ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 00:41
Номгуй

Сабки вуруд

Таквими иттилоот
«  Апрел 2011  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930

Чустучуй

Ватандорон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Сафхаи аслй » 2011 » Апрел » 18
Додситони кулли Тоҷикистон аз давлати Русия хостааст Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолиф ва раҳбари ҷунбиши мавсум ба "Ватандор"-ро, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кунад.
Шерхон Салимзода рӯзи сешанбеи 12 апрел дар як нишасти матбуъотӣ гуфт, ки оқои Атовулло ҳоло мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад ва мақомоти Русия ҳануз посухе ба ин дархост надодаанд.
Оқои Салимзода иттиҳомоти ворида алайҳи ин рӯзноманигори мухолифро эълом накард, вале худи оқои Атовулло дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон дар гузашта низ чунин талоше карда буданд ва "бори дигар мехоҳанд худро назди ҷомеъаи ҷаҳонӣ шармсор кунанд."
Ин рӯзноманигори мухолиф, ки солҳои зиёде дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад, мӯътақид аст, ки давлати ин кишвар ба боздошт ва истирдоди вай аз Русия муваффақ нахоҳад шуд:
Оқои Атовулло, ба назаратон, сабаби аслии ин ки Додситонии кулли Тоҷикистон Шуморо таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода, чист?
Ин дасисаи навбатии мақомоти Тоҷикистон дар чорчӯби ягон қонун, дар ягон кишвари ҷаҳон, шояд ба ҷуз Тоҷикистон ва кишварҳое, ки диктотурӣ ҳастанд, намегунҷад.
Ман як рӯзноманигор ҳастам, як сиёсатмадор ҳастам ва барои гуфтани сухани ҳақ, барои гуфтани фикре, ки бо фикри онҳо тафовут дорад, онҳо мехоҳанд маро ба Тоҷикистон биёранд ва зиндонӣ кунанд.
Худи ҳамин дар бораи қонун сухан гуфтани ҳукумате, ки худаш қонунро зери по мекунад, бидуни риъояти қонун ва меъёр ... Читать дальше »
Мутолигар: 9251 | Сана: 18.04.2011 | Нуфуз: 4.5/8 | Назаргох (8)

Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz