ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 10:25
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Октябр 2010  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2010 » Октябр » 13 » Ба оилаи Раҳмон Тоҷикистон камӣ мекунад
Ба оилаи Раҳмон Тоҷикистон камӣ мекунад
20:21
Баъди 13 соли созишномаи сулҳ, баъди ҷанги шаҳрванд, ки солҳи 1992-1997 хуни зиёдеву шаҳиди зиёда аз 200 ҳазор нафара ба ҷо гузошт бори дигар дар Тоҷикистон алангаи ҷанг сар зад. Дар натиҷаи ҳамлаи ғайримунтазира дар минтақаи Рашт, тибқи маълумоти расмӣ 25 нафар ба шаҳодат расиданд. Айни ҳол гӯё ин ҳамларо ҲИУ ба дӯши хеш гирифт. Дар маҷмӯъ имрӯз дар дараи Камароб чӣ ҳодисае рух дода истодааст? Ба ин ва дигар пурсишҳои журнали «Однако» Раҳбари ҳаракати милливу сиёсии «Ватандор» Додоҷони Атовулло посух мегӯяд

-Бидуни андеша метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ дубора шурӯъ шуда. Ҳамзамон қотеона мегӯям, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба охир нарасида буд, он идома дошт. Сулҳе, ки имрӯз ҳама аз он меболанд, зоҳирӣ буду ба таври режими оҳанӣ нигоҳ дошта мешуд. Ҳарчанд гурӯҳҳои зиёди норизо ҳанӯз ин сулҳи рӯйи коғазиро эътироф накарда буданд. Ба вижа дар минтақаи Рашт, чунин гурӯҳ хеле зиёд буду ҳаст. Танҳо ҷанги имрӯза на ба сабку услуби пешин идома дорад. Алъон демократҳо бо исломиҳо намеҷанганд, ва ИНОТи қаблӣ низ бо ҳукумат намеҷангад. Имрӯз ҳамагон алайҳи режими Раҳмон бархостаанд. Ин ҷангро метавон ҷанги умумитоҷикистонӣ алайҳи Раҳмон номид. Аён аст, ки сабри мадуми Тоҷикистон лабрез шудааст. Ба дили мардуми Тоҷикистон зиндагии бегазу барқ, бенону бемаош ва бе кӯмаки тиббии воқеӣ аллакай задааст. Сулҳе, ки ҳамагон ӯро мунтазир буданду орзуяш мекарданд, гӯё ба таври зоҳирӣ ба сари мардуми тоҷик омад. Аммо дар асл ин сулҳ дом ё худ қапқоне буд, ки Раҳмон тавонист бо ин васила муқобилонашро ба осонӣ аз сари роҳаш дур кунад. Дар ин сулҳи коғазии бардурӯғи доммонанд Раҳмон тавонист, ки на фақат муқобилонашро, балки онҳое, ки ӯро сари қудрат овардаанд, бархеро кушту бархеро равонаи зиндон сохт.
-Раҳмонро киҳо ба сари қудрат оварданд?
-Ғаффор Мирзоев (собиқ қумондони гвардияи президентӣ), Ёқуб Салимов (собиқ вазири ВКД), Сангак Сафаров (собиқ қумондони саҳроӣ, қаблан бо ҷиноятҳои таҷовузу ғоратгариву авбошӣ 23 сол умрашро дар ҳабс гузаронида) ва Маҳмуд Худойбердиев (собиқ қумондони супоришҳои махсус-спецназ)-ин афрод аз ҳама ашхоси намоёнтарини командаи Раҳмонанд, ки ӯро аз сари полези саҳро ба сари қудрат оварданд. Ҳамаи ин афрод ё кушта шуданд, ё зиндонианд ва ё аз Тоҷикистон бадарға шудаанд. Аз ҳама қишри рушдёфтаи ин команда онҳоеанд, ки имрӯз гурезаҳои сиёсианд.
Ин гуна қисмати талх ҳамзамон бо онҳое низ рух дод, ки қаблан дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ алайҳи Раҳмон ҷангида буданду сониян баъди созишномаи сулҳ ба тарафи Раҳмон гузаштаанд. Онҳо имрӯз киёнанду куҷоянд? Саид Абдулллоҳи Нурӣ-лидери ИНОТ, сониян раиси кумиссияи оштии миллӣ, ки охирҳои умраш умуман ба ёди президент нарасид. Раҳмон ба худ унвони қаҳрамони Тоҷикистонро чун фарди сулҳовар раво диду ба марҳум Нурӣ не.
Отахон Латифӣ, журналисти маъруфи тоҷик, хабарнигори махсуси рӯзномаи «Правда баъди сулҳи дурӯғини соли 1997 ба ватан баргашт ва сонитар бо усули раҳмонуфӣ кушта шуд. Мирзо Зиёев, қумондони саҳроӣ, сонитар вазири ҳолатҳои изтирорӣ, дар Тавилдара соли гузашта ба қатл расид. Ҳабиб Сангинов, мувони вазири ВКД, соли 2000 кушта шуд, Маҳмадрузӣ Искандаров, директори кумитаи Тоҷикгаз, соли 2004 дар Маскав боздошт шуда ба Тоҷикистон ба таври мармуз интиқол дода шуд ва ба муддати 23 сол равонаи зиндон гардид. Бо ҳамин усул ҳаводисе, ки дар Рашт гузашта истоадааст— ин идомаи ҳамон сиёсати нобихрадонаи Раҳмон аст. Барои ӯ ҳанӯз кофтани душманонаш ба охир нарасидааст. Ӯ дар чеҳраи ҳар як инсоне, ки маъқулаш нест, хати батлон мекашаду аз симои ӯ душман метарошад ва ҳамон душмани худашро тавассути симои лаббайкгӯяш душмани миллат эълон мекунад. Соли қабл низ дар минтақаи Тавилдара зери ниқоби мубори алайҳи терроризму экстремизм ва фундаментализм ҷангҳои бемаънӣ ба шиддат давом ёфт, ки дар натиҷа даҳҳо нафар шаҳди шаҳодат чашиданду садҳо тан бехонаву дар ва ҳатто зиндонӣ шуданд. Аммо дар ин бобат Раҳмон тавонист, ки иттилоотро «блокада» кунад, ки ҳеҷ як аз хабарнигорон натавонистан маълумоти дақиқро пешниҳоди мардум гардонанд. Имрӯз бошад хукумати Раҳмон саъй дорад, ки боқимондагонро низ «очистка» кунад. Дар ҳоле ки ду моҳ пештар ба ин минтақа Раҳмон 2000 нафар аскарону техникаи ҳарбиро равона сохт.
-Пас Раҳмон ин гуна афродро дар Рашт меҷӯяд?
-Ҳадафи аслии интиқоли ин адади зиёди аскарону афсарон ба Рашт аз ду симои аслӣ ва намоёнтарин қумондонҳои саҳроӣ- Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров халос шудани Раҳмон иборат аст. Соли гузашта Раҳмон бо Мирзохӯҷа дар макази Рашт-Ғарм вохӯрӣ гузаронида буд. Он вақт президент савганд ёд карда буд, ки алайҳи Аҳмадов ягон далели айбдоркунӣ надорад ва ваъда дод, ки гӯё Мирзохӯҷаро ягон чизеву касе таъқиб намекунад. Онҳо ба ҳам оғӯш кушода буданд ва ин саҳнаро дар телевизион ба таври оммавӣ намоиш дода буданд. Дар ин бобат ман бо Мирзохӯҷа гуфтугӯ кардам ва ба ӯ гуфта будам: ба Раҳмон бовар накун, чунки ба ин шахс бовар кардан номумкин аст.
Охирин сӯҳбати телефони мо ҳамагӣ чанд рӯз пеш иттифоқ уфтода буд. Ман боз ба ӯ ҳолати омодабош барои бехатарирор гӯшрас кардам ва барояш илқо карда будам, ки ин ҳама ҷидолҳое, ки ба сари мардуми Рашт омадааст, пеш аз ҳама амалиёти аз байн бурдани Мирзохӯҷа Аҳмадов аст. Аммо Аҳмадов то ба охирин лаҳза умедвор буд, ки Раҳмон алайҳи ӯ иқдоме намекунад ва барояш хавфе дар миён нест. Баъд аз чанд рӯзи ҳамлаи ғайримунтазира боз вазири ВКД ва ҳамзамон муовини прокурори генералӣ ва ҷонишини раиси КАМ дар минтақаи Рашт бо ӯ вохӯрданд. Намояндагони мақомоти зидахли Тоҷикистон зимни сӯҳбат ӯро бовар кунониданд, ки президент бо Мирзохӯҷа муносибати хубу ҳасана дорад ва зимнан хоҳиш карданд, ки Мирзохӯҷа бо гурӯҳи Мулло Абдуллоҳ ҳамкорӣ нанамояд. Аммо баъди ду рӯзи расо дар натиҷаи амалиёти махсуси ҳарбӣ тику пораи хонаи Аҳмадовро ба фазо печониданд. Хушбахтона худи ӯ дар ин амалиёти хунин ҳукумат осебе надид, аммо дар бомбаронкунӣ панҷ нафар ба марги муфоҷо мубтало шуданд, ки аз эшон як нафар зан ва се мардикорони қирғиз аст. Ин хабари қотилии ҳукуматро то тавонистанд пинҳон карданд. Аммо рӯзи дигари ин амалиёт дар телевизион эълом доштанд, ки гӯё Аҳмадов террорист асту дар хонааш Мулло Абдуллоҳро пинҳон кардааст. Мулло Абдуллоҳро қаблан ҳукумат дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи ҲИУ, ки таркишро гӯё ба дӯши хеш гирифта буд, ҳамдастон дониста ӯро дар пайи аз байн бурдан буду ҳаст.
-Аммо дар ҳақиқат ин кори Мулло Абдуллоҳ нест?
-Гумон мекунам, ки ин кори Мулло Абдуллоҳ нест. Танҳо ҳукумат аз симои ӯ Бен Ладен сохта истодааст. Воқеият ин аст, ки ман алъон наметавонам бигӯям, ки дар пушти ин ҳаводиси ҳамлаи ғайримунтазира кӣ меистад. Аммо тибқи иттилоъи мо дар ин ҳамла на 25 нафар ба ҳалокат расидааст, балки зиёда аз 40 нафар ҷони худро бохтаанду 25 нафари дигар ба ҷониби муқобили сангарнишинони ҳамлагар ихтиёран гузаштаанд. Аз ростӣ ба ҷангиёни ҳар ду ҷониб дилам месӯзад. Зеро ин ҷавонони қишри фақири Тоҷикистон аст, ки ба сафи армия ҷабран ва ё ихтиёран ҷалб карда шудаанд. Ин бечорагон аққалан 200 доллар надоранд, ки бо додани пора аз хидмати ҳарбӣ халос шаванд. Онҳо чун харгӯшонанд, ки муқобили сайёде истоданд.
Аммо бо тамоми масъулият ман аз ҳамон сангарнишинони кӯҳу дара ҷонибдорӣ мекунам. Онҳо сангинтарин имтиҳонҳоро аз сар гузаронидаанд: ваҳшигари солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, фақру зисти дандоншикану тоқатфарсои дохили Тоҷикистон ва ҳамзамон дар сангинтарин лагерҳои гурезагии Афғонистонро мур ба сар бурдаанд. Инак, бечорагон дар бадарға қарор доранд.
-Шояд дар Камароб воқеан ҷангиёни ҲИУ бошанд?
-Мантиқан барои ҲИУ Тоҷикистон зарур нест, душмани аслии ҲИУ Тошканд аст. Ба факти аз ҳама аҷиб диққат диҳед. Дар ҳақиқат соли 1998 ҷангиёни ҲИУ дар Тоҷикистон пайдо шуданд. Аммо ин пайдошавӣ зери ҳимояти КАМ Тоҷикистон буд. Рейди дар Узбекистону Қирғизистон дар соли 1998 ба хотир оред. Онҳо дар Тоҷикистон гаштугузори бемалол зери ҳимояти ҳукумати Раҳмон доштанд. Он ҷангиёнро ҳукумати Раҳмон бо силоҳу зиреҳу дигар лавозимоти ҷангӣ мусаллаҳ карда буд. Бо ин роҳ Раҳмон мехост аз Тошканд интиқом бигираду чашми Каримовро тарсонад. Баъди ин рейд Тоҷикистон ҲИУ-иёнро ба автобусҳои махсус нишонда чун меҳмонҳои фахрӣ то ба сарҳади Афғонистон гуселонида буд. Дар телевзиони раҳмонуфӣ бошад, ин маназаро бо тантана намоиш дода, эълон карданд, ки дар Тоҷикистон ҲИУ дигар вуҷуд надорад. Метавон натиҷа гирифт, ки дӯстии худи Раҳмон бо ҷангиёни ҲИУ аз аз он солҳо маншаъ гирифта буд ва то ба ҳол идома дорад. Худ фикр кунед, ки ҲИУ ташкилоти хеле зарурист. Таркиш дар Хуҷанду таркиши дигар дар клуби шабонаи Душанбе, фирор аз маҳбас ва дигар пешомадро ҳукумат аз ҲИУ медонад. Бадеҳист, ки дар фони ин ҳаводис се кишварро мебинанд: Афғонистон, Покистон ва Руссия. Чаро?
Фикр мекунам ин ҷо Раҳмон мехоҳад бо як тир чанд нишон бизанад. Ин сигнал ва ҷалби таваҷҷӯҳест барои олами Ғарб, ки барои эшон ислом чун латтапораи сурхе пеши буққаи девона аст. Руссияро низ дар ин кор муқассир медонанд, танҳо дар асоси он ки дар ин фирор чанд аз тан сокинони Доғистон будаанд. Ин гуна афродро тибқи маълумотҳои расмӣ аллакай ҳабс карданду ҳатто бархеашонро ба қатл расониданд. .
-Бармеояд, ки Раҳмон ба Русия ниёзе надорад?
-Ба Русия Раҳмон нуқтаи таммат гузоштааст. Ман танқиди президенти Тоҷикистонро дар муқобили сиёсати Русия қазоват намекунам. Аммо ҳеҷ кас ҳуқуқи таҳқири як миллати томро надорад. «Бомж, майзада, инсонҳое, ки ҳеҷ чизи муқаддас надоранд» ва амсоли ин дигар таҳқирҳоро ба унвони халқи рус дар ВАО-и давлатии Тоҷикистон дидан мумкин. Президенти Тоҷикистон худу атрофиёнаш ва миллати тоҷикро аз ирқи ориёиҳо медонад, аммо шарм намедорад, ки ба кӯчаву хиёбонҳои Русия ҳамон ирқи олии ориёиҳоро барои дарёфти тиккаи ноне чун муҳоҷири меҳнатӣ (чернорабочие) мефиристад.
Гузашта аз ин, Раҳмон анқариб дар ҷаласаи якҷояи ҳукуматаш гуфт: «Русия истиқлоли моро намехоҳад, Кремл мехоҳад, ки мо ғуломи эшон бошем». Бояд гуфт, ки воқеан Раҳмон маҳорати актёрӣ дар соҳаи пултамаъкунии беназир дорад. Вақте се сол қабл Русия тамоми дарҳоро (дарҳои хайру садақоташро. Ватандор) ба рӯйи Тоҷикистон баст, ӯ кӯшиши ғарбгароӣ намуд. Аммо ин кораш ҳама самара наёвард. Аз наздиконаш ба ӯ машварат доданд, ки рӯйи ниёз ба шайхони араб биёварад. Аммо маҳорати актёриро бинед, ки ин раиси колхоз ва коммунисти гузаро, нафаре, ки бо шиори «Нест бод ислом!» соли 1992 ба сари қудрат омаду ҳазорон масҷиду мадорис ва Қуръонро сӯхт ва ҳатто ҳазорон афроди ришдорро зинда ба зинда ришашонро канду ба қатл расонид, инак чӣ кард?
Дарҳол сӯфии соф шуда худро ба ҳарами масҷид зад, то таваҷҷӯҳи олами исломро ба худ кашад. Дар яке аз журналиҳои араб очерке пиромуни Раҳмон ба интишор расид, ки дар он аз худопарастиву зоҳиди поку тақвои ӯ бисёр лофҳову газофҳо гуфта шуд. Дар ин очерк омадааст, аз забони шоҳаншоҳи Тоҷкистон омадааст, ки гӯё Раҳмон солҳои режими коммунистӣ пинҳонӣ шабҳо Қуръон тиловат мекардаасту ба ёди Худо шабзиндадорӣ намуда, мегиристааст. Яке аз супердурӯғҳои Раҳмон. Давоми очерк: Инак, ки солҳои озодӣ расидааст, ӯ гӯё ниятҳои бузург дар бобати конфронсҳои исломӣ ба хотири арҷгузории дини Ислом карданист. Нафаре, ки шиораш Марксу Энгелс буд, инак чун зоҳиди пок аз забонаш номи Муҳаммад (с) канда нест. Ӯ дар баромадҳояш дар вохӯри бо шуюхи араб низ ваъда дод, ки дар Тоҷикистон соли Ислом эълон медорад.
