар корашон ниқоб бигзоранд."
 Рузнома менависад, даъво дар додгоҳ идома дорад
Просмотров: 4602 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.4/5 |
Всего комментариев: 6
6 Kirillovs  
0
Бывают в жизни огорченья surprised
Но это не тот случай cry

5 SaDoVnIk  
0
хахаххахаххахах biggrin biggrin biggrin biggrin Вой дод ба холи Додочони Атовулло!!! Хайр дигар чи нависа?! Ба ин ахмаку ахмакиёни атрофаш чизе гуфтани нестам.

4 Алишер  
0
Зинда бош Додочон!!

3 ajal  
0
Додо, ман хамонам, ки бехтар аз дигарон медонад ба руи ту туф кардан лозим!

2 Аскарали Акаев, ОИ "Ховар"  
0
ПРОЦЕСС ПОШЕЛ...
ХОНАВОДАИ ЭМОМАЛИ РАХМОН ОХИСТА-ОХИСТА ТОЧИКИСТОНРО ТАРК МЕКУНАД

Бино бар шохидии наздиктарин шахсон аз доираи Дастгохи ичроияи Президенти Точикистон ва Вазорати умури хоричаи кишвар, Президент Эмомали Рахмон, ки окибати вочиабори сарнавишти худ ва наздиконашро хуб дар кардааст, пеш аз хама фарзандонашро охиста-охиста ноаён аз хоки кишвар берун мекунад. Дар як соли охир аллакай ду фарзанди Рахмон, ки назар ба дигар фарзанду чияну домоду авлодчаву хешбаччахояш бештар ба гурухи "рыск" дохил мешаванд, аз Точикистон куч баста, дар дигар мамлакатхои орому обод зиндагии пуркайфу сафо ва беозорро огоз карданд. Нахуст, духтари гизалаи Чаноби Калон, ки дар чанд соли бешавхарияш хафтоду хафт бор ба чавонписарони бойу бадавлат никох кардаву боз чудо шудааст- Тахмина дар шахри Дубайи Аморати Муттахидаи Араб ичозаи икомати доими ва виллаи бехтарин дар сохили Халичи Форс гирифт. Холдонхо мегуянд, ки Тахминаро борхо дар ихотаи бизнеменхои точикии дубайравона дар тарабхонахои пуркиммат ва марказхои савдои Дубай дидаанд. Вай агар хафтае дар Душанбе бошад, чанд хафта дар Дубай икомат мекунад. Сохторхои марбута холо дар мавриди икомати духтари эркаи Калон чанд амалиётхои лозими гузаронданианд. Аввал ин ки, Абдурасул Мирзоев, бародари собик фармондехи горди президентӣ Гаффор Мирзоевро низ ба он хотир аз Абу-Дабӣ ба Душанбе истирдод хоханд кард, ки бо ин рох бехатарии Тахмина ва наздиконашро дар ин давлат таъмин намоянд. Шояд то охири сол Консули генералии Точикистон дар Дубай Рахимчон Носиров, ки бо вучуди сохибтачрибаву донишманд буданаш, аз Дангара нест, ба ягон одами "худии боваринок" иваз шавад.
Аз хама ачибаш, писари азхудрафтааш Рустамро Эмомали Рахмон ба кавле "аз таги борон ба таги тарнов" аз Душанбе ба Маскав гурезондааст, ки ин бори дигар нишонаи беакливу бефаросатии уву мушовиронашро нишон медихад. Тавре, ки аз Вазорати умури хорича як манбаъи муътамад ба мо гуфт, Рустам холо дар Москва ба сифати дипломати воломакоми Сафорати Точикистон дар Россия ба "кор шуруъ карда", фаъолияти одатшудаи шабгардиву бевабози ва майнушиашро дар клубу ресторан ва казинохои Москва давом дода истодааст. Агар кадом рузе ВАО-и Россия, ё ягон рузномаи нотарси Москва навишад, ки шахрванди Точикистон Рахмонов Рустам Эмомалиевичро бо маводи мухаддир, ё ин ки дар чалабхонае ва ё ходисаи дигар дастгир ва ба чавобгарии чинои кашидааст, метавонед бовар кунед. Русхо дар ин кор устухон надоранд. Ачаб не, ки хар як кадами ин чавони масти серпулу худозадаро медонанд ва аз пайаш одам мондаанд.
Хулоса, чи хеле русхо мегуянд, процесс пошел... Ва онро дигар доштан натавон. Шумо чи фикр доред?
Аскарали Акаев,
ш. Душанбе.


1 jindy  
0
Ватандори азизи дуруд бар ШУМО!! smile
Хуб фикр мекунам, ки ин хабари маъмулист.....мутаасифона
чунин хабархо кариб, ки хамаруза дар нашриётхои хоричи кишвар чоп мешаванд..дар назар
дорам, ки чехрахои "намоёни" кишвар даст ба дузди задаанд. angry

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz