ВАТАНДОР
Чумъа, 29.03.2024, 14:08
Номгуй

Форма входа

Календарь новостей
«  Апрел 2011  »
ДшСшЧшПшЧмШбЯш
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930

Поиск

Пайвандон

Омор

Наш опрос
Бо Э.Рахмон ру ба ру шудед, чй савол доред?
Посухи умумй: 1666

Главная » 2011 » Апрел » 18 » Д. Атовулло: "Демукросӣ танқидро пазируфтан аст"
Д. Атовулло: "Демукросӣ танқидро пазируфтан аст"
13:34
Додситони кулли Тоҷикистон аз давлати Русия хостааст Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолиф ва раҳбари ҷунбиши мавсум ба "Ватандор"-ро, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кунад.
Шерхон Салимзода рӯзи сешанбеи 12 апрел дар як нишасти матбуъотӣ гуфт, ки оқои Атовулло ҳоло мавриди пайгарди қонунӣ қарор дорад ва мақомоти Русия ҳануз посухе ба ин дархост надодаанд.
Оқои Салимзода иттиҳомоти ворида алайҳи ин рӯзноманигори мухолифро эълом накард, вале худи оқои Атовулло дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон дар гузашта низ чунин талоше карда буданд ва "бори дигар мехоҳанд худро назди ҷомеъаи ҷаҳонӣ шармсор кунанд."
Ин рӯзноманигори мухолиф, ки солҳои зиёде дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад, мӯътақид аст, ки давлати ин кишвар ба боздошт ва истирдоди вай аз Русия муваффақ нахоҳад шуд:
Оқои Атовулло, ба назаратон, сабаби аслии ин ки Додситонии кулли Тоҷикистон Шуморо таҳти пайгарди қонунӣ қарор дода, чист?
Ин дасисаи навбатии мақомоти Тоҷикистон дар чорчӯби ягон қонун, дар ягон кишвари ҷаҳон, шояд ба ҷуз Тоҷикистон ва кишварҳое, ки диктотурӣ ҳастанд, намегунҷад.
Ман як рӯзноманигор ҳастам, як сиёсатмадор ҳастам ва барои гуфтани сухани ҳақ, барои гуфтани фикре, ки бо фикри онҳо тафовут дорад, онҳо мехоҳанд маро ба Тоҷикистон биёранд ва зиндонӣ кунанд.
Худи ҳамин дар бораи қонун сухан гуфтани ҳукумате, ки худаш қонунро зери по мекунад, бидуни риъояти қонун ва меъёрҳои байналмилалӣ ба сари қудрат омадааст, барои ман воқеъан хандаовар аст.
Ва чизи дигар: як ҳикмати тоҷикӣ аст, ки мегӯянд кӯр як бор ба чоҳ меафтад. Ин ҳукумат аз рӯзи аввале, ки қадамаш ба Душанбе расид, яъне аз соли 1992, алайҳи бисёре аз рӯзноманигорон, аз ҷумла ман, парвандаҳои ҷиноӣ кушода буданд ва дар ҳамин муддати 18 сол зиёда аз 20 бор ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла ба Русия, муроҷиъа карда буданд, ки ман боздошт шавам.
Ва ёдатон бошад, ки соли 2001 воқеъан ман дар Маскав боздошт шуда будам, дар маҳбас будам ва танҳо кумаки ҷомеъаи байналмилалӣ, махсусан кишварҳои урупоӣ, боъис шуда буд, ки ман аз зиндон озод шавам.
Худи ҳамин ҳам шояд барои онҳо сабақ нашуда бошад ва боз мехоҳанд, ки аз сари нав, боз як бори дигар худашонро дар саҳнаи сиёсии ҷаҳон шармсор кунанд.
Додситонӣ нагуфтааст, ки иттиҳомот алайҳи Шумо чист, вале ба назари худатон, сабаби ин ки онҳо мехоҳанд Шуморо боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кунанд, чист?
Ягона сабабаш тарс, тарс ва боз тарсу ҳарос аст. Ҳарос аз ман не, аз ҳақиқат, аз як рӯзноманигор ё сиёсатмадоре, ки аз камбудиҳои онҳо мегӯяд, сиррҳои ниҳонии онҳоро фош мекунад.
Шумо ба ёд доред, ки баъд аз соли 1992, замоне ки ин ҳукумат ба сари қудрат омад, зиёда аз шаст хабарнигор дар Тоҷикистон кушта шуданд. Мо медонем, ки чандин хабарнигор зиндонӣ шуданд, беҳтарин рӯзноманигорони Тоҷикистон водор ба ҷилои ватан шуданд.
Ин ҳамон ҳукумат аст, онҳо дигар нашудаанд, фақат галстукбандиро ёд гирифтаанд, фақат савор шудани мошинҳои беҳтарину шикро ёд гирифтаанд, лекин ботин ва сиришташон ҳамон аст.
Шумо қаблан матолибе интиқодӣ дар "Чароғи рӯз" чоп мекардед. Аммо дар солҳои ахир бештар хомӯширо ихтиёр кардаед ва интиқодоти тунду тезатон камтар садо медиҳад. Пас чи гуна мешавад бовар кард, ки ҳукумат аз Шумо ҳарос дорад?
Як сиёсатмадор, аниқтараш, як хирадманд, гуфта буд, ки "сиёсат хеле чизи муҳим аст ва мо набояд сиёсатро ба сиёсатмадорон бовар кунем." Ва ман ҳам маҷбур будам, ки дар ин ду соли ахир қариб, ки ба рӯзноманигорӣ даст назанам ва аслан ба корҳои идории созмони "Ватандор" банд будам.
Ба сохтани як структура, воқеъан, як созмоне машғул будам, ки битавонад олтернотиве барои ҳукумати (Эмомалӣ) Раҳмон бошад. Созмоне бошад, ки воқеъан битавонад маҷбур кунад, ман ба калимаи "маҷбур" таъкид мекунам, битавонад маҷбур кунад, ки ин ҳукумат аз сари қудрат биравад.
Воқеъан, тарси асосии онҳо дар ин чанд соли охир ҳамин созмони "Ватандор" буд. Хусусан, дар ин шабу рӯз муроҷеъа кардани онҳо ба ҳукумати Русия ва ба кишварҳое, ки бо онҳо муносибат доранд, ин тарс аз он ҳодисотест, ки дар кишварҳои арабӣ сурат мегирад. Ва созмонҳои кашшофии (амниятии) Тоҷикистон шояд аз фаъолиятҳое, ки мо дорем, огоҳанд.
Ман ягон вақт ҳадафҳои худро, барномаҳои худро, намепӯшонам ва ошкоро мегӯям, ки ин ҳукуматро ягон вақт ҳукумати қонунӣ намеҳисобам. Ба назари ман, ин ҳукумат ҳукумате аст, ки бо ҷангу хунрезӣ сари қудрат омадааст.
Шумо, ки ҳоло дар бораи созмони "Ватандор" сӯҳбат кардед, мешавад ба ин суол посух диҳед, ки фаъолияти он ҳоло дар чи сатҳ аст? Шояд бисёриҳо аз он хабар надошта бошанд?
Медонед, бисёр вақт рӯзноманигорон ё мардуми қаторӣ аз ман мепурсанд, ки чаро Шумо аз барномаҳоятон ошкоро гап намезанед, чаро ба мо фаъолони "Ватандор"-ро номбар намекунед, ки киҳо дар ин ҳукумат ҳастанд? Фақат Шумо мегӯед, ки масалан, собиқ вазирҳо, собиқ сарвазирҳо, ё ки аз ҳукумати имрӯза ҳатто чандин нафарҳо ҳастанд, вале номи онҳоро намегӯед?

Бубахшед. Шумо бинед, ки барои худи ман, вақте ки номи ман кушода асту ман бо номи худам ҳарф мезанам, чи қадар нафрат доранд, чи қадар кӯшиш мекунанд, ки мисли Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва Ёқуб Салимов ба кунҷи зиндон кашанд. Барои ҳамин, мо номи ин одамонро намегӯем.
Дар кишварҳои ғайридемукротик оппозитсия (нерӯи мухолиф) наметавонад ошкоро фаъолият кунад. Ва методҳои ин кишварҳо маълум аст, ки бо мухолифон чи муносибате мекунанд. Ҳамагӣ се роҳ аст, ки дар тамоми ҷаҳон машҳур аст: аввалан, ҷисман нест кардан, дувум, ба зиндон кашидан, ва севум, маҷбур кардан, ки ин мардум ҷилои ватан кунанд.
Ва чизи дигаре, ки ҳукуматро нигарон карда, ман бо сари баланд мегӯям, ки имрӯз дар саффи "Ватандор" бисёр одамоне ҳастанд, ки воқеъан номдор ҳастанд. Одамоне ҳастанд, ки воқеъан эътимод доранд, ки ноҳаққӣ ва беъадолатие, ки дар Тоҷикистон ҳаст, дигар имкони сабру таҳаммули онро надоранд.
Ман боз як бори дигар ошкоро мегӯям, ки ман медонам, ҳукуматҳои худкома, аз ҷумла ҳукумати (Эмомалӣ) Раҳмонро, наметавон бо роҳи интихобот тағйир дод.
Ягона роҳ ин аст, ки мо бояд ин ҳукуматро маҷбур кунем, ва ин ҳуқуқро мо дорем, мардуми Тоҷикистон доранд, ки ин ҳукуматро водор кунем, ки аз сари қудрат биравад, чунонки дар кишварҳои арабӣ мебинем.
Масалан, ягон қонуни байналмилалӣ, аз ҷумла қонунҳои Тоҷикистон, манъ намекунад, ки мардум ба ҷоддаҳо бирезанд, истеъфои ҳукуматро талаб кунанд, водор кунанд ҳукумате, ки дар 18 сол ними мардуми тоҷикро "гастарбайтер" кард, ними мардумро муздуру мардикори бегонагон кард, аз сари қудрат биравад.
Худи Шумо аз Тоҷикистон дур ҳастед, аммо ба назаратон, созмони "Ватандор" дар ин ҷо чи қадар нуфуз дорад? Зимнан, шумори аъзои он чи қадар аст?
Фарқи созмони мо бо аҳзоби сиёсӣ ин аст, ки ҳар касе ки аъзои ин созмон мешавад, мо монанди аҳзоби сиёсӣ ба ӯ шиносномаҳои вижа намедиҳем, вале фаъолони созмони мо имрӯз дар Тоҷикистон ва берун аз он бештар аз панҷ ҳазор нафар ҳастанд.
Ва худи ҳамин нафрати ҳукумат, тарси ин ҳукумат ва боз ҳамин кӯшиши ҷустуҷӯю боздошт карданҳо аз ҳамин тарс маншаъ мегирад. Агар ин созмон қудрат намешуд, агар ин созмон нерӯ намедошт, ягон вақт ин ҳукумат на ёди "Ватандор" мекард ва на ёди Додоҷони Атовулло.
Шоеъоте ҳаст, ки бархе аз шахсиятҳои мухолиф, монанди Абдумалик Абдулоҷонов, нахуствазири собиқ, ва Раҳим Каримов ё "Хуҷа-командир", ки аз фармондеҳони собиқи Ҷабҳаи Халқ буд, низ шомили созмони "Ватандор" ҳастанд? Оё ин дуруст аст?
Ҳамин ду нафаре, ки Шумо ном бурдед, воқеъан бо созмони "Ватандор" ягон робитае надоранд. Ман орзӯ мекунам, ки як рӯз, ва он рӯз ҳам дур нест, ки мардум чеҳраи фаъолони созмони "Ватандор"-ро мебинанд ва мешиносанд ва ман бисёр умед дорам, ки аз ин чеҳраҳо фахр мекунанд.
Фақат як чизро мехоҳам бигӯям, ки инҳо намояндагони беҳтарини Тоҷикистон ҳастанд, аз манотиқи гуногун, аз гурӯҳҳои гуногун ҳастанд ва ҳамаи моро як чиз муттаҳид мекунад: мо дигар намехоҳем, ки дар зери раҳбарии ҷаноби олӣ зиндагӣ кунем, мо дигар намехоҳем, ки фарзандони мо кӯчаву хиёбонҳои бегонагон ва ҳоҷатхонаҳои бегонагонро рӯбанд.
Мо дигар намехоҳем, ки пиронсолон, одамоне, ки як умр кор кардаанд, ҳамагӣ зери сад дулор нафақа бигиранд. Мо дигар намехоҳем, ки духтарони тоҷик, хонумҳои тоҷик, маҷбур шуда, ба кишварҳои дигар рафта, ба корҳое даст зананд, ки ягон вақт дар ягон асру замон духтари тоҷик, зани тоҷик ба ин корҳо даст намезад.
Мо дигар намехоҳем, ки як қавми кӯчак аз як рустои Тоҷикистон, аз як рустои дур ва дурафтодаи Тоҷикистон, имрӯз, масалан, тамоми шохаҳои ҳукуматро дар даст дошта бошад.
Медонед, ман ба як чиз бисёр ҳайрон ҳастам, ки имрӯз раҳбарони Тоҷикистон калимаҳои демократия, қонун, конститутсия, озодӣ, озодии баён ва ғайраро хеле дӯст медоранд. Бовар мекунед, ин суханҳо аз онҳо мисли таҳқир садо медиҳад. Мо мехоҳем ин калимаҳоро ба асли худашон бозгардонем.
Демукросӣ ин костюмҳои "Армани"-ву "Дойче габанӣ" нест. Демукросӣ ин танқидро пазируфтан аст, демукросӣ ин ба интихоботи озод рафтан, демукросӣ аз рақобат натарсидан, демукросӣ ин таҳаммул кардани танқид аст, таҳаммул кардани мухолифон ва таҳаммул кардани фикри дигарон аст.
Чизи дигаре, ки ман мехоҳам бигӯям, тасаввур кунед, ки масалан, ҳукумат ба мақсадаш расид ва Додоҷони Атовулло дар зиндон ҷойгир шуд. Аз ин чи тағйир меёбад?
Ман имрӯз медонам, ки ҳазорон Додоҷони Атовулло дар донишкадаҳои Тоҷикистон мехонанд, ҳазорон Додоҷони Атовулло дар масҷидҳо намоз мехонанд, ҳазорон Додоҷони Атовулло дар ҷангалу кӯчаву паскӯчаҳои Русия мардикорӣ мекунанд.
Ва як рӯз не як рӯз ин мардум ҳуқуқи худро талаб мекунанд. Ва косаи сабри мардум ҳам, чунон ки коса аз об пур мешавад ва баъдан мерезад, косаи сабри мардуми Тоҷикистон ҳам ҳамин косаи пуробро ба ёд меорад.
Оё дуруст аст, ки бисёре аз зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон аз аъзои фаъоли созмони Шумо ҳастанд? Бархеҳо мӯътақиданд, ки афроди мухолиф дар водии Рашт низ бо ин созмон робита доштаанд? Дар ин бора чи мегӯед?
Ман мушаххасан номи ин бародаронро наметавонам бигӯям, вале ҳастанд тарафдорони "Ватандор", ки дар кунҷи зиндон ҳастанд. Ва рӯзе, ки "Ватандор" ба қудрат расад, ҳатман аксари ин мардуме, ки барои ақида зиндонӣ шудаанд, аксари ин мардуме, ки барои мухолифи ҳукумат будан зиндонӣ шудаанд, барои ҳақ гуфтан зиндонӣ шуданд, иншоллоҳ онҳо озод мешаванд.
Дар бораи ҳодисаҳои Рашт ман ҳаминро мегӯям, ки шояд ба ёд дошта бошед, ки "Ватандор" ҳатто як муроҷеъатнома ба он мардум интишор дода буд, ки ба ҳамдигар тир напарронед, ҳамдигарро накушед, ҳамдигарро қурбон накунед, хуни ҳамдигарро нарезед. Шумо алайҳи ҳам меҷангед, вале онҳое, ки ин ҷангро ташкил карданд, дар қасрҳо менишинанд.
Воқеъан, дар байни нафарҳое, ки дар Рашт буданд ва имрӯз ҳам дар кӯҳҳои Тоҷикистон, дар пуштаву дара ва рустоҳои Тоҷикистон тарафдорони "Ватандор" ҳастанд. Ва онҳо ба таври пинҳонӣ кор мекунанд.
Бигӯед, ки сарпарасти молии ин созмон кист, чун бархе мегӯянд раҳбарони собиқи корхонаи олуминиюм, ки ҳоло дар хориҷа ба сар мебаранд, аз ин созмон ҳимояти молӣ мекунанд?
Танҳо як нафар одами бонуфуз мехост ба ман кумак кунад. Вай миёнаравҳоро назди ман фиристод ва онҳо гуфта буданд, ки омода ҳастанд "Ватандор"-ро дастгирӣ кунанд, фақат ба як шарт, ки мо метавонем ҳамаро зери танқид гирем, ба ҷуз аз хонаводаи раиси ҷумҳур. Дигар касеро аз ин корхона намешиносам.
Лекин бисёр бизнесменҳо, тоҷирони номусдоре ҳастанд, ки масалан, олигарх нестанд ва ё имконоти молии бузурге надоранд, вале ҳамеша ба "Ватандор" кумак мекунанд.
Ман ошкоро мегӯям, ки дар ҳамин чанд соли охир барои пешравии кори "Ватандор" шояд чандин милюн сарф шуда бошад. Ва ин ҳам асосан аз ҳисоби ҳамон ҳамфикрону ҳамъақидаҳо ва дӯстони мост. Аз ҷумла, ин бародароне, ки дар Русия ва кишварҳои дигар кор мекунанд.
Агар раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бихоҳад бо Шумо суҳбат ё мулоқоте кунад, ки ақидаву хостаҳоятонро бифаҳмад, розӣ хоҳед шуд?
Мо бо раиси ҷумҳур дар моҳи ноябри соли 1998 як мулоқоти қариб чаҳорсоъата доштем. Ин мулоқот дар қасри раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе доир шуд, ки натиҷае надод.
Ҳоло ман ягона ҷойе, ки мехоҳам бо оқои Раҳмон вохӯрам, орзӯ дорам, ки толори ягон додгоҳи одилона бошад. Бигзор, ин додгоҳ дар ҳар кишвари дунё бошад ва ман он ҷо чун муддаъӣ ширкат кунам.
Зимнан, мехоҳам бигӯям, ки тӯли як сол мо як гурӯҳи бисёр ҷиддии мутахассисон, аз ҷумла ҳуқуқшиносонро, гирдиҳам овардем, ки аснодеро барои ба як додгоҳи байналмилалӣ кашидани мақомоти Тоҷикистон омода кардаанд. Шояд баъди як муддат расман ба ин додгоҳ муроҷиъа кунем.


Просмотров: 9252 | Добавил: vatandor | Рейтинг: 4.5/8 |
Всего комментариев: 8
8 Барзу  
0
Бобои сангак,агар рахмати ин навиштагихота мехонд шармаш аз бесаводии ту меомад,барои истифодаи номаш дами ханчар мекашидат,маълум ки аз дастархони хон устухон мечини баъзан,

7 Шахерезада  
0
Устод мо чавон духтарон гарчанде,ки зан бошем хам хамрохи шумоем. Аз баъзе лаганд бардорони чаноби холи нафрат мекунем. Кош, ки ин оилаи точик-хур аз хокимияти Точикистон дур мешуданд. Марг ба шумо барин давлатдор!

6 ХАТЛОНИ  
0
Офарин огои Додочон. мо хамеша бо ту хастем, ва дастгири туем.

5 Boboi Sangak  
0
salom ba xoinoni milat avalan guftaiyam ki tu agar uqadar vatanta dust medoshti namerfti pasporti digar giri bo inam kami naarda qati yahudiyo (evreyo)qati saxt barodari bxoy da tjk revalichya avalin ki nametoni na tu na u kchukchot agar raftu tonisti amira bdon ki i mardumi shimol nest ki sar froran yo mardum januba jdo mekunen yo meren qatli om mekunen bad bahazur meren sari qudrad bien inshoaloh shumo 70 sol yagon kor ay daston nayomad ami Samarqandu Buxorora ami shumoy buzdil dpden bochi mardi ku mardumi Samarqandu Buxororo bar zidi Karimuf bxezan yo nameexohi haaa mrdonem da toqagi DUKUNAGITA QABUL MEKUNI NEKI INSHALOH TURA ZINDAT TOJIKISTONA NAMEBINA I MURDANTAM NAMEBINA INSH ALOH

4 ориёнточ  
0
ман аз хавои точикистон нафас мекашам ба машомам буи демократия намерасад буи дузди горатгари буи фиребгари буи фитнаву фучур ман дар куча мераваму дар нигохи мардум нигохи маъюсонаеро мебинам ман чавононеро мебинам ки аз пирони 70 солам пиртаранд ман садои дили модаронеро мешунавам дуои нестии хукумати бузбонро мекунанд ман ифтихор мекунам ки бародарони ман таёранд хукумати гурбашохро бо тешаи худ сарнагун кунанд ман ифтихор дорам аз онхое ки туф мекунанд ба демократияи дуругин туф мекунам ба ин хукумату хукуматдорон ба ин говсиратону говпарастон ба ин чанобони гадозода ба ин гушнагоне ки хоки гур онхоро сер намекунад ман ба бародари далер мурочиат мекунам аз кадом хукумат пуштибони мекунаду аз кадом демократия гап мезанад имруз танхо гулому гуломзода метавонад пуштибони аз ин хукумат кунад имруз кулли ахолии точикистон бо хукуматдоронаш аз музди ночизи мардикорон зиндаги мекунанд бародари далер ё фарзанди ягон бузбони хукумати ё аз хисоби падару бародари мардикорат зиндаги мекуни агар хамин тавр бошад лаънат ба онхое ки гурбати хешовандонро фаромуш карда пуштибони аз демократияи говсуворон мекунанд

3 Далер  
0
Додочони Атовулло!Харчи дар бораи камбудихои давлат гуфтед,асоси вокеи доранд,вале на ба он дарачае ки шумо муболига намудед.Дониста монед,ки демократия низ дар чорчубаи
муайяни конун амал мекунад.
Танкид кардан аз хукумат хуб аст,ба он шарте ки солим бошад
ва ба пешрафти чомеа мусоидат кунад.
Вале дар маводхои интикодии шумо чизе ба чуз игвогари ва тахкир ба президенту ахли оилааш баназар намерасад,ки ин100 фоиз чиноят аст.Шумо рости на ба опозитсия,балки бештар ба занхои гайбайтчии лаби об шабехед.

2 sher  
0
haq bar shumost dodojon A

1 Frank  
0
Akoi Dodojon, Salom
Ey kosh, kulli afrodi Tojikiston inchunin imkoiyati ibrozi fikri shakhsii khud doshtand! Mardum dar haqiqat baroi taloshi haqqi khud huqut nadorad!! Mo gungi khob didavu OLAM tamom kar!
Shumo bayon namuded, ki barkhe az mansabdoron tanho to tannozivu bastani galstuku savori moshinhoi shik hastnd...!
Avvalan, saodati onho dar bastani galstuk nest, chunki onho layoqati bastanro nadorand!!!
Duvvuman, yak shiori bisyor "puchu be muhtabo" dar bayni mardum shunidaam ki mansabdoron bo khatti zarr onro dar komi khesh nihodaand: "Vazifara tienush usush tugri meshava"!!!
Mardum!! Mo boyad ya takone khurem, vagarna Tojikiston hatman dar zeri qudrati yke az davatoni abarqudrat khohad mond! Chunki idora va rioyai siyosati kishvar JAZBI nest!
Bo Umedi obodii VATAN

Имя *:
Email *:
Код *:
Copyright MyCorp © 2024
Сайт управляется системой uCoz