Соли бузургдошти Имоми Аъзамро низ эълом дошт. Гумон кард, ки олами Ислом ба ӯ таваҷҷӯҳ мекунаду хайроти зиёде ба ин гадо мекунанд, ки ҳисобу ададаш нест. Аммо интизориҳои ӯ барбод рафт. Шайхони араб низ кӯр нестанд, диданд, ин «зоҳиди пок»-и атеист дар зоҳир дигару дар ботин дигар аст, рӯяшонро гардониданд. (Ин ҳолат қаблан низ бо Теҳрон низ иттифоқ уфтода буд). Боз маҳорати актёрӣ кор дод. Ӯ дарҳол аз симои ислом экстремизму терроризм тарошида рӯй ба ҷониби Ғарб овард. Ғарбе, ки душмани рақами якаш Ислом аст. Ду сол қабл Раҳмон нимашабҳо қуръонхони худопараст буд, имрӯз бошад дари масҷидҳоро қуфл зада, аз аҳли имон террорист метарошад. Заноне, ки сатри аврат ба бар доранд, маймун меномаду ҳар чӣ ба даҳонаш ояд алайҳи ислом мегӯяд.
Ин актёри гузаро боз гумон кард, ки бо ин амалаш ба сиёсати ИМА маъқул шудааст. Анқариб ӯ тӯли 10 рӯз дар Амрико буд. Айнан дар ин вақт дар Рашт ҷанги беамон мерафт ва ҳамзамон ҳамлаи ғайримунтазира ба гурӯҳи ҳарбиён сурат гирифт. Аммо президент аз ИМА наомад. Худро ба зоҳиду мусулмони ҳақиқӣ заданаш як аблаҳии нобахшиданӣ буд. Аммо аблаҳтарин амали ӯ ин аст, ки сиёсати худро муқобили пайравони дини мубини ислом нигаронидааст. Дар ҳоле, ки 99 фисади Тоҷикистон мусулмону мусулмонзодагонанд.
Ҳар нафаре, ки сафи экстремистонро зиёда карданист, пас ин сиёсати дохилии худи Раҳмон аст. Сарвари ташкилоти террористӣ низ дар мост- ин сарвари террористон худи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки сарвараш худи президент мебошад. Ӯ дар симои ҳама афроди машкук душмани худашро мебинад. Ба вижа нафаре, ки қудратмандару оқилтару пулдор аз ӯст, ҳатман бо унвони террористу экстремист рӯсияҳ мешаваду бадарға мешавад, ё кушта ва ё зиндонӣ мегардад.
-Имрӯзҳо дар дараву кӯҳҳо чанд тан қарор доранд?
-Ибтидои сол шумораи ҷангиён дар кӯҳ 700-800 нафар буд. Аммо ҳоли ҳозир ба 3000 нафар мерасад. Онҳо дар деҳот зист доранд ва аҳли деҳот бо эшон муносибати хубро раво мебинанд. Он ҷо гурезгоҳи мувофиқест. Тӯли 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ Раҳмон натавонист, контрули ки ин минтақаи гурезгоҳро ба даст биёварад. На танҳо дар Рашт, балки дар шарқи кишвар низ чунин муқобилон аллакай маскан гирифтаанд. Тахминан ҳамин адад ҷангиёни дигар дар атрофи Душанбе ва шимоли Тоҷикистон дар ҳоли омодабош алайҳи сиёсати Раҳмон қарор доранд. Ба қарибӣ Раҳмон дар доираи хурди дӯстонаш гуфтааст, ки мардуми шимоли Тоҷикистон одамони дуввум навъ ҳастанд. Бояд чашми онҳоро бештар тарсониду бештар занону духтаронашонро таҷовуз намуд. Таркиш дар Хуҷанд низ посухе ба ин гуфтаи Раҳмон аст.
Моҳи июли соли ҷорӣ дар Помир буд, ҳафт рӯз он ҷо созишномаи сулҳро ид кард. Ба Помир ҳадяву тӯҳфаҳо аз қабили компутару маводи ғизоӣ ва пӯшокӣ ва ғайраҳо бурд. Телевизиони лаббайкгӯ гузорише ба мардум пешкаш кард: Духтари президент Таҳмина ба ҳаҷми 15 ҳазор доллар лампушкаи каммасраф (заводи лампушка низ аз они худи Таҳмина Раҳмон аст. Ватандор) хайр кард. Гузориши дигар: Зане аз Помир мегӯяд, ки баъди омадани президент ба Помир гӯё мурғҳои ӯ дар як рӯз ду бор тухм мекунанду занбурҳояш бо қадами мубораки ҷанобашон бештар асла медодагӣ шуданд. Бо ин гуна гузоришҳои подарҳаво магар мешавад халқро фирефт? Илло худи Раҳмон фирефтаи чунин вологуфториву мадҳу саност. Аллакай насли калонсоли Тоҷикистон, ки ба бегазу бебарқӣ одат кардаанд, шукрона мекунанд, ки «аз ин ҳам рӯз бадтар бошад ҳам фақат ҷанг набошад шуд». Аммо қишри навраси Тоҷикистон аллакай аз ҳиҷ чиз ҳаросе надорад, маргро намедонад. Танҳо медонанд, ки мошинҳое, ки бо рақами 8888 бошанд, аз они фарзандони Раҳмон аст. Агар 1111 бошад, бародарони пайвандони бардараш аст. Президент 7 духтару 2 писар дорад. Бешак барои оилаи Раҳмон даҳ то дигар Тоҷикистон бошад ҳам, камӣ мекунад.
-Пас кадом гурӯҳи муайяне Раҳмонро дастгирӣ мекунанд: Ҳам дар дохил ва ҳам дар беруни кишвар?
-Дар дохили кишвар ба ҷуз як-ду данғарагӣ касе ӯро ҳимоят в пуштибониву дастгирӣ намекунад. Хадамоти махсуси ӯ низ ба гили коррупсия ғӯтидаанд. Зеро фирори 25 нафара инро исбот кард. (Агар аз дохил касе ба фирориён кӯмак намекард, чӣ гуна мегурехтанд?). Аслан ба Раҳмон ҳеҷ кас бовар надорад. Зеро ҳама мансабдорон медонанд, ки рӯзе эшонро тақдири Ёқуб Салимову Ғаффор Мирзоев мунтазир аст, аз ин рӯ ҳеҷ кас ба ӯ итминон надоранд. Аммо ҳақиқати ҳол ин аст, ки Раҳмон «в активном поиске» қарор дорад, то дар беруни кишвар пуштибони қудратманде пайдо намояд. Дар Русия бошад, як ду наркобизнесмени қудратманде ҳастанд, ки ба хотири тиҷорати маводи мухаддир ӯро пуштибонӣ мекунанд ва ба ҳукумати Русия талқин мекунанд, ки агар «ин сукин сын» аз ҳукуматдорӣ равад, пас ким-кадом фундаменталисти исломие меояд. Аз ин рӯ дар Кремл низ ба хотири ин «талқин» ба Раҳмон кордор нестанд.
Дар воқеъ тибқи иттилои мо ба қарибӣ ду вертолёти ҷангие, ки Русия ба Тоҷикистон ихтисос дода буд, ҳукумати Тоҷикистон ба Рашт барои амалиёти хунрезиаш равона сохт. Ҳамзамон Қазоқистон низ дар доираи қарори порлумон дар бобати кӯмаки ҳарбӣ ба Рашт штурмовикашро ба ҳукумати Раҳмон таслим сохт, ки аслан барои ҳамлавару ба хуну хок кашидани ин минтақа нигаронида шудааст. Дил мехоҳад ба он афроду гурӯҳу давлатҳое, ки ба Раҳмон кӯмак мекунанд, бигӯяд, ки он силоҳу кӯмаки ҳарбие, ки шумо мекунед, ин ҳадяест ба режими террористие, ки муқобили халқи худаш меҷангад. Ин режим ҳамон режими Раҳмон аст.
Сулҳ аллакай имконнопазир шудааст. Алъон иттиҳоди нерӯҳои муқобили оли Раҳмон ба ҳам омада истодааст. Агар оппозитсияи ҷадид ба Душанбе ҳамлавар шавад, пас метавон бедудилагӣ гуфт, ки армияи бечораву гуруснаву бараҳнаи Тоҷикистон то ба сарҳади Чину Афғонистон имкони гурехтан надорад. Ин гуна ҳарф задан феълан суоли вақт аст. Аммо яқин аст, ки Раҳмон ба худ сарнавишти Саддом Ҳусейнро интихоб намудааст. Зеро худи президент ин пешомадро тезонида истодааст.
Журнал « ОДНАКО» , № 36, 04.10.2010
Просмотров: 2106 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 5.0/5 |
Всего комментариев: 1
1 Олександр  
0
http://www.muzoof.net.ru/

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz